вторник, 23 июля 2024 г.

Баҳси ду устокалон

 Ҳикоя

Дар як рӯзи тобистони солҳои шастуми асри бист, яъне замони шӯравӣ дар тармими мадрасаи Шердори Регистони Самарқанд ду гурӯҳ устоҳои тармимгари соҳаи ёдгориҳои меъмории миллӣ кор мекарданд. Ҳар ду устокалонҳо дар касби худ ба авҷи камолот расида буданд. Яке Шермуҳаммад ном дошту дигаре Илёскул.Симои зоҳирии онҳо аз ҳамдигар фарқ мекард.Шермуҳаммад марди кадбаланд ,чорпаҳлу, муйлабдор буда дар тан шиму пиҷаки оддӣ ва дар сар тоқии чоргули чустӣ дошт. Илёсқул бошад лоғарандому қадпаст буда. ба сар саллачаи хурду дар тан яктаки сабук ва миёнасол бошад ҳам, мисли муллоҳо риш дошт.
Шермуҳаммад аз устозодаҳои асили Самарқанд буд. Илёскул дар асл бухороии муллозода буда бисёр солҳо боз дар Самарқанд зиндагӣ ва кор мекард. Ҳар ду шогирдони зиёд дошта тибқи оинномаи қадимаи ҳунармандӣ ба онҳо тарбия медоданд. Дар вақти тақсими кор роҳбарон ба чунин хулоса омаданд, ки кори аз ҳама муракабтар ва мушкилтару гаронбаҳотарро яъне тармими тасвири шеру хуршедро ба Шермуҳаммад супоранд.
Роҳбари асосии ин кор аз донишмандони торихи меъмории миллӣ,рассмоми касбӣ Засипкин буд ва Илёскул гумон мекард, ки ба ҳамин урус диндории сахти ӯ нафоридааст ва ба ҳамин сабаб гурӯҳи ӯро аз ин кори барои ҳар як усто ифтихорӣ тармими пештоқи ба тамоми ҷаҳон машҳур маҳрум кардаст. Аммо ин урус ба мисли бостоншинос Вяткин бо вуҷуди ба дараҷаи комил донистани забони форсӣ ва лаҳҷаи мардумони Самарқанд, аз дӯстони академик усто Ширин буда дар тармими мадрасаҳои Бухоро таҷриба дошта нозукиҳои ин касбро хеле хуб медонист.Усто Ширин бошад дар Академияи санъати меъмории мардумӣ дар Самарқанд ба Шермуҳаммад нозукиҳои касби тармимгариро омӯзонида буд. Шермуҳаммад аз устодони худ муносибати самимӣ ва саховатро омӯхта буд ва бо кӯмаки ӯ шогирдонаш мопедсавор шуда буданд ва ба кор ҳеҷгоҳ дер намемонданд.Шогирдони Илёсқул бо автобусҳои мусофиркаши шӯравӣ, ки доим тиқилинҷ буд, хаставу шалпар ва асабонӣ ба кор дер мемонданд.
Устокалон Илёсқул ба кору рафтори шогирдони Шермуҳаммад бо диққат менигаристу айбҷӯӣ мекард. Устокалон Шермуҳаммад инро пай бурда буд ва пайт мепоид, ки усто Илёскулро панд диҳад. Рӯзе ҳангоми шом, ки шогирдон аз кор фориғ мешуданд, чунин имконият даст дод.
Он ҳангом ин устокалонҳо дар майдони Регистон дар сояи дарахте нишаста чой менӯшиданд. Илёскул дид, ки шогирдони Шермуҳаммад ҳама мопедсавору олуфтанамоянд, аз Шермуҳаммад савол кард: - Усто, ҳамин мегум, шогирдонатон ба қоидаҳои худамо чӣ қадар риоя мекунанд? Ҷудо ҳам стилягаҳо барин. Намоз мехонда бошанд?
Усто Шермуҳаммад табассум карду гуфт: - Намозхонӣ кори шахсии ҳар кадомаш. Ман ба одобаш эътибор медиҳам. Одами покиза аст ё не. Аз гапатон фаҳмида шуд, ки шумо танҳо намозхонҳоро покиза меҳисобед.
Дар ин ҳангом яке аз шогирдони Шермуҳаммад ба назди мопеди худ мешитобид, ки устокалон ӯро наздаш даъват кард.
Шогирд ҷавони хушбурути 20-сола дар тан куртаи сафеди чини дарзмолкарда, шими ҷинсӣ ва дар пой кроссовка дошт. Мӯйҳояш силиқ ба қафо шона задагӣ, яъне олуфтаи соф.
- Аз киссаҳот чизе дорӣ, барор!- гуфт Шермуҳаммад. Ҷавон шона, оиначаи гирда ва рӯймолчаи тозаи чорқатро баровард.
-Акнун куртаро каш.
Ҷавон куртаро аз тан берун кард.Майка сап- сафед барф барин.
- Усто боз як фармон дод: - Шиматро поён кун!
- Айб нест магар?- гуфт ҷавон.
- Не, ин як санҷиш, гуфт устокалон.
Ҷавон шимро поён кард, ва устоҳо диданд, ки плавкаи наву тоза пӯшидааст.
- Пӯш, акнун метавонӣ равӣ. - Гуфт Шермуҳаммад
Шермуҳаммад ба Илёскул рӯ оварда гуфт: - Акнун шумо яке аз шогирдонатонро даъват кунед.
Бо даъвати Илёскул яке аз шогиирдони ӯ, ки онҳо низ аз дарвозаи мадраса мебаромаданд назди устокалонҳо омад.
Ин шогирд дар тан куртаи дарзмолнадидаи рангпарида дошт.
- Дар киссаҳо чизе ҳаст, барор:- гуфт Шермуҳаммад.
Ҷавон аз кисса якто рӯймолчаи ғичимшудаи чиркинро берун овард.
-Акнун куртаро каш!
Ҷавон куртаро аз тан берун кард. Майкаи сафеди кайҳо ношуста хокистарранг шуда буд.
- Акнун шиматро поён фурор?- Гуфт Шермуҳаммад.
Ҷавон саволомез бо ҷониби устои худ нигарист. Усто Илёскул гуфт:- Фурор!
Ҷавон бо дили нохоҳам рӯ турш карда шимашро то ба зону фаровард. Устокалонҳо диданд, ки труси кайҳо тағораи ҷомашӯиро надидааст.
- Пӯш! -Гуфт Шермуҳаммад ва ба Илёскул рӯ оварда гуфт: - Акнун рафтем ҷои асбобҳои кориро мебинем. Аввал ба ҷои асбобҳои Шермуҳаммад омаданд.Дар ҳуҷраи рафдор дар як тарафаш асбобҳои шогирдони Шермуҳаммад дар тарафи дигар асбобҳои шогирдони Илёсқул меистоданд.Асбобҳои ба Шермуҳаммад тмутааллиқ ҳама тозатарин медурахшиданд. Яъне барои он ки занг назанад, равғанмол шудаанд.Аммо шогирдони Илёсқул асбобҳои кориро ҳатто пок накарда гузошта рафтаанд.Устокалон Илёсқул сархам меистод. Шермуҳаммад даст ба китфи Илёсқул ба нишони меҳрубонӣ гузошта гуфт:-Устокалони мӯҳтарам, ман намедонам , ки шогирдонам намоз мехонанд ё не, аммо он чӣ дидед, ҳоҷат ба тафсир надорад!
Баъди он устокалонҳо аз назди ҳуҷраҳои либосҳои кории шогирдон мегузаштанд, ки Шермуҳаммад гуфт:- Ин ҷоро ҳам мебинед?
Устокалон Илёсқул эҳтимол маҷоли сухан надошт ки ба нишони инкор сар ҷунбонд.
Все реакции:
Nasibjon Amoni, Abdulvosi Sanginov и ещё 15

Комментариев нет: