четверг, 4 января 2024 г.

Мероси падарбузург

Падарбузурги ман Аминҷон ибни Бозор ибни Тилло будааст. Барвақт вафот карда буд. Коргари фабрикаи чойкадоқкунии Самарқанд будааст. Ӯ се писар доштааст ва аз ҳама калонӣ падарам Истад будааст. Баъди вафоти бобом дар 17 солагӣ таъмини рӯзғор ба зиммаи падарам меафтад. Вақте ман 3-4 сола будам, модарбузурги ман Калонона зинда буд ва ба ӯ ман дастёрӣ мекардам.

 

Аминҷонбобот таомро бе ягон камбағал намехӯрд саховатманд буд, аз бонки русӣ қарз мегирифту камбағалонро зиёфат мекард. Баъд қарзро ман медодам, мегуфт падарам.


Бонкҳои Русияи подшоҳӣ қарзро бо фоизи калон медоданд.

 

Як шоири тоинқилобии Самарқанд байте дорад:

Аз бонка шикоят кунам эй аҳли ватан,

Аз зинда ватан рабояд, аз мурда кафан.

 

Аз падарбузургам якчанд гектар замини лалмӣ дар дашти Оҳалик, токзори калон дар деҳа мерос мондааст. Падарам мебинад, ки бо ин мерос таъмини хӯроку пӯшоки оила имконнопазир аст, дӯкони баққолӣ мекушояд. Ин амали ӯ замоне буд, ки болшевикон заминҳоро аз деҳқонон кашида гирифта ба колхоз, яъне хоҷагиҳои ҷамъиятӣ медоданд. Болшевикҳо на танҳо заминҳои кораму токзор, аспу ароба балки ягона гови ҷӯшоии падарамро низ мусодира кардаанд.

 

Чунин фоҷиа ба таъмини ғизои хонавода таъсири бад доштааст ва аввал фарзанди аввали падарам Қимат ва баъд завҷаи ягонаи ӯ вафот мекунад.

 

Баъд комиссияи кулаккунии болшевикон ба бадарға карда ба Сибир фиристодани падарам қарор мебарорад. Сабабаш соҳиби дӯкони баққолӣ доштанаш будааст. Комиссия одатан шабона қарор бароварда ба милиса медодааст, то ки кулакшуда хабардор шуда нагурезад ва ӯро саҳар аз ҷои хобаш дошта бурда ба вагонҳои кулакшудагон ҳабс кунанд.

 

Яке аз узви комиссия аз одамони раҳмдил будааст ва гуфтааст, ки Истад тоҷири боинсоф аст, вайро чанд бор санҷидаанд, ки ба маҳсулоти харидааш аз панҷ фоиз зиёд нарх намемонад.

 

Аммо  аъзои дигари комиссия сухани ӯро ба эътибор намегиранд ва як нафар хеста мегӯяд, ки ӯ ароба низ дорад. Ва он узви раҳмдили комиссия шабона ба ҳавлии падарам омада мегӯяд, ки ӯро кулак карданд ва ягона илоҷ оиларо партофта ба ягон ҷои дур гурехта рафтан аст.

 

Падарам ҳамон шаб ба сафар мебарояд. Ва дар истансаҳои роҳи оҳани Ашқобод-Тошканд корҳои гуногунро иҷро мекунад. Маблағи пайдо кардаашро шабона омада ба аҳли байташ дода чашми рӯз накафида боз ба ягон истанса меравад.

 

Ӯ дар як истанса бо як ҳамдеҳааш телпакдӯз, ки корхоначаи хурде кушода ҳамроҳи 4-5 нафар шогирдон телпакдӯзӣ мекардааст, дучор мешавад, ки ӯ низ мисли падарам гуреза будааст. Падарам ва он телпакдӯз дар фабрикаи чой бо русҳо кор карда бо русӣ гап заданро омӯхта буданд. Ва инжинер ё роҳбари истансаро ин сифати онҳо хуш омада, бо онҳо сӯҳбат мекардааст. Рӯзе мегӯяд, ки дар истанса нарасидани об проблемаи калон. Як манбаи об ҳаст қариб як километр дур. Бо ҷӯй об овардани шудем, заминаш регзор, то мо об омада намерасид, замин кашид.

 

Дар деҳаи мо Ӯташик хумдони хишти пухта ва зарфҳои кулолӣ вуҷуд доштааст. Падарам ба ёд меорад, ки дар он хумдон барои тарнови бом қубур, яъне лӯлаи об низ аз лой сохта мепухтанд. Он вақт лӯлаҳои оҳанӣ ҳанӯз дастнорас будааст.

 

Падарам мегӯяд, ки мо қубури сафолӣ сохта обро бе талафот то истанса мебиёрем. Агар шумо ба мо хумдон созед ва ба хумдон ангишт диҳед. Ин пешниҳоди ӯро урус бо хурсандӣ мепазирад. Ва кор авҷ мегирад. Қубурчаҳои сафолии якметраи даҳани як тарафаш васеъ сохтаанд, ки ба ҳамдигар пайванд карданаш осон бошад.

 

Он инжинери урус доим мегуфтааст: - Ман ба шумо қоил. Ҳамин фикр ба сари ман наомада буд, вале ду тоҷики нохонда ин масъалаи мушкилро ҳал карданд.

 

Баъди он ки маъракаи кулаккунӣ ба охир мерасаду комиссияҳои кулаккунӣ барҳам хӯрд, падарам ва устои телпакдӯз ба деҳа бармегарданд ва ба колхоз медароянд.

 

Ҳавлии телпакдӯз аз шаш хона иборат буд, болшевикон онро мусодира карда ба мактаби деҳа дода буданд. Ман чор соли аввал дар ҳамин мактаб, ки фаршаш хокӣ буда тирезачаҳои хурде дошт, таҳсил кардаам.

 

Падарам дар бораи солҳои қаҳтӣ, ки болшевикон бо баҳонаи сиёсати продразвертка ҳосили гандумро аз деҳқонҳо кашида мегирифтаанд, нақл намекард. Барояш нақли он солҳои мудҳиш, ки мардум тӯда-тӯда дар кӯчаҳо аз гуруснагӣ варам карда мемуранд, ва дар ин солҳо як фарзанду зани якумаш мурда буданд, хеле гарон буд. Танҳо як бор гуфт, ки камтар бошад ҳам кунҷора хӯрдем. Ба ҳамаи ин Сталин гунаҳкор. Дар ҷанг мо осиёмиёнагиҳоро бе машқи пешакӣ, омӯхтани тирпарронӣ ба хандақ даровард, ва бисёр ҳамватанҳомон ба ин сабаб қурбон шуданд. Боз як бор гуфта буд: - Мо дар замони Сталин хун мемезидем.

 

Соли 1953-ро дар ёд дорам, ки мардуми соддаи мо вафоти Сталинро шунида гиря мекарданд.

 

Падарам дар чойхонаи гузар ин хабарро шунида ба хона омада гуфт: - Хайрият, ки Худо ҷони Сталинро гирифт. Ин пирхар халқро бисёр азоб дод.

 

Саховатмандии бобом ба падарам мерос монда буд. Масалан агар ягон кас, катъи назар аз кадом миллат аст, дар чойхона нишаста чой хӯрда пули чойро надода равад, чизе намегуфт. Ба ман низ мегуфт, ки барои 5-10 тин одамро дар хиҷолат монондан лозим нест. Эҳтимол фаромушхотир будагист, ё пул надоштагист.

 

Баъзе касон чойнику пиёларо ба сумка андохта мебурданд. Падарам дар ин ҳолат низ ором буд ва мегуфт: - Камбағал будагист, эҳтиёҷ доштагист. Савобаш ба мо мерасад.

 

Ман аз хонаамон чойники чинии дигар оварда ба ҷои он мемондам, зеро дар ревизия кам бурод, падарамро ҷавобгар мекарданд.

 

Падарам 5 августи соли 1978 вафот кард. Рӯзҳои охири умр бистарӣ буд. 83 сол дошт. Ман отпуск гирифта аз Душанбе ба Самарқанд омада бемордорӣ кардам. Шабҳо хобаш намебурд, дардаш зӯрӣ мекард. Ман низ дар натиҷаи як моҳӣ бехобӣ хеле азоб кашидам. Падарам мегуфт, агар азобҳои Сталин ба сари халқ оварда намебуд, ман камаш сад сол умр медидам. Воқеан қоқандому чакачандир буд. Ёд дорам, вақте як ҳамдеҳаи мо ҷовони сарҳуш оби ҷӯи моро дуздида дашном дод, падарам ӯро ки қаддарозу боқувват буд, рост аз миёнаш гирифта ба даруни ҷӯйи пуроб зад.

 

Дар фотеҳахонӣ як устои наҷҷор, ки дар сохтмони иморатҳо бо падарам ҳамкор будааст, пеш аз рафтанаш ба ман гуфт: - Инҳо одамони кӯҳна чанги меҳмонхона хӯрда буданд, покиза буданд. Навбуромадҳо дигар хеланд. Ҳамин гап дар ёдат бимонад.

 

Чанги меҳмонхона хӯрдан ба маънои он аст, ки дар ҳар гузару деҳи Самарқанд чандин меҳмонхона буду шабҳои дароз дар он Шоҳнома, Абӯмуслимнома, Маснавӣ барин асарҳоро хонда гӯш мекарданд.

Комментариев нет: