Дар байни мардум ибораи машҳуре хаст – иззати харида.
Вақте ки тӯйҳои боҳашамату бодабдабаро пеши назар меоред, беихтиёр иззати
харида ба ёд меояд. Дар куҷо чунин расм буд, ки дар суннаттӯй писарбачаҳоро
болои тахти равон шинонда ба толори ресторан болои китфҳо бардошта дароранд.
Баъди ин ҳодиса ин писарчаҳо чӣ тавр эгоист нашаванд?
Ё ки тӯи ақиқа, ки хоси арабҳост, солҳои пеш набуд. Ва
хуб шуд, ки дар қарори ҳукумат онро нозарур шуморидаанд.
Суннаттуй рангу бори театрӣ пайдо кард. Ҳунарпешаҳо
дар либоси қаҳрамонҳои афсонавӣ барои
бачаҳо бозиҳо ташкил мекунанд. Яъне дар суннаттӯйҳои ресторанӣ танҳо як гурӯҳи
ками бачаҳо иборат аз хешовандони наздик ба он роҳ ёфтаанд. Аммо ин чӣ номаъқулист,
ки калонсолон дар пеши назари бачаҳо шаробнӯшӣ мекунанд.