Дар як филми гурҷи рассоме
ба суоли чаро Академияи бадеиро партофта ба деҳот омадед, мегӯяд, ки:
—Агар як нафар духтур беистеъдод бошад, сад ё дусад беморро мекушад дар тӯли умр. Агар як нафар муаллим беистеъдод бошад, чанд ҳазор нафар камсавод хоҳанд шуд, яъне суратан зинда бошанд ҳам дар асл мурдаақл хоҳанд шуд.
Аммо эҷодкор
беистеъдод бошад, миллатро мекушад.
Маълум, ки мактаби
гурҷӣ ин рассомро дуруст тарбия кардааст, яъне бовиждон тарбия кардааст. Ин рассом
беистеъдод бошад ҳам манфиати халқу миллатро болотар аз манфиати шахсии худ
гузошта ҷои худро дар Академия ихтиёрӣ холи мекунад, то ки шахси боистеъдодтаре
ба ҷояш биёяд.