вторник, 11 марта 2008 г.

Бўстони хон

Таърихи гузарҳои Самарқанд ачиб аст. Номҳои баъзе гузарҳо бо таърихи давлатдори дар ин кишвар пайванди ногусастани доранд. Масалан, бигирем номи гузари “Бўстони хон”-ро. Ҳоло бо ин ном гузаре нест, зеро дар замони Хрущёв иморатҳои он, ки ҳамшафати Регистон буд вайрон карда шуд, ба чояш Боғи шоирон, мактаб ва тамошохонаи болокушода сохта буданд. Ҳоло Боғи шоирон низ нест.

Чаро “Бўстони хон” гуфтаанд? Ҳол он ки ин ном дар замони ҳукмронии Амир Темур пайдо шуда буд ва мебоист “бўстони амир” мегуфтанд. Қиссаи пайдоиши ин ном бо фаъолияти Амир Темур вобаста аст. Соҳибқирон баъди соҳиби тахти Самарқанд гардидан, азбаски худ подшоҳзода набуду даъвои унвони хониро соҳиб шудан надошт, аз авлоди Чингизхон Суюрғатмишро ба мансаби хони бардошт. Суюрғатмиш дар вақти лашкаркашии Амир Темур ба Ироқу Озарбойчон дар чанг ҳалок шуд. Сипас Амир Темур унвони хониро ба писари ў Султон Маҳмуд дод. Азбаски дар Арки Оли (Кўксарою Бўстонсарой) худи Амир Темур менишаст, барои хон дар гузари Бўстони хон қасре бо бўстонсарой сохта буданд. Ва тахти хони дар ин чо қарор дошт.

Амир Темур агар фармоне барорад, албатта таъкид мекард: “Аз номи Суюрғатмишхон (ё ки Султон Маҳмудхон) Амир Темур чунин мефармояд, ки...”. Баъди он ки Амир Темур ба сутони Туркия Йелдирим Боязид ғалаба карду Султон Маҳмудхон низ вафот намуд, Соҳибқирон ба чунин сохтакори хотима дода дигар касеро хон таъин накард. Аммо гузари Бўстони хон бо ҳамин ном дар таърих бимонд. Сонитар онро “Ҳавузи бўстони хон” гуфтаанд. Ёрлиқҳои Мирзо Улуғбек аз номи Сотуқхон будааст. Вақте ки рафтори Сотуқхон ба Улуғбек намефорад, ўро аз мансаби хони фуроварда ба чояш шахси дигарро хон таъин кардааст.

Хулласи калом ҳар як номи қадимаи гузарҳои Самарқанд таърихи бое дар гузашта дорад ва онро дигаргун кунем, ё манзилгоҳҳоро бо сабабҳои объективи бошад ҳам вайрон карда гузарро барҳам диҳем, таърих низ зарар мебинад ва таърихияти шаҳри куҳан аз байн меравад.

Ҳофизи Таниш дар асари худ “Абдуллонома” гуфтааст, ки номи Бўстони хон дар асри XVI Ҳаёти хон буд. Аммо таърихнависи самарқанди М. Абрамов дар китоби худ “Гузарҳои Самарқанд” (Тошкент, 1989) “Ҳаёти хон” номи пешинаи гузари Дари занчир буд гуфтааст. Ҳоло Култеппа шудааст, таъкид кардааст ин донишманди таърих. Азбаски номи “Бўстони хон” то ба имрўз расидааст, метавон гуфт, ки ҳеч гоҳ ба “Ҳаёти хон” табдил наёфтааст ва ин чо ҳақ ба чониби М. Абрамов аст. Ин китоби профессор М. Абрамов “Гузарҳои Самарқанд”, ки ба забони руси чоп шуда буд, ягона асари илми аст, ки оиди гузарҳои таърихии Самарқанд маълумот медиҳад.

Мутаассифона доир ба гузарҳои Самарқанди бостониву кунуни ягон асари комилу калони илми навишта нашудааст. Аммо оиди гузарҳои Бухоро асарҳои илмии О. А. Сухарева чоп шудаанд. О. Сухарева дар шаҳри Бухорои асри XIX-XX мавчудияти 220 гузарро тасдиқ мекунад ва мегўяд, ки дар Самарқанд дар ҳамин давра теъдоди гузарҳо аз сад кам аст, аниқтараш 85-то аст. Аммо дар рўихати М. Абрамов номи 96 гузар сабт шудааст. Яъне нисбат ба Бухорои таърихи теъдоди гузарҳои таърихи дар Самарқанд ду, дуним маротиба кам гардидааст. Ба ин сабаб ҳифзи гузарҳои таърихи дар Самарқанд мақоми воло бояд касб кунад.

