среда, 13 июля 2022 г.

Чаро ҳикояи “Санги сарнавишт” баҳсбарангез шуд?

 Ин ҳикояро марҳум шоир Ҷамол Сироҷиддини Хумӣ ба забони ӯзбекӣ баргардон ва дар рӯзномаи “Зарафшон”-и Самарқанд чоп карда буд. Ба назари ӯ ин ҳама модернизм буд. Ҳама гуна “изм”-ро аз осори камина метавон ёфт.

Сардабири маҷаллаи адабии “Дурдонаи шарқ” зарур донистааст, ки ин ҳикояро дар шумораи аввалин ҷой диҳад.
Дар назари як адабиётшинос фатализм дар он роҳ ёфтааст.
Фатализм гуфтан ҷоиз мебуд, агар ин ҳикояи камина дар навъи реализм эҷод мегардид. Қолабҳои адабиётшиносии замони шӯравӣ имкон намедиҳанд, ки бозёфтҳои нав дар шаклҳои тоза дуруст арзёбӣ шаванд.