воскресенье, 28 декабря 2008 г.

Посух ба шореҳони «Барзу ва дарди театр»

Соле, ки коргардони машҳури театри муосири тоҷик Фаррухи Қосим аз рўи чанд намоишномаи Мольер як намоиши театрӣ сохт (он вақт ў дар театри академии ба номи Лоҳутӣ кор мекард) ва онро дар фестивали театрҳои шўравӣ дар Тифлис намоиш дод, ман он ҷо будам. Ва ҳама спектаклҳои театрҳои беҳтарини онвақтаи шўравиро дар он фестивал дида ба хулоса омадам, ки ҳам коргардону ҳам ҳунарпешаҳои ҷавони театрҳои тоҷик дар сатҳи ҳунарӣ ҳамсанги ҳунарпешаву коргардонҳори театрҳои беҳтарини Иттиҳоди шўравианд.

Боре ба мағозаи китобфурўшии Тифлис даромадам ва назарам ба китобе афтод, ки дар он вазъи театрҳои шўравӣ аз назари театршиносони машҳури Маскав таҳлил гардида буд. Саҳифагардон карда мақолаеро оиди театри Лоҳутӣ ёфтам. Ва хонда хеле хурсанд шудам. Дар ин мақола таъкид шуда буд, ки театри Лоҳутӣ он қадар актёрҳои боистеъдоду пурмаҳорат дорад, ки дар ин театр бузургтарин асарҳои драматургияи ҷаҳонро бо муваффақият ба саҳна гузоштан мумкин аст.

Дар ҳамон солҳое, ки дар саҳнаи театрҳои Душанбе беҳтарин асарҳоро беҳтарин коргардонҳо ба саҳна мегузоштанд, муаммои кам омадани тамошобин ба театр вуҷуд дошт.

Тифлис аз ҷиҳати нуфус аз Душанбе бузургтар нест. Ҳамон вақт (солҳои авали бозсозӣ буд) Душанбе ҳамагӣ чанд театр дошт – Опера, Лоҳутӣ, Ҷавонон ва Лўхтак. Аммо камина сенздаҳ театри ҳар шом аз тамошобин пури Тифлисро дида ангушти тааҷҷуб газидам.

Репертуар чандон бой набуд. Зеро ҳама театрҳои Тифлис мисли театрҳои тоҷик аз рўи «остаточный принсип» бо маблағи хеле кам таъмин мегардиданд. Ба ҳамин сабаб баъзе спектаклҳояшон аз ҷиҳати ороиш соддаву камбизоат буд.

Аммо муносибати гурҷиҳо ба театрҳои худ хеле самимона буд. Дар ёдам ҳаст, ки аз рўзи ба Тифлис пой гузоштанамон то охири рўзи фестивал (зиёда аз 15 рўз) театршиноси номдори тоҷик профессор Низом Нурҷонов хеле ба вазорати фарҳанги Гурҷистон давутоз карданд, ки ба як намоиши театри марионеткаҳои Тифлис билет ёбанд. Ҷои холӣ ёфт нашуд. Сипас саркоргардони он театр хабардор шуда барои Нурҷонов як курсии иловагӣ ба толори театри худ гузошта буд.

Дар бораи оқибмонии санъати театри тоҷик бисёр гуфтанду боз ҳам бисёр хоҳанд навишт. Боре Сафармуҳаммад Аюбӣ аз телевизион изҳор намуд, ки бо чунин маблағҳои каме, ки барои ҳаққуззаҳмаи драманавис муайян гардидааст, эҷоди дроми хубро интизор шудан хатост.

Яъне бемории театри тоҷик аз дардҳои гуногун таркиб ёфта ҳар яки онро шифо бахшидан лозим аст. Дар баҳсҳоҳое, ки оиди тамошобин ва театр ҳамон солҳо дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» сурат гирифта буд, қариб ки ҳама дардҳои театр баён ёфта буданд. Афсўс, ки сиёсати маблағгузории замони шўравӣ ба амалӣ кардани бисёр пешниҳодҳои хуб имкон надод.