Солҳои хрушчёви бисёр гузарҳои таърихии Самарқанд дар ҳудуди шаҳри кўҳна вайрон карда шуданд. Ҳама медонад, ки гузар танҳо аз биноҳои истиқомати иборат нест. Гузар ба ғайр аз иморатҳои шахсии дорои нақшу нигору санъати меъмории милли, боз масчид, ҳавз, ҳаммом, мактаб ва ғайра дорад, ки дар тўли ҳазорсолаҳо шакл гирифтааст. Донишманди таърих А. К. Писарчик соли 1975 дар Душанбе рисолаи илмии худро таҳти унвони “Меъмории миллии Самарқанд” нашр када буд. Номбурда дар ин китоб навиштааст, ки шаҳри Самарқанд ба чор даҳа (ё қитъа) тақсим мешавад.

1. Хайробод (Ғотифар) ё Пайиқабоқ
2. Сиёб ва ё Қаландархона
3. Сўзангарон
4. Хоча Аҳрор.

Дар даҳаи Хайробод (Ғотифар) 25 масчид, дар даҳаи Қаландархона 26 масчид, дар даҳаи Сўзангарон 28 масчид, дар даҳаи Хоча Аҳрор 28 масчид мавчуд аст. Ҳамаи ин масчидҳо, ки наввад дар сад ибодатхонаҳои гузарҳоянд, намоёнгари санъати олии меъмори ва наққошианд. Бо ташаббуси ҳукумат чанд сол пеш тармими масчиди гузари Қўшҳавз ва ҳавзи он сурат гирифт. Инак як масчиди гузари кўҳнаро бо дили пур ба сайёҳони хоричи нишон додан мумкин аст. Аммо бо як гул баҳор намешавад, гуфтааст халк. Сайёҳони хоричи баъди тамошои мачмўи Регистон бисёр воқеъ мешавад, ки ба кўчаи Сўзангарон медароянд. Гузари Қози Абдурасул дар аввали ин кўча аст ва масчиду ҳавзу маркази гузари он низ.

Доир ба таърихи ин масчид Сипанди шеъре навиштааст, ки аз он тарзи дурусти номи гузар – Қози Абдуллоҳи Расул ва сарватманди масчидсоз – Қосимпоччобой маълум мегардад.

Кариме зи арбоби чуди карам,
Ба таъмири ин буқъа чун зад қадам.
Чунон масчиде кард олиасос,
Ки надида дар қарнҳо чашми нос.
...Шуд ин масчиди оли байни Ачам,
Миёни Араб чун бинои ҳарам.

Яъне Сипанди онро ба иморати Каъба монанд кардааст. Аммо имрўз он иморати олиасос дар чи ҳол аст? Хеле таъмирталаб ва рўз ба рўз ҳолаш харобтар мешавад. Он ба ошпазе ба ичора дода шудааст.

Чунин масчидро тармиму таъмир намуда барои тамошои сайёҳон мувофиқ кардан кори савобе мебуд.

Солҳои шўрави дар атрофи майдони Регистон на танҳо хонаҳои истиқомати, балки масчидҳои гузарҳо низ вайрон карда шуданд. Дар паҳлўи мадрасаҳои Шердору Тиллокори Масчиди Мағок (Масчиди Ҳазрати Умар, ки байни халқ бо номи Масчиди Кабуд машҳур буд ва баъди Масчиди Хизр дуввумин масчиди муқаддас аст) будааст, як масчиди дигар бо ҳамин ном дар чои кинотеатри вайроншуда (байни бинои Музей ва бинои иттиҳодияи “Усто”) мавчуд будааст. Гузарҳои Урметани, Ҳавзи баланд, Ҳавзи Сангин, Пули Мирзо, Бўстони хон ва дигар гузарҳои вайроншуда масчиду мадраса, ҳаммому ҳавзҳои худро доштанд. Ҳавзи Сангин бо фаъолияти Амир Темур вобастаги дорад. Сангҳояшро бо филҳо аз Ҳиндустон овардаанд.

Масчиду ҳавзи гузари Боғи баландро низ барҳам додаанд. (Ин чо аз байн рафтани масчиди Муқатаъи Улуғбек ва масчиди бузурги чомеи Алака Кўкалтошро, ки соли аз байн рафтанаш аниқ нест илова намекунам).

Яъне Регистон ба ғайри чунин масчидҳо дар атрофи худ ҳаммоми Мирзои, ҳамоми Бозори Сандуқ, Қўшмадраса, Мақбараи Кўчкунчихон, мадрасаи Абў Саид барин иморатҳои таърихи доштааст ва дар нисбати чунин иморатҳои ҳачман хурдтар бузургии шукўҳи он намоёнтар мешудааст. Ҳоло ин се мадрасаро, ки танҳо гузоштаем, сайёҳ бо кадом иморат муқоиса карда хулоса барорад? Танҳо Чорсу мондааст, ки дар атрофаш суфа сохта нимашро гўр кардаанд.

