пятница, 24 октября 2008 г.

Бад магўй!

Як нафар ба даст қалам гирифтааст ва ҳар чизи манфие, ки дар эрониҳо дидааст, рўи қоғаз овардааст. Кори саҳл буд, агар танҳо рўи қоғаз мебуд. Ва чунин амал бори аввал мушоҳида намешавад.

Бумага все стерпит – яъне – қоғаз ба ҳамааш тоб меоварад мегўянд русҳо. Аммо ин навиштаҳо дар Интернет дар блоги Андеша истодаанд ва мисли ҳукмномаи як каси бо эрониҳо бисёр таҷрибаи ҳамкорӣ дошта бетаъсир нахоҳад буд.

Мақсад аз ин навиштаҳои ў чист? Оё мехоҳад, ки эрониҳо ҷиҳатҳои манфии худро бифаҳманд ва ба ислоҳи он ҷаҳд кунанд? Дар ин сурат блоги Андеша ба сабаби ҳуруфи кириллӣ байни эрониҳо хонандаи зиёде надорад. Масъала ин аст, ки хислатҳои манфӣ байни худи мо тоҷикон низ кам нест ва агар ин хислатҳоро ягон эронӣ ҷамъоварӣ кунаду дар матбуоти Эрон ба хати форсии арабӣ нашр намояд, мо тоҷикон чӣ хоҳем гуфт?

Ҳатман хоҳем гуфт, ки эй фалонӣ, чаро танҳо бо ранги сиёҳ тасвирамон мекунӣ, наход ки ягон сифати хуби халқи тоҷикро надидаӣ?

Боз хоҳем гуфт, ки аз нашри чунин гапҳо мақсад чӣ буд? Барангехтани нафрат байни тоҷику эронӣ ё наздиктар кардани онҳо?

Сухан танҳо оиди як қавм нест. Эрониҳои Эрон танҳо аз мардуми форс иборат нестанд, турку араби зиёде он ҷо сокинанд.

Ҳоло замонест, агар касе бигўяд, ки халқи ўзбек фалону беҳмадон тоҷикон бо тааҷҷуб ба ў нигоҳ мекунанду бо таассуф сар хоҳанд ҷунбонд, ки ақлаш костааст.

Зеро мо тоҷикон бо ўзбекҳо ҳамсоя, ҳамзамин, ҳамтабақ ҳастем, онҳоро хуб мешиносем, медонем, ки халқи ўзбек умуман хеле одамдўст ва меҳрубон аст.

Агар чунин суханҳои манфӣ нисбати эрониҳо гуфта шавад, каси зиёде пайдо намешавад, ки эътироз кунад. Сабаби ин хеле аз марзҳои тоҷикӣ дур мондани эрониҳост. Аммо камина дар таҷрибаи ҳаётиам бисёр мушоҳида кардаам, ки аз фарҳангиёни эронӣ онҳое, ки бар сари халқи тоҷик ду-се қарни охир чӣ фоҷиаҳо омадааст, огоҳанд, ба тоҷикон хеле самимитар муносибат мекунанд ва агар лозим шавад, кўмаки худро дареғ намедоранд.

Сабаби асосии камбинии эрониҳо нисбати тоҷикон зарари бузургу ҷиддиест, ки фарҳанги тоҷик асрҳои охир дидааст ва он муҷиби камфарҳангии мардуми тоҷик гардидааст.

Масалан, як асри охир ба сари мардуми тоҷик чӣ қадар фоҷиаҳо омад? Китобсўзӣ, қатлу ҳабсу бадарғаи рўшанфикрони асил, ду бор дигар кардани хату алифбо ва билохир ҷанги шаҳрвандӣ, ки хеле аз соҳибонӣ қалам кушта шуданд.

Гарчанде дар замони шўравӣ ташкили ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи мусбат буд, боз ҳам мо тоҷикон бо халқҳои дигари шўравӣ дар як маҳбаси оҳанин будем, имкони дастёбӣ ба дастовардҳои илмиву маърифативу фарҳангии ҷаҳонӣ хеле кам буд.

Дур равем то Масков мерафтем, аммо ҷавонони эронӣ дар Порису Лондон таҳсили илм мекарданд. Ба ҳамин ваҷҳ онҳо аз шеъри модерн ва ҳар чизи мусбате, ки дар Ғарб буд, пештар ва бештар аз мо баҳра бурданд. Сабаби пешрафти насри бадеии тоҷик боз ҳам мактаб қарор гирифтани насри классики рус Гогол, Чехов, Толстой, Достоевский дар ҷаҳон буд.

Ба ин сабаб ибораи «камфарҳангии тоҷикӣ» як ҷамъбасти шартии умумист, фарҳанги тоҷик дастовардҳои вижае дорад, ки барои эрониҳо ҷолиб аст. Аммо ин дастовардҳо дар адабиёт, мусиқӣ, наққошӣ он қадар бузург нестанд, ки мо бо дилпурӣ бигўем: соҳиби пешрафти фарҳанги гардидаем.

Дар се даҳсолаи охир эрониҳои ба Ғарб кўчбаста тавонистанд, ки фарҳанги навинро ҳифз ва ривоҷ бахшанд, студияҳои телевизионии форсии зиёде таъсис диҳанд ва мусиқии ба рақобат тобоварро эҷод намоянд.

Чаро мо тоҷикон клипҳои баландсифат эҷод карда наметавонем, ки тавассути ин студияҳои телевизиони пахш бигарданд?

Рўшанфикрони тоҷик гумон мекунанд, ки ҳар як эронӣ аз ин воқеаҳо хабардор аст. Аммо ин тавр нест. Бисёре аз эрониҳо фикр мекунанд, ки сабаби камфарҳангиву камдонишии мо аз танбаливу беғайратист.

Мо барои шиносондани халқи тоҷик ба мардуми эронӣ қариб, ки коре накардаем. Ташаккур ба оқои Шеърдўст, ки чанд китоби адиби тоҷикро дар Эрон чоп кардааст, аммо ин ва корҳои дигар он қадар каманд, ки тасаввуроти эрониҳоро нисбати тоҷикон чуноне ки бояд, шакл надодаанд. Офарин ба Мирзо Шакурзода, ки ин муамморо аз ҳамаи мо рўшанфикрони тоҷик бештар ва амиқтар дарк намуд ва китобҳое, ки дар Эрон ба табъ расонд, ғановати бузурги фарҳанги тоҷикиро муаррифӣ намуд.

Доктор Масъуди Миршоҳӣ дар Порис шеъри бонувони порсигўи Ўзбекистонро дар китоби «Дурри дарӣ аз Самарқанд то Бухоро» нашр кард. Чунин корҳо ҳастанд.

Аммо садҳо чунин корҳо бояд амалӣ шаванд, то ки эрониҳо на танҳо ба мо бо дилсўзӣ нигаранд, балки тоҷиконро самимона дўст доранд.

Ба ҳар ҳол халқи тоҷик ба чунин муҳаббати самимӣ арзанда аст.

суббота, 18 октября 2008 г.

Шуморо кадом ҷини каҷҷак зад?

ТВ-1 Тоҷикистон ба муносибати 950–солагии имом Ғазолӣ намоише нишон дод, ки пур аз ҳамду санои ин донишманди асримиёнагӣ иборат буд. Дар ин санохонӣ аз донгишмандони Эрон оқои Шеърдўст ва аз Тоҷикистон донишмандони варзида ширкат намуданд.

Вақте ки Шеърдўст дар ин бобат санохонӣ мекунад ўро фаҳмидан мумкин аст. Зеро вазифа тақозо мекунад. Аммо нафаҳмидам, ки олимони тоҷикро чӣ ҷини каҷҷак задааст, ки ҳарфе аз хатоҳои Ғазолӣ пеш наоварданд. Ҳол он ки маҳз Ғазолӣ алайҳи ақлпарастии Сино ва Хайём бархоста буд ва ин ҷараёни мусбати фикриро абадул абад гўр карда пешрафти афкори мардумони эронинажодро ҳазор сол ба оқиб афканд.

ТВ-1-ро минбаъд мебояд, ки дар чунин маврид зери сурати ҳар як донишманди сухан кунанда ному унвонашро нависад, то ки донишмандони тоҷик масъулиятеро дар назди таърих ва оянда ҳис кунанд.

понедельник, 6 октября 2008 г.

Ояндаи Тоҷикистон – кишвари туризм

Паёмнигори як радиои хориҷӣ аз Кўлоб гузориш медод, ки дар Тоҷикистон барои ҷаҳонгардону сайёҳони хориҷӣ шароит муҳайё накардаанд. Ҳатто хатти сайри сайёҳонро тартиб надодаанд.

Дар бораи он ки аз сайёҳони хориҷӣ чӣ қадар даромад гирифтан мумкин аст, мисоле аз Самарқанд меорам. Дар шаҳри Самарқанд зиёда аз сад меҳмонхона ба онҳо хизмат мерасонад. Танҳо соли 2007даромади софи ширкатҳои сайёҳӣ 665 миллион ва даромад аз хизматрасонӣ даҳ миллиардро ташкил дод.

Хоб

Хоб дидам, ки дар сари хиёбони Самарқанд пеши китобхонаи шаҳрӣ истодаам. Дар ду тарафи роҳ одамони зиёде рў ба роҳ қатор истодаанд. Ин дам аз тарафи бўстонсарои ҳукуматӣ кортежи президент намоён шуд. Президент болои мошини болокушод рост меистод ва дар паҳлўяш генерал-майор низ рост меистод. Вақте ки мошини президент ба масофаи 20-30 метр наздик омад, нидо кардам: - Зинда бод, президент Каримов!

Президент қиёфаи ҷиддӣ дошт ва ба тарафи ман нигоҳе накард. Вақте ки кортеж дар пеши ман буд, боз фарёд кардам: - Зинда бод, президент Каримов!

Ба президент ин хел зиндабодгўиҳо намефорад, худи ман ҳам аз дуюм бор «зинда бод» гуфтанам тарсидам.

Президент ба сўи генерали ҳамадони худ суоломез нигоҳ карда гуфт: Ин одам чӣ мехоҳад?

- Дар бораи Ишратхона мақолае нависта буд. Ишратхона беҳтар аз Тоҷмаҳал гуфтааст.

- Таъмир кардан даркор, - гуфт президент.

Аз ин суханони охирин хурсанд шудам ва тарсам барҳам хўрд. Баъд чӣ шуд намедонам, бедор шудам.