среда, 21 января 2009 г.

Навваду нўҳ дар сад?

Шумо навиштаед, ки дар Тоҷикистон ҷаҳонбинии динӣ наввад дар сад афзоиш кардааст. Ман мегўям, ки навваду нўҳ дар сад. Як фоизи ғайридин мўйсафедҳои коммунистанд, ки солҳои наздик ҷои худро холӣ мекунанд.

Тоҷикон шонси пешрафти афкори миллиро ҳанўз дар замони шўравӣ аз даст дода буданд. Бачаҳои тоҷик аз мактаби шўравӣ, ки ба хона бармегаштанд, пеши мулло мерафтанд ва мулло ба онҳо доимо мегуфт: - Он чизҳое, ки муаллимон дар мактаби шўравӣ ба шумо мегўянд, эҷоди душманони ислом аст ва агар ба он ҳарфҳо бовар бикунед, кофир хоҳед буд.

Ҳамин тавр шонсе, ки 70 сол дар ихтиёри тоҷикон буд, хеле кам истифода гардид ва чанд олими машҳуре, ки дорем, парвардаи мактаби шўравианд. Зеро тавонистанд ба ҷаҳонбинии илмӣ соҳиб шаванд.

Мана баъди ду сол 20-солагии истиқлоли давлати нави тоҷикро ҷашн мегиранд. Ин як шонси аз замони шўравӣ ҳам бузургтар барои пешрафти афкори миллӣ буд. Мо аз он чӣ тавр истифода намудем? Як мисол: Ҳама адабиётшиносҳо аз нуқтаи назари динӣ ба тадқиқ осори адибони классик пардохтанд. Ва сар шуд яктарафа таҳлил намудани шеърҳои онон…

Барои чунин хулоса баровардан кофист, ки боре чанд ба суханрониҳои ин адабиётшиносон аз радио ва телевизион гўш кунӣ.

Афшини Истаравшанӣ,
Сидней.

Аз А.Истад:
Он чизе ки ман навишта будам, таассурот аз барномаҳои телевизиони давлатӣ буд. Телевизиони давлате, ки дар Қонуни асосиаш дунявӣ буда дар ин кишвар дин аз давлат ҷудост.

Яъне ин давлат вазифадор нест, ки ягон сомониро барои ягон дин харҷ бикунад.

Аз таассурот чунин хулоса баровардан амали донишмандона нест. Вазъро пурсишҳои социологӣ бояд муайян кунанд.

Ва вақте ки шумо 99 дар 100 мегўед, ибораи «ба тахмини камина»-ро ба кор бурдан беҳтар аст.

Комментариев нет: