Агар ба таърихи мардуми эронитабор назар кунед, мебинед ки аз Куруши Кабир сар карда то замони шӯравӣ пешвосозӣ набуд. Гарчанде Куруши Кабир бо маншури ҳуқуқи башари худ дар ҷаҳон машҳур аст, ягон кас на атрофиёни чоплусаш на муаррихони ситоишгараш ӯро пешво нагуфтаанд. Аз сарварони давлат аз Бобоҷон Ғафуров донишмандтар роҳбари давлат набуд.Вале бо вуҷуди хизматҳои бузургаш касе ӯро пешво наномидааст.Дар як сӯҳбат Ҷалол Икромӣ ба Ғафуров гуфтаанд:-Иҷозат диҳед ки шуморо падари миллат гӯем.
Ғафуров розӣ нашуда гуфтаанд:- Падари миллат Устод Айнӣ ҳастанд.
Пешвосозӣ, пешводӯстӣ, пешвопарастӣ эҷоди болшевикҳост
Пешвосозӣ хоси қабилаҳои оқибмонда аст. Дар ягон давлати демократӣ пешво нест. Дар Куриёи Шимолӣ ҳаст ва кишварҳои коммунистӣ.Барои пешво шудан доҳӣ ё нобиға будан шарт нест. Пешворо расонаҳои расмии давлатӣ месозанд. Ва чоплусоне, ки аз дастархони пешво ба онҳо чизе мерасад, мансаб, унвон, мукофотҳои давлатӣ ва ғайра.
Президенти Тоҷикистон супоришҳо медиҳад ки портреташро дар ҳар куҷо наовезанд, ба пешвозгирии ӯ тантанаҳо барпо накунанд.
Аммо мардуми тоҷик ҳанӯз бо ҳамон мафкураи шӯравӣ зиндагӣ мекунад ва пешвопарастиро зарурати ҳаётӣ мешуморад.
Вақте ки ба ҷумҳуриҳои собиқ шӯравии ҳамсоя назар мекунед, мебинед ки дар онҳо ин гуна пешвопарастӣ нест.Ва оқибмонии фикрии мардуми тоҷик равшан маълум мегардад.
Аз ҷиҳати илмӣ низ сардори давлати Тоҷикистонро пешвои миллат номидан хилофи мантиқ ва ақли солим аст. Тоҷикон дар олам аз сад миллион нафар зиёд ҳастанд.Дар Тоҷикистон даҳ дар сад нестанд миқдори онҳо.
Комментариев нет:
Отправить комментарий