воскресенье, 30 марта 2008 г.

Чашни 120-солагии С.Ализода

Саидризо Ализода муаллифи аввалини китобҳои дарсии тоҷикии мактаби нав, сардабири маҷаллаи аввалини тоҷикии «Шўълаи инқилоб» устоди аввалини забони ўзбекӣ ва форсию арабӣ дар Донишгоҳи Самарқанд…

Ин ҷо се нуқта мондам, зеро чунин корҳои дар таърихи фарҳанг мондагори ў зиёданд. Ў низ мисли бисёр рўшанфикрони ҷасури тоҷик қурбони режими истолинӣ шуда дар зиндони шаҳри Владимири Русия даргузаштааст. Набераи ў – Фарҳод Ализода қабри ўро дар шаҳри Владимир пайдо намуда ба қабристони Панҷоби Самарқанд кўчонидааст.

Ализода дар Самарқанд сардабири рўзномаи вилоятии ўзбекии «Зарафшон» низ будааст, ба ин сабаб ҷашнҳои ў бо иштироки фаъоли зиёиёни ўзбек мегузарад. Ў ба забони ўзбекӣ низ китобҳои дарсӣ навиштааст.

Дар ҷамъомади тантанавие, ки ба муносибати ин ҷашн дар Донишгоҳи Самарқанд доир шуд, оиди ҳаёту фаъолияти номбурда доктори илми таърих Илҳом Саидов маърўза кард. Сардабири «Зарафшон» оиди хидматҳои Ализода дар ривоҷи матбуоту маорифи ўзбек сухан ронд. Корманди ҳокимияти вилоят Х.Муҳаммадиев табрикномаи ҳокими вилоятро қироат намуд.

Солҳои охир маълум гардид, ки Ализода бо супориши шоҳи Афғонистон Амонуллохон оиди таърих ва маърифати ислом китобҳои зиёде навишта дар матбааи шаҳри Лоҳури Покистон чоп кардааст. Ализода бо шоири Эрон Маликушуаро Баҳор мукотибаи дўстона доштааст.

Боиси тааҷҷуб аст, ки аз 300 асари навишта солҳои сӣ чоп кардаи ў муосирони мо якеро ҳам бо чашми сар надидаанд. Чашнҳои 100, 105, 110, 120-солагии ў гузаштанд, вале ягон китобаш чоп нагардид.

Саидризо Ализодаро дар Точикистон қадршиносӣ намекунанд, ҷашнҳои ин қурбонии режими истолинӣ баргузор намешаванд. Дар ин маърака аз сафоратхонаҳои хориҷӣ танҳо намояндаи сафоратхонаи Озарбойҷон ҳузур дошт.

Эҳёи тақвим ё хат?

Тибқи хабарҳои радиои «Озодӣ» дар Точикистон бо номаи як олим ба унвони раиси ҷумҳур баҳсе оиди зарурати бозгашт ба хати ниёгон ё худ аз нав расман ҷорӣ кардани хати арабии форсӣ шурўъ шудааст. Камина дар замони мубориза борои мақоми давлати давлатии забони тоҷикӣ бо Муҳаммадраҳими Сайдар мақолае навишта будем таҳти унвони «Расмулхати бобоӣ – нури басари моӣ!». Ин мақоларо барои чоп ба сардабири анвақтаи «Адабиёт ва санъат» Аскар Ҳаким супоридем. Мақола баҳсбарангез буд ва мо ҳам мехостем масъалаи бозгашт ба хати форсӣ дар баҳс бо иштироки васеи донишмандон ва адибон муҳокима шавад. Аскар Ҳаким мақоларо ба узви шўрои ҳафтанома директори Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёт Абдуқодир Маниёзов барои маслиҳат супорид. Он кас мақоларо дар дасти худ панҷ - шаш моҳ нигоҳ доштанд. Дар ин муддат баҳсҳо оиди мақоми давлатии забони тоҷикӣ ҳал гардида барои муҳокимаи бозгашт ба хати форсӣ вақт намонд. Ҳамин тавр мақолаи мо дар «Адабиёт ва санъат» 2 ноябри соли 1989 чоп шуд. Баъди ин ҳодисаи баёнгари равшани хунукназарии Маниёзов нисбати тақдири забон дилам аз эшон тамоман хунук шуд. Агар ҳамон вақт, яъне қариб бист сол пеш бо мақолаи ману Сайдар баҳсро оғоз мекарданд, паҳлуҳои гуногуни ин масъала хеле таҳлилу тадқиқ гардида имрўз ба хулосаи қатъӣ расидан имконпазир мегардид. Сафари Абдулло, ки аз донишмандони тавонои тоҷик аст, мақолае таҳти унвони «Пайванди хат бо забон» навишта буд. Ҳар дуи ин мақола ба ҳар фарҳангии тоҷик дастрас аст, зеро дар маҷмўаи «Дарси хештаншиносӣ» (дафтари дуюм), Душанбе, «Ирфон» с. 1991 чоп шудааст. Ҳоло таассуроти ҳосил шуд, ки гўё ин мақолаҳо ҳеҷ набуданду чоп нашудаанд ва баҳси масъалаи хатро шахсе ба тозаги оғоз кардааст.

Агар рўшанфикрони тоҷик барои эҳёи дастовардҳои фарҳанги миллии қарнҳои гузашта мубориза кардан мехоҳанд, корро аз муҳокимаи масъалаи эҳёи тақвими миллӣ шурўъ кардан лозим аст. Тақвими миллӣ ва солшумории миллии мо эҷоди гузаштагони мост ва чунин тақвим, ки бо кўшиши Умари Хайём такмил ёфта то ҳол дар ҷаҳон дақиқтарин ҳисоб меёбад, ифтихор ва сарбаландии мардуми иронинажод аст. Масъалаи бозгашт ба хати форсӣ бошад хеле муракаб ва бузургтар аз он аст, ки баъзеҳо гумон мекунанд ва бо як даҳон сухани Иброҳим Усмон ҳал намешавад. Ў дар мусоҳиба чунин гуфт: Хати форсии арабӣ ҳама овозҳои забони тоҷикиро ифода карда наметавонад.

Аммо нагуфт, ки хати кирилӣ низ бо имлои кунунӣ ҳама овозҳои тоҷикиро ифода карда наметавонад, хусусан овозҳои дарозу кўтоҳро.

Шеъри арўзии мо тақозо дорад, ки овозҳои дарозу кўтоҳ дар хат ифода шаванд.

Агар чунин баҳс оғоз ёбад он хеле тўлонӣ хоҳад буд ва мебояд, ки дар анҷуманҳои илмӣ ҳамаҷониба муҳокима шавад. Аммо эҳёи тақвим осонтар аст, зеро онро бо тақвими ҷории григорианӣ баробар мавриди истифода қарор додан мумкин аст.

пятница, 28 марта 2008 г.

Аксҳои таърихии Самарқанд

Идораи тармим ва истифодабарии мачмўи ёдгориҳои Регистони ш. Самарқанд дар нигорхонаи мадрасаи Тиллокори намоиши аксҳои «Ёдгориҳои Самарқанд дар аксҳои таърихи»-ро боз намуд. Ин аксҳо сад сол пеш аз ин гирифта шуда аксҳои нодир ҳисоб меёбанд.

Роҳбари идораи мачмўи Регистон Қурбон Ҳасанов, ки аз бойгонии шахсии худ ин аксҳоро барои ин намоиш ҳозир кардааст, оиди таърихи тармими ёдгориҳои Регистон нақл намуда, ба устоҳои гулдасте, ки то имрўз барои тармими ёдгориҳои таърихи бо дили гарму меҳри беандоза нисбати мероси милли меҳнат карда омадаанд, як чаҳон ташаккур гуфт. Ёрдамчии ҳокими вилоят Х.Муҳаммадиев хидмати бузурги Қурбон Ҳасановро дар ҳифзи ёдгориҳои Регистон қайд намуда ба ў грамотаи фахрии ҳокими вилоят ва тўҳфаи хотирави супорид.

Сипас муовини ҳокими шаҳри Самарқанд Ш.Ёриев низ сухани нотиқи пешинаро тақвият дод ва таъкид намуд, ки ҳар кас бояд дилсўзиро нисбати ҳифзи мероси милли аз Қурбон Ҳасанов омўзад. Дар намоиши аксҳои таърихи кошину зарфҳои ҳангоми ҳафриёти бостоншиноси аз майдони Регистон пайдошуда низ ба намоиш гузошта шудааст.

Дар тахияи ин намоиши ачиб баробари роҳбарони ташаббускор Қурбон Ҳасанов ва Беҳрўз Маъруфи рассомон А.Полянцев, П.Мирзаев, А.Саматов, Б.Абдуллоев саҳми калон гузоштанд.


Дар суратҳо: мадрасаи Улуғбек, меъмор Қавомиддин Шерози. Акси аввали асри XX. Ва акси имрўзаи мадрасаи Шердор, меъмор Абдучаббори Самарқанди.

четверг, 27 марта 2008 г.

Боз як кабўтари нави озоди

Инак як шумораи ҳафтаномаи навтаъсиси «Озодагон» (рақами 9) ба дасти мо расид. Аз расидани ин кабўтари озоди дар арафаи Наврўз чанд нафаре, ки дар Самарқанд онро даст ба даст хонданд, изҳори шодмони карданд, ки дар Точикистон ҳанўз ҳам озодандешиву ошкорбаёни вучуд доштааст ва як миллатдўсте ватанпарваре фарҳангие покизатинате чун Зафари Суфи метавонистааст аз гиребони депутатҳо (ба вакилони мардуми гуфтан забон нарафта махсус калимаи «депутат»-и русиро истифода кардам) бигираду сахт такон дода бигўяд: Шуморо, ки мардум интихоб кардааст, чаро вақте, ки бачаҳои ин мардум дар Русия кушта мешаванд, чизе намегўед, коре намекунед? Шуморо магар ба депутати скинхедҳои Русия интихоб карда буд? Баъди хондани ин мақола доктори илмҳои филология, профессор Садри Саъдиев чунин гуфт:

Дар даҳ соли охир чунин мақолае, ки саршор аз навандеши аст, бори аввал мехонем. Ба қалами Зафари Суфи қоилам, ба ў бигўед, ки чунин мақолаҳоро зиёдтар нависад.

Танҳо касе, ки аз мағзи чон барои миллаташ дилаш месўзад, чунин мақола менависад. Мақолаи дар «Озодагон» чоп кардаи Зафари Суфи «Ман ба золим ҳам ба мардум ҳам нафрат дорам!» ягона набудагист. Мо аз мақолаҳои дигари ин равшанфикри саҳарқалам хабар надорем, хусусан точикони бурунмарзи. Ва маслиҳат ин аст, ки ў ё сомонаи интернетии «Озодагон»-ро боз кунад ё чунин мақолаҳои асосии «Озодагон»-ро бо унвони «Озодагон» торнамо боз намуда дар он гузорад.

Бовар дорам, ки дар ин сурат берун аз Точикистон чандин ҳазор мухлис ва тарафдорону ҳамфикрон пайдо хоҳад кард.

Дар охир мехоҳам бо як латифа суханамро хотима бахшам: Як рўшанфикре миллатпарасте ба парлумони чумҳурие (намегўям кадом чумҳури, зеро часорати Зафари Суфиро надорам) омада ба минбар баромада ба вакилони халқ рў оварда мегўяд: Ман омадам, ки ба вичдони шумо мурочиат кунам!
Депутате аз чои нишастааш мегўяд: Ту ўро дар кучо дучор шуди?

Инак, Зафари Суфи мурочиат кардааст, ба вичдони шумо рафиқон депутатҳои мардуми ё номардуми. Агар вичдонатон ҳанўз ҳам бо шумост…

Ваъдаи Ройзани фарҳанги

Ройзани фарҳангии сафоратхонаи Чумҳурии исломии Эрон дар Ўзбекистон Ҳабиб Сафарзода, ки сардабири мачаллаи ройзани «Сино» низ мебошад, ба шумораи 27-уми ин нашр сарсухане навишта ваъда додаст, ки дар мачаллаи «Сино» минбаъд баробари осори олимону адибони ўзбек намунаи осори адибони форсизабони Ўзбекистон ва олимони Эрон ба забони форси нашр хоҳад шуд. Чунин тасмим гирифтани ройзани фарҳангии сафоратхонаи Эрон барои адибони точикзабони Ўзбекистон нишотовар аст, зеро дар ин чумҳури мачаллаи адабии точики вучуд надорад.

Аммо чунин ибтикор низ хостаҳои аҳли сухани форсигўёнро бароварда сохта наметавонад, зеро мачаллаи «Сино» фаслнома аст ва метавонад танҳо ду-се саҳифа барои ин мақсад чудо кунад. Яъне дар мачмўъ дар соле ним чузъи чопи!

Шўъбаи маданияти сафоратхонаи Точикистон то ҳол мачаллаи илмиву фарҳангии худро таъсис надодааст.

«История Самаркандских махаллей»

Гузар (махалла) играла огромную роль как городобразующий элемент в Центральной Азии. Но гузары были мало изучены востоковедами.

Поэтому отрадным является издания труда доцента кафедры философии Самаркандского института иностранных языков Хуршеда Самибаева «История Самаркандских махаллей». В этом сборнике помещена также статьи Хуршеда Самибаева «Роль махалли а городской системе», «Краткий сведения о самаркандских махаллях», «Список махаллинских оксакалов Самарканда». Этот сборник (второе издание) издан институтом иностранных языков Самарканда по инициативе японского ученого лингвиста Конно Хирооми. В первом выпуске сборника можно прочест статьи узбекских и японских исследователей японских и узбекских языков.

воскресенье, 23 марта 2008 г.

Академияи боғсозии темурӣ ва устоди бузурги он Навоӣ

Ба назари як нафар хонандаи оддӣ, эхтимол, чунин менамояд, ки Амир Темур ва темуриён дар соҳа санъати чорбоғсозӣ мероси бузурге аз худ гузошта, бемуболиға Академияи санъати парксозии Шарқро ба вучуд оварда бошанд ҳам, ин саҳми бузурги онон аз назари оламиён барканор мондааст. Ҳол он ки аз сафири испани Клавихо сар карда ҳама сайёҳону таърихнависоне, ки аз Самарқанд дидан кардаанд, санъати чорбоғсозии темуриёнро ситоиш намудаанд. Аз Ҳинд сар карда то Испания ба тақлид ва пайравии услуби “чорчаман”-и боғсозии Темур чорбоғҳои истироҳатӣ сохтаанд. Санъати чорбоғсозии Темур диққати донишмандони шарқшиноси русро ба худ кашидааст. Дар асри XX донишмандони машҳуре чун В. Бартолд, В. Вяткин, М. Массон, И. Сухарев, А. Якубовский, Г. Пугаченкова доир ба санъати чорбоғсозии Темур асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ навишта баҳои баланди худро додаанд. Донишмандони кишварҳои ғарб бошанд, чун Анри Стирлен, Шарден, Пйетро де ла Валле, Олрий, Фланден, Кост, вақте ки чорбоғҳои истироҳатии пас аз темурии кишварҳои дигар аз чумла Чорбоғи Чилсутуни Исфаҳон, чорбоғҳои Ҳироту Ҳиндро тадқиқ мекунанд, таъсири бузурги чорбоғсозии темуриро қайд кардаанд. Маълум, ки Чилсутуни Исфаҳон баъд аз Чилсутуни Улуғбек сохта шудааст. Санъати олии чорбоғсозии Темур муаррихон Шарафуддин Алии Яздӣ, Ибни Арабшоҳ, Ҳофизи Абрў, Бобурро мафтун намудааст.

Чунгул – чорбоғи Амир Темур

Чунгул, чуноне ки маълум аст, даштеро мегуфтанду мегўянд, ки байни рўди Дарғам ва деҳаи Оҳалик аст. Даҳсолаҳои охир ба сабаби ба кор даромадани истгоҳи насоси барқи ин дашт сероб гардида боғу токзорҳо пайдо шуданд. Аммо калонсолон нағз дар хотир доранд, ки саҳрои беоб буд ва дар фасли тобистон вақте рўди Оҳаликсой камоб мегардид, ин дашт беоб мемонд. Дар ин дашт дар солҳои шўрави аэродром сохта буданд ва дар атроф ба истиснои заминҳои атрофи канали Янги ариқ ғаллаи лалми кишт мекарданд. Аз мўйсафедони ҳатто солҳои 50-уми асри гузашта барҳаёт низ касе намедонист, ки чаро Чунгул мегўянд. Ман ҳам ба маънои ин ном чанде пеш вақти дар бораи чорбоғҳои Амир Темур маълумот чустучў кардан сарфаҳм рафтам ва тахминан номи чорбоғи бузурге будани он аён шуд. Донишманди таърихи Самарқанд В. Вяткин дар як мақолаи соли 1928 (яъне, қариб 80 сол пеш) чоп шудааш навиштааст, ки 12 вёрст (чақрим) дуртар дар чануби Самарқанд дар мавзеи Чунгул тобистони 1927 дар вақти тахт кардани замин барои аэродром боқимондаҳои иморати калоне пайдо шуданд. Ин иморат зери хок монда будааст ва пеши назари одамон хоктеппаи калоне менамудааст. Дар вақти бодиқат дида баромадани атрофи боқимондаҳои он иморати кўҳна В. Вяткин ба хулосае меояд, ки он қасри дар мобайни чорбоғе қад рост карда будааст. Як десятина ба чор таноб ё худ ба 1,09 гектар баробар аст. Яъне, ин боғи қадима қариб ба 90 гектар баробар будааст. Тамоми замини ин чо бо девори похса иҳота шудааст, ки боқимондаҳои ин деворро Вяткин бо чашми худ дидааст. Боғ аз рўди Оҳаликсой обёри мешудааст. Аз дарахтони он нишоне намондааст. Кўшки шоҳона хонаву долонҳои зиёде доштааст. Толори марказии иморат дар шакли салиб будааст ва дар тарафи чапу рости он хонаҳои мураббаъ қарор гирифтаанд. Ба ғайри ин боз шаш адад хонаҳои дарозрўя доштааст. Ҳамаи ин хонаҳоро панч долон ба ҳам пайваст карда будааст. Дар се долон боқимондаҳои зинапояҳои хиштипухтаги ёфт шудаанд, ки аз дуқабата ё сеқабата будани иморат гувоҳи медиҳад. Яъне, зинапояҳои хиштипухтагини дигар бошанд, ҳам, хиштҳои онро одамон ғорат кардаанд. Баландии баъзе деворҳои боқимонда то чор олчин ҳастанд, гуфтааст Вяткин. Як олчин ва газ ба 71 сантиметр баробар аст. Яъне, зиёдтар аз дуним метр. Аз хиштҳои хоми замони Темур сохта шудаанд,– хулоса кардааст Вяткин. Деворҳо гачандова шудаанд ва аз рўй нақшу нигори зарду нили ва тираранг доранд. Нақши панели девор дар шакли катакчаҳои чоркунча буда, аз боло ва аз поён ҳошияи барчастаи гулгач доштааст. Вяткин аз рўи ҳашамати қаср, бузургии боғ, нақшу нигори зиёди бино ба чунин хулоса омадааст, ки ин чорбоғ ба яке аз сарватмандони бузурги замони Амир Темур тааллуқ дорад. Дар ин чо тангаҳои Мирзо Улуғбек сикка задаги низ ёфт шудаанд. Баробар ин Вяткин инкор намекунад, ки ин чорбоғ яке аз чорбоғҳои шоҳаншоҳии Амир Темур аст. Вяткин нақшаи иморатро кашида, баъзе пораҳои нақшу нигори деворро ба Музей супоридааст. Ин иморат соли 1883 диққати В. Крестовскийро кашида будааст, ў масоҳати онро як километри мараббаъ гуфтааст. Ин олими рус бурчу манорҳои девори боғи Чунгулро қайд кардааст.

Дар бораи он ки чорбоғи Чунгул ба ягон сарватманди дигар тааллуқ дошта метавонад ё не, аз рўи мантиқ бояд мулоҳиза намуд. Зеро одами сарватманд ҳеч гоҳ ин қадар кўшки дуқабатаи боҳашам намесозад, сипас, чорбоғ созад ҳам, хеле зиёд кунад, 10-15 гектарро гирифтагист. Наввад-сад гектар чорбоғ танҳо шоҳаншоҳи буда метавонад. Санъати боғдорию чорбоғсози пеш аз замони темуриҳо низ нашъунамо доштааст. Масалан, сайёҳ ва чуғрофидони араб Ибни Ҳавкал, ки дар нимаи дуюми асри даҳи мелоди ба Самарқанд омадааст, навиштааст, ки дар майдони хиёбонҳои ин шаҳри бостони шоху барги дарахту буттаҳои арча ва сарвро қайчи зада ба шакли асп, барзагов, шутур ва ҳайвоноти ваҳшии тезҳаракат даровардаанд. Оиди таъсири санъати боғдории суғдиён ба кишварҳои Роҳи бузурги абрешим як факти раднопазир ин аст, ки ангурпарвариву санъати шаробпази аввал дар суғдиён ривоч ёфта, баъд ба Хитой ва Япония паҳн шуда будааст. Донишманди рус Семёнов навиштааст, ки номи хитойии ангур пу-таи, ки чиниҳо аз Суғду Фарғона бурдаанд ва японҳо “буда” гуфтаанд, аз забони форсии нав гирифта шудааст, яъне, “бода”. Ин воқеъа дар асри II то мелод рух додааст. Тухми алафи беда (юнучқа)-ро низ хитоиҳо аз Суғду Фарғона бурдаанд. Манбаъҳои таърихи оиди коридани алафи себарга дар атрофи кўшкҳои чорбоғҳои шоҳаншоҳии Самарқанд маълумот додаанд. Ва сайёҳу сафири Испаниё Клавихо, вақте ки оиди Чорбоғи Амир Темур дар деҳаи Давлатободи Самарқанд ҳарф мезанад, таъкид мекунад, ки ангурзор қисми чудонопазири ин боғ аст. Дар бораи он ки Чорбоғи Давлатободи темури дар назди деҳаи Давлатобод будааст, дар асоси вақфномаҳои замони Амир Темур В. Вяткин соли 1902 муайян карда буд. Сипас, соли 1925 шарқшиноси рус А. Якубовский изҳор кард, ки боғе, ки дар қайдҳояш Руи Гонзалес де Клавихо Калбет меномад, боғи Давлатобод аст. Сипас шарқшиноси машҳури дигар М. Массон соли 1928 таҳти унвони “Оиди чойи боғи Давлатободи Темур” мақолае чоп мекунад, ки гуфтан мумкин тадқиқи илмии ин боғи таърихи аст. Амир Темур сафирони испаниро ба ин боғ даъват кардааст. Маълум мешавад, ки ба мисли Чорбоғи Дилкушо боғи Давлатобод низ аз боғҳои машҳуру зеботарини шоҳаншоҳи будааст. Массон навиштааст, ки соли 1918 ў чои ин боғро пайдо карда тадқиқот гузаронд. Массон чои боғи Чаҳоннаморо Қаратеппа гуфтааст, зеро баъди бозгашт аз тасхири Ҳинд (тибқи маълумоти Язди дар “Зафарнома”) Темур аз Тахтақароча гузашта аввал ба боғи Чаҳоннамо дам мегирад, сипас, ба боғи Давлатобод меояд. Массон тахмин мекунад, ки Клавихо калимаи “Гулбоғ”-и точикиро хато карда Кагбет навиштааст. Язди вақти бозгашти Темурро аз Ҳинд соли 1399 тасвир мекунад. Давлатободро ба ҳамин исм ном мебарад, ҳол он ки ин чо вайронаҳои деҳае ҳаст бо номи Миср-шаҳр. Об ба ин боғ аз рўди Аббос меомадаст. Номи канали Янги ариқ дар замони Темур рўди Аббос будааст, сони дар асри XVII Чўи Нав шудааст. Яъне номҳо бо мурури замон тағйир меёфтаанд.

Чуноне ки Клавихо тасвир мекунад дар ин боғ шаш ҳавзи бо чўйҳо ва раҳраву гулгаштҳо ба ҳам пайваст ва қасре дар байни хандакҳои пуроб доштааст. Қасрро бо боғ ду кўпрук аз пеш ва аз қафо пайваст мекардааст. Қаср дар болои теппа сохта шуда аз пеш ва аз қафо дар даромадгоҳ сегунбази шаш гунбаз доштааст. М. Массон боқимондаҳои ин қасрро пайдо карда суханҳои Клавихоро тасдиқ намудааст. Ин чорбоғ як навъ боғи ҳайвоноти ваҳши низ будааст, ки оиди он Клавихо навиштааст. Мутаассифона дар вайронаҳои боғи Давлатобод ҳатто ягон дона хишти пухта намондааст. Ҳатто ягон кошин ҳам. Ба ҳамин сабаб, маълумотҳое, ки В. Вяткин оиди чорбоғи Чунгул додааст, ғимати онро аз боғи Давлатобод баландтар мегузорад. Ва ў он қадар маълумот додааст, ки имкони барқарор кардани қасри Чорбоғи Чунгул ҳаст бо нақшу нигораш. Массон навиштааст, ки ба сафирони испани чорбоғу қасри Давлатободро Тали сиё гуфтаанд. Ин чо Массон ба маънои “тали сиёҳ” эътибор надодааст. Тал – теппа аст, дар забони самарқандиён, ки эҳтимол ин чо мурод аз Қаратеппаи ҳозира аст. Дар тасвири Клавихо ин қасри зебо аз бисёр хонаҳо иборат буда кошинкори ва нақшу нигори зарҳали доштааст. Иморат хеле бузург ва ба қалъа монанд аст, навиштааст ў. Ҳама иморатҳои чорбоғҳои темури мўҳташам, гунбазу манордор будаанд. Ба ғайри ин аз хишттеппаи Давлатобод хулоса кардан метавон, ки дар дохил кўшкҳои хурдтаре низ доштаанд. Қасру кўшки Давлатобод дар соҳили рўди Дарғам аст, аммо чои Боғи Чаҳоннаморо Қаратеппа гуфтаанд, ки масофа аз шаҳри Самарқанд то он чо 27 километр аст. Қариб ду-се баробар аз Чорбоғи Чунгул дуртар аст, ки Худо медонад, ба ин қадар масофа барои истироҳат чанд бор Темур ҳаракат карда бошад. Чорбоғҳои Давлатободу Чунгул ба сабаби он ки аз чорбоғҳои бузугтарини Амир Темур будаанд, диққати олимони машҳури таърихшиноси русро ба худ чалб кардаанд ва онҳо ин боғҳоро тадқиқ намуда, нақшҳои онро кашида, масоҳати замини зери иморатҳо ва боғу ангурзори онро чен кардаанд. Касе, ки оиди кори онҳо маълумоти бештаре гирифтан мехоҳад, метавонад ба “Известия Средне-Азиатского комитета по делам музеев и охрана памятников старини, искусства и природи”, барориши савум, (Тошканд, 1928) мурочиат кунад. Дар ин мачмўа оид ба боғҳои таърихи ҳисоботҳои илмии М. Массон ва В. Вяткин чоп шудаанд. Он ёдгориҳои таърихиеро, ки Самарқанд дорад, сайёҳони хоричи дар як рўз мебинанд, сипас, зиқ мешаванду зуд Самарқандро тарк мекунанд. Барои он ки туризм даромади зиёде биёрад, сайёҳонро бисёр рўз нигоҳ доштан лозим. Роҳи ягонаи бисёр рўз нигоҳ доштан кушодани маршрутҳои нави сайёҳи аст. Яке аз ин маршрутҳои оянда “Чорбоғҳои темурии Самарқанд” шуда метавонад. Аммо агар тавонанд, ки симои таърихии онҳоро барқарор кунанд. Ин албатта, барномаи калони давлатиро мехоҳад, зеро бе маблағ ҳеч кор карда намешавад. Барои кушодани маршрути сайёҳии “Чорбоғҳои темурии Самарқанд” хатти тамошои чорбоғи Чунгул – Боғи Давлатобод – Боғи Шредер – Боғи Чаҳоннамо – мамнўъгоҳи Амонқўтан барои сайёҳон мўъчизаи хотирмон шуда метавонад. Ҳамаи ин боғҳо дар як минтақа буда сайёҳонро роҳи он хаста намекунад.

Дар боғҳои асримиёнагии кишвари мо кадом растаниҳоро ба кадом тариқ ва дар кадом масофа мекоридаанд, дар рисолаи Ниёзи “Ирошд уз-зироат илм ал-ҳаросат” дар боби “Чаҳорбоғ ва иморати он” баён шудааст. Ин рисола аз дастхатҳои Институти шарқшиносии АФ Ўзбекистон аст. Муаллифи китоби “Таърихи хочагии боғдории асри миёнаи Мовароуннаҳр” (Тошкент, 1984) Ў. Алимов бо такя ба навиштаҳои ин рисолаи Ниёзи низоми чорбоғсозиро баён кардааст. Яъне, барқарор кардани рустаниҳои таърихии боғҳо кори чандон мушкил нест. Барқарор кардани кўшку қасру ҳавзу фаввораву девору манору гунбазҳо муаммои асосист.

Чорбоғҳои темурии Самарқанд чи гуна буданд?

Дар шумораи 65-66-уми “Овози Самарқанд” (12 августи соли 2005) мақолаи камина “Боғи шоирон бояд шоирона бошад” чоп шуда буд. Рўзҳое буд, арафаи чашнвораи байналхалқии “Таронаҳои Шарқ”. Ҳокими шаҳр Сўҳроб Рафиқов он рўзномаро аз дастам гирифта гуфта буданд, ки дар вақти холи албатта, мехонанд. Дертар ҳокими мўҳтарам дар як конфронси матбуоти дар ҳузури пайёмнигорони ба “Таронаҳои Шарқ” омада суханрони намуда, оиди дидан кардани Президенти Ўзбекистон аз Боғи марказии истироҳатии ба номи Алишери Навоии шаҳр ҳикоя карданд. Ман ба он чиҳат эътибор додам, ки Президент гуфтаанд: ”Барои Самарқанд дарахту буттаҳои ба ин шаҳр мувофиқ лозим аст”. Ин гап ҳамин иаъноро дорад, ки як сайёҳ аз Аврупо ё Русия ба Самарқанд на барои он меояд, ки ҳангоми сайру гашт дар ин шаҳри бостони боз ҳамон дарахтҳои кишвари худаш, аз қабили акатсия, каштан ва ғайраро бинад вай мехоҳад гулу бутта, дарахтони хоси кишвари шарқиро тамошо кунад, ки дар мамлакати худаш нестанд.

Бешак аз бисёртар омадани сайёҳони хоричи ба иқтисодиёт манфиати зиёдест ва мо ҳамон муҳити хоси миллиро дар шаҳрамон чи дар симои биноҳо ва чи дар шакли боғҳо бояд эҳё кунем. Баъзе шахсоне, ки он мақолаи каминаро хонда, буданд, мепурсанд: – Самарқанд дар чаҳон бо боғҳои зебояш машҳур гардида, номи “Самарқанди фирдавсмонанд”-ро гирифтаасту ба чи сабаб аз он боғҳо то ба имрўз нишоне намондааст. Зайниддин Маҳмуди Восифи, ки аввали асри XVI ба Самарқанд омада буд, чўйҳои пури оби зулол ва меваҳои ширини Самарқандро ситоиш мекунад, яъне санъати боғдори дар авчи худ будааст. Аммо баъди ҳамаги дусад соли омадани ў дар аввали асри XVIII, аниқтараш аз соли 1722 сар карда, боғҳои Самарқанд ба хароби рў меоранд. Беки Шаҳрисабз Иброҳимбой соли 1722 бо якчанд сарварони қабилаҳои чорводор муқобили хони Бухоро Абулфайз ва амирул-умарои ў Ҳаким отолиқи манғит исён карда ба тахти Самарқанд Рачабхон ном шахсро мешинонанд. Ин кашмакашу чанг се сол давом кард. Сипас, бекҳои исёнгар аз қалмоқҳо чудо шуда ба қазоқҳои кўчманчи ҳамроҳ шуданд ва лашкари хони Бухороро шикаст доданд. Дар натича қазоқҳои кўчманчи аҳолии даруни шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва атрофи онҳоро талаю тороч карданд ва тамоми боғу бўстонҳоро ба чарогоҳи молҳои худ табдил доданд. Ин талаву тороч ва поймолкунии киштзорҳову буридани дарахтҳои боғҳои биҳиштмонанд ҳафт сол давом кардааст. Маълум, ки агар ба боғ як сол об надиҳед, ҳама дарахтон мехушканд. Ба Самарқанд қаҳти ва гуруснаги омад, одамон аз гуруснаги мурданд ва хеле касон кўчида ба дигар шаҳрҳо рафтанд.

Самарқанд як кўчаи қоқ шуд,
Бухоро тали Хоча Исҳоқ шуд.

– навиштааст шоире. Он боғу чорбоғ, гулистону бўстонҳои машҳуре, ки аз давраи темуриён боқи монда буд, дар ҳамин давра несту нобуд гардидааст. Ҳамаи ин ба назари қазоқҳои кўчманчи кам намудааст, ки Варағсар – дарғоти Работи Хочаро, ки барои гирифтани об аз дарёи Зарафшон ба Дарғам хизмат мекунад, вайрон кардаанд. Яъне шаҳр, ки асосан ба воситаи чўйҳо аз рўди Дарғам об мегирад, солҳои зиёд тамоман бе об монда будааст. Номҳое пайдо шуданд: Дашти сўхта, Калбоғ, Кумзор, Даштак, Бўзи. Боре аз назди Боғи шоирон мегузаштем, як мўйсафеди самарқанди гуфт: – Оё медонед, ки ин чо гузари Бўстони Хон буд ва дар қадимзамон боғи подшоҳи будааст? Ман ба тариқи шўхи чавоб додам: – Мо танҳо як бўстонро медонем, китоби “Бўстон”-и Шайх Саъдиро. Бўстони Хонро бо Бўстонсарои Амир Темур як донистан хатост, зеро Бўстонсарой дар паси Кўксарой (қасри подшоҳи) будааст. Бўстон маънии гулистонро дорад, аммо ба маънии боғи хурде, ки гулзор дошта бошад, низ меояд. Гузаре, ки дар он тазкиранависи машҳур Малеҳо соли 1650 таваллуд шудааст, Бўстони Боло нои доштааст. Абўтоҳирхоча дар асари худ “Самария” боғҳои машҳури Амир Темурро ба ин тартиб номбар мекунад: якум, Боғи Шимол – дар шимоли Самарқанд (ҳоло мардум Боғи Шамол мегўянд, ки нодуруст аст), дуввум, Боғи Баланд – ин ҳам дар шимол, саввум – Боғи Биҳишт. Сарои Боғи Биҳишт мураббаъ буда, он иморат болои теппаи атрофаш хандаки пуроб аз мармари сафед сохта шудааст ва кўпрукҳояш ҳам аз мармари сафед будааст. Дар як гўшаи ин боғи фараҳфизо боғчаи ҳайвонот - зоопарк низ будааст. Чаҳорум Боғи Чинор. Ин ду боғ дар атрофи офтоббарои шаҳр будааст. Боғи панчум – Боғи Дилкушо дар чануби Конигил. Бобур дар “Бобурнома” навиштааст, ки аз дарвозаи Фирўза то дарвозаи Боғи Дилкушо хиёбоне сохтаанд, ки ҳар ду тарафи роҳаш сафедорҳо қад кашидаанд. Дар Боғи Дилкушо кўшки оли бино ёфта дар деворҳои он лашкаркашии Амир Темурро ба Ҳинд тасвир кардаанд. Шашум, Боғи Зоғон дар ноҳияи Шовдор (ҳоло ноҳияи Тайлоқ) ва ҳафтум, Боғи Чаҳоннамо дар ноҳияи Анҳор наздик ба доманаи кўҳ (дар чои ноҳияи Анҳори таърихи ҳоло ноҳияи деҳотии Самарқанд чой гирифтааст). Абўтоҳирхоча ҳамин ҳафт боғи темуриро номбар мекунад, ки аз манъбаҳои таърихии дигар хабар надоштанаш маълум аст. Аммо мардуми Самарқанд баъзан дар сўҳбатҳо Боғи Тилло ва боғҳои дигарро низ илова мекунанд, ки таърихшиносон бояд саҳеҳ будани онро бисанчанд.

Шарафуддин Алии Язди дар “Зафарнома”, ки асосан баёни лашкаркашиҳои Темур аст, ба масъалаи боғсозии Соҳибқирон кам таваққуф кардааст. Аммо аз он чи ки навиштааст, метавон оиди сохти он боғҳо тасаввуроти умуми ҳосил кард. Муаллиф оиди бунёди Боғи Шимол менависад: ”Аввали баҳор, ки офтоб ба бурчи Ҳамал омад, дар соати хуб тарҳи Боғи Шимолро андохтанд. Ба сабаби он ки дар тарафи шимоли шаҳр қарор дошт, Боғи Шимол номиданд”. Сипас, Шарафуддин Алии Язди менависад, ки бо дасти устоҳои Ироқу Форс ва Бағдоду Шероз кўшки зебое дар он сохта шуд. Ҳамон хел иморати оли сохта шуд, ки рашки осмон буд. Ва ба ҳар бурчи он аз мармари Табриз сутунҳо гузошта шуданд, сафқҳояшро бо тилло ва лочувард нақш карданд ва фарши он аз мармар буд. Таърихнависи мазкур дар ин китоб оиди сохтмони Боғи Дилкушо ва кўшкҳои он қайд мекунад, ки сохтмони ин боғ дар як гўшаи Конигил соли 1397 бо фармони Соҳибқирон сурат гирифт. Ў менависад, ки муҳандисон ва ҳунармандон ба тарҳи ин боғ машғул шуданд. Тарҳи боғ мараббаъ буд ва ҳар як тарафаш 750 метр. Ҳар тарафаш як дарвоза дошт бо гунбазҳо ва кошинкори шуда буд. Дар ҳар бурче кабўтархона сохта шуд, ки он низ кошинкори шуд. Даруни боғ ниҳоли дарахтони мевадор шинонда, майдонҳо ва гулистонҳо тарроҳи шуд ва канори майдонҳо сафедорҳо шинонданд. Кўшки дохили боғ се гунбаз доштааст. Ба сабаби бағоят латифу хушманзар ва зебо будани иморатҳои он Боғи Дилкушо ном гузоштанд.

Дар бораи Боғи Баланд, Боғи Биҳишт, Боғи Давлатобод, Боғи Дилкушо, Боғи Чаҳоннамо, Боғи Зоғон, Боғи Майдон, Боғи Нав, Боғи Чинор, Боғи Шимол дар “Энсиклопедияи советии ўзбек” маълумотҳо ҳастанд. Масалан, дар бораи Боғи Давлатобод навишта шудааст, ки дар дохил шаш ҳавз бо ҳам таввасути чўйҳои пуроб пайванд гардидааст. Атрофи ин чорбоғ девори баланд, ду дарвоза ва се манор доштааст. Қасри он бо хандақи пуроб иҳота шуда, ду кўпрук қасрро бо боғ мепайвастааст. Дар як қисми боғ товус ва дигар парандаву ҳайвонотро чой додаанд. Дар боби иморати Боғи Майдон навиштаанд, ки дар маркази он Улуғбек аз мармар як иморати дуқабата сохтааст, ки чил сутун дорад. Ин иморат дар чор кунчаш чор бурчи манормонанд доштааст ва ба қабати дуввум аз дари ин бурчҳо мебаромадаанд. Аммо дар “Энсиклопедияи советии ўзбек” чои Боғи Чаҳоннамо Қоратеппа нишон дода шудааст. Қоратеппа дар чои четтар аст, ба ноҳияи Ургут тааллуқ доштагист, ҳол он ки Абўтоҳирхоча дар “Самария” чои Боғи Чаҳоннаморо ноҳияи Анҳор гуфтааст, ки номи ҳозирааш ноҳияи Самарқанд аст. Хуб, ҳоло ин чандон аҳамият надорад, ки дар кучо буд. Бобур дар “Бобурнома” дар наздикиҳои Боғи Дилкушо боғи дигареро бо номи Боғи Бўлду ном бурдааст, аммо нагуфтааст, ки ин боғи темури чи шаклу сурате дошт. Балда ба араби кишвареро гўянд, “бўлду” маъни надорад. Бобур дар Конигил дар канори рўди Обираҳмат чои Боғи Нақши Чаҳонро аниқ нишон додааст. “Дар вақти дидани ман ин боғ ба вайрони рў оварда буд ва номе аз он нахоҳад монд” – навиштааст Бобур. Яъне, Бобур Боғи Дилкушо, Боғи Бўлду, Боғи Нағши Чаҳон, Боғи Чанор, Боғи Шимол, Боғи Биҳишт ва Боғи Майдонро боғҳои темури номидааст.

Ба ғайр аз ин байни Боғи Дилкушо ва шаҳри Самарқанд Қўруқи Бедона (мамнўъгоҳ) ҳаст, мегўяд ў. Кўли Мағок, марғзори назди Кенти Қўлба ва чорбоғи Дарвеш Муҳаммади Тархонро чойҳои хушманзар номидааст. Кўли Мағок (маънояш кўли рўдхона ва кўли чукур) эҳтимол ҳамон деҳаи ноҳияи Самарқанд аст, ки имрўз Кўл мегўянд. Замонҳои пеш номи аслии Конигил Кони обгир будааст, ин чо обгирҳои зиёде ҳаст,– навиштааст Бобур. Подшоҳон ва аҳли дарбор ҳар сол як-ду моҳ дар Конигил истироҳат мекарданд ва Кўли Мағок низ чои истироҳати ҳокимони давр будааст. Яъне, Самарқанд ба ғайри чорбоғҳои подшоҳи боз чорбоғу бўстонҳои хурдтари дигар ва чойҳои хушманзари табии, кўлу чакалакҳои пур аз парранда доштааст. Дар ҳақиқат ҳам Самарқанд фирдавсмонанд. Ҳамин тавр аз рўи сарчашмаҳои таърихи номи 12 чаҳорбоғи темури то ба мо расидааст, ба ғайри бўстонсарою бўстонҳои дигар, аммо худи онҳо не. Ин мероси аздастрафта моро ором намегузорад. Мехоҳем, ақаллан, яке аз ин чорбоғҳоро бо чашми худамон бинем. На танҳо худамон бубинем, балки ба меҳмонҳо, сайёҳони хоричи нишон дода бо ифтихор бигўем: санъати боғҳои истироҳатсозиро гузаштагони мо ба авчи аълои худ расонида будаанд, инсонро як унсури чудонопазири табиат меҳисобанд.

Ба туфайли истиқлоли мамлакат чорбоғҳои истироҳатии Самарқанд обод шуда истодаанд, раҳбари давлат ва ҳукумат дар ин бобат саъю кўшиш ба харч медиҳанд, ки мисолаш тачдиди боғи истироҳатии ба номи Навои ва сохтмони Аквапарк аст. Бале боз ҳам саволе кўндаланг истодааст, ки аз анъанаи чорбоғсозии Темур чиро гирифтему чиро фаромўш кардем. Албатта, ба ҳар як самарқанди алам мекунад, вақте мехонад, ки Самарқанд замоне он қадар бўстонсаройҳову чорбоғҳои шоҳаншоҳии ба тамоми олам машҳур доштаасту ҳатто яке аз он боқи намондааст. Садбаргҳои хушбўи Самарқанд низ шўҳрати чаҳони доштаанд, масалан шоири бузурги рус Анна Ахматова солҳои чанг ба Тошканд кўчида меояд, касал мешавад ва ин байтро ба дафтараш менависад:

Ба Самарқанд барои чоннисори меравем,
Ба Ватани садбаргҳои човидон.

Камина дар мақолаи “Боғи шоирон бояд шоирона бошад” дар боғҳои шаҳр коридани гулу бутта ва дарахтони манзаравии хоси кишварамонро ташвиқ карда будам. Магар мо ба ғайри чанор, ки тамоми кўчаҳо ва ҳатто майдони Регистонро фаро гирифтаасту чанги гулаш барангезандаи аллергия аст, дарахти дигари манзарави надорем? Чанорро боғбонҳоямон аз қадимзамон дар сари роҳҳои калон дуртар аз манзили инсон мешинонданд, он асосан дарахти мазор ва рамзи чудои ҳисоб меёфт. Боғи Чиноре, ки ба Темур мансуб медонанд, аз чинорзор иборат набудагист, дар ягон гўшааш чанд чанор доштагист ё номи мавзеъ будагист. Паррандаҳо ҳассостаранд, ба ин сабаб хеле кам вокеъ мешавад, ки дар шохи чинор лона созанд.

“Чанор фаҳм кунад андаке зи рози чаман,
Ҳазор даст барорад хушу дуо кунад”

– навиштааст шоире, ки ишора ба мақоми чанор саҳни мазору масчидҳост.

Ба мушоҳидаи донишманди санъати меъмори Анри Стирлен нақшу нигори қолинҳои эрони тарҳи боғу бўстони шоҳиро инъикос мекунад. Ў бе далел сухан намеронад.

Ба фикри банда, номҳои чорбоғҳои темуриро дар он чойҳо, ки манзилгоҳи одамон гардидааст, бо гузоштани номи кўча ё маҳал нигоҳ доштан лозим аст. Масалан, ҳокимияти шаҳр кўчаи Охунбобоевро Бўстонсарой номида ташаббуси хубе нишон дод.

Дар замони Амир Темур индустрияи чорбоғсози нағз ба роҳ монда шуда будааст. Боғбонҳо усули аз чое ба чое кўчондани дарахтони калонро медонистанд. Он вақт насосҳои обкашу копрессору қувваи барқ набошад ҳам, фаввораҳо кор мекардааст, зеро муҳандисони чорбоғҳо чўи обро аз баланди аварда обро ба чоҳи сангини рўизамини сар медодаанд ва фишори табииро дар қубурҳои сафолини зеризаминии фаввора ҳосил мекардаанд. Ин гуна мадрасаву мақбараҳои қадиме, ки Самарқанд дорад, дар шакли тармимшудаи беҳтаре дар Исфаҳон ва дигар шаҳрҳои Шарқ ҳастанд. Барои ривочи туризми байналхалқи индустрияи истироҳатиро ба роҳ мондан лозим меояд. Шоҳони гузашта боғҳоро ба он дарача фараҳфизо ва оли месохтаанд, ки манбаи илҳоми оҳангсозону шоирон мегардидааст.

Гаҳ ба бўстон андарун Бўстони Ширин баркашад,
Гаҳ ба бо
ғ андар ҳаме Боғи Сиёвушон занад.

Ин байт ба қалами Рашидии Самарқанди тааллуқ дорад. Боғи Ширин, Боғи Сиёвуш ва Боғи Шаҳриёр оҳангҳои қадимии классики будаанд. Яъне, боғ дар фарҳанги мардуми ин сарзамин маънои васеътар ва мақоми баландтаре доштааст, нисбат ба он ки мо тасаввур мекардем.

Чорбоғҳои шоҳонаи таърихиро эҳё кардан кори осон нест, зеро сурату нақша ва биноҳои он боқи намондаанд. Ҳоло дар минтақаҳои ба ин боғҳо наздик мевазорҳо бунёд кардаанд ва бо ифтихор мегўянд: мо боғҳои таърихиро барқарор кардем. Боғҳои Темур чи гуна шаклу сурате доштанд, аз рўи чорбоғҳое, ки Бобур ва бобуриён дар Ҳинду Покистон сохтаанд, ба ягон хулоса омадан мумкин аст. Масалан, чорбоғи Точмаҳал бо рўди пуроб ба чор пораи мураббаъ тақсим шудааст ва ин чор пора боз ба чор пораи хурдтар. Чаҳорбоғ ҳамон вақт мегуфтанд, ки даруни як боғ ба ин тариқ чор боғ бошад. Дар атрофи иморатҳо дарахтони қадбаланд нестанд. Бобур ва бобуриён бўстонсарою боғҳои машҳури дар Самарқанд бинокардаи бобои худ Темурро давом диҳанд. Ба ҳамин сабаб, ҳар қасре, ки сохтанд, чорбоғе дорад бо обҳои равон, ҳавз ва баъзан қафасҳои паррандагони хушхон. Агар мо дарҳақиқат бихоҳем, ки боғу бўстонҳои дохилишаҳри ва берунишаҳрии таърихии Самарқандро эҳё кунем, пеш аз ҳама бояд бубинем, ки бобуриён дар Ҳинд чи гуна боғҳое сохтаанд.

Донишманди фаронсави Анри Стирлен дар китоби худ “Искусство ислама” (Москва, с. 2003) ба ин амали бобуриён баҳои баланд дода таъкид мекунад, ки чорбоғҳои атрофи иморатҳо аз нуқтаи назари ифодаи фикр як маънои фалсафиро дороянд.

Беҳрўз Маъруфи дар акси садое, ки ба мақолаи камина навишта дар шумораи 76-уми “Овози Самарқанд” 16-уми сентябр чоп кард, гуфтааст, ки дар назари хоричиён меваҳои мо мўчизаанд, яъне масъалаи шинондани дарахтони мавадорро фикр кардан лозим аст. Аммо дар қадди роҳҳои автомобили ё майдонҳои серодам не, эҳтимол, дар ҳавлии меҳмонхонаҳо току дарахтони мевадор бошанд, таваччўҳи сайёҳонро бештар чалб хоҳад кард. Пешниҳоди дигари ў оиди зарурати таъсиси Боғи ботаникии шаҳр бо парваришгоҳи ниҳолҳо ва таъини вазифаи саррастанишиноси ҳокимияти шаҳр оқилонаанд. Ҳокими шаҳрамон Сўҳроб Рафиқов дар ҳамон конфронси матбуоти гуфтанд, ки мо бо мақсади ичрои супориши Президенти Ўзбекистон Ислом Каримов ба олимони факултаи биологияи Донишгоҳ супориш додем, ки барои таъмини шаҳр бо буттаву дарахтони хоси Самарқанд пешниҳодҳои илмии худро ба ҳокимияти шаҳр расонанд. Яъне бовар ҳаст, ки муаммоҳои чомаи сабзи шаҳр дер ё зуд ҳалли худро меёбад.

Ҳар боре ки номи Боғи Чаҳоннамои Темурро мешунавам, ё аз нашрияе мехонам, ба ёдам навиштаҳои донишманди ёдгориҳои меъмории Шарқ Анри Стирлен мерасад, ки чорбоғҳои подшоҳиро ифодаи мўъчази чаҳон маънидод кардааст. Биёед, агар кўшишамон дар боби эҳёи чорбоғҳои темури самимона бошад, яке аз ин боғҳоро, масалан, Боғи Чаҳоннаморо дар дашти Чунгул (саҳрои байни рўди Дарғом ва Оҳалик) барқарор кунем. Такрор мекунам, мевазор ҳанўз чорбоғи темури нест. Чорбоғи темури бо шаршараҳо, фаввораҳо, гулзорҳо, чўйҳои оби зулол, шаҳнишинҳо, қасрҳои сафеди мармари (бигузор, қасри маданият бошад), тарабхона, волйери паррадагони хушхон, ҳавзу кўлҳои пуроб бояд бошад, яъне барои он Боғи Чаҳоннамо гуфтаанд, ки тамоми маданияти волои парксози дар он мучассам гардидааст.

Дар ноҳияи Самарқанд, ки боғи маданият ва истироҳат нест, ба ин тариқ соҳиби чорбоғи истироҳати шудан мумкин аст. Албатта, ин чорбоғ бо атраксиону дигар муассисаҳои маданиву истироҳати замонави бояд бошад. Боз як бор таъкид кардан мехоҳам, ки агар чигунагии сохти боғҳои самарқандии Темурро донистан хоҳем, чаҳорбоғҳои бобуриёнро дар Ҳинду Покистон дидан лозим меояд. Масалан, чорбоғи Шалимар, ки дар Лоҳур Шоҳи Чаҳон соли 1642 сохтааст, аз чониби донишмандони саъати меъмории Аврупо ҳайратангез арзёби шудааст. Ин чорбоғ аз ду боғи калони мураббаъ, ки ҳар яке боз ба чор боғи хурд тақсим мешавад, ва ду боғчаи хурди мобайни ва дар мобайн ҳавзи пуробу фаввораҳо иборат аст ва дар 9 гектар бо айвонҳои сурху сафеди мармари бунёд ёфтааст. Яъне бо мақсади ҳам истироҳату дамгирии мардум, ҳам гузаронидани маъракаҳои чашни, базму хурсандиҳои шоҳона сохта шудааст.

Дар замони шўрави паркҳои шаҳри “Боғи маданият ва истироҳат” номида шуданд ва дар онҳо майдони рақс, театру кинотеартҳоро чой доданд. Паркҳои шаҳри тобеи Вазорати маданият гардид. Ба зиммаи онҳо истироҳати мадании инсон гузошта шуд. Ба ҳамин сабаб, дар онҳо клубҳои шоҳмоту шашка, теннису билярд, хонаҳои маданият бо маҳфилҳои ҳаваскорони санъат амал мекарданд. Ба чорбоғҳои маданияту истироҳат вазифаи қадимаи он чои гузаронидани маъракаҳои чашнҳои наврўзи, Меҳргон, истиқлол, сайри идонаи мардум ва ғайраро баргардонда истодаанд. Паркҳоро барои гузаронидани маъракаҳои бузург мувофиқ карда истодаанд. Боғи марказии шаҳри Самарқанд ки номи Алишер Навоиро гирифтааст бо амфитеатри худ “Мўъчиза” намунаи чунин боғҳост ва чорбоғи Шалимари дар Лоҳур сохтаи Шоҳи Чаҳонро ба ёд меорад. Орзуи мо ин аст, ки дар маркази ноҳияҳо низ чунин чорбоғҳо бо санъати баланди меъмори ва боғдори сохта шаванд. Ин корҳо хоҳед нахоҳед дер ё зуд хоҳанд шуд, зеро чорбоғҳои марказии маданият ва истироҳат ҳамчун чашнгоҳу идгоҳҳои бошукўҳ мақоми давлати пайдо карда истодаанд. Амир Темур дар ҳар кучо иморате ё боғе бунёд кунад, аҳамият медодааст, ки дарвозахонаҳо бошукўҳ бошад. Вақте ки дарвозахонаи дуқабатаи чаҳорбоғи Точмаҳалро дидед, бовар ҳосил мекунед, ки анъанаи дарвозахонасозии Темурро бобуриён давом додаанд. Ин дарвозахона ба он мақсад сохта шудааст, ки бинандаро пеш аз ворид шудан як бор ҳайрон кунад ва вақте ў ба дохил медарояду боғи ачиб ва иморати олии сафеди мармарии Точмаҳалро мебинад, дучанд дар ҳайрат мешавад. Дарвозахона дуқабата буда, на танҳо қаровулхона, балки он қадар ҳучраҳои зиёд дорад, ки идораи маъмурияти боғ ё меҳмонхона буда метавонад. Барои тазод ба мақбараи сафеди Точмаҳал онро аз санги сурх бино кардаанд. Як дарвозаи асосиро ҳашаматнок сохтаанд, дарвозаҳои тарафҳои дигари боғ хурдтаранд. Ба фикри банда, аз чорбоғҳои таърихии азбайнрафтаи темури Боғи Чаҳоннаморо албатта, дар шакли парки истироҳатии замонави эҳё кардан осонтар аст. Зеро худи номи боғ баёнгари равшани он аст, ки дар он гулу буттаву дарахтон, манзараҳои кишварҳои дар он замон машҳури чаҳон Хитой, Ҳинд, Русия, Рум мучассам гардида будааст. Яъне дар дохили ин чорбоғ боғҳои чопониву куриёиву ғайра будаанд. Масалан, дар шароити ҳозира порае аз чангали тўс (берёза) ва санавбарҳои Русияро сохтан душвор нест. Айвонҳои хитоиро устоҳои худамон ҳам сохта метавонанд. Боғи Нақши Чаҳон ва Боғи Чаҳоннамои темури боғҳои ботаникии ҳамон замон будагистанд. Ачаб нест, ки гармхонаи растаниҳои тропики – оранжерея низ бошад.

Чорбоғҳои подшоҳи ҳаммомҳо низ доштанд. Чорбоғи Шалимари Шоҳи Чаҳон бино карда, гармобаҳо дорад, навиштааст Анри Стирлен. Дар Самарқанд ҳар як мадраса ҳаммоми худро доштааст, ки намунаи охиринаш ҳаммоми Бозори сандуқ буд, ки солҳои шўрави вайрон карданд. Дар Хоча Аҳрор низ як гармобаи милли сохта буданд, ки он низ вайрон шуд. Маълум мегардад, ки ҳаммом хусусан бо масҳи (массаж) табобатии он як намуди истироҳат будааст. Истироҳат чист? Истироҳат барқарор кардани нерўи бадани инсон аст, азбаски ҳаммом танҳо аз чирк пок шудан нест, балки бо гармиву масҳ барқарор кардани сиҳати низ ҳаст, онро шомили чорбоғи истироҳати донистаанд. Русҳо низ гармобаҳои буғхонадори худро дар бўстонсаройҳои берунишаҳри месозанд ва дар он истироҳат мекунанд. Сохтани чунин чорбоғ бо ҳаммоми гунбаздори милли барои ривочи туризм низ хизмат хоҳад кард.

