Гоҳо ёд мекунам
Ҳавлибоғи волидон
Он айвони калон
Сутуну дарҳои кандакории он
Шифти хонемон вассаҷуфта буд
Наққошиҳо сирре нуҳуфта буд
Деворҳо дусинҷаи чӯбкорӣ буд
Болорҳо пуштимоҳии кандакорӣ буд
Токчаҳо пур аз мевақоқ ва мошу лӯбиё
Дар зери муқарнасе чоркалид-нақши ориё
Ва ҳар саҳар дар рӯи хон
Қаймоқ наҳорӣ буд
Дар пушти хонемон
Айвончаи дигар
Танӯрхона буд
Дар зери он танӯр
Мурғхона буд
Дар он болои тухмҳо нишастааст
мурғи курк
Ман гӯш фаро дода ба Баёти турк
Дар боғчаи ҳавлемон дарахти нок буд
Ҳавзи пуроб буд
Садбарг гулоб буд
Чанд бех ток буд
Ба зери ток болои кати чӯбин бибӣ
Нӯши ҷон мекард ангури соҳибӣ
Ва боғи мо пур аз райҳон,гули ҳино
Ва бӯи хуш дар фазои он доим дар шино
Дар лаби бом биншаста мусичаи накӯ
Шодона месароид ку-ку ку-ку
Имрӯз ман шаҳриям
Дар хонаи бетон
Мурғам танҳо тӯтӣ аст нишаста дар қафас
Такрори ҳамдигар
Ва ҳар ду ҳамнафас.
Фикрам шуда бетон
Зикрам шуда бетон
Ва аммо баччагиям ҳар шабе
Дар роҳи сӯи деҳ
Дар хоб давдавон...
Комментариев нет:
Отправить комментарий