суббота, 26 ноября 2022 г.

Баҳори пур аз нафосату меҳрубонӣ

На ҳар  кас метавонад ҷамъиятро дигар кунад. Донишмандони улуми инсоншиносӣ мегӯянд, ки агар дар ҳамон давлат  шароити хуб барои тавлиду тарбия ва зиндагии чунин шахсиятҳо мавҷуд бошад, теъдоди онҳо танҳо се дар сади аҳолӣ хоҳад буд. Театр ва синамо, адабиёт дар пайдоишу афзоиши теъдоди чунин шахсиятҳо нақши муҳим доранд. Ба ин қатор фалсафа низ дохил мешавад.

 

Барои он ки театр вазифаи худро комилан дуруст иҷро кунад, яъне дар ботини тамошобин катарсис ба вуҷуд оварда тавонад, омилҳои пуртаъсире лозиманд. Коргардони боистеъдод, ҳунарпешаи боистеъдод, рассому композитори бомаҳорат аз омилҳои асосианд. Аммо агар театршинос набошаду бурду бохти ин эҷодкоронро таҳлил накунад, дар санъати театрӣ пешрафт нахоҳад буд.

 

воскресенье, 20 ноября 2022 г.

ҶӮРАХОН БАҚОЗОДА . ДАРДИ МИЛЛАТ ДАРДИ ӮСТ

Он масъалаҳои муҳим ва рӯзмаррае, ки имрӯз моро сахт ба ташвиш овардааст, дар офаридаҳои иддае аз нависандагон дар перояи бадеӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, ки яке аз ин қабил адибони ҳассос ва шинохтаи тоҷик Адаш Истад мебошад.

среда, 16 ноября 2022 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 3

 [мақолаи сеюми китоби дуюм]

 Нон дар нондон, калидаш дар осмон. Ин мақол мисли мақоли ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем аст. Аввалиро дар мавриди коре мегӯянд, ки ҳалли он дар ихтиёри инсони хокӣ нест.

 Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо.

 Дил дили Зайнаб, яъне зан як мӯъҷизаест, ки то дили онро ба даст наорад, зиндагии мард ноосуда хоҳад буд.

вторник, 1 ноября 2022 г.

Савдои мошин

[ҳикоя]

 

Профессор Мавлон Амон баногоҳ дар хона эълон кард, ки Мерседеси кӯҳнаи худро мефурӯшад.

 

Занаш эътироз кард: - Бору бисотамон ҳамин як мошин аст, нафурӯшед. Нафақаамон ба рӯзгор мерасад. Ба чизе зор нестем.

 

- Аммо ин набераписарамон мошинро мешӯям гуфта маро фиреб карда ба кӯчаи сермошин бароварда истодааст. То мойка (мошиншӯйхона) роҳ анчекак. Худо нахоста ягон фалокат нашавад мегӯям,- гуфт профессор.