воскресенье, 23 марта 2008 г.

Чорбоғҳои темурии Самарқанд чи гуна буданд?

Дар шумораи 65-66-уми “Овози Самарқанд” (12 августи соли 2005) мақолаи камина “Боғи шоирон бояд шоирона бошад” чоп шуда буд. Рўзҳое буд, арафаи чашнвораи байналхалқии “Таронаҳои Шарқ”. Ҳокими шаҳр Сўҳроб Рафиқов он рўзномаро аз дастам гирифта гуфта буданд, ки дар вақти холи албатта, мехонанд. Дертар ҳокими мўҳтарам дар як конфронси матбуоти дар ҳузури пайёмнигорони ба “Таронаҳои Шарқ” омада суханрони намуда, оиди дидан кардани Президенти Ўзбекистон аз Боғи марказии истироҳатии ба номи Алишери Навоии шаҳр ҳикоя карданд. Ман ба он чиҳат эътибор додам, ки Президент гуфтаанд: ”Барои Самарқанд дарахту буттаҳои ба ин шаҳр мувофиқ лозим аст”. Ин гап ҳамин иаъноро дорад, ки як сайёҳ аз Аврупо ё Русия ба Самарқанд на барои он меояд, ки ҳангоми сайру гашт дар ин шаҳри бостони боз ҳамон дарахтҳои кишвари худаш, аз қабили акатсия, каштан ва ғайраро бинад вай мехоҳад гулу бутта, дарахтони хоси кишвари шарқиро тамошо кунад, ки дар мамлакати худаш нестанд.

Бешак аз бисёртар омадани сайёҳони хоричи ба иқтисодиёт манфиати зиёдест ва мо ҳамон муҳити хоси миллиро дар шаҳрамон чи дар симои биноҳо ва чи дар шакли боғҳо бояд эҳё кунем. Баъзе шахсоне, ки он мақолаи каминаро хонда, буданд, мепурсанд: – Самарқанд дар чаҳон бо боғҳои зебояш машҳур гардида, номи “Самарқанди фирдавсмонанд”-ро гирифтаасту ба чи сабаб аз он боғҳо то ба имрўз нишоне намондааст. Зайниддин Маҳмуди Восифи, ки аввали асри XVI ба Самарқанд омада буд, чўйҳои пури оби зулол ва меваҳои ширини Самарқандро ситоиш мекунад, яъне санъати боғдори дар авчи худ будааст. Аммо баъди ҳамаги дусад соли омадани ў дар аввали асри XVIII, аниқтараш аз соли 1722 сар карда, боғҳои Самарқанд ба хароби рў меоранд. Беки Шаҳрисабз Иброҳимбой соли 1722 бо якчанд сарварони қабилаҳои чорводор муқобили хони Бухоро Абулфайз ва амирул-умарои ў Ҳаким отолиқи манғит исён карда ба тахти Самарқанд Рачабхон ном шахсро мешинонанд. Ин кашмакашу чанг се сол давом кард. Сипас, бекҳои исёнгар аз қалмоқҳо чудо шуда ба қазоқҳои кўчманчи ҳамроҳ шуданд ва лашкари хони Бухороро шикаст доданд. Дар натича қазоқҳои кўчманчи аҳолии даруни шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва атрофи онҳоро талаю тороч карданд ва тамоми боғу бўстонҳоро ба чарогоҳи молҳои худ табдил доданд. Ин талаву тороч ва поймолкунии киштзорҳову буридани дарахтҳои боғҳои биҳиштмонанд ҳафт сол давом кардааст. Маълум, ки агар ба боғ як сол об надиҳед, ҳама дарахтон мехушканд. Ба Самарқанд қаҳти ва гуруснаги омад, одамон аз гуруснаги мурданд ва хеле касон кўчида ба дигар шаҳрҳо рафтанд.

Самарқанд як кўчаи қоқ шуд,
Бухоро тали Хоча Исҳоқ шуд.

– навиштааст шоире. Он боғу чорбоғ, гулистону бўстонҳои машҳуре, ки аз давраи темуриён боқи монда буд, дар ҳамин давра несту нобуд гардидааст. Ҳамаи ин ба назари қазоқҳои кўчманчи кам намудааст, ки Варағсар – дарғоти Работи Хочаро, ки барои гирифтани об аз дарёи Зарафшон ба Дарғам хизмат мекунад, вайрон кардаанд. Яъне шаҳр, ки асосан ба воситаи чўйҳо аз рўди Дарғам об мегирад, солҳои зиёд тамоман бе об монда будааст. Номҳое пайдо шуданд: Дашти сўхта, Калбоғ, Кумзор, Даштак, Бўзи. Боре аз назди Боғи шоирон мегузаштем, як мўйсафеди самарқанди гуфт: – Оё медонед, ки ин чо гузари Бўстони Хон буд ва дар қадимзамон боғи подшоҳи будааст? Ман ба тариқи шўхи чавоб додам: – Мо танҳо як бўстонро медонем, китоби “Бўстон”-и Шайх Саъдиро. Бўстони Хонро бо Бўстонсарои Амир Темур як донистан хатост, зеро Бўстонсарой дар паси Кўксарой (қасри подшоҳи) будааст. Бўстон маънии гулистонро дорад, аммо ба маънии боғи хурде, ки гулзор дошта бошад, низ меояд. Гузаре, ки дар он тазкиранависи машҳур Малеҳо соли 1650 таваллуд шудааст, Бўстони Боло нои доштааст. Абўтоҳирхоча дар асари худ “Самария” боғҳои машҳури Амир Темурро ба ин тартиб номбар мекунад: якум, Боғи Шимол – дар шимоли Самарқанд (ҳоло мардум Боғи Шамол мегўянд, ки нодуруст аст), дуввум, Боғи Баланд – ин ҳам дар шимол, саввум – Боғи Биҳишт. Сарои Боғи Биҳишт мураббаъ буда, он иморат болои теппаи атрофаш хандаки пуроб аз мармари сафед сохта шудааст ва кўпрукҳояш ҳам аз мармари сафед будааст. Дар як гўшаи ин боғи фараҳфизо боғчаи ҳайвонот - зоопарк низ будааст. Чаҳорум Боғи Чинор. Ин ду боғ дар атрофи офтоббарои шаҳр будааст. Боғи панчум – Боғи Дилкушо дар чануби Конигил. Бобур дар “Бобурнома” навиштааст, ки аз дарвозаи Фирўза то дарвозаи Боғи Дилкушо хиёбоне сохтаанд, ки ҳар ду тарафи роҳаш сафедорҳо қад кашидаанд. Дар Боғи Дилкушо кўшки оли бино ёфта дар деворҳои он лашкаркашии Амир Темурро ба Ҳинд тасвир кардаанд. Шашум, Боғи Зоғон дар ноҳияи Шовдор (ҳоло ноҳияи Тайлоқ) ва ҳафтум, Боғи Чаҳоннамо дар ноҳияи Анҳор наздик ба доманаи кўҳ (дар чои ноҳияи Анҳори таърихи ҳоло ноҳияи деҳотии Самарқанд чой гирифтааст). Абўтоҳирхоча ҳамин ҳафт боғи темуриро номбар мекунад, ки аз манъбаҳои таърихии дигар хабар надоштанаш маълум аст. Аммо мардуми Самарқанд баъзан дар сўҳбатҳо Боғи Тилло ва боғҳои дигарро низ илова мекунанд, ки таърихшиносон бояд саҳеҳ будани онро бисанчанд.

Шарафуддин Алии Язди дар “Зафарнома”, ки асосан баёни лашкаркашиҳои Темур аст, ба масъалаи боғсозии Соҳибқирон кам таваққуф кардааст. Аммо аз он чи ки навиштааст, метавон оиди сохти он боғҳо тасаввуроти умуми ҳосил кард. Муаллиф оиди бунёди Боғи Шимол менависад: ”Аввали баҳор, ки офтоб ба бурчи Ҳамал омад, дар соати хуб тарҳи Боғи Шимолро андохтанд. Ба сабаби он ки дар тарафи шимоли шаҳр қарор дошт, Боғи Шимол номиданд”. Сипас, Шарафуддин Алии Язди менависад, ки бо дасти устоҳои Ироқу Форс ва Бағдоду Шероз кўшки зебое дар он сохта шуд. Ҳамон хел иморати оли сохта шуд, ки рашки осмон буд. Ва ба ҳар бурчи он аз мармари Табриз сутунҳо гузошта шуданд, сафқҳояшро бо тилло ва лочувард нақш карданд ва фарши он аз мармар буд. Таърихнависи мазкур дар ин китоб оиди сохтмони Боғи Дилкушо ва кўшкҳои он қайд мекунад, ки сохтмони ин боғ дар як гўшаи Конигил соли 1397 бо фармони Соҳибқирон сурат гирифт. Ў менависад, ки муҳандисон ва ҳунармандон ба тарҳи ин боғ машғул шуданд. Тарҳи боғ мараббаъ буд ва ҳар як тарафаш 750 метр. Ҳар тарафаш як дарвоза дошт бо гунбазҳо ва кошинкори шуда буд. Дар ҳар бурче кабўтархона сохта шуд, ки он низ кошинкори шуд. Даруни боғ ниҳоли дарахтони мевадор шинонда, майдонҳо ва гулистонҳо тарроҳи шуд ва канори майдонҳо сафедорҳо шинонданд. Кўшки дохили боғ се гунбаз доштааст. Ба сабаби бағоят латифу хушманзар ва зебо будани иморатҳои он Боғи Дилкушо ном гузоштанд.

Дар бораи Боғи Баланд, Боғи Биҳишт, Боғи Давлатобод, Боғи Дилкушо, Боғи Чаҳоннамо, Боғи Зоғон, Боғи Майдон, Боғи Нав, Боғи Чинор, Боғи Шимол дар “Энсиклопедияи советии ўзбек” маълумотҳо ҳастанд. Масалан, дар бораи Боғи Давлатобод навишта шудааст, ки дар дохил шаш ҳавз бо ҳам таввасути чўйҳои пуроб пайванд гардидааст. Атрофи ин чорбоғ девори баланд, ду дарвоза ва се манор доштааст. Қасри он бо хандақи пуроб иҳота шуда, ду кўпрук қасрро бо боғ мепайвастааст. Дар як қисми боғ товус ва дигар парандаву ҳайвонотро чой додаанд. Дар боби иморати Боғи Майдон навиштаанд, ки дар маркази он Улуғбек аз мармар як иморати дуқабата сохтааст, ки чил сутун дорад. Ин иморат дар чор кунчаш чор бурчи манормонанд доштааст ва ба қабати дуввум аз дари ин бурчҳо мебаромадаанд. Аммо дар “Энсиклопедияи советии ўзбек” чои Боғи Чаҳоннамо Қоратеппа нишон дода шудааст. Қоратеппа дар чои четтар аст, ба ноҳияи Ургут тааллуқ доштагист, ҳол он ки Абўтоҳирхоча дар “Самария” чои Боғи Чаҳоннаморо ноҳияи Анҳор гуфтааст, ки номи ҳозирааш ноҳияи Самарқанд аст. Хуб, ҳоло ин чандон аҳамият надорад, ки дар кучо буд. Бобур дар “Бобурнома” дар наздикиҳои Боғи Дилкушо боғи дигареро бо номи Боғи Бўлду ном бурдааст, аммо нагуфтааст, ки ин боғи темури чи шаклу сурате дошт. Балда ба араби кишвареро гўянд, “бўлду” маъни надорад. Бобур дар Конигил дар канори рўди Обираҳмат чои Боғи Нақши Чаҳонро аниқ нишон додааст. “Дар вақти дидани ман ин боғ ба вайрони рў оварда буд ва номе аз он нахоҳад монд” – навиштааст Бобур. Яъне, Бобур Боғи Дилкушо, Боғи Бўлду, Боғи Нағши Чаҳон, Боғи Чанор, Боғи Шимол, Боғи Биҳишт ва Боғи Майдонро боғҳои темури номидааст.

Ба ғайр аз ин байни Боғи Дилкушо ва шаҳри Самарқанд Қўруқи Бедона (мамнўъгоҳ) ҳаст, мегўяд ў. Кўли Мағок, марғзори назди Кенти Қўлба ва чорбоғи Дарвеш Муҳаммади Тархонро чойҳои хушманзар номидааст. Кўли Мағок (маънояш кўли рўдхона ва кўли чукур) эҳтимол ҳамон деҳаи ноҳияи Самарқанд аст, ки имрўз Кўл мегўянд. Замонҳои пеш номи аслии Конигил Кони обгир будааст, ин чо обгирҳои зиёде ҳаст,– навиштааст Бобур. Подшоҳон ва аҳли дарбор ҳар сол як-ду моҳ дар Конигил истироҳат мекарданд ва Кўли Мағок низ чои истироҳати ҳокимони давр будааст. Яъне, Самарқанд ба ғайри чорбоғҳои подшоҳи боз чорбоғу бўстонҳои хурдтари дигар ва чойҳои хушманзари табии, кўлу чакалакҳои пур аз парранда доштааст. Дар ҳақиқат ҳам Самарқанд фирдавсмонанд. Ҳамин тавр аз рўи сарчашмаҳои таърихи номи 12 чаҳорбоғи темури то ба мо расидааст, ба ғайри бўстонсарою бўстонҳои дигар, аммо худи онҳо не. Ин мероси аздастрафта моро ором намегузорад. Мехоҳем, ақаллан, яке аз ин чорбоғҳоро бо чашми худамон бинем. На танҳо худамон бубинем, балки ба меҳмонҳо, сайёҳони хоричи нишон дода бо ифтихор бигўем: санъати боғҳои истироҳатсозиро гузаштагони мо ба авчи аълои худ расонида будаанд, инсонро як унсури чудонопазири табиат меҳисобанд.