Давлати тоҷик солҳост, ки соҳибистиқлол гардидааст. Ман ҳеҷ фаҳмида наметавонам, магар ҳоло ҳам театри тоҷик аз рўи дастурҳои замони шўравӣ маблағгузорӣ мешавад? Агар ин тавр нест, чаро мардум аз экрани телевизион оиди камбағалии репертуари театрҳои тоҷик сухан мекунанд?

четверг, 25 декабря 2008 г.

Барзу ва дарди театр

Дар як намоиши телевизионӣ коргардони машҳури театри тоҷик Барзу Абдураззоқов ширкат мекард ва бо иштирокчиён муҳокимаи масъалаи ба театрҳои Тоҷикистон кам омадани тамошобин мерафт.

Барзу дар ин барнома ягона мутахассиси варзида буд ва бо камоли майл гўшу чашм шудам, ки ў билохир чи хоҳад гуфт.

Аз суханони ў ҳамин қадар фаҳмидам, ки як сабаби кам омадани тамошогар ба театр кам ба саҳна гузошта шудани асарҳои хуб будааст. Фикр кардам, ки магар танҳо ҳамин аст? Агар ҳамин суолро Барзу ба падари худ коргардон ва ҳунарпешаи машҳури театру синамо Ҳабибулло Абдураззоқов медод, бовари комил дорам аз ин марди ҳамеша ҳақгўй чунин посух мегирифт:

- Сабаби асосии ба театр кам омадани тамошобин камфарҳангии мардуми мост. Дар шаҳрҳое, ки театрҳояш пур аз тамошобинҳост, ба театр рафтан мисли барои харидани ғизо ба дўкон рафтан талаботи ҳатмии ҳар як фард гардидааст. Муаммои асосӣ он аст, ки барои ба чунин савия расонидани мардумамон чӣ бояд кунем.

пятница, 19 декабря 2008 г.

Посух ба суоли хонандаи иронӣ Mohsen ( Iran-Mashad)

Асари Мавлоно «Фи-ҳи мо фи-ҳи» дастраси ман нест, ки маҷбур будам, тарҷумаи русии онро биёрам. Дар ин ҳикоят Мавлоно одамонро ба се тоифа тақсим кардааст:

1. Онҳое, ки баробари худо ҳама чизро дар рўи замин аз марду зан, ҳайвоноту кўдакон то сангу хок ситоиш мекунанд.
2. Тоифаи огоҳу таълимгирифтае, ки ба ғайри худо ба касе саҷда намеоранд ва ситоиш намекунанд.
3. Тоифаи саввум – одамоне, ки ба мақоми хомўшӣ расидаанд. Онҳо мегўянд, ки на ба Худо саҷда меоранду на ўро рад мекунанд. Гарчанд садои ин тоифа дар ин ҷаҳон шунаво нест, онҳо аз мақоми ду тоифаи аввал пеш гузаштаанд.

Ин ҳикоят (тарҷумаи В.Шуховцов) аз маҷаллаи «Иран-наме» №4, 2007 чопи Алма-Ати гирифта шуд.

четверг, 18 декабря 2008 г.

Посух ба суоли Aryaram

Камина мутахасиси ин бахш нестам. Аммо дар замони муҳокимаи лоиҳаҳои гербу дирафши Тоҷикистон дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» маколаҳои асосан дигаронро оиди ин масъала чоп мекардам, ки дар он Олимпур низ ширкат карда буд. Ман узви комиссиюни гербу дирафш набудам, дар комиссиюни гимни давлати ширкат доштам. Рўзе гушрасам шуд, ки қисме аз аъзои комиссиюни гербу дирафш дохил кардани сурати шерро намехостаанд. Сарвари ин комиссиюн раиси итт. расомон Сўхроб Қурбонов буд ва ман наздаш рафта соате оиди аҳамияти рамзҳои бостонӣ суҳбат кардам. Ў гуфт, ки узви комиссиюн ин суханҳои маро бояд шунаванд. Сипас бо даъвати ў дар як ҷаласаи он иштирок карда фикрҳоямро баён кардам. Таъкид намудам, ки дар байни лоиҳоҳои пешниҳод гардида офтобу шер намодҳои асосианд, ки аз фарҳанг ва давлатдории бисёрҳазорсолаи тоҷикон гувоҳи медиҳанд ва бидуни инҳо герби Тоҷикистонро тасааввур натавон кард. Баъзе аз аъзоёни ин комиссиюн эътироз карданд, ки чӣ ҳақ дорӣ дар пеши мо сухан куни, ту узви ин комиссиюн нести. Сўхроб гуфт: - Адаш Истадро ман даъват намудам, зеро дар чунин фикрам, ки сухани ўро шунидани мо аз фоида холӣ нест.

Ҳамин тавр сурати шер ворид шуд, аммо пас чӣ воқеа рух дод, дар ин бора дар архиви блоги ман моҳи февралро боз кунед, хоҳед фахмид. Як зане, ки зоҳиран ба ҷевон ё сандуқи оҳани монанд буд, агар хато накунам Валентина Ивановна ном дошт, дар ҷаласаи порлумон ҳамаи вакилони халқ ва халқи Тоҷикистонро «шер не, балки мокрая курица» гуфт ва берун андохтани шерро аз герб ба овоз монд ва ин воқеаи нангинро аз тариқи телевизион тамоми Тоҷикистон дид. Аз адибон Мўъмин Қаноат равшану возеҳ оиди рамзхои миллӣ назди вакилони мардуми суханрони карда буд. Бо як сухани ин зани аблаҳ аз сари депутатҳои калўшӣ ҳама суханҳои як сол пеш дар ҷаласаи порлумон гуфтаи Мўъмин Қаноат парида рафт.

Байни шери герби Тоҷикистон ва шери ливои собиқи Эрон фарқ хаст. Ин шер дар даст шамшер надорад. Онро наметавон иқтибос аз герби Эрони шоҳаншоҳӣ номид. Клавихо дар «Рўзномаи сафари Самарқанд» соли 1403 навиштааст, ки акси чунин шерҳоро болои дари қасри Темур дидааст ва ин герби ҳокими собиқи Самарқанд будааст.

Китоби Л.И.Ремпель «Цепь времен»-ро, ки соли 1987 дар Тошканд чоп шудааст пайдо кунед ва хонед. Ин китоб оиди рамзҳои бостонии Осиёи Марказӣ баҳс мекунад.

Оиди таърихи сеҳазорсолаи рамзи тасвири шер дар пеши хуршед яке аз муҷриҳои PARS TV (Hotbird, 11785Mhz, 27500KS/c,) китобе чоп кардааст, ки агар аз ў пурсон шавед ба шумо ба ивази маблағе хоҳад фиристод.

вторник, 16 декабря 2008 г.

Якеро медонистам, ки намоз намехонд…

Якеро медонистам, ки намоз намехонд, вале аз чашму рўяш нури оҳуроӣ таҷаллӣ мекард. Чанд бор гуфтандаш агар шумо рўзе раведу ба масчиди ҷомеъ намоз кунед, ҳазорҳо намозхон аз паси шумо хоҳанд омад ва дар масчиди ҷомеъ нахоҳанд ғунҷид. Ҷавоб дод: «Ҳама чиз ба хости худост.»

Сарвати зиёде надорад. Чанд бор гуфтандаш, ки имкони ба ҳаҷ рафтанро доред. Гуфт: – Худои ман мегўяд: «Вақте ки халқат ин қадар ба қумаки ту мўҳтоҷ аст, чаро чанд миллион сўм харҷи беҳуда намуда ба зиёрати Каъба меравӣ? Медонӣ, ки ман дар он ҷо нестам.»

Дасткушоду сахӣ буд ин мард ва кўмаки худро ба дармондагон дареғ намедошт.

Бо симои орифона ва нигоҳи шоирона ҳар рўз аз назди майдони Регистон мегузашт. Пиёда ба кор мерафт ва пиёда аз кор бармегашт. Ботинан мусалмон, вале дар зоҳир на.

На худоро мепарастид, на ягон мансабдорро. Бисёр фикр мекардам, ки ин тоифа одамонро дар вақти ифодаи аъмолашон ба чӣ номе ташхис метавон кард?

Инак тарҷумаи русии як ҳикояи Мавлоно аз «Фи мо фи» (Чизе ки ҳаст, ҳамон аст) дучорам шуд, ки дар он ба ин суол посух додааст.

ЧЕЛОВЕК ИЛИ ЖИВОТНОЕ

О, брат, ты весь – мысль!
А все остальное в тебе – лишь кости и корни!


У Мавлана спросили, в чем смысл этих стихов, и он ответил:
– Мысль – это не то, что люди под этим обычно понимают. Если кто-то захочет объяснить людям, что такое мысль, он должен сказать так: «Человек – это говорящее животное. И его речь – это и ест мысль, явная или скрытая. Только мысль отличает человека, все, что кроме этого – относится к животной природе, все остальное – лишь кости и корни.

Речь человеческая подобно солнцу, тому солнцу, что дарует человеку жизнь и тело. Речь всегда присутствует у человека, независимо от того, говорит он или нет. Но пока жив человек, животное начало в нем тоже присутствует.

Человечество делится на три сорта людей: одни не ограничиваются Богом, и кроме него поклоняются и возглашают хвалу всему остальному – от женщин и мужчин, скота и детей, и до камней и земли. Другие – осведомленные и образованные – не поклоняются и не восхваляют никого, кроме Бога. Третьи – дошли до такого состояния, что достигли молчания. Они говорят, что не будут ни служить Богу, ни отвергать Его. Эти люди превзошли две предыдущих стадии, хотя их голос и не слышен в этом мире».

воскресенье, 14 декабря 2008 г.

Идеали миллӣ

Идеали миллӣ, яъне камоли матлуби миллӣ барои мардуми тоҷик аз ҷониби рўшанфикрони Тоҷикистон равшан ва аниқ муайян нагардидааст. Идеалҳои ҳар як фарди мардуми тоҷикро ҷамъ оваред, дар маҷмўъ оиди идеали миллӣ тасаввуре ҳосил мешавад.

Ҳоло мақсади аксари мардуми тоҷик беҳ кардани вазъи иқтисодии хонаводаи худ аст. Бо кадом роҳе, ки бошад, ҳатто бо мардикории дур аз ватан маблағ пайдо намудан самти асосии амали ин мардум аст.

Камоли матлуби худро мардуми Русия баъди пош хўрдани империяи шўравӣ гум карда чанд сол саргаранг монд. Рўшанфикроне пайдо шуданд, ки дар замони сарварии Путин ҳам ба давлатдорони рус ҳам ба мардум фаҳмониданд: — Камоли матлуби мардуми рус аз қадимзамон сохтани давлати абарқудрат буд ва талош барои ин мақсад дар ин мардум нерўи азими созандагиро тавлид мекард. Нагузоштани чунин мақсади олӣ дар пеши худ боиси сустии давлати рус мегардад.

Ба ҳамин сабаб давлатдорони рус мисли императорони собиқи Русия барои ба вуҷуд овардани беҳтарин артиши замонавӣ кўшиш мекунанд.

Тоҷикон низ аз набудани камоли матлуби худ дар вазъи ногувор қарор доранд. Ба ҳамин сабаб бисёр ҷавонони тоҷик камоли матлубро дар дини ислом меҷўянд. Дин камоли матлуби ононро дар шакли сазовор шудан ба биҳишт муайян кардааст. Пас дар маҷмўъ чӣ ҳосил мекунем?

Ба ғайри ин баъзе қувваҳои иртиҷоӣ аз хориҷа ба мардуми тоҷик камоли матлубро дар шакли барқарор кардани хилофати араб бор кардан мехоҳанд. Яъне набудани чунин идеал чунин хатарҳоро эҷод мекунад.

Маънии зиндагӣ, яъне ҳаёт чист? Барои сарватмандони рус (агар мардикор бошӣ) хизмат кардан, шиками худу хонаводаро сер кардан ва боз бача зиёд намудан, ки ин бачаҳо боз ба Русия раванду хидмати онҳоро бикунанд?

Идеали миллии тоҷикон кадом аст? Он дар кадом асарҳои адабиву илмӣ ифода ёфтааст? Шумо оиди ин масъала чӣ фикр доред, хонандагони азиз?

пятница, 5 декабря 2008 г.

Кулоҳи миллӣ чаро кам мешавад?

Каллапўшро ба забони тоҷикӣ асосан кулоҳ мегўянд. Як маънои асосии кулоҳ тоҷ аст.

Фирдавсӣ гуфтааст:
Чунин гуфт, к-оини тахту кулоҳ,
Каюмарс овард, к-ў буд шоҳ.

Дар байни мардум кулоҳро тоқӣ ё қалпоқ низ мегўянд. Дар Самарқанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои Осиёи Марказӣ мардумони тоҷику ўзбек асосан каллапўши қаланфурнусхаи сиёҳи нақшҳояш сафедро мепўшанд.

Дар байни баъзе намозхонҳо каллапўши сафед расм гардида буд. Ба ривояте расули акрам кулоҳи сафед мепўшидаанд.

Мардуми моро дар хориҷ аз кишвар бо ҳамин кулоҳи чустии қаланфурнусхаашон мешиносанд. Ҳоло дар либосамон ҳамин як нишонаи миллӣ боқӣ мондааст. Ва ба қадри он бояд расид. Чаро қаланфурнусха?

Ин нақше, ки ба қаланфур монанд аст, дар асл боли фариштаи балогардонро ифода мекунад.

Агар филмҳои таърихиро дида бошед, дар тоҷи шоҳони бостонии Эрону Осиёи Марказӣ нақше аз болҳо ҳастанд. Яъне ба каллапўш кашидани расми боли фариштаи балогардон таърихи хеле қадима дошта аз решаҳои бостонии ин нақш гувоҳи медиҳад.

Имрўзҳо дар кўчаҳои Самарқанд мардҳое, ки дар сар кулоҳи чоргўшаи рангҳояш тира доранд, бисёр ба чашм мерасанд. Чунин кулоҳро замонҳои пеш ба ғайри як-ду тотори қазонӣ касе намепўшид. Аммо ба хотири он ки ин гуна кулоҳ ҳам арзон асту ҳам чиркбардор бисёр намозхонҳо ба он таваҷҷўҳ пайдо кардаанд.

Ягон имомхатибро лозим аст, ки дар вақти амр бар маъруф ва наҳй аз мункар бигўяд: Гумон мекунед, ки чирки кулоҳи тираранги шуморо худо намебинад? Магар намедонед, ки паёмбар кулоҳи сафед ба сар мекард?

Дар замони шўравӣ сари луч гаштан ва дар маҷлисҳо сарлуч нишастан расм гардида буд.

Танҳо шоири самарқандӣ Салим Кенҷа дар ягон маҷлиси расмӣ кулоҳи чустии худро (чустиҳо низ суғданд) намегирифт. Вақте ки роҳбарони коммунист ба ў фишор оварданд, ки аз омўзгорӣ дар донишкадаи омўзгорӣ маҳрум хоҳанд кард, боз ҳам тоқиро аз сар нагирифт ва гуфт:

- Ин ягона нишони миллии ман аст. Ман агар аз баҳри ҳамин низ гузарам, пас тоҷик нестам.

Ў дар ин бора шеъру ҳикоя низ навиштааст.

Ман ҳам як кулоҳи болифариштагӣ (чустӣ) дорам. Аммо бо назардошти саломатиам ва вазъи обу ҳаво гоҳ-гоҳ мепўшам, дар ҳама маъракаҳои серодам ба сар мениҳам, то ки фариштаи балогардон доим болои сарам бошад, маро аз чашми бад ва дигар балоҳои ногаҳонӣ муҳофизат кунад.

Вақте ки онро ба сар мениҳам, гўё ки ба дилам рўшание ворид мешавад, нур ва ҷилои аҳуроӣ.

Ба ғайри кулоҳи чоргўшаи болифариштагӣ тоҷикон кулоҳҳои хушобуранги дигар низ доранд, ки расми пўшидани онҳо дар Тоҷикистон аз байн нарафтааст ва дар онҳо низ нақшҳои бостонӣ ҳастанд. Аммо ба сабаби мавҷудияти нақшҳои сурхаш дар маъракаҳои таъзия пўшидани онҳо мувофиқ нест. Кулоҳи чустии болифариштагӣ бошад, бо матои сиёҳи гулҳояш сафед ба ҳама гуна маъракаҳо чӣ азодориву чӣ базмҳои хурсандӣ мувофиқ аст.

среда, 3 декабря 2008 г.

Китоби нави Ўктам Иброҳим

Китоби нави насрнависи тоҷики Самарқанд Ўктам Иброҳимро таҳти унвони «Озодмарде аз шаҳри бостонӣ. Марсияи тирамоҳ» нашриёти «Зарафшон» ба табъ расонд. Қисми авали китоб аз ҳаёти тадбиркор О.Файзуллоев ҳикоя мекунад. Бахши «Марсияи тирамоҳ» аз ҳикояҳо ва андешаҳои муаллиф мураттаб гардидааст. Ўктам яке аз шогирдони Фазлиддин Муҳамадиев буд. Шогирди чунин устоди бузург будан боиси ифтихор аст.

Ҳоло чанд фиқра – андешаҳои ўро ба блогхонҳо пешниҳод мекунам, то ки бо сабки нигориши ин адиби самарқандӣ шинос шаванд.

ПАРЕШОНЕМ


Мо ҳама парокандаем, парешонем чун поши ситораҳои фалак… Парешонему ба ҳар сў давонем чун мўрчагон… Яке бор мекашад ба манзил, яке аз паси сарват битозад, яке аз паи шўҳрат, дигаре аз паи ёри саҳиқад, оне аз паи лаззати шаҳвонӣ тозон асту дартоз. Тозон асту дартоз. Кай ором гирад инсон? Кай мақсади асл шиносад одамизод? Яке барои озору тўҳмати дигаре хобаш намебарад, оне аз оташи ишқи нигоре печутоб дораду шабзиндадор аст, яке ба мотам нишаста, дигаре бехабар аз хазони умр сархуши сандуқи тиллояш аст… Кай мақсади асл шиносад одамизод?

ДИЛИ МАН

Ман ба се забон менависам… аммо лафзи модариам тоҷикист. Он маро чун ватан, шири поки модар ва ишқи ҳақиқист, чун дил дар қафаси сина аст. Ончуноне, ки инсон бе дил зиндагӣ карда наметавонад, рустанӣ бе реша, бехок, бе об, бе ғизо, бе нури хуршед, ман ҳам бе забони модариам – забони тоҷикиам зиндагӣ наметавонам кард…

МАРО ЧАҲОРПОРА СОЗЕД


Эй онҳое, ки дини мубини ислом мегўеду дини муқаддаси насронӣ ва ҳар яке дину оин, забони миллати хешро волотар мехонед, маро чаҳорпора созед. Ғарқаи хунам кунед, ба хун ғалтонам кунед. Сипас ҷисми чаҳорқисматшудаам, сари буридаам,дили захмиву афгорамро, ки баҳри ҳар яке Шумо месўхт, дар оташ бисўзед. Ҷисмамро бисўзед, хокистарамро дар сатҳи мавҷҳои саркаши дарёи Зарафшон чун кофур, амсоли мушки анбар биафшонед, то он бо хоку оби диёрам, ки маро парвардааст, биомезад. Ва ман осоиш хоҳам ёфт, оташи рўҳи исёнкорам хомўш мешавад, дили афгорам тасаллӣ меёбад. Захмҳои носури дилам якояк шифо меёбанд. Лаҳзае вуҷуди дар гулхани оташ сўхтаам роҳи Шуморо мунаввар месозад…

Маро чаҳорпора созед ва дар оташи пок бисўзед, эй «бузургон», «хирадмандон», «пешвоён»-и миллату нажодҳо, дину оинҳо! Як яздонпараст, як дарвеши хирқапўш, як зодаи одамро, ки башардўст аст, бисўзед дар оташи ҷаҳлу таассуб ва миллатгароии хеш…