Мақсади асоси аз ин сатрҳо ба вучуд овардани як муҳити меъмории миллию таърихи дар атрофи мачмўаи нодири меъмории Регистони Самарқанд аст. Яъне сайёҳ ба дидани як пораи шаҳри кўҳна ва таърих таваччўҳ дорад, на танҳо се мадрасаи Регистон. Ё ки барқарор кардани баъзе иморатҳо ва ҳавзи таърихии худи Регистон барои эҳёи таърихияти он зарурат аст. Гузари вайроншуда на танҳо як пораи таъриху фарҳанг, балки макони зист ва қадамчои шахсиятҳои бузург, аз чумла адибону олимон будааст. Дар тазкираҳои асримиёнаги, вақте ки сухан аз ягон шоири мумтози Самарқанди меравад, дар кадом гузар истиқомат кардани он адиб низ баъзан қайд шудааст. Аз шоирони асрҳои мози Афгор дар Дегрезон, Зулфиқор дар Хонсаид имом, Малеҳо дар Бўстони боло, Имтиҳон дар Ҳавзи Сангин, Тороч дар Кемухтгарон, Тамошо дар Мирсаиди Ошиқ, Раҳми дар Гавкушон, Самеъ дар Собунхона, Сарафроз дар Масчиди Кабуд, Саидхони дар Атторон, Садр дар Сангтарошон, Ғубор дар Атторон, Фитрати Зардўз дар Зардўзон (ҳоло номаш – Осим Исмати), Фаттоҳи Чуҳуд дар маҳалаи Чуҳудон, Мумтоз дар Масчиди Работ, Монеъ дар Хонсаид имом, Авазбоқии Масеҳо ва Манзур дар Пули Сафед, Нашъа дар Масчиди Хиштин, Наво дар Ҳавзи Сангин, Фақри дар Хонсаид имом, Мулло Аҳмади Косони дар Дари Арк, Муллоабдураҳими Ошиқ дар Масчиди Мулло муфтии Сироч, Заркўб дар Чўбаи Нав, Фориғ дар Булбулон (ҳоло – Булбулак), Қосид дар Хонақои шайх Абўлайс, Фикри дар Дегрезон, Мулло Боқии Хумдонаки дар Хумдонаки назди масчиди чомеъ, Мирдўстии Бўстонихони ва Муқими дар Бўстони хон зиндаги мекарданд.

Аз он ки Васли ва Фикри дар гузари Қўшҳавз зиндаги кардаанд, ҳама медонанд. Қариб, ки ҳар як гузар зодгоҳу қадамчои ягон шоир, олим ё шайхи машҳур аст. Чунон ки таърихнависи асри XVII Малеҳо қайд кардааст, танҳо аз гузари Бўстони хон чанд шоири мумтоз баромадаанд, ки аз маҳалли сукунати мардум гардидани Бўстони хоне, ки дар он замони Амир Темуру Улуғбек танҳо хон бо аъзои оилаи худ зиндаги мекард, гувоҳи медиҳад. М. Абрамов дар китоби “Гузарҳои Самарқанд” оиди баъзе гузарҳои номаш дигар шуда аз чумла оиди гузари Ғотифар навиштааст, ки номи яке аз сарлашкарони Самарқанд будааст ва дар ин гузар дар асри XI Умари Хайём зиндаги кардааст. Номи гузари Ғотифар дар “Маснавии маънави”-и Чалолиддини Руми низ ёд шудааст, ки аз машҳуртарин гузари Самарқанд будани он гувоҳи медиҳад. Дар гузари Фақеҳ Абўлайс зиндаги кардани Алишери Навои дар бисёр манбаъҳо акс ёфтааст. М. Абрамов чои зисти шоир Нақибхон Туғрали Аҳрориро дар гузари Боғи Майдон нишон дода бошад ҳам пеши худ мақсад нагузоштааст, ки одамони бузурги ҳар як гузарро пурра номбар кунад. Ба ҳамин сабаб дар бораи гузарҳои Самарқанд дар матбуот чоп шудани як қатор мақолаҳои таърихшинос Хуршед Самеъбоев воқеъаи фароҳбахш аст. Танҳо хоҳиши камина ин аст, ки таърихи гузарҳои солҳои шўрави вайроншударо низ навиштан лозим аст. Ҳоло барои нигоҳдошти таърихияти шаҳри Самарқанд ҳамин барин корҳо аз дастамон меояд. Масалан метавонем номи таърихии “Бўстони хон”-ро ба ин тариқа нигоҳ дорем: Ба ягон тарабхона (ресторан) ё муассисае, ки дар марзи он сохта шудааст, ё кўча Бўстони хон ном гузорем. Чи тавре ки кўчаи Охунбобоевро Бўстонсарой номидем.

Ҳоло дар марзи Бўстони хон тарабхонаи “Мўъчиза” ҳаст. Худ аз рўи инсоф бигўед, ки кучои он мўъчизавист? Ҳар чизро исмаш ба чисмаш андаке бошад ҳам мувофиқ биёяд хуб аст. Агар соҳибони он ба хотири бузургдошти арвоҳи пешгузаштаҳои Бўстони хон ин номи гузари вайроншударо ба тарабхонаи худ медоданд, кори савобе мешуд. Дар шаҳр амфитеатри “Мўъчиза” ҳаст ва ба ин тариқ такрори ночои ном ислоҳ мегардид.

Комментариев нет: