вторник, 18 августа 2009 г.

Магар тоҷикон пеш аз ислом маърифат надоштанд?

Аз радио шунидам, ки дар мактабҳои таълими ҳамагонии Тоҷикистон дарси фанни Маърифати исломӣ ҷорӣ шудааст.
Магар пеш аз ислом тоҷикон маърифат надоштанд?
Маърифати митроӣ ва зардуштӣ магар набуд?
Магар инҳо таҳкурсии бинои фарҳанги мо набуданд?
Магар маърифатро ба кишвари фарҳангзои мо танҳо арабҳои бодиянишин зери парчами ислом оварданд?

пятница, 14 августа 2009 г.

Рўшанфикрон куҷоед?

Сухане чанд пиромуни номаи як зиёӣ.

Номаи ўро рўзе боз кардам, ки аз рақами 32-и «Аргументы и факты»-и ҳамин сол мусоҳибаеро бо коргардони машҳур Галина Волчек хонда будам.
Дар оғози ин мусоҳиба мухбир суханро аз муносибати хеле бади ҷавонони рус нисбати тоҷикон ба миён меорад, гўё шунидааст, ки онҳо байни худ чунин гуфтаанд: «Что-то скучно, может какого-нибуд таджика забить?»
Калимаи «забить» ба маънои куштани ягон ҳайвон низ истифода мешавад ва ин ҷо ба ҳамин маъност.
Камина даҳриям, тарафдорӣ прюларизм ҳастам, эътиқоди динии конфессияҳои гуногунро эҳтиром мегузорам.
Аммо мулоҳиза кунед: Тоҷиконро на барои он мекушанд, ки масеҳӣ нестанд. Масеҳӣ бошанд низ мекушанд. Тоҷиконро ба он сабаб мекушанд, ки миллат нестанд. Ё миллат бошанд ҳам шакл нагирифтаанд. Халқи тоҷик ҳама яксара дини масеҳӣ ё яҳудӣ ё буддоиро қабул кунад ҳам миллат шуда наметавонад. Тавре, ки бо ислом низ миллат шуда натонист.
Миллатро танҳо ғояи миллӣ шакл медиҳад.
Бубинед, ки скинхедҳои рус дар Русия ягон немисро то ҳол накуштаанд, ҳол он ки немисҳо дар ду ҷанги ҷаҳонӣ даҳҳо миллион нафар русҳоро кушта буданд. Чаро? Посух яктост: немисҳо миллатанд.
Агар халқи тоҷик миллат аст, пас бигўед, ки ғояи миллии он кадом аст?
Ҳатто дини зардуштӣ ғояи миллиро дода натавонист. Нитче кўшид, ки ба Зардушт ғояи абармардиро нисбат диҳад, лек тарбияи абармард дар ҳафт марҳилаи митроӣ ҳаст.
Ғояи миллӣ дар ҳафт марҳила ё мақоми меҳрпарастӣ ҳаст. Аммо онро мардуми мо дар тўли торихи се ҳазор соли охир гум кардааст.
Дар ин муддат дар ҷаҳон илмҳои нав арзи ҳастӣ намуданд, фановариҳои компютерӣ аз ҷумлаи онҳост, ки бе он инсони комилро тарбия натавон кард.
Аммо талаботи митроӣ нисбати такомули инсон қариб, ки дигар нашудааст.
Шоҳи собиқи Эрон ҳазорҳо ҷавонони эрониро ба хориҷи кишвар барои таҳсил мефиристод. Бубинед, ки дар бисёр кишварҳои пешрафта пизишкони беҳтарин онҳоянд. Шабакаҳои форсии хориҷӣ доимо бо тарғиби илми тандурустӣ машғуланд.
Акнун биандешед, ки ҷавони тоҷик яке аз талабҳои мактаби митроӣ Рустам шуданро омўхта бошад, чанд нафар ҳуҷум кунад ҳам, ўро мағлуб карда наметавонанд. Агар тибқи талаботи митроӣ фалсафаро аз бар кунад, ягон роҳбари ҷараёни ифротӣ ўро бозичаи сиёсати худ наметавонад кард.
Ғояи миллӣ маълум хоҳад намуд, ки мактаби тоҷикӣ чӣ гуна бошад. Дар мактаби тоҷикӣ фанҳое ба мисли фалсафа, тиб, дорусозӣ, тарбияи ҷисмонӣ бо барномаҳои худмуҳофизакунӣ бо ҷанги дастӣ ва дигар талабҳои оини митроӣ дарсҳо бояд бошанд.
Боз биандешед, ки агар ҷавонони мо яке аз ҳунарҳое, ки аз бар намудани он дар оини митроӣ ҳатмист, масалан сангтароширо медонистанд, чӣ ҳолате рух медод?
Якум, ба умеди чиниҳо нашуда худи мардуми тоҷик тамоми роҳҳоро сангфарш мекард, тамоми нақбҳои нақлиётиро то пайдо шудани техникаи нави нақбканӣ бо дастонаш худаш меканд.
Дуюм, аз сангҳо осори санъате меофарид, ки дар тамоми ҷаҳон ба фурўш мерафт.
Саввум, қасрҳои сангини зебое месохт, ки барои дидани он аз тамоми дунё ҳар сол миллионҳо ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон меомаданд. Ва имрўз халқи тоҷик пурсарват низ мебуд.
Ғояи миллӣ идеали миллиро муайян хоҳад кард.
Дар ин бобат файласуфони тоҷик аз ҷумла Акбари Турсон чаро хомўш нишастаанд, ҳайратовар аст.
Ин масъалаҳоро бояд онҳо матраҳ кунанд, на камина, ки донишманди ин соҳа нестам.