Ба туфайли истиқлоли мамлакат чорбоғҳои истироҳатии Самарқанд обод шуда истодаанд, раҳбари давлат ва ҳукумат дар ин бобат саъю кўшиш ба харч медиҳанд, ки мисолаш тачдиди боғи истироҳатии ба номи Навои ва сохтмони Аквапарк аст. Бале боз ҳам саволе кўндаланг истодааст, ки аз анъанаи чорбоғсозии Темур чиро гирифтему чиро фаромўш кардем. Албатта, ба ҳар як самарқанди алам мекунад, вақте мехонад, ки Самарқанд замоне он қадар бўстонсаройҳову чорбоғҳои шоҳаншоҳии ба тамоми олам машҳур доштаасту ҳатто яке аз он боқи намондааст. Садбаргҳои хушбўи Самарқанд низ шўҳрати чаҳони доштаанд, масалан шоири бузурги рус Анна Ахматова солҳои чанг ба Тошканд кўчида меояд, касал мешавад ва ин байтро ба дафтараш менависад:

Ба Самарқанд барои чоннисори меравем,
Ба Ватани садбаргҳои човидон.

Камина дар мақолаи “Боғи шоирон бояд шоирона бошад” дар боғҳои шаҳр коридани гулу бутта ва дарахтони манзаравии хоси кишварамонро ташвиқ карда будам. Магар мо ба ғайри чанор, ки тамоми кўчаҳо ва ҳатто майдони Регистонро фаро гирифтаасту чанги гулаш барангезандаи аллергия аст, дарахти дигари манзарави надорем? Чанорро боғбонҳоямон аз қадимзамон дар сари роҳҳои калон дуртар аз манзили инсон мешинонданд, он асосан дарахти мазор ва рамзи чудои ҳисоб меёфт. Боғи Чиноре, ки ба Темур мансуб медонанд, аз чинорзор иборат набудагист, дар ягон гўшааш чанд чанор доштагист ё номи мавзеъ будагист. Паррандаҳо ҳассостаранд, ба ин сабаб хеле кам вокеъ мешавад, ки дар шохи чинор лона созанд.

“Чанор фаҳм кунад андаке зи рози чаман,
Ҳазор даст барорад хушу дуо кунад”

– навиштааст шоире, ки ишора ба мақоми чанор саҳни мазору масчидҳост.

Ба мушоҳидаи донишманди санъати меъмори Анри Стирлен нақшу нигори қолинҳои эрони тарҳи боғу бўстони шоҳиро инъикос мекунад. Ў бе далел сухан намеронад.

Ба фикри банда, номҳои чорбоғҳои темуриро дар он чойҳо, ки манзилгоҳи одамон гардидааст, бо гузоштани номи кўча ё маҳал нигоҳ доштан лозим аст. Масалан, ҳокимияти шаҳр кўчаи Охунбобоевро Бўстонсарой номида ташаббуси хубе нишон дод.

Дар замони Амир Темур индустрияи чорбоғсози нағз ба роҳ монда шуда будааст. Боғбонҳо усули аз чое ба чое кўчондани дарахтони калонро медонистанд. Он вақт насосҳои обкашу копрессору қувваи барқ набошад ҳам, фаввораҳо кор мекардааст, зеро муҳандисони чорбоғҳо чўи обро аз баланди аварда обро ба чоҳи сангини рўизамини сар медодаанд ва фишори табииро дар қубурҳои сафолини зеризаминии фаввора ҳосил мекардаанд. Ин гуна мадрасаву мақбараҳои қадиме, ки Самарқанд дорад, дар шакли тармимшудаи беҳтаре дар Исфаҳон ва дигар шаҳрҳои Шарқ ҳастанд. Барои ривочи туризми байналхалқи индустрияи истироҳатиро ба роҳ мондан лозим меояд. Шоҳони гузашта боғҳоро ба он дарача фараҳфизо ва оли месохтаанд, ки манбаи илҳоми оҳангсозону шоирон мегардидааст.

Гаҳ ба бўстон андарун Бўстони Ширин баркашад,
Гаҳ ба бо
ғ андар ҳаме Боғи Сиёвушон занад.

Ин байт ба қалами Рашидии Самарқанди тааллуқ дорад. Боғи Ширин, Боғи Сиёвуш ва Боғи Шаҳриёр оҳангҳои қадимии классики будаанд. Яъне, боғ дар фарҳанги мардуми ин сарзамин маънои васеътар ва мақоми баландтаре доштааст, нисбат ба он ки мо тасаввур мекардем.

Чорбоғҳои шоҳонаи таърихиро эҳё кардан кори осон нест, зеро сурату нақша ва биноҳои он боқи намондаанд. Ҳоло дар минтақаҳои ба ин боғҳо наздик мевазорҳо бунёд кардаанд ва бо ифтихор мегўянд: мо боғҳои таърихиро барқарор кардем. Боғҳои Темур чи гуна шаклу сурате доштанд, аз рўи чорбоғҳое, ки Бобур ва бобуриён дар Ҳинду Покистон сохтаанд, ба ягон хулоса омадан мумкин аст. Масалан, чорбоғи Точмаҳал бо рўди пуроб ба чор пораи мураббаъ тақсим шудааст ва ин чор пора боз ба чор пораи хурдтар. Чаҳорбоғ ҳамон вақт мегуфтанд, ки даруни як боғ ба ин тариқ чор боғ бошад. Дар атрофи иморатҳо дарахтони қадбаланд нестанд. Бобур ва бобуриён бўстонсарою боғҳои машҳури дар Самарқанд бинокардаи бобои худ Темурро давом диҳанд. Ба ҳамин сабаб, ҳар қасре, ки сохтанд, чорбоғе дорад бо обҳои равон, ҳавз ва баъзан қафасҳои паррандагони хушхон. Агар мо дарҳақиқат бихоҳем, ки боғу бўстонҳои дохилишаҳри ва берунишаҳрии таърихии Самарқандро эҳё кунем, пеш аз ҳама бояд бубинем, ки бобуриён дар Ҳинд чи гуна боғҳое сохтаанд.

Донишманди фаронсави Анри Стирлен дар китоби худ “Искусство ислама” (Москва, с. 2003) ба ин амали бобуриён баҳои баланд дода таъкид мекунад, ки чорбоғҳои атрофи иморатҳо аз нуқтаи назари ифодаи фикр як маънои фалсафиро дороянд.

Беҳрўз Маъруфи дар акси садое, ки ба мақолаи камина навишта дар шумораи 76-уми “Овози Самарқанд” 16-уми сентябр чоп кард, гуфтааст, ки дар назари хоричиён меваҳои мо мўчизаанд, яъне масъалаи шинондани дарахтони мавадорро фикр кардан лозим аст. Аммо дар қадди роҳҳои автомобили ё майдонҳои серодам не, эҳтимол, дар ҳавлии меҳмонхонаҳо току дарахтони мевадор бошанд, таваччўҳи сайёҳонро бештар чалб хоҳад кард. Пешниҳоди дигари ў оиди зарурати таъсиси Боғи ботаникии шаҳр бо парваришгоҳи ниҳолҳо ва таъини вазифаи саррастанишиноси ҳокимияти шаҳр оқилонаанд. Ҳокими шаҳрамон Сўҳроб Рафиқов дар ҳамон конфронси матбуоти гуфтанд, ки мо бо мақсади ичрои супориши Президенти Ўзбекистон Ислом Каримов ба олимони факултаи биологияи Донишгоҳ супориш додем, ки барои таъмини шаҳр бо буттаву дарахтони хоси Самарқанд пешниҳодҳои илмии худро ба ҳокимияти шаҳр расонанд. Яъне бовар ҳаст, ки муаммоҳои чомаи сабзи шаҳр дер ё зуд ҳалли худро меёбад.

Ҳар боре ки номи Боғи Чаҳоннамои Темурро мешунавам, ё аз нашрияе мехонам, ба ёдам навиштаҳои донишманди ёдгориҳои меъмории Шарқ Анри Стирлен мерасад, ки чорбоғҳои подшоҳиро ифодаи мўъчази чаҳон маънидод кардааст. Биёед, агар кўшишамон дар боби эҳёи чорбоғҳои темури самимона бошад, яке аз ин боғҳоро, масалан, Боғи Чаҳоннаморо дар дашти Чунгул (саҳрои байни рўди Дарғом ва Оҳалик) барқарор кунем. Такрор мекунам, мевазор ҳанўз чорбоғи темури нест. Чорбоғи темури бо шаршараҳо, фаввораҳо, гулзорҳо, чўйҳои оби зулол, шаҳнишинҳо, қасрҳои сафеди мармари (бигузор, қасри маданият бошад), тарабхона, волйери паррадагони хушхон, ҳавзу кўлҳои пуроб бояд бошад, яъне барои он Боғи Чаҳоннамо гуфтаанд, ки тамоми маданияти волои парксози дар он мучассам гардидааст.

Дар ноҳияи Самарқанд, ки боғи маданият ва истироҳат нест, ба ин тариқ соҳиби чорбоғи истироҳати шудан мумкин аст. Албатта, ин чорбоғ бо атраксиону дигар муассисаҳои маданиву истироҳати замонави бояд бошад. Боз як бор таъкид кардан мехоҳам, ки агар чигунагии сохти боғҳои самарқандии Темурро донистан хоҳем, чаҳорбоғҳои бобуриёнро дар Ҳинду Покистон дидан лозим меояд. Масалан, чорбоғи Шалимар, ки дар Лоҳур Шоҳи Чаҳон соли 1642 сохтааст, аз чониби донишмандони саъати меъмории Аврупо ҳайратангез арзёби шудааст. Ин чорбоғ аз ду боғи калони мураббаъ, ки ҳар яке боз ба чор боғи хурд тақсим мешавад, ва ду боғчаи хурди мобайни ва дар мобайн ҳавзи пуробу фаввораҳо иборат аст ва дар 9 гектар бо айвонҳои сурху сафеди мармари бунёд ёфтааст. Яъне бо мақсади ҳам истироҳату дамгирии мардум, ҳам гузаронидани маъракаҳои чашни, базму хурсандиҳои шоҳона сохта шудааст.

Дар замони шўрави паркҳои шаҳри “Боғи маданият ва истироҳат” номида шуданд ва дар онҳо майдони рақс, театру кинотеартҳоро чой доданд. Паркҳои шаҳри тобеи Вазорати маданият гардид. Ба зиммаи онҳо истироҳати мадании инсон гузошта шуд. Ба ҳамин сабаб, дар онҳо клубҳои шоҳмоту шашка, теннису билярд, хонаҳои маданият бо маҳфилҳои ҳаваскорони санъат амал мекарданд. Ба чорбоғҳои маданияту истироҳат вазифаи қадимаи он чои гузаронидани маъракаҳои чашнҳои наврўзи, Меҳргон, истиқлол, сайри идонаи мардум ва ғайраро баргардонда истодаанд. Паркҳоро барои гузаронидани маъракаҳои бузург мувофиқ карда истодаанд. Боғи марказии шаҳри Самарқанд ки номи Алишер Навоиро гирифтааст бо амфитеатри худ “Мўъчиза” намунаи чунин боғҳост ва чорбоғи Шалимари дар Лоҳур сохтаи Шоҳи Чаҳонро ба ёд меорад. Орзуи мо ин аст, ки дар маркази ноҳияҳо низ чунин чорбоғҳо бо санъати баланди меъмори ва боғдори сохта шаванд. Ин корҳо хоҳед нахоҳед дер ё зуд хоҳанд шуд, зеро чорбоғҳои марказии маданият ва истироҳат ҳамчун чашнгоҳу идгоҳҳои бошукўҳ мақоми давлати пайдо карда истодаанд. Амир Темур дар ҳар кучо иморате ё боғе бунёд кунад, аҳамият медодааст, ки дарвозахонаҳо бошукўҳ бошад. Вақте ки дарвозахонаи дуқабатаи чаҳорбоғи Точмаҳалро дидед, бовар ҳосил мекунед, ки анъанаи дарвозахонасозии Темурро бобуриён давом додаанд. Ин дарвозахона ба он мақсад сохта шудааст, ки бинандаро пеш аз ворид шудан як бор ҳайрон кунад ва вақте ў ба дохил медарояду боғи ачиб ва иморати олии сафеди мармарии Точмаҳалро мебинад, дучанд дар ҳайрат мешавад. Дарвозахона дуқабата буда, на танҳо қаровулхона, балки он қадар ҳучраҳои зиёд дорад, ки идораи маъмурияти боғ ё меҳмонхона буда метавонад. Барои тазод ба мақбараи сафеди Точмаҳал онро аз санги сурх бино кардаанд. Як дарвозаи асосиро ҳашаматнок сохтаанд, дарвозаҳои тарафҳои дигари боғ хурдтаранд. Ба фикри банда, аз чорбоғҳои таърихии азбайнрафтаи темури Боғи Чаҳоннаморо албатта, дар шакли парки истироҳатии замонави эҳё кардан осонтар аст. Зеро худи номи боғ баёнгари равшани он аст, ки дар он гулу буттаву дарахтон, манзараҳои кишварҳои дар он замон машҳури чаҳон Хитой, Ҳинд, Русия, Рум мучассам гардида будааст. Яъне дар дохили ин чорбоғ боғҳои чопониву куриёиву ғайра будаанд. Масалан, дар шароити ҳозира порае аз чангали тўс (берёза) ва санавбарҳои Русияро сохтан душвор нест. Айвонҳои хитоиро устоҳои худамон ҳам сохта метавонанд. Боғи Нақши Чаҳон ва Боғи Чаҳоннамои темури боғҳои ботаникии ҳамон замон будагистанд. Ачаб нест, ки гармхонаи растаниҳои тропики – оранжерея низ бошад.

Чорбоғҳои подшоҳи ҳаммомҳо низ доштанд. Чорбоғи Шалимари Шоҳи Чаҳон бино карда, гармобаҳо дорад, навиштааст Анри Стирлен. Дар Самарқанд ҳар як мадраса ҳаммоми худро доштааст, ки намунаи охиринаш ҳаммоми Бозори сандуқ буд, ки солҳои шўрави вайрон карданд. Дар Хоча Аҳрор низ як гармобаи милли сохта буданд, ки он низ вайрон шуд. Маълум мегардад, ки ҳаммом хусусан бо масҳи (массаж) табобатии он як намуди истироҳат будааст. Истироҳат чист? Истироҳат барқарор кардани нерўи бадани инсон аст, азбаски ҳаммом танҳо аз чирк пок шудан нест, балки бо гармиву масҳ барқарор кардани сиҳати низ ҳаст, онро шомили чорбоғи истироҳати донистаанд. Русҳо низ гармобаҳои буғхонадори худро дар бўстонсаройҳои берунишаҳри месозанд ва дар он истироҳат мекунанд. Сохтани чунин чорбоғ бо ҳаммоми гунбаздори милли барои ривочи туризм низ хизмат хоҳад кард.

Номҳои боғҳое, ки дар фарҳангҳо ё шеърҳои шоирони мумтози асри миёнаи Самарқанд дучор мешавем, гувоҳи медиҳанд, ки Амир Темур ва темуриён анъанаи чорбоғсозии шоҳони пешини Самарқандро такмил ва вусъат додаанд. Шоир Рашидии Самарқанди, ки қабраш дар Чокардизаи Самарқанд аст, номи баъзе боғҳоро дар шеъраш сабт кардааст. Дар бораи бешаҳои қадимии атрофи шаҳри Самарқанди замони Спитамену Искандари Макдуни таърихнавис Игор Пянков дар китоби “Осиёи Миёна дар номаҳои бостон” чунин овардааст: Вақте ки лашкари макдуни ба тарафи пойтахти Суғд ҳаракат мекард, аз кўҳу биёбонҳо гузашта ба водии Зарафшон баромад, даҳони ҳамаи афсарону аскарон аз ҳайрат боз шуд. Онҳо гўё ки ба биҳишти ҳақиқи афтоданд. Чангалҳои зебои соҳили Зарафшон то ба домани кўҳҳо мерасид, ки аз паррандаю ҳайвоноти ваҳши пур буд. Юнониҳо дарёи пуробу зебои Зарафшонро дўст дошта онро “Политимет” номиданд, ки маънои боэҳтиромро дорад. Водии ноҳияи Самарқандро юнониҳо чун “серчангал” ифода кардаанд, ки ҳар ду соҳили Зарафшон силсилаи боғҳо, полезҳо бо фосилаи минтақаи дашти мавчуд буд. Дар ин минтақаи чангали “чаннат” барпо намуда, онро шикоргоҳи шоҳаншоҳи номиданд. Атрофи он шикоргоҳро бо девори лойи (похса) иҳота кардаанд, ба масофаи чандин километр. Искандари Макдуни дар ин шикоргоҳ, ки аз ҳайвоноти ваҳши пур будааст, ба сайди ғизол машғул шуда бо шери бадҳайбате рў ба рў омадааст. Искандари Макдуни аз болои девори баланди шаҳр ба деҳоти атрофи шаҳр, ки дар байни дарахтзорҳои анбўҳ гум шуда мерафтанд, нигоҳ карда, аз чанги чераки (партизани) метарсад ва фармон медаҳад, ки тамоми деҳаву работҳои атрофи Самарқандро оташ зананд. Бо вучуди ин чангалҳои атрофи Самарқанд барои Спитамену боқимондаи лашкари шикастхўрдаи ў паногоҳи хубе буданд ва имкон медоданд, ки ногоҳ пайдо шаванд ва ба лашкари юнониҳо шабохун зананд. Дар ин задухўрдҳо Искандар сахт мачрўҳ мешавад. Шикори Искандар дар шикоргоҳҳои шоҳаншоҳии Самарқанд бо зиёфатҳои чамшеди хотима меёфтааст. Эҳтимол, барои чунин зиёфатҳо кўшке сохтагистанд. Юнониҳо шароби зўри мардафкани ангурии соҳили Дарғамро бори аввал менўшиданд. Дар онҳо расм буд, ки шароби турши худро дар Юнон ба об омехта нўшанд. Искандар дар зиёфати чамшедии шикоргоҳ аз шароби дарғами маст мешавад ва ҳамин вақт дўсташ Клит, ки ўро аз марг начот дода буд, ба ў таъна мезанад, ки номарди зоҳир намуд, зеро пешвои Суғд Спитаменро дар майдони чанг не, хоинона дар вақти хобаш бо дасти хоинони зархарид кушт. Искандар дар сари ғазаб дўсти ба чон баробари худро бо шамшер зада пора мекунад ва рўзи дигар хушёр шуда аз кардаи худ сахт пушаймон мешавад. Баъди ин ҳодиса Искандар дигар дар Самарқанд истода натавонист, марги фочиавии дўсташ барои ў мусибати азим буд. Искандар қароргоҳи худро ба Навтаки Суғд (тахмин Шаҳрисабз аст) кўчонд.

Панчакент аз замонҳои бостон ноҳияи Самарқанд ба ҳисоб мерафт. Чанд сол пеш археологҳо дар атрофи деҳаи Саразм, ки байни Самарқанд ва шаҳри ҳозираи Панчакент аст, шаҳракеро ёфтанд, таърихи 5500 сола дорад. Каме дуртар аз ин шаҳрак шикоргоҳи қадимаи шоҳаншоҳи низ кашф шудааст. Маълум, ки дар замонҳои бостон дар атрофи Самарқанд чандин чунин шикоргоҳҳо будаанд. Бисёр солҳост, ки баъзе донишмандони самарқанди оиди ба боғи милли табдил додани мамнўъгоҳи Амонқўтон мақолаву рисолаҳо менависанд. Зарурати таъсири як боғи ботаникии шаҳриро таъкид мекунанд. Дар ин бобат ман бо доктори улуми биологи Санъат Муҳаммадиев ҳамфикр ҳастам. Бисёр муаммоҳое, ҳастанд, ки бе иштироки олимон ҳал кардан мушкил аст. Боғи ботаники муассисаи илми аст, дар ниҳолхонаву гармхонаҳои он дарахтони ороишии миллиро парвариш карда метавонанд. Таърихнависони юнони навистаанд, ки дар замони Искандару Спитамен дар чангалҳои Самарқанд дарахти коч зиёд буд. Ман медонам, ки коч як намуди санавбари сўзанбарг аст, вале хеле баланду азим. Аммо ҳамон тавре, ки олимони биолог медонанд, намедонам. Ё ки дар байни дарахтони бемева намудҳое ҳастанд, ки заҳри газҳои автомобилро беҳтар кашида мегиранд. Ва ба ҳамин сабаб масъалаи дар кучо шинондани кадом намуди дарахтро танҳо олимон муайян карда метавонанд.

Хушбахтона, қаламкашҳое ба мисли Пардақул Тўрақулов дар Самарқанд ҳастанд, ки оиди муаммоҳои экологии шаҳру навоҳии он мақолаҳои чолиб навишта чоп карда истодаанд.

Эҳёи чорбоғҳои шоҳаншоҳи, шикоргоҳҳо, намудҳои муосири боғ аз қабили паркҳову боғҳои ботаники ва мамнўъгоҳҳо (заповедникҳо) масъалаи экология аст, яъне ҳаётан муҳим аст. Вақте ки рўз ба рўз теъдоди автомобил дар шаҳр зиёд мегардаду заҳрнокии ҳавои шаҳр меафзояд, ҳалли ин масъаларо ба фардо вогузоштани мо нишони хирадманди нест. Аз мард боғ мемонад, аз номард доғ, гуфтааст халқ. Дар байни Тали Барзу ва Пули Муғоб хусусан дар деҳаи Боғитилло боғҳое ҳастанд бо номи Боғи худои. Чавонмардони саховатманде будаанд, ба мисли Яъкуби боғитиллои, ки пеш аз сафари ҳач боғи худро ба мисли оши худои ба халқ бахшидаанд. Ҳукумати бехудоёни шўрави ҳамаи ин боғҳои худоиро аз халқ гирифта моли колхоз (яъне, замини давлат) кард. Ҳамин анъанаи чорбоғи худоиро зинда кардан лозим аст. Бигузор ҳар як корхона, хочаги, фирма ё сарватманди саховатманди Самарқанд ҳамин гуна боғи худои сохта ба халқ бахшад. Агар боғҳои худоии таърихиро боз ба халқ, яъне ба ихтиёри гузарҳо диҳанд, рўҳи поки он мардони саховатманд шод мегардид. Охир боғҳои истироҳат на танҳо дар шаҳр, балки дар ҳар як корхона, хочаги ва деҳаи ноҳияви низ лозиманд. Дар сурати амали шудани чунин тадбирҳо мо метавонистем, бо дилпури бигўем, ки анъанаи неки чорбоғсозии гузаштагони худ, аз чумла, шоҳонро давом медиҳем. Мегўянд, ки калимаи “боғ” ва калимаи “бог” (Худо)-и руси аз як решаанд. Эҳтимол, замонҳое, ки одамони чамъияти ибтидои дарахтонро парастиш мекарданд, ёки аз дарахт бутҳои худро метарошиданд, чунин будагист. Ба ҳар эҳтимол боғ нишемани худоёну фариштаҳо будааст.

Комментариев нет: