понедельник, 27 декабря 2010 г.

Якшанбе чӣ маъно дорад?

Яке аз пажуҳишгарони дини насронӣ Александр Амфитеатров баъди муқоисаи дини Исои Масеҳ бо таърихномаҳое, ки оиди оини Митро ҳарфе гуфтаанд, он қадар унсурҳои дини митроиро дар дини насронӣ зиёд пайдо намудааст, ки дар охир гуфтааст, агар ба масал аз дини масеҳӣ шахсияти Исои Масеҳро берун кунем, танҳо митроизм боқӣ хоҳад монд.

Наметавон ин ҳукмро нодида гирифт, чун онро як нафар адиб ва донишманди таърихи оини масеҳӣ гуфтааст. Як аср аз нашри мақолааш гузашта бошад ҳам касе ин фикри ўро рад накардааст.

Амфитеатроф он нуктаро сарфи назар кардааст, ки дар саргузашти одамхудо Митро бо одамхудои насрониён Исои Масеҳ монандиҳои зиёде ҳастанд, ки муҳақиқони оинҳои бостон бар он ишораҳои зиёде кардаанд. Аз зода шудани онҳо дар як ғор аз бокираҳо то бо нону шароб зиёфат кардани пайравону меъроҷ ба сўи Арш.

Ин зиёфат бо нону шароб, ки дар маъракаи таъзия масеҳиён доранд ва русҳо «поминка» мегўянд, ҳамун фармудаи Митрост, ки аз дунёи фонӣ ба дунёи бақо реҳлат карданро бо хушнудӣ бояд пазируфт.

Оини масеҳӣ дар оғози таърихи худ намозиҷумъагии худро надоштааст. Аммо яҳудиён доштаанд, ки маълуми ҳамагон аст. Надоштани намози сарҷамъона дар масҷид (бинои масҷидро низ аз рўи меъмории ибодатхонаҳои митроӣ сохтаанд) қурбу манзолати онро паст мекард. Ба ин сабаб рўҳониёни масеҳӣ бо мақсади он ки меҳрпарастони румӣ барои ба масҷиди худ рафтан вақт наёбанд, намозҷумъаи худро ба рўзи якшанбе, ки митроиён Рўзи Худо номида буданду рўзи одинаи онҳо буд, оварданд. Ва барои ҷалби бештари таваҷҷўҳи онон ба оини масеҳӣ якшанберо Рўзи Офтоби Ҳақиқат ном ниҳоданд.

Барои меҳрпараст форамтар ва гўшнавозтар буд ин ном, чун Рўзи Худо гўед, маълум набуд кадом худо, аммо ин ҷо аниқтар буд, Офтоби Ҳақиқат! Танҳо Митро Офтоби Ҳақиқат буда метавонад – фикр мекарданд онон.

Масеҳиён барои ба якшанбе устувор кардани намозиҷумъагӣ чунин далел доштанд, ки баъди мехкўб шуда мурдани Исои Масеҳ дар ҳамин рўз зинда шуда ба назди саҳобаҳои худ – апостолҳо омад. Якшанбе – Воскресениеи русӣ дар тарҷума зиндашавӣ аст.

Дини митроӣ китоби худро надошт, аммо масеҳиён Инҷил доштанд, ки ба онон бартари медод ва намемонд, ки таърихи ин оин фаромўш шавад. Императорҳои пешини Рум барои устувор кардани оини митроӣ рўзи якшанбе – Рўзи Худоро рўзи истироҳат эълон карда буданд, ки ин низ барои рўҳониёни масеҳӣ мусоидат намуд.

Баъди панҷ асри дар шафати ҳамдигар қарор доштани ин динҳо дар Рум оини митроӣ аз байн рафт. Торихнависон эҳтимол бе далел намегўянд, ки муборизаи дини масеҳӣ бар зидди митроизм хеле шадид сурат гирифтааст. Ба ин сабаб аз маъбадҳои сершумори Рум чизе боқи намондааст. Минбаъд мардум дигар хабар надоштанд, ки пеш аз масеҳият меҳрпарастон намозиҷумъагиро дар кадом рўз мехонданд ва рўзҳои якшанбе дар масҷиди масеҳӣ шамъ меафрўхтанд тибқи талаботи дини митроӣ, ки расми масеҳӣ гардида буд.

Дар Осиёи Марказӣ дар он замон чунон, ки дар Рум расм буд, дар масҷидҳои митроӣ ҳайкали бузурги Митроро гузоштан расм набуд. Ҳар хонавода меҳробае ба девор канда буд, ки он ҷо ҳайкалчаи сафолии нимтанаи Митро меистод ва ба сўи он ибодат мекарданд.

Чунин ҳайкалчаҳоро, ки ба истилоҳи илмӣ терракота мегўянд, археологҳо аз марзи Самарқанд низ пайдо кардаанд.

Вожаи «меҳроба»-ро арабҳо дар шакли «меҳроб» қабул кардаанд ва он аз забони арабӣ бо ислом боз ба забони мо баргаштааст.




Дар суратҳо: Ҳайкалчаҳои сафолии Митро, ки аз қабати асри VII-и мелодии шаҳри бостонии Самарқанд пайдо гардидааст. Ҳайкалчаи саввум аз қабати асри якуми мелодии вайронаҳои ибодатхонаи митроии Англия кашф шудааст

вторник, 21 декабря 2010 г.

Нақшҳои митроӣ дар баъзе иморатҳои дигари Самарқанд

Як хонандаи ин блог навиштааст, ки ин нақшҳои ориёиянд. Зиёда аз сад нафар донишмандони соҳа дар ягон тадқиқоти илмии худ нақшҳои рўидевории ёдгориҳои меъмории Самарқандро ориёӣ нагуфтаанд. То солҳои 50-уми асри XX «форсӣ» ва «туркӣ» гуфтаанд. Аммо минбаъд аз мансубияти он ба ин ё он миллат даст кашида, осиёмиёнагӣ гуфтаанд. Ман донишманди соҳа нестам, наметавонам кори онҳоро дуруст ё нодуруст бигўям.

Аммо камбудии бузурги пажўҳишҳои илмии ҳамаи онҳо он буд, ки дар асоси дастури иделогӣ амал намуда ба мазҳабҳои гуногун аз ҷумла ба дини ислом вобаста будани ин нақшҳоро таъкид намекарданд.

Ҳоло боз чанде нақшҳои оини митроиро, ки дар масҷиди Хоҷа Аҳрор, мадрасаи Шердори Хурди ноҳияи Самарқанд ва баъзе иморатҳои шаҳр, аз ҷумла масҷиди гузари Даҳбедӣ гирифтаам, манзуратон мекунам.

Маълуматон хоҳад шуд, ки нақшу нигори меъмории Тоҷикистон чӣ қадар аз решаҳои худ дур шудааст.




















суббота, 18 декабря 2010 г.

Нақшҳои Митро дар мадрасаҳои майдони Регистони Самарқанд

Оини Митро асрҳои 4-5-и мелодӣ дар Аврупо ва аз он пештар дар Эрону Осиёи Марказӣ аз байн рафтааст.

Аммо созмонҳои ҳунармандони шаҳрӣ, ки дастуру оинномаҳои худро дар асоси мафкураи митроӣ таълиф карда буданд, нақшҳои қудсии Митроро ҳамчун балогардон дар мағз-мағзи корҳои эҷодии худ нигоҳ дошта ба асрҳои пасин мерос мегузоштанд.

Мадрасаҳои Регистони Самарқанд дар асрҳои 15-17 сохта шуда бошанд ҳам ороиши девории онҳо наввад дар сад аз нақшҳои митроӣ иборатанд.

Хусусан нақшҳои гуногуни «дарахти ҳаёт» ҷолибанд, ки манбаи таваҷҷўҳи шоирони классики тоҷик ба сарв аз ин ҷост ва ин дарахти зиндагии митроӣ имрўз дар шакли арчаи соли нави мелодӣ то ба мо омада расидааст. Намудҳои салибҳои митроӣ дар девори ин мадрасаҳо он қадар зиёданд, ки ҳайратовар аст.

Ин ҷо танҳо 2-3 фоизи онҳоро манзуратон кардам.