четверг, 1 февраля 2018 г.

Ифодаҳои обдори самаркандиён – 8

Овозаи Рустам беҳ аз Рустам. Дар  овоза аз даҳон ба даҳон ҳар кас ягон гап илова мекунад. Овоза ҳақикат нест, ба он набояд бовар кард.

Муш гӯш дораду девор муш. Ба маънои он ки дар ҳама ҷо хабаркаше ҳаст.

Оқилон пайрави нуқот нашаванд. Ин ҷо нуқот ба маънои нуқтаҳост. Ба маънои эрод гирифтан омадааст. Яъне оқилон айбкобӣ намекунанд.

Баъди ид ҳиноро ба кунат банд. Самарқандиён дар арафаи идҳо ба дастони худ ҳино мебанданд. Ба ин сабаб дар ҳавлиҳо гули ҳиноро мекоранд. Ин ҷо ишора ба он ки ҳар корро дар вақту соати худаш бояд анҷом дод.

Варианти дигараш: Баъди бод шикастан чорзону.


Салом – қарзи худо.

Эй буродар хоки поят «тӯтиё»,
Баъди мурдан хоҳ биёву хоҳ наё.
Байти халқӣ.

Буза ғами ҷон қассоба ғами чарбу. Яъне ҳар кас манфиати худро фикр мекунад.

Ҷони нодон дар азоб.

Зимистона аз як рӯзаш тарс. Яъне сармои зимистон як рӯз бошад ҳам метавонад саломатиро хароб кунад.

Як даргиру махкам гир.

Худро овехтанӣ бошӣ ба дори баланд овез. Яъне агар коре карданӣ бошӣ кори ба чашм намоёнро кун.

Буз агар хирман мекӯфт,
Ҳоҷати барзагов набуд.
Бача агар кори миёншиканро ё хоси калонсолонро кардан хоҳад, ба ӯ мегӯянд.

Беақл бо падараш, боақл бо писараш (фарзандаш) фахр мекунад.

Ҷорӯби нав тоза мерӯбад.

Кӯзаи наву оби хунук.

Дар кӯзаи нав об зуд гарм намешавад (дар фасли гарм). Дар бобати мансабдорони нав мегӯянд.

Бисёр интихоб кунӣ, безан мемонӣ. Ба муҷаррад мегӯянд

Дар кӯчаи мо ҳам ид мешавад. Агар касе чизи пурсидаро надиҳад, ба вай мегӯянд.

Пои номубораки Маҳмуд,
Ҳар ҷо ки расад барорад дуд.
Ин гап дар замони Султон Маҳмуд пайдо шудагист. Муосиирон дар мазмуни одами бехосият ва золим кор мефармоянд.

Зарбулмасали деринзамон:
Ҳар ҷо ки расид пои аспи қатаған
На мурда кафан ёфту на зинда ватан.

Аз бонк шикоят кунам эй аҳли ватан,
Аз зинда ватан рабояд аз мурда кафан.
Ин байт эҷоди як шоири аввали асри бисти Самарқанд аст ва нисбати банкҳои Русия гуфта шудааст.

Даҳонсӯхта оби хунука пуф карда менӯшад.

Китоб – хазинаи дониш.

Китоб нахондӣ, қафо бимондӣ.

Девона гурез, ки маст омад. Яъне маст аз девона ҳам бадтар аст.

Роҳати мардон зану дандон бувад,
Бе зану дандон ҳаёт зиндон бувад.
Ин ҷо дандон ба маънои таом омадааст. Дандонҳо набошанд, кабобҳои гӯштӣ, чормағзҳо ва дигар чизҳои болаззатро хӯрдан амри маҳол аст. Аммо мақсади асосӣ ҳамон аст, яъне таъкиди он ки зан дар ҳаёти мард чӣ мақоме дорад.

Навбат, ки ба мо расид,
Балеро бало навист.

Аз ҳар кучук (саг) як устухон қарздор. Оиди масъулияти зиёди худ мегӯянд.

Об бо лаби ҷӯй баробар шуд. Яъне чизе ба аслаш баробар шуд ё ба ҷои худ қарор гирифт.

Оба дида мӯза каш.

Зардолу адо шуд,
Қишлоқӣ гадо шуд.
Дар иқлими континенталии Самарқанд гули зардолуро дар баъзе солҳо сармо мезанад. Агар боғ танҳо аз зардолу иборат бошад, боғбон зарар мебинад. Боғбонҳо зардолу гул карда бошаду хунук шавад, дар зери дарахтон хазону таппиро дуд мекунанд, барои аз сармо муҳофизат кардан.

Ҳар каса гӯраш ҷудо.

Гӯратба рафта хоб намерӯд (намехобад).

Аз бева шӯгадоӣ. Ба ҷои шӯ калимаи сахтаре низ мегӯянд. Яъне аз касе, ки нодорост, чизе напурс.

Хонаи гург бе устухон не. Вақте ки барои меҳмон ягон чизи  эҳтиёткардаро меоранд, чунин мегӯянд.

Аз мо ҳам як пои малах. Вақте ки ба коре шарик шуда маблағ медиҳанд, чунин мегӯяд. Ишора ба он ки ба Сулаймон мӯр пои малаҳ ҳадя карда буд.

Дар кафи халқи ҷаҳон ҳама бод асту ҳавас,
Кор даргоҳи худованди ҷаҳон дораду бас.
Зарбулмасале, ки ба Дарвозаи оҳанини шаҳри бостонии Самарқанд ҳаккокӣ шуда будааст.

Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаӣ,
Боз мегӯӣ доман тар макун ҳушёр бош.

Гар беҳунар ба мол кунад кибр бар ҳаким,
Куни хараш шумор вагар гови анбар аст.
Баъди обед бой шудаҳо аз сарвати худ ғурур пайдо карда ба аҳли донишу адаб, зиёиён нописандона нигоҳ мекунанд. Яъне гӯё боигарӣ мартабаи онҳоро нисбат ба дигарон баланд карда бошад. Ин байт аз «Гулистон» буда Саъдӣ таъкид мекунад, ки ин хел одамон куни харанд.

Нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад.

Ба гӯраш хишт мекашонад. Ба маънои ғайбат мекунад. Чун хиштҳоро барои бастани даҳони лаҳад дар даруни гӯр истифода мекунанд.

Ҳар беша гумон мабар, ки холист,
Шояд, ки паланг хуфта бошад.

Кулол дар мундӣ об хӯрдас. Дар Самарқанд зарфи сафолии шикастаро мундӣ мегӯянд. Инро барои ба саг таом додан истифода мекунанд. Кулол ҳама косаву табақҳои сохтаашро мефурӯшаду баъзан бо лабшикаста ё лабтарошида, яъне мундӣ қаноат мекунад. Ба касе, ки барои худ хасисӣ карда зарфҳои рӯзгорро нахаридааст, чунин мегӯянд. Ба ҳунармандоне низ, ки нишонаи ҳунарашонро аз хонаи худашон намеёбед.

Умри дурӯғ – кӯтоҳ.

Зар болои санг монӣ нарм шавад.

Даъвогари зӯр қозиро (судяро) муттаҳам кардааст.

Суҳандонон сухан дониста гӯянд,
Ба гӯши ҳамдигар оҳиста гӯянд.
Яъне бо овози баланд гап задан нишонаи бемаданиятист.

Бетамизиҳои олам аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз гар лаб во кунад, расво шавад.

Хомӯшӣ – сад тилло.

Арбоб занад ба ҳар боб.
Яъне мансабдор бемансабро аз ҳар тариқ фишор оварда метавонад.

Дар таги замин мор ҷунбад, вай мефаҳмад. Оид ба одами зирак.

Дар бари ҷомааш намоз хондан мумкин. Оид ба одами покиза.

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.

Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд.

Одамизод – шири хомхӯрда.
Ишора ба шире, ки тифл аз синаи модар мехӯрад. Яъне ҳар як нақшаро бояд баъди машварату маслиҳат амалӣ кард.

То бад нагӯӣ нек наояд.

Сад задани сӯзангар як задани оҳангар.

Сар қафад зери тоқӣ, даст шиканад зери остин.
Ба маънои айбҳои худу хонаводаро пеши дигарон магӯй.

Каллапӯш – давлати сар. Аз рӯи таомул онро ба касе тӯҳфа намекунанд.

Гирдоварандаи ин баҳши эҷоди даҳонии мардум даъвои  он надорад, ки ҳама ибораҳои обдори тоҷикӣ ва мақолу зарбулмасалҳои шаҳри Самарқанду ноҳияи Самарқандро гирдоварӣ намуд.

Камина он чизе ки ба ёдам омад, ҳамонро навиштам. Яъне ба мисли фолклоршиносон деҳа ба деҳа, гузар ба гузар ҷамъ накардаам.

Яъне инҳо танҳо як қисми онҳост. Мирзо Турсунзода гуфтааст: «Халқи тоҷик шоиртабъ аст». Эҳтимол бо ин сухан эҷоди даҳонии мардумро дар назар дошт. Барои он ки ин табъи шоиронаи мардум ҳам ҳифз шаваду ҳам вусъат пайдо кунад, чунин дурдонаҳоро аз ҳар гузару ҳар деҳа, ҳар ноҳияву ҳар шаҳр навишта гирифта дар матбуот нашр кардан лозим.


Комментариев нет: