суббота, 31 января 2009 г.

Адаш Истад фаталист нест!

Хонанда О.Рашидӣ ҳикояи камина «Санги сарнавишт»-ро хонда чунин нома навиштааст:
«Устоди азиз, А.Истад!
Ҳикояи «Санги сарнавишт»-ро аз блогатон хондам. Магар инсон пеши тақдир ҳамин гуна нотавон аст? Ё шумо дигар фикрҳоро талқин карданӣ будеду ман нафаҳмидам?»

Посухи камина ин аст:
Нависанда ҳам як инсони хокӣ аст ва хато ҳам мекунад. Аз нусхаи дар матбуоти Тоҷикистону Ўзбекистон чоп шудаи ин ҳикоя чунин хулоса баровардан мумкин буд. Баъд ман баъзе ҳарфҳои ин ҳикояро тағйир дода ба блоги Герби шердор гузоштам. Эроди адабиётшинос профессор Садри Саъдиевро, ки фатализм дар ин ҳикоя ҷой дорад, дар вақти таҳрир ба назар гирифтам.

Ин асар ба намуди ҳикояи хаёлии огоҳкунанда мутааллиқ аст. Яъне ин ҷо модели ҷамъиятеро сохтам, ки дар он худо ва ҳоким як шудааст. Яъне агар дин ва давлат як шавад, чӣ даҳшате пеш хоҳад омад, дар мисоли тақдири як ҷавонписар, ки мехоҳад озодона зиндагӣ кунад, тасвир шудааст.

Агар ин ҳикоя ба жанри илмиву хаёлӣ мутааллиқ намебуд, яъне реалистӣ мебуд, адабиётшиносон ҳақ доштанд, ки маро ба тарғиби ақоиди фатализм айбдор кунанд.

Тамоми ҳикояҳои жанри фантастикаи илмиву ғайриилмӣ бо муодилаи «сайёрае, ки дар он ду зарби ду чор намешавад», сохта мешавад. Яъне дар он сайёра ду зарби ду баробар ба як ё се ё нўҳу даҳ буда метавонад.

Аммо чунин тарзи тасвир далел бар он нест, ки муаллифи асар мўътақиди чунин арифметика аст.

четверг, 29 января 2009 г.

Имоми Аъзам чӣ мегуфт?

Ба муносибати дар Тоҷикистон эълон шудани соли Имоми Аъзам Абў Ҳанифа телевизиони Тоҷикистон ба барномаҳояш донишмандони гуногунро даъват карда истодааст. Дирўз навбати донишманди торих Ғайратшо Раҳматов буд. Эшон барои имрўз низ зарур будани ҳикматҳои Имоми Аъзамро таъкид карда як панди имомро мисол оварданд: Дар рўи раҳ нашин.

Аз он ки дар рўи раҳ нишастан камоли ҳамоқат аст, талабаи синфи якум ҳам медонад. Зери дастам китоби доктори илоҳиётшиносӣ Муртазо Мутаҳҳари «Саҳми Ирон дар тамаддуни исломӣ» (ба забони русӣ) буд ва кофта ёфтам, ки ў оиди Абў Ҳанифа навиштааст: «Как нам известно, Ирак был центром Древнего Ирана и центром иранского фикха. Иракские факихи оказали зиндикизму самое сильное и непримиримое сопротивление. В отличие от Имама Шафи’и и его огружения, имам Абу Ханифа и его сподвижники были иранцами, живущими в Ираке. Вердикт (фетва) имама Шафи’и относительно зиндиков был гораздо мягче, чем соответствующий вердикт имама Абу Ханифы. В фикхе есть вопрос относительно покаяния вероотступника. Некоторые факихи между зиндаками и вероотступниками никакую разницу не признают, считая их покаяние приемлемым. Шафи’и из этой категории факихов. А другая часть факихов считает, что покаяние зиндиков не может быть приемлемым. К этим факихам относится имам Абу Ханифа.
Говорят, что живущие в Ираке последователи Абу Ханифы к вопросам покаяния зиндиков относились еще более категорично, чем их предводитель, вынося вердикты против приемлемости подобного покаяния. Эти вердикты характеризовались как пример острой реакции иранцев в ответ на воззрения зиндиков.»

Сипас Мутаҳҳари дар боби он ки киро дар он замон зиндиқ мегуфтанд, номи бисёр олимонро мегирад, аз ҷумла эрониёнеро ки дар торих номашон бо хати зар навишта шудааст: Абў Муслим ва вазирони Бармакиро.

Агар Имом Абў Ҳанифаро имрўз зинда карда ба Тоҷикистон меовардед, намедонам ҳоли бисёр ҳукуматдорону донишмандони тоҷик чӣ мешуд.

Зеро, агар зиндиқ аз кору гуфтори худ пушаймон шуда авф пурсад, тавба кунад, ҳаргиз бовар накунед гуфтани Имоми Аъзам сарашонро аз танашон ҷудо кунед гуфтан аст.

Аз рўи ин ақидаи Имоми Аъзам ҳар як донишманди материалист зиндиқӣ аст, ҳар як коммунисти собиқи намозхон шуда ҳаҷ кардагӣ ҳам зиндиқӣ аст ва ўро куштан лозим аст. Сино ҳам зиндиқисту Хайёму бисёр дигар олимону адибони классику муосир низ.

Чунин ақидаҳо хилофи мафкураи гуманистии тамаддуни муосир буда ба аз нав зинда шудани онҳо камтарин имкониятро низ набояд дод.

Яъне мо тоҷикон пеш аз он ки як фақеҳи асримиёнагиро бардор-бардор кунем, бояд биандешем, ки то кадом дараҷа мероси ў ба замони муосир мувофиқат мекунад.

среда, 28 января 2009 г.

Телевизиони тоҷикии ҷаҳонии берунмарзӣ

Блогнавису блогхонҳои тоҷик асосан дар атрофии блоги Андеша пар мезананд. Ман ҳам гоҳе, ки вориди Интернет мешавам ба ин блог нигоҳе меафканам, то бидонам: дар сари тоҷикони интернетхон чи фикрҳост? Мавзўе, ки дар ин чанд рўзи гузашта Андеша баррасӣ кард, беэтиборӣ нисбати Тоҷикистон аз ҷониби телевизиони нави ҷаҳонии форсии BBC буд. Бархе айбро дар гардани эрониҳое гузоштанд, ки дар бахши форсии Би-би-си кор мекунанд. Чун диданд, ки дар студияи телевизионии нав ягон муҷрии тоҷик нанамуд.

Ба фикрам аз ин ҳол набояд ғам хўрд ва оташин шуд. Ба назар бояд дошт, ки имрўз дар он даргоҳ Боқири Муин ё Меҳдии Ҷомӣ барин шоиру олимон дигар кор намекунанд. Боқири Муин мекўшид, ки ҳар як паёмнигоре, ки дар бахши форсии Би-би-си кор мекунад, аз фарҳангиён бошад. Он ҷо байни фарҳангиёну рўзноманигорони касбӣ муборизаи ниҳоние буд ва оқибат кор ба он анҷомид, ки рўзноманигорони эронии аз фарҳанги тоҷикӣ кам огоҳӣ дошта имрўз дастандаркоранд. Барои инглиси раҳбар фарқ надорад, ки дар ин ҷода кӣ кор мекунад, аз куҷост, тоҷик ҳаст ё нест. Барои онҳо форсиро донаду рўзноманигори касбӣ бошад, бас аст. Рўзноманигори касбӣ ба ғайри касбаш ҳунари дигар надорад, вай доим ҷон меканад, ки фармоиши хўҷаинҳоро сад фоиз иҷро намояд.

Фарҳангӣ бошад меандешад, ки ин хабар, ин мақола, ин тасвире, ки ба эфир мефиристад, ба нафъи миллати ўст ё на. Фарҳангӣ доимо ҳар як чунин падидаро зери шубҳа қарор медиҳад, сари ҳар масъала баҳс мекунад, ин бошад ба хўҷаинҳои хориҷӣ ҳеҷ хуш нахоҳад омад.

Агар бархе аз блогнавису блогхонҳо чунин пиндоранд, ки якто зиёд шудани телевизиони форсии ҷаҳонӣ чизе ба фарҳанги тоҷикӣ меафзояд ё обрўи Тоҷикистонро зиёд мекунад, боз ҳам хато мекунанд.

Бародарони азиз! Дар Би-би-си дигар Меҳдии Ҷомӣ кор намекунад (Ў ҳоло дар радиои Замона аст), ки бо пули киссаи худ наворбардорони касбиро киро карда оиди Давлатманди Хол филме ба навор гирад ва ба тамоми эрониҳои Аврупову Амрико намоиш диҳад, ки бинед, ин ҳамзабонони мо чӣ фарҳанги вижае доранд!

