четверг, 4 января 2024 г.

Мероси падарбузург

Падарбузурги ман Аминҷон ибни Бозор ибни Тилло будааст. Барвақт вафот карда буд. Коргари фабрикаи чойкадоқкунии Самарқанд будааст. Ӯ се писар доштааст ва аз ҳама калонӣ падарам Истад будааст. Баъди вафоти бобом дар 17 солагӣ таъмини рӯзғор ба зиммаи падарам меафтад. Вақте ман 3-4 сола будам, модарбузурги ман Калонона зинда буд ва ба ӯ ман дастёрӣ мекардам.

 

Аминҷонбобот таомро бе ягон камбағал намехӯрд саховатманд буд, аз бонки русӣ қарз мегирифту камбағалонро зиёфат мекард. Баъд қарзро ман медодам, мегуфт падарам.


Бонкҳои Русияи подшоҳӣ қарзро бо фоизи калон медоданд.

 

Як шоири тоинқилобии Самарқанд байте дорад:

Аз бонка шикоят кунам эй аҳли ватан,

Аз зинда ватан рабояд, аз мурда кафан.

вторник, 2 января 2024 г.

Падарам


 Падарам Истад Аминҷонов газета, китоб намехонд. Соли таваллудаш 1895. Соли 1941 ба ҷанг рафта 1945 баргашт. Соли 1946 ман таваллуд шудам. Яъне дар ин сол ӯ 51-сола буд. Дар колхоз деҳқони оддӣ буд. Баъд бо устоҳои гилкору хонасоз кор мекард. Дар замони пиронсолӣ барояш корҳои сохтмонӣ душворӣ кард ва ӯ дар як чойхонаи назди бинои райкомпартия, ки дар минтақаи Хоҷа Аҳрор буд, самоворчӣ шуд.

 Вақте ки ман дар донишгоҳи Самарқанд таҳсил мекардам, синни падарам аз 70 гузашта буд, ва ман баъди дарс чӣ дар мактаби миёна ва чӣ дар донишгоҳ ба чойхонааш омада ба ӯ кӯмак мекардам.

 Падарам савод надошт, аммо ҳаётро хуб медонист. Дуртар аз ин чойхона Шӯъбаи ноҳиявии милитсия буд. Милисаҳо баъди таоми нисфирӯзӣ ба чойхонаи падарам нишаста чойи сабз нӯшиданро хуш доштанд. Ҳамаи онҳо падарамро эҳтиром мекарданд.

 Рӯзе ду гурӯҳ мардони 60-70-сола омада дар ду кати калоне нишастанд. Ман ба онҳо чой бурда додам. Як гурӯҳ лӯлиҳо буданд, гурӯҳи дигар тоҷикон. Гурӯҳи лӯлиҳо ба гурӯҳи тоҷикон “очетона аз Учқурғон нишон митием” гуфта дӯғ мезаданд. Тоҷикон сар хам карда менишастанд, хеле ғамгин буданд.

 Падарам фаҳмид, ки дахолат накунад, намешавад.

 Аввал ба назди лӯлиҳо рафта аҳволро фаҳмид. Баъд ба назди гурӯҳи тоҷикон рафта маслиҳат кард. Шунидам, ки ба тоҷикон мегуфт:

  - Бачаҳои шумо духтари лӯлиро беномус кардааст. Ин ҷинояти сахт аст. Ҳар як фарзандатон 15-солӣ маҳкум ба ҳабс мешавад, зеро ҷинояти гурӯҳӣ содир шудааст. Лӯлиҳо аризаи худро пас мегиранд, агар яке аз бачаҳои шумо ба занӣ гирифтан розӣ шавад, хароҷоти тӯй ба гардани ҳамаатон.

 Тоҷикон дудила шуда фикр карда монданд.

 Падарам илова кард, ки баъди 15 соли ҳабс фарзанди шумо дигар одами хуб  намешавад ё не, маълум нест. Дар ҳабсхона ба номуси онҳо таҷовуз мешавад. Аммо як кас ба гардан гирад, дигар ҷони худаш ва ҳафт нафарро наҷот медиҳад.

  - Оё милиса даъво намекунад?- пурсид яке.

  - Не, даъво намекунад, лӯлиҳо розианд, ки духтар мегӯяд, ки бо ҳамин як нафар  алоқа кард ва вайро дӯст медошт. Милисаҳои мо одамони нағзанд, ҷавонмарг шудани бачаҳоро намехоҳанд.

 Мӯйсафедони гурӯҳи тоҷикон аз кат фаромада бо навбат падарамро ба оғӯш кашаданд. Аз чашми онҳо ашки шодӣ равон буд.

 Баъд гурӯҳи тоҷиконро барои маслиҳати тӯй ба назди гурӯҳи лӯлиҳо бурд. Лӯлиҳо низ хурсанд буданд ва ба падарам миннатдорӣ мекарданд.


Экология

 [афсона]

 Худо дар ғазаб шуд. Ӯ ба Ҷабраил гуфт: - Ин одамзодаҳо кай одам мешаванд? Боз Одам ва Ҳаввои нав созам? Боз дар биҳишт онҳоро бисанҷам?

  - Намешавад,- гуфт Ҷабраил  дуду газҳои заҳрноки онҳо кайҳо дарахтонии биҳиштро хушкондаанд.