Номҳои боғҳое, ки дар фарҳангҳо ё шеърҳои шоирони мумтози асри миёнаи Самарқанд дучор мешавем, гувоҳи медиҳанд, ки Амир Темур ва темуриён анъанаи чорбоғсозии шоҳони пешини Самарқандро такмил ва вусъат додаанд. Шоир Рашидии Самарқанди, ки қабраш дар Чокардизаи Самарқанд аст, номи баъзе боғҳоро дар шеъраш сабт кардааст. Дар бораи бешаҳои қадимии атрофи шаҳри Самарқанди замони Спитамену Искандари Макдуни таърихнавис Игор Пянков дар китоби “Осиёи Миёна дар номаҳои бостон” чунин овардааст: Вақте ки лашкари макдуни ба тарафи пойтахти Суғд ҳаракат мекард, аз кўҳу биёбонҳо гузашта ба водии Зарафшон баромад, даҳони ҳамаи афсарону аскарон аз ҳайрат боз шуд. Онҳо гўё ки ба биҳишти ҳақиқи афтоданд. Чангалҳои зебои соҳили Зарафшон то ба домани кўҳҳо мерасид, ки аз паррандаю ҳайвоноти ваҳши пур буд. Юнониҳо дарёи пуробу зебои Зарафшонро дўст дошта онро “Политимет” номиданд, ки маънои боэҳтиромро дорад. Водии ноҳияи Самарқандро юнониҳо чун “серчангал” ифода кардаанд, ки ҳар ду соҳили Зарафшон силсилаи боғҳо, полезҳо бо фосилаи минтақаи дашти мавчуд буд. Дар ин минтақаи чангали “чаннат” барпо намуда, онро шикоргоҳи шоҳаншоҳи номиданд. Атрофи он шикоргоҳро бо девори лойи (похса) иҳота кардаанд, ба масофаи чандин километр. Искандари Макдуни дар ин шикоргоҳ, ки аз ҳайвоноти ваҳши пур будааст, ба сайди ғизол машғул шуда бо шери бадҳайбате рў ба рў омадааст. Искандари Макдуни аз болои девори баланди шаҳр ба деҳоти атрофи шаҳр, ки дар байни дарахтзорҳои анбўҳ гум шуда мерафтанд, нигоҳ карда, аз чанги чераки (партизани) метарсад ва фармон медаҳад, ки тамоми деҳаву работҳои атрофи Самарқандро оташ зананд. Бо вучуди ин чангалҳои атрофи Самарқанд барои Спитамену боқимондаи лашкари шикастхўрдаи ў паногоҳи хубе буданд ва имкон медоданд, ки ногоҳ пайдо шаванд ва ба лашкари юнониҳо шабохун зананд. Дар ин задухўрдҳо Искандар сахт мачрўҳ мешавад. Шикори Искандар дар шикоргоҳҳои шоҳаншоҳии Самарқанд бо зиёфатҳои чамшеди хотима меёфтааст. Эҳтимол, барои чунин зиёфатҳо кўшке сохтагистанд. Юнониҳо шароби зўри мардафкани ангурии соҳили Дарғамро бори аввал менўшиданд. Дар онҳо расм буд, ки шароби турши худро дар Юнон ба об омехта нўшанд. Искандар дар зиёфати чамшедии шикоргоҳ аз шароби дарғами маст мешавад ва ҳамин вақт дўсташ Клит, ки ўро аз марг начот дода буд, ба ў таъна мезанад, ки номарди зоҳир намуд, зеро пешвои Суғд Спитаменро дар майдони чанг не, хоинона дар вақти хобаш бо дасти хоинони зархарид кушт. Искандар дар сари ғазаб дўсти ба чон баробари худро бо шамшер зада пора мекунад ва рўзи дигар хушёр шуда аз кардаи худ сахт пушаймон мешавад. Баъди ин ҳодиса Искандар дигар дар Самарқанд истода натавонист, марги фочиавии дўсташ барои ў мусибати азим буд. Искандар қароргоҳи худро ба Навтаки Суғд (тахмин Шаҳрисабз аст) кўчонд.

Панчакент аз замонҳои бостон ноҳияи Самарқанд ба ҳисоб мерафт. Чанд сол пеш археологҳо дар атрофи деҳаи Саразм, ки байни Самарқанд ва шаҳри ҳозираи Панчакент аст, шаҳракеро ёфтанд, таърихи 5500 сола дорад. Каме дуртар аз ин шаҳрак шикоргоҳи қадимаи шоҳаншоҳи низ кашф шудааст. Маълум, ки дар замонҳои бостон дар атрофи Самарқанд чандин чунин шикоргоҳҳо будаанд. Бисёр солҳост, ки баъзе донишмандони самарқанди оиди ба боғи милли табдил додани мамнўъгоҳи Амонқўтон мақолаву рисолаҳо менависанд. Зарурати таъсири як боғи ботаникии шаҳриро таъкид мекунанд. Дар ин бобат ман бо доктори улуми биологи Санъат Муҳаммадиев ҳамфикр ҳастам. Бисёр муаммоҳое, ҳастанд, ки бе иштироки олимон ҳал кардан мушкил аст. Боғи ботаники муассисаи илми аст, дар ниҳолхонаву гармхонаҳои он дарахтони ороишии миллиро парвариш карда метавонанд. Таърихнависони юнони навистаанд, ки дар замони Искандару Спитамен дар чангалҳои Самарқанд дарахти коч зиёд буд. Ман медонам, ки коч як намуди санавбари сўзанбарг аст, вале хеле баланду азим. Аммо ҳамон тавре, ки олимони биолог медонанд, намедонам. Ё ки дар байни дарахтони бемева намудҳое ҳастанд, ки заҳри газҳои автомобилро беҳтар кашида мегиранд. Ва ба ҳамин сабаб масъалаи дар кучо шинондани кадом намуди дарахтро танҳо олимон муайян карда метавонанд.

Хушбахтона, қаламкашҳое ба мисли Пардақул Тўрақулов дар Самарқанд ҳастанд, ки оиди муаммоҳои экологии шаҳру навоҳии он мақолаҳои чолиб навишта чоп карда истодаанд.

Эҳёи чорбоғҳои шоҳаншоҳи, шикоргоҳҳо, намудҳои муосири боғ аз қабили паркҳову боғҳои ботаники ва мамнўъгоҳҳо (заповедникҳо) масъалаи экология аст, яъне ҳаётан муҳим аст. Вақте ки рўз ба рўз теъдоди автомобил дар шаҳр зиёд мегардаду заҳрнокии ҳавои шаҳр меафзояд, ҳалли ин масъаларо ба фардо вогузоштани мо нишони хирадманди нест. Аз мард боғ мемонад, аз номард доғ, гуфтааст халқ. Дар байни Тали Барзу ва Пули Муғоб хусусан дар деҳаи Боғитилло боғҳое ҳастанд бо номи Боғи худои. Чавонмардони саховатманде будаанд, ба мисли Яъкуби боғитиллои, ки пеш аз сафари ҳач боғи худро ба мисли оши худои ба халқ бахшидаанд. Ҳукумати бехудоёни шўрави ҳамаи ин боғҳои худоиро аз халқ гирифта моли колхоз (яъне, замини давлат) кард. Ҳамин анъанаи чорбоғи худоиро зинда кардан лозим аст. Бигузор ҳар як корхона, хочаги, фирма ё сарватманди саховатманди Самарқанд ҳамин гуна боғи худои сохта ба халқ бахшад. Агар боғҳои худоии таърихиро боз ба халқ, яъне ба ихтиёри гузарҳо диҳанд, рўҳи поки он мардони саховатманд шод мегардид. Охир боғҳои истироҳат на танҳо дар шаҳр, балки дар ҳар як корхона, хочаги ва деҳаи ноҳияви низ лозиманд. Дар сурати амали шудани чунин тадбирҳо мо метавонистем, бо дилпури бигўем, ки анъанаи неки чорбоғсозии гузаштагони худ, аз чумла, шоҳонро давом медиҳем. Мегўянд, ки калимаи “боғ” ва калимаи “бог” (Худо)-и руси аз як решаанд. Эҳтимол, замонҳое, ки одамони чамъияти ибтидои дарахтонро парастиш мекарданд, ёки аз дарахт бутҳои худро метарошиданд, чунин будагист. Ба ҳар эҳтимол боғ нишемани худоёну фариштаҳо будааст.

Наврўз давлати набуду нахоҳад шуд

Мўҳтарам Афшини Истаравшани!

Аввал ташаккур ба Шумо ва дигар касоне, ки ба торномаи «Герби шердор» таваччўҳ пайдо кардаанд ва оиди мақолаҳои он фикри худро менависанд. Фақат илтимоси камина ин аст, ки агар нисбати ягон ҳукумат ё сарвари он эътирози сахте кардан хоҳед, аз торномаи «Герби шердор» истифода нашавад. Мавқеи Герби шердор» маслиҳат аст, на танқиди ягон ҳукумат. Раванди асосии он фарҳангиву маърифатист, на сиёси.

Суннати асосии Наврўз магар дастурхон аст? гуфта суол гузоштанатон чон дорад. Инро суннати асоси нею вижаги метавон номид. Ман ҳам бар он ақидаам, ки ҳафтсину ҳафтшин одатҳои дертар дар замони исломикунони изофашуда аст. Дарҳақиқат бо ҳафтсину ҳафтшин сари мардумро гаранг накарда рўирост гуфтан лозим, ки дар асл ҳафт хел меваи хушку тар рўи дастурхони Наврўзи мегузоштанд, зеро дар ин фасл организми инсон ба анвои витаминҳо эҳтиёчи сахте пайдо мекунад. Ҳамин фикрро Салими Аюбзод дар барномаи «Озоди» таъкид кардани шуд, аммо ҳамсўҳбатонаш эътиборе надоданд.

Яъне аз хўрдани ғизоҳои Наврўзи мақсади асоси нерўи тоза бахшидан ба организми инсон мебошад.

Агар дар ёд дошта бошед, дар таҳияи ҳафтшин шамъу шонаро низ рўи дастурхон мегузоштанд ва ё дар мақолаҳо ном мебурданд. Инҳо ба ғизоҳои Наврўзи чи алоқае доранд? На танҳо кормандони «Озоди», балки бисёре аз рўшанфикрон оиди чанбаҳои демократии Наврўз кам андеша мекунанд.

Наврўз дар тўли ҳазорсолаҳо шакл гирифтааст ва дар он пайдо гардидани унсурҳои нолозим аз эҳтимол дур нест.

Ман ҳам мисли шумо мушоҳида кардам, ки иштироки сарвари давлат дар маъракаҳои Наврўзи хеле фаъолона буд, ки ин чиҳат чашнро ба чашни истиқлол ва идҳои дигари расми монанд кард. Ман ба он фикри шумо мувофиқам, ки мехоҳед чашни Наврўз намоиши театри набошад, дар асл бошад. Аммо ин фикри шуморо тарафи муқобил қабул накарда метавонад бигўяд: Магар тамоми зиндагии мо худ як театр нест?

Бубинед, ки онҳо ҳақ мебароянд. Зеро бисёр касон мувофиқ ба салоҳияти худ вазифа надоранд, мисли ҳунарпешаҳо нақш мебозанд. Мана он калимаи имитатсия, ки шумо ба кор бурдаед, чи қадар решаҳои зиёд дар худи зиндаги дорад. Чомеъа идҳоро низ тибқи мафкурааш тағйир медиҳад. Дар зиндаги сохтакори зиёд бошад, он ба чашнҳо бетаъсир намемонад. Ва чашни Наврўз истисно нест.

Бовар дарам маънои асосии иди Наврўз ҳамбастагии инсону табиат дигар нахоҳад шуд. Инсон низ дар ин айём на танҳо нерўи тоза бигираду либоси нав ба бар кунад, балки бояд аз андешаҳои кўҳна халос шавад. Албатта хеле касон чунин рафтор мекунанд, агар чанги бошанд ошти мешаванд. Яъне аз дилҳо берун афкандани кинаву кудурат мақсади асосист. Дар ин раванд авфи умум эълон кардани сарвари давлат ба маъною мазмуни олии чашни Наврўз мувофиқат мекунад. Дар тўли асрҳои зиёд бисёр воқеъ шудааст, ки сабаби ғайридини буданаш бикўшанд Наврўзро чашни нодаркор эълон кунанд, аммо ба мақсад нарасидаанд. Ба фикрам, кўшишҳои давлати кардани он низ бенатича анчом хоҳад ёфт.

Ин чашн доимо соф мардуми буду ҳамин тавр хоҳад монд.

Камина навишта буд, ки самарқандиён сад сол пеш Наврўзро дар канори рўди Обираҳмат берун аз шаҳр чашн мегирифтанд. Яъне чашни Наврўз дар оғўши табиати фусункор мегузашт. Бовар дорам, ки рўзе мардуми точик рукнҳои асосии Наврўзро барқарор хоҳад кард.

Чанд сол боз Наврўз дар Ўзбекистон ба шакли сайри мардуми мегузарад. Яъне барои ба асли худ баргардондани он қадами калоне гузошта шудааст. Бовар дорам, ки қадами дигар низ гузошта хоҳад шуд ва онро рўзе дар оғўши табиат хоҳанд бурд. Азбаски барои гузаронидани чашнҳо аз қадимзамон сохта ба ихтиёри мардум гузоштани хиёбону булвару чорбоғҳо анъана будааст, имрўз дар ин торнома оиди чорбоғҳои темури мақолае ба нашр мерасад.

суббота, 22 марта 2008 г.

Райские ворота Самарканда

Таджикская поговорка гласит: «Шахр бе дарвоза нест». Эта поговорка в переводе звучит дословно так: «Город не без ворот».

Говорят эту пословицу, когда надо предупредить, что дела охраны имущества организованно хорошо, и если кто–нибудь вздумается обойти, то попадет к охранникам (ворот).

На востоке, тем более Центральной Азии город не представляли без ворот и тем более без оборонительных стен, так как к городу степным кочевникам добраться было легко. А грабительских набегов на город было не счесть. Эти набеги для городов имели очень трагические последствия. Самый трагичный для Самарканда была набеги кочевых племен в 1722-30 годы, вследствие чего Самарканд и его окрестности опустела на 100 процентов, а Бухара на 90 процентов. Правители двести лет боролись восстановить население, городскую жизнь, некоторые мечети и медресе, полностью восстановит не смогли, даже при переселении всего населения Гиссарской долины Таджикистана Мухамед Рахим-ханом в Самарканд. Было переселено несколько тысяч семей. Если учесть, что в середине Х1Х века население Самарканда достиг всего 30 тысяч жителей, можно представит как было трудно заполнит пустующие кварталы Самарканда.

Сколько было ворот у города Самарканда?

В. В. Бартольд в книге «Туркестан в эпоху монгольского нашествия» описал состояние оборонительных стен и ворот города Самарканда. Он опираясь на произведения историков Истахри и Ибн ал-Факих пишет, что Самарканд вместе с окрестностями, подобно Балху и Бухаре был окружен стеной в 12 фарсахов (72 километра) с12 воротами. Городские ворота были выстроены из дерева и состояли из двух половинок. За каждыми воротами были ещё другие, также двойные ворота. Между первым и вторыми воротами были жилища привратников. Историк Табари приписывает Абу Муслиму постройку стен города. Абу Муслим долгое время находился в Самарканде. Он приказал укрепить цитадель и восстановить внешние и внутренние стены города. По его приказу над крепостной стеной длиной 7,5 фарсахов были сделаны зубцы, а стена разделена на 360 участков. Через каждые 200 гязов на стене были построены боевые сторожевые башни. Источники о воротах не говорят, но естественно ветхие старые ворота были заменены крепкими из твердых сортов дерева. Но где находились все 12 ворот и как их называли, определит трудно, так как в источниках информации нет. То что цитадель имел два ворота установлена точно. А что касается старого города (на Афрасиабе), то там было 4 ворот: Китайский в стороне Чупан-аты, Навбахорский на западной стороне Афрасиаба (нынешнее кладбище Санграсон находился вблизи этих ворот), Бухарские на севере, а Кешские на южном стороне Афрасиаба. Мечет Хизр находился рядом с местом, где стояли Кешские ворота. Через Кешские ворота поверх арочных галерей по свинцовому желобу питьевая вода подавалось в старый город Афрасиаб. Истахри писал, что видел на этих воротах железную плиту с непонятными письменами. Утверждали, что письмо на химьяритском языке и определяет расстояние до города Сана столицей Йемена. В это трудно поверит, так как арабы всякую для них непонятную письменность называли химьяритским. Ясно одно, что эта надпись была или на авестийском или на согдийском языке, а уже в десятом веке самаркандцами была забыта эти языки. Во время пребывания Истахри мятежники разрушили эти ворота, позднее его вновь построил Абулмузаффар Мухаммед, троюродный брат саманидского царя Насра. Но надпись не восстановили. Если действительно эта надпись принадлежал йеменцам (то есть арабам-мусульманам) восстановили–бы, но наверно посчитали зороастрийским.

Самарканд имел кроме внутренних стен, окруживший шахристан (городские кварталы), внешние стены окруживший рабадную часть. Истахри ворот внешних стен описывает в такой последовательности: Кухак (в Чупан-ате), Варснин (в Пенджикентской дороге), Фенек, Ривдад (в Ак-мечете), Фаррухшид (в Ходжа Абду Беруне) и Гадавад. Историк Макдиси называет восемь ворот: Гадавад, Исбиск, Сухашин, Афшина, Варснин, Кухак, Ривдад и Фаррухшид. Ворота Фенек не упоминается, значит один из ворот Исбиск или Сухашин назывались Фенеком. Так как в 3-х километрах от города было село с названием Фенек, ворота называли по имени этой местности. Село Исбискет находился в 2 фарсахах (12 километров) от Самарканда. Селение Варснин до сих пор известен.

В. Вяткин в своей работе «Материалы к исторической географии Самаркандского вилаята» пишет, что в городской стене (шахристане) Самарканда было шесть ворот. На север вели двое ворот - Шейх–заде (второе нынешнее название – Пойкабок) и Оханин, что в переводе означает железный, близ мазара Шахи–Зинда. На восток в сторону Пенджикента выходили ворота Фируза. Вяткин перевёл буквально: Бирюзовые. Здесь же был чарбаг Фируза, названный по имени его хозяина Амира Фируза. У мечети Ходжа Нисбатдор находились ворота Сузангарон, а недалеко в метрах триста ворота Коризгох, названный впоследствии Ходжа–ахрарским. Коризом таджики называют систему получения воды внутри объединённых подземных родников. Действительно эти старые коризы до сих пор работают или нет неизвестно, но в этом районе много родников, поэтому и название местности - Чашмаи Чукур (глубокий родник). Вяткин писал, что эти ворота до того назывались Намозгох, так как вели в городскую намозгох (место всеобщих мусульманских праздников). От ворот Намозгох до мазаров Ходжа Кафшир и Ходжа Ахрар была построена Хиябан (бульвар). Такой же хиябан была построена от ворот Фируза (ныне Каландархона) до тимуровского чарбага Булды.

Ворота Чорсу находились там, где начинается городской бульвар и стоит памятник Амиру Тимуру. Далее В. Вяткин пишет, что стена Кундаланг (и сегодня это название сохранилось) в 1466 году была известна под этим именем. Здесь же была ворота Форун ведущий в пригородный квартал Форун–диза (нынешнее название Ходжа Ахрар). За воротами Форун начинались земли древнего Маймурга, где размещались цитадели согдийских царей. Центром Маймурга считался – Ривдад. Маймург как отдельное государство в 451 году послал послов в Китай, что говорит о многом. Сейчас на территории Маймурга расположены Самаркандский Тайлакский и Ургутские районы. А из ворот Ривдада (Ак–мечеть) можно было попасть в Фаг–дизу (нынешний Кавчинон) и в Ривдад – центр Маймургского района.

В «Кандии малой» когда речь идёт о завоевании арабами Самарканда ворота Коризгох, названы – Коризистан. Так как «гох» и «истан» на таджикском языке одинаково означает местность, тут правильно оба названия. Вяткин местом селения Избаск называет западнее селения Кундуз Суфи, значит можно предполагать на какой стороне находились ворота Избаск. Название ворот менялись, например раньше Намозгох города находился на местности Коризгох, поблизости ворот Шайх–заде (Пойкабок). Поэтому эти ворота раньше называли Намозгох.

Городские ворота Самарканда считались священными. В «Кандии малой» рассказывается: «Пророк (Мухаммад) сказал: «Есть город (шахристан) за рекою Джейхуном, который называют Самаркандом, а также именуют хранимым городом» Услышав это Анас спросил пророка: по какой причине он называется хранимым? Пророк ответил: «Вестник чертога Господня, ангел Гавриил старший (из ангелов) передавал, что за рекою Джейхуном находится город с большим количеством зелени и проточной воды, который называется городом хранимым. Он имеет врата и у каждых врат по пяти тысяч ангелов с роспростертыми крыльями, оберегающих жителей этого города. Самый главный ангел имеет тисячу голов в каждой голове по тысяч языков, славящих громогласно Господа, ни в чём не нуждающегося: «о, Крепкий, о Вечный, о Единый, о Боже, храни сей город спасаемый».

Пророку приписывается и следующее изречение: «В Самарканде откроются врата из врат райских…».

В до исламское время над одном их минаретов городских ворот было установлено скульптура зороастрийского бога. Амир Тимур приказывал над воротами тронного зала нарисовать герб-льва на фоне солнца.

Надписи над воротами Самарканда напоминали путнику, прибывшему в Самарканд, что это мусульманский город и надо уважать религию проживающего тут народа.

Надписи были из Корана короткими и лаконичными типа:

«О, открывающим все ворота!»

Или такое двустишие было написано по приказу Тимура.

Дар кафи халки джахон хама бод асту хавас,
Кор даргохи Худованди джахон дораду бас.

Подстрочный перевод:

На ладони людей всего мира только ветер желания,
А дела совершает только Хозяин Мира.

То, что ворота Оханин буквально переводили «Железный» ошибочна. Так как под словом «Оханин» подразумевался металлические. А эта ворота были деревянными с облицовкой из листов меди или бронзы. Таких ворот враг сжигать или легко сломать не мог.

Паёки Айниро ки мехўрд?

Оид ба зиндагии адиби бузурги Точикистону Ўзбекистон Садриддин Айни дар замони чанги дуюми чаҳон чизе нахондаам. Эҳтимол, фарзандони Айни, ки ҳама донишмандонанд, ёддоштҳои ачибе доштагистанд. Боре дар сўҳбати пирамарди нуронии самарқанди, иштирокчии чанги зидди фашизм Даврон Ҳамроқулов будам. Давронбобо фарзанди Ҳамроқулбеки қўрбоши аст ва падари Хуршедаи Даврондухте, ки дар Маскав Маркази фарҳанги точикро таъсис додааст ва муаллифи тарчумаи русии романи “Фирдавси”-и Сотим Улуғзода мебошад. Соли 1944 аз фронт бо захми бисёр ва маъюб ба Самарқанд бармегаштам,– гуфт Даврон Ҳамроқулов. — Аз идораҳои давлати кор пурсидам, вазифаи сарагрономи Облпромсовети вилоятро зўран бор карданд, ба “не, наметавонам, аз хочагии қишлоқ хабар надорам” гуфтанам эътибор надоданд. Як ҳафта дар чойхонаи “Навои”-и Регистон нишаста фикр кардам, ки аз ин вазифаи номуносиб чи хел халос шавам. Ҳамин вақт аз Маскав телеграмма омад, ки мепурсид: вазъи кишти намудҳои ғалладона чи гуна аст? Бо ёрии писари тағоям, ки агроном буд, базўр ҳисоботро тайёр карда ба Маскав фиристодам ва ариза дода аз кор рафтам. Касе маслиҳат дод, ки котиби обком Шароф Рашидов одами нағз, наздашон раву илтимос кун, кор ёфта медиҳад. Либоси хубе надоштам, дар тан куртаи сафеди таҳпўши ва шими гилифеи зарди аскари ба ёрии ду асобағал ба қабули Шароф Рашидов рафтам. Дар либосовезак шинелашон овезон меистод. Маълум шуд, ки он кас аз ман 2-3 моҳ пештар аз фронт баргаштаанд. Адибон ва муаллимонро аз фронт барвақт ба ақибгоҳ фиристода буданд. Шинели фронтии Рашидовро дидаму шердил шудам ва ичозат пурсида даромадам. Рашидов хуш қабул кард ва ҳатто аз чойники худ як пиёла чой дода ҳолпурси намуд. Ман ба ў фаҳмондам, ки кистам ва барои худ кори муносиб мечўям. Рашидов мудири шўъбаи маъмури Песах ном яҳудиро даъват кард ва гуфт:

— Вазифаҳои озод ҳастанд?

— Ҳаст,– гуфт Песах,– баъди комичроия таъин шудани Шароф Холиқов курсии пештарааш холи аст.

— Ин тавр бошад, анкета ва аризаи ин касро нависонед, — фармон дод Рашидов. — Дар бюрои назорат ва ҳисоби низоми Наркоми тичорат ҳамин хел аз оташи чанг гузаштаги инсонҳо лозим, то ба хўрдани ҳақи беваю сағираҳо хотима дода шавад.

Ман боз аз масъулияти азими мансаби нав тарсида, дар анкета ва ариза навиштам, ки писари саркардаи босмачиҳо Ҳамроқулбеки қўрбоши ҳастам, маълумоти ҳатто ибтидои надорам, дар мактаб ҳамаги се сол таҳсили илм кардаам. Шароф Рашидов анкета ва аризаро хонду гуфт:

— Аз он ки барои ватан сина сипар кардед, ҳамин имтиҳон кофист, дигар гапҳо чи аҳамият дорад? Ба шўъбаи тичорати шаҳр (горторготдел) равед ва вазифаи навро қабул кунед.

Сардори ин шўъба маро напазируфт ва назди котиби якуми горком Ҳочиматов даровард. Охири иброз дошт, ки маро ба ин вазифа қабул намекунад. Ман боз ба назди Шароф Рашидов рафтам. Шароф Рашидов нақли маро шунида, хеле оташин шуд ва Песахро даъват карда гуфт:

— Ин касро худатон ба горком баред ва гўед, ки ман фармон додам.

Режими карточкаро асосан бюрое, ки ман сардори мекардам, назорат мекард. Тақсими хўроквори низ ба зиммаи ҳамин бюро буд. Мо тибқи рўйхати раисони гузарҳо хўроквориро ба дўконҳои хўроквори тақсим мекардем. Паёкҳои аз Амерака омадаро ба сағирхонаҳо, бемористонҳо медодем. Дар ихтиёри ман 181 мағоза, 6 ОРС, як мағозаи военторг, як гастроном буд. Ман ин чо фаҳмидам, ки норма барои ҳар кас ҳар хел муқаррар гардидааст. Барои котиби якуми обком нон дар як рўз як кило, барои марди бекор 400 грамм муқаррар гардидааст, агар кор кунад – 600 грамм. Барои кўдакон 300 грамми.

Баробари ба ин вазифа таъин шуданам домулло Айни асозанон омада шикоят карданд, ки раиси гузар пайёкҳои эшонро хўрдааст. Ман фаҳмондам, ки раиси гузар пайёки шуморо хўрда наметавонад. Дар сўҳбат маълум шуд, ки Айни чанд рўз ба мағоза омада натавонистаанд, бемор будаанд ва тибқи тартибу низоми онвақта, агар ҳамон рўз пайёкро нагиред, он “месўхт”. Нормаи нони устод Айни дар солҳои чанг 1 кило муқаррар гардида буд, ба ғайри ин моҳе 14-16 кг гўшт ва 16 кг орд, равғану тухми мурғ ба рўйхати пайёки Айни навишта шуда буд. Ҳамин тавр Айни аз ду мағозаи хўроквори ғизо мегирифтанд ва дар ин мағозаҳо чандин бор пайёки ин адиби номи “сўхтааст”.

Барои ман тааччубовар буд, ки устод Айни ба мудири пешина ва ё худи Шароф Рашидов, ки ўро хеле эҳтиром мекард, дар ин бобат мурочиат накардаанд. — Барои чи ба ман – писари босмачи бовар мекунанд?– фикр мекардам. Ҳол он ки баробари бори аввал ба ҳучраи кории ман даромадан аз кадом гузар ва писари ки буданамро пурсида буданд.

— Домулло, шумо чаро дар ин бора ба ягон идора шикоят накардед? Охир, бори аввал нест, ки нонатонро шутурча кардаанд,– гуфтам.

— Медонед, ки бисёр мансабдорон аз ҳаромхўри ҳазар намекунанд, вагарна қоидаи пайёкҳои “сўхта” ба манфиати кист?– гуфт Айни.

— Ба ман чаро бовар кардед? Ман ҳам мансабдор ва ҳам писари босмачи ҳастам! – гуфта хандидам.

— Шумо писари Ҳамроқулбеки қўрбоши ҳастед. Ҳамроқулбек дузду ғоратгаронро бад медид, онҳоро мекушт,– гуфтанд устод Айни.

— Ман ба Шумо ваъда медиҳам, ки қоидаи пайёкҳои сўхтаро барҳам медиҳам ва нону хўроквории нагирифтаатонро медиҳем,– гуфтам.

Фармон додам, ки пайёкҳои “сўхтаи” Айни ба эшон дода шавад. Устод Айни хурсанд шуда миннатдори изҳор карданд. Ман адиби бузургро то беруни дар гусел кардам. Он чо харашон ба дарахте аз чилаваш бастаги буд.

Баъди барҳам додани қоидаи пайёкҳои сўхта онҳое, ки аз ин даричаи ҳаромхўри манфиат бурда буданд, хеле кўшиданд, ки маро аз ин вазифа барканор кунанд, аммо ба сабаби он, ки худи Рашидов маро ба ин вазифа таъин карда буд, ба мақсад расида наметавонистанд. Ман дар ин вазифа то моҳи январи соли 1948, яъне то вақти барҳам хўрдани низоми карточка кор кардам,– гуфт Даврон Ҳамроқулов.

Қиссаи даромадани дузде ба ҳавлии дар Самарқанд будаи устод Айниро Мирзо Турсунзода ба мудири ҳавли-музейи Айни дар Самарқанд Абдукарим Ғанизода нақл карда будаанд. Он воқеаро худи устод Айни ба Турсунзода гуфтаанд. Нисфи шаб будааст, дузде ба ҳавлии устод Айни бо мақсади ғорат медарояд, аммо дар торики сатили холии рўи ҳавли истодаро намебинад ва пояш ба сатил бархўрда, бо овози он устод Айни бедор мешаванд. Устод Айни бо нидои “дузда доред!” аз паси дузд метозанд, дузд ба чониби девор метозад, вале дар таги девор ба дасти устод Айни меафтад. Устод Айни ўро бо дастонашон сахт дар оғўш гирифта чанд кундазону задаанд. Дузд, ки чавонмарди нерўманде будааст, дар талвосаи халос шудан бо оринч ба бинии устод Айни мезанад. Ва хун фавворазанон ба куртаву эзори сафеди таҳпўшии устод равона мешавад. Аз ин ҳол устод Айни асабони шуда дуздро раҳо мекунанд.

Қиссаи дигар ин ки аз ягон хочаги ё ягон корхона ба устод Айни ба нишони эҳтиром баъзан тўҳфае мефиристоданд. Як бор аз Панчакент як мошин ангишт ва бори дигар кадом колхозе ду сабад ангур фиристодааст. Устод Айни дар мактубҳое, ки фиристонандагон миқдори ин чизҳоро нишон додаанд, хонда, бо тарозуи худ баркашида санчидаанд, ки аз нишондод хеле кам. Устод Айни ҳар ду тўҳфаро баргардонда фиристодаанд.

— Ҳоло он тарозуи палладори таърихи дар ҳавли-музей маҳфуз аст,– гуфт мудири ҳавли-музейи устод Абдукарим Ғанизода.

Ин фактҳо чолиби диққатанд, зеро муносибати адиби бузургро нисбати дуздону ҳаромхўрон муайян мекунанд.

Мақсад аз ин навиштаҳо он аст, ки ёддоштҳоро оиди зиндагии устод Айни гирдовари карда ба муосирон пешниҳод кардан дар тарбияи ахлоқии мардум хеле зарур аст.

Ноҳияи Самарқанд чанд булвар дошт?

“Булварҳо дар ноҳия? Дар қишлоқ булвар чи лозим?” – Гуфт чавобан ба саволи ман як рафиқам. Азбаски мо самарқандиён танҳо “Булвари Абрамов”-и шаҳрро медонем, ба назарамон чунин аст, булвар танҳо хоси даруни шаҳр аст. Аммо таърихномаҳо гувоҳи медиҳанд, ки дар марзи ноҳияи деҳотии ҳозираи Самарқанд ду булвар вучуд доштааст. Булвари Парижи Фаронса машҳур аст, эҳтимол генерал-губернатори Самарқанд ба тақлиди ҳамон булвар Булвари Самарқандро сохтааст. Аммо аврупоиён ба тақлиди хиёбонҳои Самарқанд булварҳои худро сохтаанд. Булвар ба забони мардумони Осиёи Маркази хиёбон аст. Чунин хиёбон (булвар) бори аввал аз чониби Амир Темур аз Дарвозаи Фирўзаи (Дарвозаи Қаландархона) шаҳри Самарқанд то Боғи Бўлдии Амир Темур сохта шудааст. Хиёбони дуюм аз Дарвозаи Хоча Аҳрор (Коризгоҳ) то мазори Хоча Кафшер сохта шудааст. Дар кадом аср ва аз чониби ки сохта шудани ин хиёбон маълум нест. Эҳтимол замони Хоча Аҳрор сохтагистанд. Мақсад аз сохтани хиёбони сердарахту пургул барои сайри идонаи мардум шароит муҳайё кардан будааст. Масалан, хиёбони Дарвозаи Хоча Аҳрор чорбоғи Намозгоҳи шаҳрро бо зиёратгоҳи мазорҳои Хоча Кафшеру Хоча Аҳрор мепайвастааст.

Хиёбони Бухоро низ чунин будааст ва дарвозаи шаҳрро бо зиёратгоҳи Чор-Бакр мепайвастааст. Дарозии ин хиёбон як фарсах (шаш километр) будааст.

Хиёбони Ҳирот низ чунин аст – аз дарвозаи шаҳр ба масофаи чандин километр то мавзолейи шайхи машҳур Абдуллоҳи Ансори тўл кашидааст. Чунин хиёбони шашкилометра дар шаҳри Исфаҳон низ ҳаст, ки ҳамаи онҳо дертар ба тақлиди хиёбони темурии Самарқанд сохта шудаанд. Ба шаҳодати таърихнависон дар қадди ин хиёбонҳо гулгаштҳо, кўшкҳо, ҳавзҳо, фаввораҳо, чойхонаҳо ва дигар иморатҳоро ба мақсади истироҳату дамгирии одамон месохтаанд.

Маълум мешавад, ки агар аз Дарвозаи Фирўза то Боғи Бўлди мардуми Самарқанд танҳо барои истироҳату дилхуши сайр кунанд, Хиёбони Дарвозаи Хоча Аҳрор – Намозгоҳ – мазори Хоча Кафшер дар вақти идҳои дини серодам гардида, мардум ба ин хиёбон ба ҳачи пиёда мебаромадаанд. Санъати чорбоғсозию хиёбонсози эҳтимол решаҳои қадимтаре доранд. Дар Авесто, ки таърихи бисёрҳазорсола дорад, калимаи пайри диза дучор мешавад. Пайри боғ ва диза – қалъаро ифода мекунад. Дар матнҳои ба забону хати суғди навишта шуда, калимаи парадиза дучор мешавад. Яъне пара – боғ ва диз – калъа. Ба ёд оред, ки минтақаи Хоча Аҳрор дар замонҳои қадим Фарундиза ном дошт. Диз – қалъа аст. Дар паҳлўи Фарундиза Фағдиза низ будааст. Дар забони суғди “ф” нест, онро бо “п” ё “б” ифода мекунанд ва фағдиза ба забону хати имрўза пағдиза ва боғдиза низ мешавад. Боғдизаро ба шакли дигар нависем қалъабоғ мешавад. Калимаи парадизро аз суғд сайёҳу савдогарони аврупои бо худ бурдаанд ва ҳоло он дар забони юнони дар шакли парадейсос, дар забонҳои Европа дар шакли парадиз, дар араби дар шакли фирдавс ба маънои чаннат қабул гардидааст, зеро маънои аслии биҳишт боғ аст. Сайри таърихии ин калима нишон медиҳад, ки эҳтимол калимаи “парк”-и англиси низ аз “пара”-и суғдиву авестои гирифта шудааст. Дар забонҳои русиву аврупои ибораҳои “зани булвари” ва “газетаи булвари” мавчуд аст, яъне ба маънои зани сабукпой ва рўзномаи фачу лач, ғайбати заношўи ва ғайра. Яъне, булвари аврупои чои худнамоии занҳои сабукпой ва фурўши чунин рўзномаҳои ғайричидди ва ғайрирасми.

Аммо чунон, ки аз таърихномаҳо маълум мегардад, дар хиёбонҳои шаҳрҳои мусулмонии Самарқанд, Ҳирот, Бухоро ва Исфаҳон аз рўи талаботи шариат барои сайри занҳо рўзҳои алоҳидаи сайру саёҳат муқаррар гардида, ба ягон кори хилофи шариат роҳ дода нашудааст.

среда, 19 марта 2008 г.

Фалсафаи Наврўз

Наврўзи дилафрўз муборак бод, хонандаҳои торномаи «Герби шердор»!

Ман аз таърихи иди Наврўз ва суннатҳои он чизе намегўям, зеро худ бохабаред ва оиди он рўзномаҳо бисёр навиштаанд.

Хурсандиовар он аст, ки дар Ўзбекистон Наврўз тачассум ва тантанаи тифоқию ягонагии халқу миллатҳои гуногун гардида истодааст ва шакли қадимааш – Сайри мардуми барқарор мешавад. Аз қадимзамон самарқандиён Наврўзро берун аз шаҳр дар канори рўди Обираҳмат чашн мегирифтаанд. Аммо ҳоло дар чорбоғҳо ва майдонҳои маркази шаҳр баргузор мегардад.

Оё мо фалсафаи Наврўзро дарк кардаем, оиди он андешидаем?

Фалсафаи Наврўз мегўяд: Эй инсон, ту ҳам фарзанди табиат ҳасти, табиат дар Наврўз нав мешавад, ту ҳам тариқи тозафикриро пеша кун! Фикратро аз қафаси цензураи даруни озод кун, ба ў боли парвоз бубахш! Масалан як субҳи Наврўзи бихезу бигўй: барои халқҳои ўзбеку точике, ки ҳатто идҳои мардумашон муштараканд, байни республикаҳо мачудияти виза шармандагист!

Наврўз навандеши ва иқдомҳои навро талабгор аст.

Оё мо ба чунин навандеши ва иқдомҳо тайёр ҳастем?

Чашни 70 – солагии шоир Худоназар

Дар мактаби рақами 19-и ноҳияи Пасдарғами вилояти Самарқанд ба муносибати 70 – солагии шоир Худоназари Оқсойи чамъомади якчояи аҳли қалами вилояти Самарқанд, рўшанфикрони оқсойи ва чамоаи мактаб баргузор шуд.

Дар чамъомад китоби дуввуми шеърҳои ба тозаги нашркардаи Худоназари Оқсойи муаррифи шуд.

Сардабири мачаллаи «Маърифат» Асадулло Шукурзода табрикномаи шўъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ўзбекистонро ба соҳибчашн расонид. Табрикномаи идораи рўзномаи «Овози Самарқанд»-ро муовини сардабир Т.Азимзода қироат кард. Аз олимони адабиётшиносу адибон Аслиддин Қамарзода, Салим Кенча, Адаш Истад, Акбар Пирўзи, раиси маркази фарҳангии точикону точикзабонон Абдуваҳҳоб Воҳидов, паёмнигори «Овози точик» Зоҳир Ҳасанзода ва дигарон соҳибчашнро бо 70-умин баҳори ум рва нашри китоби нави шеърҳо муборакбод намуда тўҳфаҳои худро супориданд.

Худоназари Оқсойи соли 1963 факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Точикистонро хатм карда ҳамсабак бо Лоиқу Бозор ва Меҳмон Бахтиву Баҳром Фирўз будааст. Сипас чаҳор сол дар студияи телевизиони Точикистон ва як сол муҳаррири рўзномаи «Норак» мешавад.

Сипас 30 сол роҳбари мактаби навтаъсиси точикии рақами 19-ро бар ўҳда доштааст.

Мавзўи шеърҳои Худоназари Оқсойи васфи мардум ва табиати зебои кўҳистони Оқсой аст. Аммо чо-чо лутфи хоси мардуми Оқсой намоён мешавад, масалан дар ин шеър:

Оям агар аз панчара бо рашк хурўсат
Фарёдзанон бол бияфшонда хурўшад.
Гар калла кашам аз сари девор ба уммед,
Сулфад ба тамаъ пирсаги сулҳфурўшат.
Як лаҳза нагирам нигаҳам аз дари баста
Гар боз шавад, боз варо бод бипўшад.
Хуллас, бишинам то саҳари пушт ба девор,
Бар гўши муродам нарасад савти калўшат.
Бошад, ки шабе во бишавад он дари уммед
Сад рози ниҳон банда кунад арз ба гўшат.

Муҳаммадмуроди Самарқанди

Нобиғаи фаромўшшуда, шогирдони бузург ва меъмори Точмаҳал

Дар замони шўрави аз чониби баъзе донишмандони шарқшинос чунин даъвоҳо густариш ёфта буд, ки дар Самарқанд ҳеч як мактаби минётурнигори набуд, зеро Амир Темур асосан ба ороиши иморатҳои бузург аҳамият медод. Ҳамин тавр, санъати минётурнигории Самарқанд хеле кам тадқиқ гардидааст. Донишмандони минётуршинос дар рисолаҳои худ асосан оиди мактабҳои минётурии Ҳироту Бухоро ҳарф задаанд. Аммо Г. А. Пугаченкова ва Л. И. Ремпел дар китобиОчеркҳои санъати Осиёи Миёна” (Москва, 1982) навиштаанд, ки гарчанде минётурнигории Осиёи Миёна метавонад то замони Темур ҳам мавчуд бошад, аммо манбаҳо оиди мавчудияти ин санъат дар замони Темур ва темуриҳо дарак медиҳанд. Масалан, аз шогирдони мактаби минётурии Бағдод соли 1396 ба Самарқанд даъват шудани наққоши минётурнигор Абдулҳай маълум аст. Ҳоло ду минётури ин рассом дар Топкапу – Саройи Истамбул нигоҳ дошта мешавад. Пир Аҳмади Боғишамоли (Боғишамол яке аз маҳаллаҳои Самарқанд аст) шогирди устод Абулҳай будааст. Ё ки дар Самарқанд соли 1437 офарида шудани мусаввараҳои рисола оид ба илми нучуми Абдураҳмони Сўфи, ки ҳоло дар кутубхонаи миллии Париж нигоҳ дошта мешавад, аз санъати баланди минётурнигори дар Самарқанди асри XV гувоҳи медиҳад.

Бо фармоиши Улуғбек “Хамса”-и Низоми солҳои 1446-47 дар Самарқанд хаттоти шудааст. Минётурҳои онро ду нафар рассом кашидаанд, ки номи яке аз онҳо маълум аст,– Султон Алии Боварди. Ин дастнавис ҳоло моли Топкапу – Саройи Истамбул аст.

Як минётураи дигар, ки ҳоло дар Галереяи санъти Фрири Вашингтон нигоҳдори мешавад, Мирзо Улуғбек, зану фарзандонаш, амиру ходимони бузурги ўро инъикос кардааст, санаи эчоди он соли 1442 дар Самарқанд аст.

Фаъолияти Беҳзод бошад, бо мактаби минётурнигории Ҳироти нимаи дуюми асри XV алоқаманд аст. Ҳамин тавр гарчанде то зуҳури Беҳзод дар Самарқанд гурўҳи калони минётурнигорон набудаанд, устодони забардасти ин соҳа дар ривочи ин жанр саҳм мегузоштаанд. Аммо Беҳзод бо эчодиёти худ имконоти ин жанрро нишон дод, хеле навовари кард ва ин санъатро ривоч бахшид. Таъсири ў ба мактаби минётури Бухоро ва дигар устодони он баҳснопазир аст. Яъне то замони нобиғаи дигари санъати минётурнигори Муҳаммадмуроди Самарқанди дар Самарқанд низ минётурнигори будаасту он низ, ҳарчанд баъзе донишмандони таърихи минётурнигории замони шўрави, масалан А. Иванов, мактаби минётурии Самарқанд вучуд надошт гўён даъво кардаанд. Аммо ҳамин ки минётурҳои Муҳаммадмуроди Самарқандиро медиданд, ангушти ҳайрат мегазиданд, ки агар мактаби минётур набошад, анъанаи бардавомии устоду шогирди набошад, ин нобиға дар кадом замина арзи вучуд кард? Магар замбўруғ буд, ки ногаҳон аз зери замин баромад? Ҳол он ки дар Самарқанди замони темуриён гузари рассомон бо номи Кўйи Наққошон вучуд доштааст ва ба қавли Г. Пугаченкова оиннома – устави онҳо ҳоло дар кутубхонаи донишгоҳи Тошканд нигаҳдори мешавад.

Вақти аз Ҳирот ба Самарқанд омадани адиби машҳури мумтоз Зайниддин Маҳмуди Восифи моҳи апрели соли 1512 аст. Ў то охири моҳи марти соли 1513 ин чо будааст. Ин вақте буд, ки Бобурмирзои шоиру фозил аз шайбониён шикаст хўрда Самарқандро тарк намуд ва султон Абўсаид ҳокими Самарқанд гардид. Абўсаид одами аз илму адаб дур буд ва дар зимистони сахт муллобачагони мадрасаҳоро бе маош гузошт. Восифи барои рўёндани маоши онҳо қасидае навишта озими Бухоро мешавад. Бори дуюм ў ба Самарқанд соли 1517 меояд ва ин чо дар ду сол ёздаҳ боби асари бузурги худ “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-ро навиштааст. Восифи байни солҳои 1551-1566 дар Тошканд вафот мекунад, яъне зиёда аз 40 сол дар ин кишвар зистааст ва он чи оид ба вазъи он замон ҳикоя кардааст, худ шоҳид будааст. Восифи нақл кардааст, ки бо истифода аз бесаводии ҳукуматдорони шайбони вазифаҳои мударрисиро дар мадрасаҳои олия шахсони бесаводу чоҳил ишғол менамуданд. Масалан, ба мударрисии мадрасаи Улуғбек Мирчамолиддин ном шахси бешарму ҳаё таъин гардид, ки на аз грамматика хабар дошту на аз усули дин. Яъне бо хушомадгўи ба амалдорон ба ин мартаба расида буд. Чунин шахсон зидди мударрисони донишманд бо хабаркаши фитнаву дасисаҳо ташкил намуда ҳоли онҳоро хароб мекарданд. Масалан, донишманди ҳақиқи Ҳочии Табрези бо тўҳмати ноҳақи Мирчамолиддин дучори ҳабс мешавад. Мирчамолиддин ҳангоми дарс ба чои илм додан ба муллобачагон сафсаттаҳои зиёде мегуфтааст ва касе чуръат надоштааст, ки ба ў бигўяд: Эй аҳмақ, ту чиҳо мегўи?

Адолат дар ҳукуматдории он замон ба воситаи қозиҳо идора мегардид. Аммо дар ин вазифаҳо низ бо ришваю хушомадгўи шахсони камсаводу чоҳил зиёд шуданд. Восифи нақл мекунад, ки санъати сураткаши низ зидди чунин беназмиҳо карикатура эчод мекард. Масалан, қозии Чодак дар зулму чаҳолат машҳур будааст. Наққоши моҳир Чалолиддин Юсуф ба қавли Восифи сурати ўро ба ин тарз кашида ба ҳокими Тошканд фиристодааст: ”Қомати баланди солхўрдаи наҳиф ва лоғари қози монанди ходаи дарози хушкида рост меистод ва сару риши ў бар болои он қомат чунон менамуд, ки гўё сари дарахти пуршоху баргро аз гарданаш бурида бар сари ин хода ниҳода бошанд ва сару рўи ў дар байни риш монанди канае менамуд, ки дар зери хирмани пашм афтида бошад”.

Афсўс ин сурат боқи намондааст, вагарна мо дар бораи мавчудияти жанри карикатура дар асри XVI далели раднопазир дар даст медоштем. Ҳикояти дигари Восифи, ки “Ришдорози аҳмақ” ном дорад, дар байни ходимони дин зиёд гардидани одамони бемулоҳизаро собит мекунад. Чунин вазъят барои ривочи экстремизми дини шароит фароҳам меорад. Ва муллоҳои мутаассибе пайдо мешаванд, ки мусаввирони соҳирқаламро кофир эълон мекунанд ва оммаи бесаводро ба сангборон кардани онҳо ташвиқ менамоянд.

Шоири дигари классик Абдураҳмони Мушфиқи соли 1564 аз Бухоро ба Самарқанд омада ин чо 12 сол зиндаги ва эчод кардааст, китобдори ҳокими Самарқанд будааст. Ў дар бораи вазъи бади иқтисодии худ байтҳои зиёде дорад, аммо ҳамин ду байт барои тасдиқи фикр кофист:

Шаҳо, ту мардуми чашми саводи оламро,
Ба лутфу марҳамати ту мардуме намеёбам.
Шунидаам, ки Самарқанд чаннати дунёст,
Чи одамам, ки дар ў гандуме намеёбам.

Аҳли илму адабу санъат ба ибораи устод Айни аз шайбониёни даштии танҳо бо аспу қамчин омада чизи дигареро умедвор шуда наметавонист. Ва Восифи ҳам вақте амалдорону мударрисони онҳоро ҳачв мекунад, асос дорад.

Мушфиқи мачбур шудааст, ки соли 1577 ба Ҳинд ба дарбори шоҳ Акбар равад.

Муҳаммадмуроди Самарқанди, тибқи маълумоти қомусҳо, мусаввир ва минётурнигори охири асри XVI ва аввали асри XVII-и мелоди аст. Дар Самарқанд таваллуд шуда, дар ҳамин чо касби камол кардааст. Нозукиҳои санъати тасвириро дар Самарқанд омўхтааст. Аммо манбаъҳои дигар оиди хушнависии ў низ маълумот додаанд. Дар он замон дар Самарқанд таассуби дини авч гирифта, рассомоне, ки сурати одамро мекашиданд, мавриди таъқиб карор мегиранд. Ў ҳамроҳи шогирдаш устоди чирадасти минётурнигор Нодирмуҳаммади Самарқанди (манбаъҳои дигар баъзан ўро Муҳаммаднодир ҳам гуфтаанд) роҳи Ҳиндустонро пеш мегирад. Муҳаммадмурод дар дарбори темуриёни Ҳиндустон аз машҳуртарин ва баландмақомтарин мусаввирон буд. Ў дар Самарқанд танҳо барои ороиши “Шоҳнома”-и Фирдавси 115 минётур офаридааст, ки ҳоло ин дастхат дар кутубхонаи Институти шарқшиносии Академияи Улуми Ўзбекистон нигоҳ дошта мешавад.

Мегўянд, ки аз корҳои бузурги Муҳаммадмурод танҳо ҳамин то ба имрўз расидааст, вале бовар кардан мушкил аст. Зеро эчоди ў дар Самарқанду Ҳиндустон хеле пурмаҳсул будааст. Дар ягон китобхонаи расми ё шахсии Ҳиндустон ё Покистон осори қалами ўро пайдо кардан мумкин будагист. Аз минётурҳои ин китоб дар “Турро куштани Манучеҳр”, “Чанги Рустам ва Сўҳроб”, “Писарони Арчандро ба дор кашидани Исфандиёр”-и ин рассоми машҳур метавон ба хулосае расид, ки ў қурбониҳои майдони чангро инъикос карда чангу хунрезиро нафратовар арзёби намудааст, яъне чангу хунрезиро маҳкум кардааст. Дар мусаввараи “Коваи оҳангар” Коваро ҳамчун пешвои халқ дар мубориза зидди зулм, дар мусаввараи “Сиёвуш” шучоат ва зебоии ин пайвандгари мардуми Эрону Тўронро васф кардааст. Саҳми Муҳаммадмурод дар тарбияи мусаввирони Ҳинд зиёд аст. Рассомони бузург ва машҳури Ҳинду Покистон Басвантх, Бихаши Гучароти, Иброҳим Қаҳҳор, Банвари Хурд, Сури Гучароти, Парвин, Ром Дас ва дигарон ўро устоди маҳбуби худ шумурдаанд. Шогирди бузурги Муҳаммадмурод Нодирмуҳаммади Самарқанди ҳунари наққоши, хаттоти ва минётурнигориро дар Самарқанд азхуд мекунад. Ва бисёр девонҳои Саъдию Ҳофиз ва Чомиро хаттоти намуда, ороиш додааст. Вақте ки Муҳаммадмурод бо ифодаи ҳиссиёт чеҳраҳои тасвиршавандаро чоннок кард ва Нодирмуҳаммад низ ба ў пайрави намуд, рўҳониёни мутаассиб бар зидди онҳо шўриданд. Нодирмуҳаммад мачбур шуд ҳамроҳи устодаш Муҳаммадмурод ба Ҳиндустон равад. Ў дар дарбори бобуриёни Ҳинд вазифаи дабири (нависандаги)-ро ичро мекард ва дар Деҳли то охири умр зистааст. Нодирмуҳаммад дар жанри портрети шахсиятҳои бузурги таърихи хеле забардаст будааст. Портретҳои беҳтарини Бобур, Акбар ва Аврангзеб барин шоҳони Ҳинд беҳтарин асарҳои жанри чеҳранигории ҳамон асрҳо ҳисоб мешаванд.

Нодирмуҳаммад аз бозёфтҳои устоди худ Муҳаммадмурод сиёҳқалам (графика)-ро ривоч медиҳад ва дар ин услуб чандин шогирди забардаст доштааст.

Вазъи сиёсиву иқтисоди дар он замон мачбур кардааст, ки бисёр олимон, адибон ва ҳунармандон Самарқандро тарк намуда ба Ҳиндустон раванд ва дар дарбоори темуриёни Ҳинд хизмат кунанд. Масалан, дар бораи яке аз ҳунармандони бузурги самарқанди дар қомусҳо танҳо ҳамин чанд сатре ҳаст:

“Муҳаммадшарифи Самарқанди (соли таваллуд ва вафоташ номаълум) меъмор ва ҳунарманди охири асри XVI ва аввали асри XVII. Дар сохтани гунбад ва ороиши меъмории милли маҳорати тамом доштааст. Ба Ҳиндустон рафтааст ва солҳои 1632-50 дар сохтмони мақбараи ба тамоми чаҳон машҳури Точмаҳал сарвари кардааст. Муҳаммадшариф эчодгари комилтарин гунбадҳои маъмории милли будааст”.

Дар бораи як шогирди забардасти дигари Муҳаммадмурод чунин маълумот дар “Энциклопедияи советии точик” дарч шудааст:

“Яке аз шогирдони Муҳаммадмурод Муҳаммадфақири Оллоҳхон нақкош ва мусаввири охири асри XVI ва аввали асри XVII-и форсу Ҳинд аз мусаввирони машҳури тасвири сиёҳқалами дар мактаби минётурии темуриёни Ҳиндустон буд. Ў дар нигориши мусаввараҳои чанги маҳорати баланд доштааст. Ба қалами ў ороиши бисёр девонҳои шоирони форсу точик тааллуқ дорад, аз чумла ду нусхаи девони Амир Хусрави Деҳлави. Чанд тасвир дар “Бобурнома”-и Муҳаммад Заҳириддин Бобур аз чумла “Фатҳи қалъаи Дакан” аз корҳои нодири Муҳаммадфақири Оллоҳхон аст”.

Г. Пугаченкова ва Л.Ремпел хулоса кардаанд, ки ба эчодиёти Муҳаммадмурод образнокии ҳиссиёт ва чустучўи усулҳои нави тасвири бадеи хос буда, ин устоди самарқанди дар бисёр чиҳат тамоюлоти рангтасвири минётурии Осиёи Миёнаи асри XVII-ро оқиби худ гузошта хеле пеш рафта буд. Муаллифони номбурда кайд мекунанд, ки як дастхати китоби “Бўстон”, ки коллексияи Честер Битти асту китобааш соли 1616 сурат гирифтааст, минётурҳое дорад, ки зери як қисми онҳо имзои Муҳаммадмуроди Самарқанди ҳаст. Дар ин китоб минётурҳои Муҳаммад Шариф ва Муҳаммад Дарвеши Самарқанди низ будааст. Минётурҳои Муҳаммад Дарвеши Самарқанди дар достони “Зебу зевар” (ҳоло моли осорхонаи Бритониё) ҳам дучор мешавад.

Донишманди минётуршинос Муқаддима Ашрафи дар китоби худ “Назми форсу точик дар минётурҳои асри XVI-XVII” (Душанбе, 1974) навиштааст, ки дар чараёни ривочи фарогири санъати минётур бо таваччўҳи афзоянда ба инсон эчоди Муҳаммадмурод мақоми ифтихориро ишғол намуда, боз як муваффақияти минётураи асримиёнагиро собит месозад. Муҳаммадмурод ба минётур сиёҳқаламро ворид кардааст. Ҳамин гуна фикрҳо дар бораи Муҳаммадмурод – яке аз забардасттарин минётурнигорони самарқанди баён шудаанд, аммо як тадқиқоти комил мушоҳида намешавад. Масалан, аз фаъолияти пурмаҳсули эчодии ў дар Ҳиндустон мо қариб хабар надорем. Бояд ки асарҳои ў ва шогирдонашро дар кутубхонаву осорхонаҳои Ҳинду Покистон чустучў намоем. Баъди гирдоварии осори Муҳаммадмурод ва пайравону шогирдонаш як музей ба номи ў дар Самарқанд таъсис додан ҳам қарзу ҳам фарз аст. Муҳаммадмурод бо ихтиёри худ ба Ҳиндустон нарафта буд, ўро мачбур карда буданд. Баргардонидани мероси ў ба Самарқанд қарзи ватандўстонаи мост.