Фарҳангиён дар радиои «Озодӣ» низ рўз надиданд. Равшани Темуриён, Обиди Шакурзода, Ҷовиди Муқим, Искандари Хатлонӣ (равонаш шод бод) ва камина аз фарҳангиёни собиқи ин радио ҳастем. Он ҷо тани танҳо Салими Аюбзоди хушқалам мондааст, ки ҳар рўз пеши пояш чоҳ мекобанд.

Аз навиштаҳо чунин бармеояд, ки тоҷикон дар берун аз марз ташнаи як телевизиони аз сиёсатбозиҳо дур ҳастанд.

Бахши форсии «Садои Амрико» телевизиони ҷаҳонии худро дорад, ки то ҳол як хабарчае аз Тоҷикистон пахш накардааст. Дур нест рўзе, ки Радиои Аврупои озод ва Озодӣ телевизиони худро таъсис диҳанд. Агар ҳукумати Амрико дар ин шароити инқирози иқтисодӣ маблағ ҷудо кунад.

Ба ин сабаб он рўшанфикрони тоҷике, ки дар берун аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, барои ин мақсад ҳаракат карданашон мумкин аст. Дар Амрико телестудияҳои форсии зиёде ҳастанд, ки ғайридавлатианд ва бо пули реклому ҳомиён кор мекунанд. Чаро дар қатори онҳо як телевизиони тоҷикии ғайридавлатӣ набошад? Агар ба таъсиси чунин телевизион маблағ ҷамъ карда натавонед, бояд аз худатон гила кунед, на аз Би-би-сиву на аз «Садои Амрико». Б.Раҳимзода гуфта буданд, ки шабе дар хоб Низомиро дидам, ки аз домани ҷомаашон дошта мегўям:
- Устодо мадад кунед!
Низомӣ бо қаҳр мегуфтанд: - Доманамро раҳо кун!
Бедор шуда дидам, ки домани пероҳани худамро мекашам. Яъне ҷўраҳо, аз худамон намонем.

Ба мо чунин пандҳои бузургон раҳнамост.

суббота, 24 января 2009 г.

Дин пуштибони режимҳои авторитарӣ аст.

Ба чунин хулоса расидааст донишманди торих ва мардумшинсӣ Р.Р.Раҳимов. Мақолаи ўро дар ин бора, ки «Термин кас-худо и стихия огня в картине мира ирано-язычных народов» ном дорад, маҷаллаи илмии ховаршиносии Қазоқистон «Иран-наме» соли 2007 дар шумораи саввуми худ чоп кардааст.

Ташаккур ба ў ва ба сардабири ин маҷалла Сафар Абдулло, ки аз ин мақола ба бисёр суолҳои худ оиди урфу одат ва оинҳо ҷавоб пайдо кардам. Агар ягон нашрияи тоҷикӣ онро ба тоҷикӣ баргардон ва чоп мекард, аз мулоҳизаҳои амиқи илмии ин донишманди жарфандеш бисёр одамон баҳраманд мешуданд.

среда, 21 января 2009 г.

Оё ҷашни Сино таҷлил мешавад?

Аз азал доруи тоҷик решаи хор асту лек,
Бўи Сино мекунад ин халқ аз даври қадим.


- навиштааст Бозор Собир.

Осори Ибни Сино на танҳо ба пешрафти илми Шарқ, балки тамоми Ғарб замина гардида буд. Бўалӣ соли 980 таввалуд шудааст. Яъне соли оянда – соли 2010 ў 1030-сола мешавад.

Сино аз он нобиғаҳои машҳури ҷаҳонист, ки на танҳо чунин санаи калонро интизор шуд, балки ҳар сол зодрўзашонро ҷашн гирифтан ҳам қарзу ҳам фарз аст. Аммо то ҳол оиди тайёрӣ ба ҷашни ў хабаре нест.

Эҳтимол ба баъзеҳо дар Тоҷикистон намефорад, ки Ибни Сино аз ҷониби худо офарида шудани оламро рад карда гуфтааст, ки олам доимо вуҷуд доштааст. Теъдоди чунин хулосаҳои илмии зиддидинии ў ба қавли Ғазолӣ аз бист гузаштаанд.

Навваду нўҳ дар сад?

Шумо навиштаед, ки дар Тоҷикистон ҷаҳонбинии динӣ наввад дар сад афзоиш кардааст. Ман мегўям, ки навваду нўҳ дар сад. Як фоизи ғайридин мўйсафедҳои коммунистанд, ки солҳои наздик ҷои худро холӣ мекунанд.

Тоҷикон шонси пешрафти афкори миллиро ҳанўз дар замони шўравӣ аз даст дода буданд. Бачаҳои тоҷик аз мактаби шўравӣ, ки ба хона бармегаштанд, пеши мулло мерафтанд ва мулло ба онҳо доимо мегуфт: - Он чизҳое, ки муаллимон дар мактаби шўравӣ ба шумо мегўянд, эҷоди душманони ислом аст ва агар ба он ҳарфҳо бовар бикунед, кофир хоҳед буд.

Ҳамин тавр шонсе, ки 70 сол дар ихтиёри тоҷикон буд, хеле кам истифода гардид ва чанд олими машҳуре, ки дорем, парвардаи мактаби шўравианд. Зеро тавонистанд ба ҷаҳонбинии илмӣ соҳиб шаванд.

Мана баъди ду сол 20-солагии истиқлоли давлати нави тоҷикро ҷашн мегиранд. Ин як шонси аз замони шўравӣ ҳам бузургтар барои пешрафти афкори миллӣ буд. Мо аз он чӣ тавр истифода намудем? Як мисол: Ҳама адабиётшиносҳо аз нуқтаи назари динӣ ба тадқиқ осори адибони классик пардохтанд. Ва сар шуд яктарафа таҳлил намудани шеърҳои онон…

Барои чунин хулоса баровардан кофист, ки боре чанд ба суханрониҳои ин адабиётшиносон аз радио ва телевизион гўш кунӣ.

Афшини Истаравшанӣ,
Сидней.

Аз А.Истад:
Он чизе ки ман навишта будам, таассурот аз барномаҳои телевизиони давлатӣ буд. Телевизиони давлате, ки дар Қонуни асосиаш дунявӣ буда дар ин кишвар дин аз давлат ҷудост.

Яъне ин давлат вазифадор нест, ки ягон сомониро барои ягон дин харҷ бикунад.

Аз таассурот чунин хулоса баровардан амали донишмандона нест. Вазъро пурсишҳои социологӣ бояд муайян кунанд.

Ва вақте ки шумо 99 дар 100 мегўед, ибораи «ба тахмини камина»-ро ба кор бурдан беҳтар аст.

воскресенье, 18 января 2009 г.

Ватанпарвари ҳақиқӣ

Бо Рауф Маъруфӣ дар қабулхонаи самарқандии «Овози тоҷик» шинос шудаам. Замоне, ки ин қабулхона дар Чорсу буд ва баъд ба як ҳуҷраи ҳавлӣ-музеи устод Айнӣ кўчид. Ман доим Рауф-акаро ҳамроҳи Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода медидам. Ҳамфикри дигари инҳо донишманди соҳаи сохтмону архитектура марҳум Абдусалом Саидҷонов буданд.

Солҳои 1964-69 дар донишгоҳи Самарқанд таҳсил мекардам. Ба маҳфили адабии назди қабулхонаи «Овози тоҷик» (собиқ «Ҳақиқати Ўзбекистон») гоҳ-гоҳ Рауф Маъруфӣ низ меомаданд. Дастгоҳи суратгириашон доимо ҳамроҳашон буд. Акс мегирифтанд.

Табассуми зебое доимо чеҳраашонро мунаввар мекард.

Рўзе Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода гуфт, ки ба ғайри мадрасаву мақбараҳои намоён, бисёр ёдгориҳои дигари меъморӣ ҳастанд, ки аз ҷониби давлат ба қайд гирифта нашудаанд ва муҳофизат намешаванд. Вазифаи мо ватандўстони самарқандӣ ба несту нобуд шудани онҳо роҳ надодан аст. Бинед, - гуфт ў, - ҳамин ҳавлии устод Айнӣ дар рўйхат набуд. Онро ҳамвор кардани шуданд. Аммо бо кўшиши чанд ватанпараст пеши ин кор гирифта шуд. Ҳозир бо Рауф Махруфӣ меравему чандтои онҳоро аксбардорӣ мекунем. Сипас мо ба гузари Қўшҳавз рафта ба хонаҳо даромада меҳмонхонаҳои гачкории пурнақшу нигори асри гузаштаро пайдо кардем. Ба соҳибони он хонаҳо сўҳбат намуда ҳифзи он хонаҳои қадимаро таъкид намудем. Рауф Маъруфӣ бошанд, аксбардорӣ мекарданд.

Дар бозгашт Ҳамидзода ба ман гуфт: - Адашҷон, ту аз мо ҷавонтарӣ. Баъди сари мо ин вазифаи ҷамъиятӣ ба зиммаи ту вогузор мешавад.

Ҳамидзода дар садамаи автомобилӣ ҳалок шуд, Рауф Маъруфиро сактаи дил аз мо рабуд. Ду се сол пеш Саидҷонов низ аз олам гузаштанд.

Ман соли 1969 ба шаҳри Душанбе ба кор рафтам ва ба Самарқанд, моҳи августи соли 1993 баргаштам. Баъди чанд моҳ Рауф Маъруфӣ аз олам чашм пўшиданд. Рўзгори нобасомон имкон надод, ки бо ин марди хирадманд, ҷонфидои халқ, донишманди илми самарқандшиносӣ бафурсат сўҳбат дошта бошам. Дар бораи маънои нақшу нигорҳои ёдгориҳои меъморӣ хеле чизҳоро медонистанд.

Хеле хурсандам, ки кори падарро дар ин самт писари хушқаламашон Ҷамшед Маъруфӣ (ҳоло муовини директори маҷмўи ёдгориҳои Регистон) бо муваффақият давом дода истодаанд. Рауф-ака хеле озодалибос буданд. Дар танашон доимо костюми рангаш равшан, дар гарданашон доимо галстуки гулаш сурх ва куртаи сафеди зери пиҷакашон доимо тозаю озода ва ҳамаи либосашон хеле тозаю дарзмолдида буд.

Ҳам сиратан ва ҳам суратан рўшанфикри ҳақиқӣ буданд.

Ман дар боло таъкид кардам, ки табассуми зебое чеҳраашонро доимо мунаввар мекард. Ҳоло фикр мекунам, ки дар паси пардаи ин табассум ғамҳои дилашонро низ пинҳон мекардаанд. Яке аз фаъолон ва ташаббускорони гузоштанӣ пайкараи Рўдакӣ дар Самарқанд буданд. Агар аз як ёдгории таърихӣ кошине канда шуда ба замин афтад, гўё ки пораи дилашон канда шудаги барин ғам мехўрданд.

Ба хаёлам дар байни мо рўшанфикрон касе ин тавр дилсўзона ва амиқу ошиқона Самарқандро ба дараҷаи Рауф Маъруфӣ дўст намедошт. Ватанпарварӣ дар ватаншиносӣ реша дорад. Рауф Маъруфӣ қимати баланди ҳар як зарра хоки Самарқандро на танҳо медонистанд, балки барои ҳифзи он амалан мекўшиданд. Ва дар ёди онҳое, ки Рауф-акаро мешинохтанд ҳанўз ҳам намунаи ибратанд.

Агар Рауф Маъруфӣ зинда мебуданд, имрўз 70 – солагиашонро ҷашн мегирифтанд.

Хеле хурсандиавар аст, ки факултаи суханшиносии тоҷики донишгоҳи Самарқанд ҷашни ёдбуди шодравонро бо самимияти хос гузаронид.

четверг, 15 января 2009 г.

Ду ҷаҳонбинӣ

Яке аз блогхонҳо оиди мақолаи «Макри Ғарб» навиштааст, ки иллати оқибмондагиамон нисбат ба ғарбиён дар худи мост. Зеро мо дину мазҳабро мисли ғарбиён дар кунҷу каноре нагузоштаем ё таъсири онро суст карда натавонистаем. Яъне ақоиду хурофоти динӣ бар шуури миллати мо ҳоким гаштааст ва ба дасту пои афкори мо занҷир бастааст.

Ман чунин фикр намекунам. Дар ҷомеа ду хели ҷаҳонбинӣ хаст: Илмӣ ва динӣ.

Шахс ё диндор аст ё донишманд. Илм ва дин хилофи ҳамдигаранд. Онҳо бо ҳам буда наметавонанд. Албатта илми идеалистиро не, илми ҳақиқии материалистиро дар назар дорам. Он олимоне, ки ба дин бовар доранд, олимони дурўя ва дурўғинанд.

Масъала сари он аст, ки дар ҷомеа кадом ҷаҳонбинӣ нуфузи бештаре пайдо мекунад: ҷаҳонбинии динӣ ё ҷаҳонбинии илмӣ?

Барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро дида ба чунин хулоса омадам, ки дар ин ҷумҳурӣ ҷаҳонбинии динӣ наввад дар сад нуфуз пайдо кардааст. Оиди хирадгароӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ягон ҳарфе нест.

Блогхони мазкур иллати дигарро дар танбалӣ медонад. Пурсиданиям: Магар танбалӣ реша дар ҷаҳонбинӣ надорад?

вторник, 13 января 2009 г.

Макри Ғарб

Фикр кунед: Шумо даҳ сол кор ё мардикорӣ карда худрав ё сабукраве харидед, ки онро яке аз кишварҳои ғарбӣ сохтааст. Ин худравро дар он ҷо дар ду дақиқа месозанд. Шумо бошед даҳ соли умри худро барои ҷамъ кардани маблағи он сарф намудед. Хориҷӣ барои харидани меҳнати даҳсола ё панҷсола ё дусолаи шумо ҳамагӣ ду дақиқа вақт сарф намуд. Пас кӣ ғулому кӣ ғуломдор аст?

Бархе аз рўшанфикрон, аз ҷумла Ризо Фозилӣ, ки аз TV Channel 6 барномаи худро доранд, мегўянд, ки ғарбиён, аз ҷумла Инглистон барои идомаи сиёсати истеъмории худ дини исломро пуштибонӣ мекунад. Инглиси консерватив чунин ақида доштааст, ки то вақте ки дар кишварҳои Ховар ислом ҳукмрон аст, пешрафти фикрӣ , илмӣ, фановарӣ нахоҳад шуд, саноати пешрафта нахоҳад буд ва дар натиҷа маводи хоми кишварҳои ховари мусалмонро аз нафту газ то пунба маводи хомро арзон харида аз он маҳсулот сохта ба худи мардуми Ховар бо қиммати гаронтар фурўхта метавонанд. Барои он ки мусалмонҳои олам муттаҳид нашаванд, онҳо мазҳабҳои гуногуни исломро тақвият мебахшидаанд. Барои ба вуҷуд овардани мазҳаби ваҳҳобия хадамоти ҷосусии инглис хеле корҳо кардааст.

Дар Тоҷикистон бояд хушёр буд, ки байни сунни мазҳабон ва исмоилиёни бадахшӣ зиддият эҷод накунанд. Ба ин сабаб ба сар баланд кардани ягон мазҳаб чӣ салафиву чӣ ҳанафӣ набояд роҳ дод.

Ғарб метавонад ба садҳо олимони худ супориш диҳад, ки алайҳи дини ислом китобҳои илмӣ нависанд. Дар натиҷа дини ислом метавонад ё аз байн равад ё таъсири он сусттар шавад.

Аммо ин тавр намекунад, зеро ҳадафаш асосан ҳифзу густариши сиёсати нави истеъмории иқтисодист. Чаро аз Салмони Рушдӣ дифоъ мекунанд? Салмони Рушдӣ ба дини ислом хатаре надорад, зеро донишманд нест. Салмон нависанда аст ва асари ў «Ояҳои шайтонӣ» ба адабиёти бадеӣ тааллуқ дорад. Адабиёти бадеӣ бошад, эҷоди хаёлоти нависанда аст. Ва бар зидди дини ислом далел буда наметавонад.

пятница, 9 января 2009 г.

Тоҷик ё мусалмон?

Як муаллифи блоги Андеша навиштааст, ки ҳар сол дар Руссия садҳо мардикори тоҷик кушта мешавад, аммо мусалмонҳои Тоҷикистон алайҳи ин бераҳмӣ не, балки балки алайҳи ҳуҷуми Исроил ба минтақаи Ғаззаи Фаластин намоишҳои эътирозӣ кардаанд.

Дирўз як тоҷири самарқандӣ нақл кард: Ба Чин сафар накарда будам. Бо чанд тоҷири самарқандӣ моҳи гузашта ба шаҳри Урумчии Чин бирафтем. Чун ба фурўшгоҳе даромадем, он ҷо фолбини чинӣ нишаста буд ва ба ман гуфт: - Ту тоҷик ҳастӣ. Ман гуфтам, ки аз чеҳра муайян кардан душвор нест. Ў илова кард: - Бо миллати худ ифтихор дорӣ. Ин гапаш рост, ки буд, майлам зиёд шуд.

Дидам, ки чанд нафар тоҷирони тоҷик аз Тоҷикистон он ҷоянд, ба онҳо ишора карда гуфтам: - Тоҷикони асил онҳоянд. Ба забони мо самарқандиҳо таъсири забони ўзбекӣ ҳаст. Фолбини чинӣ гуфт: - Не, онҳо тоҷик нестанд, онҳо мусалмонанд.

Тоҷирони самарқандӣ маро аз ў дур карда гуфтанд: - Дур шав аз ў, ки ҳоло пулҳоятро кашида мегирад. Ман ҳам пас аз ин доим меандешам: Агар ислом ҳуввияти миллии моро нест карда бошад, пас мо чӣ бояд кунем?

Ба ёдам расид, ки чанд сол пеш як эронӣ (коргардони синамо) ба Самарқанд омада буд. Аз ман хоҳиш кард, ки дар аксбардории ёдгориҳои меъморӣ роҳбаладаш бошам. Ҳар нақше, ки дар ёдгориҳо медид, мегуфт: - исломие!

Сипас гуфтам: - Ин свастикаҳо, ин салибҳо, ин шеру хуршед дар он замонҳое, ки ҳанўз ислом вуҷуд надошт, дар Осиёи Марказӣ буданд. Бираву ёдгориҳои Яссавиро бубин, девораш пур аз свастика аст!

Он солҳо дар Самарқанд ресторанҳои бешароб набуданд. Чун хеле мутаассиб буд, барояш чунин ошхонаро пайдо кардан мушкил шуд. Сипас як ресторанро интихоб кардем, ки мудираш ба ҳаҷ рафта омада буд. Аммо дар он ҷо низ ба ногоҳ дид, ки дар як канори толор рўи мизе шишаи шаробе истодааст. Ба нишони эътироз зуд аз ҷой хест ва худро аз дар ба берун зад. Дар Самарқанд масҷидҳо зиёданд, аммо кўшиш мекард, ки намозашро танҳо дар як масҷиде, ки имомаш шиист, адо кунад. Сипас аз чунин мазҳабтарошию таассуби динии ў чунон дилтанг шудам, ки чанд рўз пеш аз поёни навобардории филм ба сараш дод задам: - Ту иронӣ нестӣ! Ту иронӣ нестӣ!

Ва тарки роҳбаладии ў намудам.

Бароям аҷиб ин буд, ки бо шунидани дашноми «Ту иронӣ нестӣ!» вай бояд эътироз мекард, асабонӣ мешуд ва ғайра. Аммо баракс хурсанд буд ва табассум мекард. Хурсанд буд, ки ўро ту иронӣ нестӣ, мегўянд. Яъне барои ў иронӣ набудану исломи будан беҳтар аст.

Фикр кардам, ки дашноми ман маънои «ту падари худро намешиносӣ, яъне ҳаромзодаӣ»-ро дорад. Аммо ин тавр набудааст. Барои ў танҳо мусалмон будан мояи ифтихор будааст. Дигар ҳама арзишҳои фарҳангии миллӣ ҳеҷанд.

четверг, 8 января 2009 г.

Блоги шоир Дилшоди Фарҳодзод

Бонуи самақанди Дилшоди Фарҳодзод блогеро таҳти унвони Меҳроин http://mehroin.blogspot.com/ таъсис дод, ки табрик мекунам.

Ў устоди факултаи сухансиносии донишгоҳи Самарқанд буда китоби нахустини шеърҳояшро чоп кардааст.

суббота, 3 января 2009 г.

Номаи Афшин ба А.Истад

Дуруд ба созандаи Герби шердор!

Устоди арҷманд! Дар як мақолаатон навиштед, ки миллат бе камоли матлуб ба пешрафти зарурӣ ноил шуда наметавонад. Камоли матлуб ҳамон энержии ба чашм ноаёни дохилист, ки миллатро барои расидан ба мақоми баландтар таҳрик медиҳад. Масъала пеш гузоштед, ки рўшанфикрони Тоҷикистон бояд чунин камоли матлубро эҷод кунанд. Фикратон сад дар сад дуруст аст. Аммо ба андешаи камина иҷрояш дар шароити кунунӣ номумкин аст. Чаро?

Рўшанфикрони Тоҷикистон ҳоло дар оқибмондагии фикрӣ қарор доранд. Онҳо китобҳоеро, ки барои пешрафти фикри заруранд, намехонанд. Онҳо ҳатто аз антеннаи моҳвораӣ канали 6-ро, ки ҳар рўз соати 20-и вақти Душанбе Ризо Фозилӣ як соат оиди ба ҳеҷ як мантиқ мувофиқат надоштани ояҳои Қуръон сухан меронад, намебинанд.

Замони шўравӣ ҳол беҳтар буд. Мафкураи ҳоким бар алайҳи хурофот ва ақоиди асримиёнагии мазҳабӣ, динӣ ва ғайра мубориза мекард. Ҳоло ба дараҷае поин рафтаанд, ки устухонҳои Имоми Аъзамро аз гўри кўҳна гирифта ба он либоси замонавӣ пўшонида, ба қавли эрониҳо ба гарданаш каравот зада мехоҳанд улгу, доҳӣ ё чароғи роҳнамои миллат қарор диҳанд. Худатон шоҳид будед, ки дар ҳақи имоми Ғазолии Хайёмкушу Синокуш чӣ мадҳияҳое аз забони олимони тоҷик садо дод.

Оё онҳо бо чунин савияи дониши асримиёнапарастӣ метавонанд, ки барои миллати Тоҷикистон камоли матлуб эҷод кунанд?

Афшини Истаравшанӣ

Аз А.Истад:


Ман барои посух ба ин суол тайёр нестам. Рўшанфикрони тоҷик якранг нестанд. Бовар дорам, ки масалан Акбар Турсун аз ин тоифа нест. Аммо садои ин тоифаи ба пешрафти фикрӣ расида ё нест ё ба дараҷаест, ки ба ҷомеаи Тоҷикистон таъсир расонида наметавонад.

Аз он китобҳое, ки Ризо Фозилӣ аз тариқи канали 6-и моҳвораӣ хондани онҳоро барои пешрафти фикрӣ зарур мешуморад, ҳатто якеро ҳам дар Тоҷикистон нашр накардаанд. Худи ман ҳам аз онҳо хабар надорам, ба ин сабаб дар ин бора чизе гуфта наметавонам.

Аммо аз суханрониҳои рўшанфикрони тоҷик, ки аз тариқи ТВ намоиш меёбад, ба чунин хулоса омадаам, ки онҳо тарҷумаи форсии Қуръонро нахондаанд ва оиди ҳарфҳои он андеша накардаанд.

То вақте ки миллат камоли матлуб надорад, президенти кишвар ягон хел ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида наметавонад. Мазмуну мўҳтавои барномаҳои ислоҳотиро танҳо аз рўи талаботи камоли матлуб таълиф метавон кард.

Бубинед, ки дар вақти муҳокимаи пешниҳоди президент оиди танзими маъракаҳо рўшанфикрони тоҷик чӣ карданд? Онҳо саҳеҳ ва бо қатъият гуфта натавонистанд, ки ин ё он маърака тоҷикӣ нест ё ориёӣ нест ва онҳоро ботил кардан лозим аст.

Ба ҳамин сабабҳо посухи суоли шуморо ба худи рўшанфикрони тоҷик ҳавола мекунам.

Ҳавола мекунаму бовар надорам, ки посухи комил бигиред. Соли фарҳанги ориёиро чӣ тавр гузарониданд, дидаед. Агар ҳама рўшанфикрони тоҷик камарро маҳкам баста ба эҳёи фарҳанги ориёӣ мекўшиданд, фикри оммаро хеле пеш бурда метавонистанд. Аммо ин кор иҷро нашуда монд.

Дурўягӣ хоси бисёри онҳост. Ҳамонҳое, ки оиди арзишҳои бузурги фарҳанги ориёӣ сухан ронда ба ғосибони араб, ки ин фарҳангро наввад дар сад аз байн бурданд, лаънат мефиристоданд, акнун оиди бузургии арзишҳои фарҳанги исломӣ дар мисоли осори имом Ғазолӣ ва имом Абўҳанифа ҳарф мезананд.