воскресенье, 9 августа 2009 г.

Посух ба номаи Дориюш

Мўҳтарам Дориюш! Дуруд!

Ман аслан ба ин чархуфалаки блог эътибор надодаам. Гумон доштам, ки он чандон аҳамият надорад. Чун мо чанд нафар рўшанфикрони бедордил аслан ҳамфикр нестем, масали Крылов «Ку, моҳи ва харчанг»-ро мемонем.

Камина даҳсолаҳои пеш ва ҳоло низ пофишори дорам, ки байни мардуми тоҷик ва фарҳанги решагии ў фосила кам нест. Кўшиш мекардам ва ҳоло хам мекўшам, ки ин фосила набошад. Аммо мушоҳида мекунам, ки ҳамфикру ҳамсадову ҳамдилон хеле каманд. Танҳо «Озодагон» баъзе мақолаҳоямро нашр мекард, аммо ҳоло аз он низ хабаре надорам. Кўшиш карда истодам, ки ҷашни ҳафтҳазорсолагии фарҳанги Митроӣ багузор шавад. Мақсад аз ҷалби таваҷҷўҳ ба оини митроӣ бедории фикрии мардум аст. Зеро ин оин нисбат ба афсона ба маротиб фоизи зиёдтари илм дорад. Яъне оини мардуми мо дар замони решагияш хирадгаро будааст.

Шумо ба ҳафт марҳилаи митроӣ биандешед. Яъне пайрави ин оин ҳама донишҳои зарурии он замонаи худ – фалсафа, тиб, дорушиносӣ, ситорашиносӣ, сангтарошӣ, меъморӣ, шаҳриёрӣ, тарбияи чисмонӣ, илми ҳарб ва ғайраро аз бар мекард. Дин такомули ҳамаҷонибаи маънавию ҷисмонии инсонро бар душ гирифта буд. Аммо динҳои кунунии ҷахонӣ аз илм фарсахҳо дуранд. Кўшиши Сино барои дар доираи ислом ҷори кардани хирадгароӣ натиҷае надод.

Халқе, ки оини меҳрпарастиро ба вуҷуд овардааст, нобиға аст. Мо ин суханҳоро бояд ба тамоми ҷаҳон бигўем ва чунин арзишҳои бузурги решагии халқамонро пайдо намуда ба он бояд бозгардонем.

Бе устувор намудани хирадгароӣ дар ҷомеа на демократия хоҳад буду на тоҷик хоҳем буд!

Дар ин бора бояд биандешид.

Ба шумо комёбиҳои зиёде орзумандам.

Адаш Истад

пятница, 7 августа 2009 г.

Сўгворӣ

Мо аҳли хонаводаи Адаш Истад ба хонаводаи ҳамсояи худ Қурбоналӣ Хўҷамов ба сабаби фоҷеаи бузург – даргузашти Қурбоналӣ Хўҷамов, писарашон Ромиш, додарашон Мирзоалӣ дар садамаи автомобилӣ изҳори ҳамдардӣ мекунем ва хеле афсўс мехўрем, ки дар ин рўзҳои вазнини онҳо ба сабаби монеаҳои сарҳадӣ ба азодории онҳо шарик шуда наметавонем. Ромиш ва Мирзоалӣ, ки дар Одесса кор мекарданд бо фарзандои А.Истад мукотибаи электронӣ доштанд, ҳангоми убур аз Самарқанд Ромиш дидорбинӣ мекард. Ромиш нақшаҳои зиёде дошт, ки агар сарватманд шавад, дар ободии Ватан саҳми калон мегузорад. Онҳо хонандагони блоги Герби шердор инсонҳои ҳақиқии ватанпарвар буданд. Аз ин боис мо аҳли хонаводаи А.Истад марги нобаҳангоми ононро шунида ғарқи андўҳи гароне шудем.

четверг, 6 августа 2009 г.

Мўҳтарам М.Диловаров!

Диловаровро маҳз барои он мўҳтарам гўён хитоб кардам, ки ҳар каси ба фарҳанги бостон таваҷҷўҳ дошта дар назарам шахси боарзишест.

Аммо ин эҳтиром барои М.Диловаров ба тариқи «аванс» аст, ба маънои пешпардохт. Ба он сабаб ки дар Қомуси тоҷик (ЭСТ) доир ба Меҳр мақолае навиштааст, ки ба чӣ сабаб нуқси кам надорад ва адабиёти истифода шударо низ нишон надодааст. Он мақоларо ин ҷо такрор нашр карда умедворам, ки М.Диловаров сабабҳои саҳву иштибоҳоти худро шаҳр хоҳад дод. Ва мақолаи аз ин беҳтаре хоҳад навист.

«Митра (авестоӣ mithra), Меҳр, номи яке аз худоҳои қадимтарини асотири халқҳои Шарқ; худои аҳду паймон, қарордод, меҳру муҳаббат, пайванд, шафақ, дўстӣ, рўшноӣ, ғалаба ва ниҳоят Офтоб, ки қабилаҳои ҳинду эронӣ аз ҳазораҳои 3-2 то м. мепарастиданд. Митра дар забонҳои ҳозираи тоҷикӣ ва форсӣ ҳамчун ҷузъи номи шахс ва маҳаллу макон истифода мешавад. Моҳи 7-уми солшумории ҳиҷрии шамсӣ – Меҳр ва ҷашни Меҳргон маҳз бо Митра алоқаманданд. Гўё қароргоҳи Митра кўҳи афсонавии Ҳора буд, ки аз он кишварҳои ориёиро (Марв, Суғд, Хоразм ва ғ.) назора карда ба онон дасти ёрӣ дароз ва бадхоҳонро тиру найзаборон менамуд. Ривояту асотирҳо дар бораи М. аз Шарқ ба Ғарб гузаштанд. Дар Ғарб зери таъсири ситоиши М. бо унвони меҳрпарастӣ ҷараёне ба вуҷуд омад, ки баробари ҳамаи пайравон ва зиндагии хушро пас аз марг таблиғ менамуд. Он дар байни халқ пайравони бисёре пайдо карда, бо масеҳият рақобат менамуд.
Дар асотир ва ёдгориҳои қадимии Ҳинд (Варуна дар «Ригведа»), дар Авесто, осори маданияти суғдиён, катибаҳои форсӣ, маъхазҳои юнонӣ, оромӣ, аккадӣ, иломӣ, ва ғ. инъикос меёбад.
Дар зардуштия мавқеи муҳим дошт.
Дар шоҳасарҳои адабиёт ва санъати асрҳои миёнаи Шарқ бисёр тасвир шудааст. Дар асотири Юнони Қадим Апполон бо М. айният дорад.»

М.Диловаров, ЭСТ, ҷ.4. саҳ 1288, с.1987