среда, 24 августа 2022 г.

Ҷодугарии сиёҳ

  [ҳикоя]

Солҳои шастуми асри бистум, дар мактабе, ки дар ноҳияи канори шаҳри бостонӣ буд, муаллиме омад, ки ҷои холии омӯзгори фани забони инглисиро пур кунад.
Дар ин мактаб муаллимони ин забон зуд-зуд иваз мешуданд. Онҳо занҳои русзабон буданд. Билохир як марди қаддарози қоқинандом омад, ки ёг буданаш аён буд. Чашмонаш хеле калон ва сеҳрангез буданд. Гавҳараки чашмонаш аслан сиёҳ буданд, аммо агар талабае ӯро оташин кунад, суп-сурх мешуданд, фикр мекардед, ҳоло шарорапошӣ хоҳанд кард.

среда, 17 августа 2022 г.

Абракадабра

(Ҳикоя)


Буд набуд як кишвари пунбакор буд. Пунба маҳсулоти асосӣ буд. Пунбаро дар заминҳои колхоз мекориданд. Корхонаҳои саноатӣ кам буданд. Баъзе касон дар рӯзномаҳо менавистанд, ки дар дараи кӯҳии Абракадабра истироҳатгоҳҳо барои сайёҳони хориҷӣ сохтан лозим, то ки ҷавонон ба шаҳрҳои дур ба мардикорӣ нарафта ҷои кор дошта бошанд. Аммо роҳбарон пунба ба гӯши худ ниҳода худро кар вонамуд мекарданд, гӯё садои онҳоро намешуниданд.