среда, 27 января 2010 г.

Филми мустанади тоҷик дар мақоми аввал буд

Филми мустанади тоҷикие, ки Давлат Худоназаров, Бақо Содиқов ва Сафарбек Солеҳов солҳои 80-уму 90-ум эҷод карда буданд, кинодокументалистикаи тоҷикро дар ҷаҳон ба мақоми аввал бароварда буданд, - гуфт дар сӯҳбати телефонӣ ба камина киношиноси тоҷик Ато Аҳроров.

Камина ин сухани эшонро ҳамчун тасҳеҳ ба мақолаи аз ин пеш навиштаам пазируфтам, чун мисли ин мутахасис имкони муқоисаи асарҳои устодони номбурдаи синаморо бо осори дигар кинодокументалистҳои хориҷӣ надоштам.

четверг, 21 января 2010 г.

Масхараамон карданду дашном низ садо дод, аммо худ ба хулосае омадем?

Ба фикрам дар чунин мавридҳо аз чунин рўйдодҳо хулоса ва қарорҳои дуруст бароварда тавонистан муҳим аст. Дар мавриди мардикорони тоҷикро масхара кардани Галустян эътирозҳои ҷидди аз ҷониби блогнависон нависта шуданд, аммо худи мо бояд чӣ кор кунем, ба натиҷае нарасидем.

Дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон он ҳаҷву мутоибае, ки дар шабакаҳои телевизиони Русия вомехўранд, ба назар намерасад.

Яъне мо дар ин бобат альтернатива надорем. Ба ин сабаб ягон ҳаҷвнигор ё актёри соҳаи ҳаҷви мо дар телевизиони Русия ҳунарнамоӣ карда наметавонад. Агар чунин шахсияти ҳунарӣ медоштем, ба мисли Обид Асомови ўзбек (дар «Кривое зеркало») мардикоронамонро ҳаҷв кунад, ба мо алам намекард.

Дар боби филми мустанад низ хеле оқиб мондаем. Ва ба муқобили чунин филмҳо аз қабили «Проклятие Тамерлана» асари беҳтаре ба навор гирифта пешниҳод карда наметавонем. Агар дар соҳаи эҷоду истеҳсоли филмҳои бадеӣ пешқадам нестем, сабабаш маълум – имконияти молиявии ҷумҳурӣ кам аст.

Аммо хароҷоти филмҳои мустанад даҳяки хароҷоти филми бадеист ва дар ин соҳа агар қафо бимонем, вазъи молиявиро сабаб нишон дода наметавонем. Ин падида ошкор кард, ки ҳатто дар бораи шаҳсутуни фарҳангамон устод Айнӣ филми мустанади ҷавобгўй талаботи замони муосир надорем.

Агар чунин филми бисёрқисмаи мустанад медоштему он ҷо оиди хидмати устод Айнӣ дар кашфи асрори Гўри Мир низ сухан мерафт ва асли воқеаро аз забони шоҳиди бевоситаи воқеа Камол Айнӣ мешунидем, эҷодкорони филми «Проклятие Тамерлана» ҷуръат намекарданд, ки он суханҳои ҳақоратомези Малик Қаюмови раҳматиро дар филмашон ҷой диҳанд.

Хулоса ба қавли файласуфон айбро пеш аз ҳама аз худ бояд ҷуст.

Яъне барои ривоҷи эҷоду истеҳсоли филмҳои мустанад дар Тоҷикистон як студияи алоҳида таъсис дода барои фаъолияти густардаи он ҳукумат бояд маблағро дареғ надорад. Зеро сохтори мавҷуда аз ўҳдаи ин кор набаромад.

Дар замони шўравӣ ва солҳои авали истиқлол ба сурат гирифтани филми мустанад дар навори синамоӣ душвориҳои зиёде дошт. Бо эҷоду истеҳсоли дастгоҳи наворгирии забти рақамӣ ин душвориҳо аз байн рафтааст. Ҳоло баъзе ҷавонони эҷодкори тоҷик дар донишкадаҳои синамоии хориҷӣ асрори ин ҳунарро омўхтаанд ва барои кору зиндагии онҳо дар ҷумҳурӣ шароити мусоид бояд фароҳам овард.

Эътибор ба ин соҳа талаботи замон аст. Бубинед чандто шабакаи тоҷикии телевизионӣ ҳаст. Ҳамаи онҳо бояд студияҳои нерўманди эҷоди филмҳои мустанадро дошта бошанд. Аммо онҳо дар чанд соли охир ягонто ҳам филми хуби мустанад ба навор нагирифтаанд.

Аҳамияти бузурги синаморо дар ҷомеа бештар аз ҳама коммунистҳо фаҳмида буданд. Онҳо сухани доҳии худ – «Синамо беҳтарини ҳунарҳост барои мо»-ро шиори худ қарор дода буданд. Синамо ба дараҷаи сиёсати давлатӣ боло бардошта шуда буд.

Маблағи асосиро аз буҷа асосан барои «Мосфильм»-у «Ленфильм» ҷудо мекарданду барои синамои ҷумҳуриҳои дигар маблағи камеро медоданд. Бо вуҷуди ин гурҷиҳо тибқи маблағи кам амал карда дар тавлиди филмҳои бадеии кўтоҳ хеле пеш рафтанд ва фарҳанги бузурги мардуми худро ба ҷаҳониён шиносонда тавонистанд. Мо бошем бо экраникунонии баъзе достонҳои «Шоҳнома»-ву повести «Марги судхур» пешрафте низ доштаем.

Солҳои ҳаштоду наввадум бо оғози ошкорбаёнӣ барои пешрафти кинои мустанади тоҷик дарвозаи имкониятҳо каме боз гардид. Коргардон Давлат Худоназаров, ки аз ин пеш филми мустанади «Алла»-ро оиди рўзгори деҳотиёни Бадахшон ба навор гирифта буду ин асари ў қадршиносӣ нагардида буд, аз ин имконият истифода карда филмҳои «Таввалуд», «Летчик» ва «Устод» (Лоҳутӣ)-ро офарид. Бақо Содиқов филми машҳри худ «Адониси 14»-ро ба навор гирифт. Баъд оиди мактаб «Таърихи як ҳодисаро» низ. Сафарбек Солеҳов бо филми «Кобус» исбот кард, ки дар байни фалсафаи зиндагӣ аз Д.Худоназаров ва Б.Содиқов кам нест. Ҳамаи ин асарҳо аз рўйдодҳои фарахбахшу бузурги фарҳангӣ буданд.

Баъд боз дидем, ки филмҳои мустанади В.Фомин бо заминаи миллӣ ва ифшои муаммоҳои зиндагӣ чеҳраи хоси ўро муайян карданд. Яъне ин устодони синамои тоҷик як равияи хоси фалсафию публисистиро дар филмбардорӣ ба вуҷуд оварданд, усулҳои муассири тасвири бадеиро дар филми мустанад татбиқ намуданд. Ин равия инкишоф наёфта монд.

Вале ин таҷрибаи ҷамъшуда имрўз имкон медиҳад, ки эҷодкорони ҷавони филмҳои мустанад анъанаи устодони ин соҳаро идома дода филми мустанади тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло бардоранд.

суббота, 16 января 2010 г.

Ба дўстиву бародарии халқҳои ўзбеку тоҷик кӣ рахна андохтанист?

Халқҳои ўзбеку тоҷик аз замонҳои қадим дўсту бародаранд. Вақте ки оиди дўстии ин ду халқ сухан равад, ҳатман дўстии Мавлоно Ҷомию Мир Алишери Навоиро ҳамчун эталони дўстии беғараз мисол меоранд. Маълум, ки ҳасудоне ҳастанд ва онҳо мехоҳанд ин ду халқро аз таърихи бои дўстиашон маҳрум сохта ба мақсади нопоки худ расанд. Зиёда аз он мекўшанд тухми душманӣ бикоранд, намояндаҳои маданияти тоҷику ўзбекро ба ҳамдигар ҷанг андозанд.

Намунаи чунин як корро ҳафтаи гузашта шабакаи «РОССИЯ 24» кард. Ин шабакаи бистучаҳорсоата, ки пеш «ВЕСТИ» ном дошт, филми мустанадеро оиди кушодани қабри Амир Темур дар моҳи июни соли 1941 ва гўё ба ҳамин сабаб сар шудани ҷанги байни Шўравию Олмони фашистиро намоиш дод.

Аммо ҳадафи асосии муаллифони филм тамоман дигар буд, ки аз суханрониҳои наворбардор Малик Қаюмов аён мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ин филм аз ин пеш чандин бор ба воситаи шабакаҳои дигар, алалхусус шабакаи нави «Моя планета» намоиш дода шуда буд. Хусусан рекломи доимии ин филм садҳо бор намоиш ёфт, он ҷое, ки Малик Қаюмов устод Айниро «чун муш хомўш монд» мегўяд. Дар ин маврид ҳам ба русӣ, ҳам ба тоҷикӣ ва ҳам ба ўзбекӣ «чун моҳӣ овоз набаровард» мегуянд. Муш гуфтани одами мусулмон ҳақорат аст чун муш ҷонварест ҳаром.

Ман оиди ин филм бо мудири Ҳавлӣ-музейи устод Айнӣ дар Самарқанд Абдукарим Ғаниев сўҳбате доштам. Он кас низ ин филмро дидааст ва дар қатори бисёр зиёиёни дигар онро провокатсионӣ меномад.

Абдукарим Ғаниев гуфт, ки чанде пеш ба Ҳавлӣ-музей аз Русия сайёҳон омада буданд ва дар байнашон як филмбардори москвагӣ низ буд. Ман ба ў гуфтам, ки ҳамкасбони шумо, ки оиди кушодани қабри Амир Темур филм гирифтаанд, хизмати хирсона карда истодаанд. Дар он филм гўё устод Айнӣ мўйсафедони китобҳои кўҳна овардаро дашном дода бо асои худ зада дур кардааст.

Киноматографисти саёҳи рус дар ҷавоб чунин гуфтааст: - Ман он коргардонро мешиносам ва баъзе ҳамкорони ўро низ. Ба шунидаи ман он коргардон ба Малик Қаюмов хеле фишор овардааст, ки маҳз фалон ва фалон гапҳоро мегўӣ. Вагарна филм намешавад. Баъд эҳтимол дигар гапҳои хубро дар вақти монтаж бо миқроз бурида партофтагист. Агар ман ба он сафсаттаҳо бовар мекардам, магар ба зиёрати қадамҷои устод Айнӣ меомадам?

- Аммо ба ҳар ҳол кори хуб нест, - гуфтааст А.Ғаниев, - Шумо дар дохили чунин одамҳо будаед, аз макру дасисаҳои онҳо хабар доред, аммо садҳо миллион нафар бинандагони телевизион хабар надоранд ва филми ҳуҷҷатиро ҳамчун факти воқеӣ қабул мекунанд.

Аз ҳар як осори ба забони ўзбекӣ эҷод намуда ё дар бораи намояндагони бузурги адабиёти ўзбек навиштаи устод Айнӣ меҳру муҳаббати самимии ў нисбати халқи ўзбек ҷўш зада меистад.

Аммо на ҳама аз ин асарҳо хабар доранд ва бо соддагию ноогоҳии худ бу чунин филмбардорон бовар мекунанд.

Ба ёдам расид, ки як филмбардор оиди Самарқанд филми ҳуҷҷатӣ мегирифт ва дар он бояд академик Бутурхон Валихўҷаеви раҳматӣ сухан мекарданд. Раҳматӣ розӣ нашуданд ва ба ман, ки миёнчӣ будам гуфтанд: - Онҳо аз суханҳои ман дар вақти монтаж калимаи ўзбекро бурида мепартоянд, баъд чӣ тавр исбот мекунам, ки гуфтаам?

Оре, на ҳар кас Валихўҷаев барин ба фишор тоб оварда метавонад ва аз маблағ даст мекашад.

Ба ҳар ҳол Малик Қаюмови киночӣ куҷою Ботурхон Валихўҷаев куҷо.

Фарқ аз замин то осмон.

Алии Шариатӣ дар як мақолааш таъкид мекунад, ки дар муносибат бо осори хориҷиён бояд хушёр буд, Географияро дар мадди назар бояд дошт, яъне бояд биандешид, ки ин гапҳоро кӣ мегўяд аз куҷо мегўяд ва бо кадом мақсад мегўяд.

Яъне ба сиёсатбозиҳои геополитикӣ ишора мекунад.

Бо вуҷуди ин дар бобати ин падида рўшанфикрони мо на бояд ба даҳон об гиранд. Мақсадҳои нопоки чунин «эҷодкорон»-ро фош кардан ва ба таҳқиркунандагони яке аз сутунҳои бузурги фарҳанги Ўзбекистону Тоҷикистон устод Айнӣ ҷавоби сазовор додан қарзи ҳар як рўшанфикр аст.

суббота, 9 января 2010 г.

Тоҷик ориёист ё чизе дигар?

Боз як бори дигар оиди мактаб, гоҳнома ва фарҳанги митроӣ

Блоги «Як дарвеш» мақолаи хуберо нашр кард оиди зарурати эҳёи тақвими миллии тоҷикон. Ман ҳам дар гўшаи «тафсир»-и он чанд фикри шахсии худро ҷой додам. Ҳоло онҳоро дар блоги худ нашр мекунам, то ки бо гузашти солҳо чиро дар куҷо гуфтам, гум нашавад. Ҳар касе, ки бо асли масъала шинос шудан мехоҳад, ба блоги «Як дарвеш» мурочиат кунад.

Пеш аз ҳама боз як бор таъкид мекунам, ки то вақте ки мо бахши митроии (яъне ориёии) торихи халқамонро таълиф ва чоп накунем, бисёр масъалаҳо аз ҷумла масъалаи солшумории миллиро низ ҳал карда наметавонем. Барои ҳалли ин масоил пеш аз ҳама ҷашни 7-ҳазорсолагии фарҳанги ориёиро дар мисоли оину фалсафаи митроӣ (дар зардуштия аз он маводи камее боқи мондааст) бояд таҷлил кунем. Агар ин корро накунем, ғояи миллиро низ муайян карда наметавонем. Ва баъд ояндаи мактабу маорифро низ бо такя ба решаҳои фарҳангӣ таъин намудан душвор хоҳад буд.

Мактаби митроӣ бо ҳафт марҳилаи камолоти шахс ҳанўз ҳам таваҷҷўҳи мутафаккирони бузурги маорифи ҷаҳонро ба худ кашидааст.

Илми педагогикаи беҳтарини кишварҳои ғарбӣ, гарчанд аз Митро ном намебарад, аммо ҳама нуктаҳои муҳими тарбияи шахсиятро аз мактаби митроӣ гирифтааст.

Акнун руҷўъ кунед, ки дар «Як дарвеш» чиҳо гуфтаам.
***
Таквими миллии бостони торихи зиёда аз хафтхазорсола дорад. Он яке аз рукнхои асосии фарханги мардуми мост. Дар ин бобат дар блоги Герби шердор чанд бор сухан карда будам. Афсус, ки байни рушанфикрон ва тасмимгирандагон жарфнои амикест, ки садои аввалиро дуввуми намешунавад. Агар хама рушанфикрон баробар дар ин бора дод зананд, эхтимол садояшон ба гуши тасмимгиранда бирасад...

***
Солшумории митрои, яъне ориёи. Кабули ин солшумори, ки хафт хазор солро дар бар мегирад ориёнажодии точиконро ба чашми тамоми чахониён равшан нишон хохад дод. Аммо рушанфикрони Точикистон доир ба пешниходхои камина оиди ин масъала ва тачлили чашни хафтхазорсолагии фарханги ориёи хомуши ихтиёр кардаанд. Аммо рузномахои хукуматии Узбекистон маколахои доир ба фарханги митрои дар Герби шердор навиштаи каминаро чоп карда истодааст.

***
Хама миллатхои тамаддунсоз огози солшумориро аз мавлуди паёмбари худ гирифтаанд. Ба ин сабаб яхудиён таквими зиёда аз панчхазорсола доранд. Агар точикон гохшумории миллии худро эхё накунанд, чунин маъно хохад дод, ки меросхури паёмбарони бостонии ниёгони худ Митро ва Зардушт нестанд. Яъне ориёи нестанд. Як гурух душманони миллати точик дар Интернет (масалан Хидоятов ва Расулов) ва дар нашрияхои гуногун бо инкори ориёнажодии точикон машгуланд. Он донишмандони точик, ки макоахои каминаро оиди эхёи таквими милли, ислохи герби Точикистон, поягузории низоми маориф дар асоси хафт мархилаи камолоти инсонии митрои нодида гирифтаанд, ба осиёби чунин душманони халки точик об рехта истодаанд.

Ба ин сабаб масъалаи эхёи таквим ва гузаронидани чашни хафтхазорсолагии фарханги митрои, яъне ориёи аз масъалахои хеле пурахамиятест, ки хастии миллати точикро муайян хохад намуд.

***
Ахамияти сиёсии масъаларо инкор намекунам. Онхо хастии миллат ва давлатдории точиконро зери суол карор додаанд. Даъвохои аз кабили «точикон аз асирони харбии ба Осиёи Миёна оварда шуда пайдо шудаанд», «Сомониён дар асл турк буданд» хама ба максади инкори халке бо номи точик, инкории ориёнажодии он ва инкори хукуки таърихии давлати мустакил доштани он навишта шуда истодаанд. Борис Литвинский хангоми тахрири китоби «Точикон» фарханги митроиро аз он берун андохта (мисолаш нодида гирифтани кабристонхои ориёии болооби Зарафшон) ба чунин хучумхо замина фарохам овардааст.

***
Умеди мухтарам!

Оинхои митроиву зардушти дар шароити кунунии Точикистон аз оинхои мурда хисоб мешаванд ва хеч имкони зинда кардани хатто яке аз онхо масалан зардушти нест. Дар огози истиклоли Точикистон намояндагони дини зардушти аз кишвархои хорича ба Точикистон хеле зиёд омадурафт карданд, аммо як нафар хам пайрави дини зардуштиро пайдо карда натавонистанд. Ба ин сабаб ходимони дини мусулмони дар ин масъала биме надоранд.

Миср давлати исломист. Наввад дар сади ёдгорихои меъмории он, ки тоисломианд, сабаби ривочи туризм ва афзоиши сарвати мамлакат гардидаанд.

Ягон мусулмони мисри «ин мероси кофирон» гуён ба вайрон кардани ёдгорихои меъмори намекушад. Баракс бо ахромхои замони тоисломи сохтаи халки худ ифтихор мекунанд.

Эхёи торихи гумшуда, гиромидошти фарханги ориёи маънои тарки дини исломро надорад ва чомеаро харгиз ба исломиву ориёи таксим нахохад кард.

***
Мо на бояд ба мисли баъзе ифротихои исломи фикр кунем, ки онхо ба куллан рад кардани хама гуна афкор чи бостониву чи муосири дар ислом вучуд надошта мекушанд. Мо тарафдори ба замони муосир овардани хама гуна акидахои митроиву зардушти нестем. Дар забони руси ибораи рациональное зерно хаст, ки онро магзи рационали бигуем, дуруст будагист. Мо тарафдори аз афкори митроиву зардушти гирифтани он магзи рационалистием, ки ба пешрафтанамон мусоидат мекунад.

Агар ба таърихи пешрафти кишвархои Гарб амиктар бингарем, хохем дид, ки барои пешрафти истехсолоти онхо накши асосиро масонхо бозидаанд. Масонхо оинномаи худро дар асоси оинномаи сангтарошхо таълиф кардаанд. Сангтарошхо бошанд, идомадихандагони суннатхои митрои буданд. Масонхо чанговарони собики дар чанги салиби аз горати кишвархои Шарк бойшударо мачбур карданд, ки ба саноати кишварашон маблаггузори кунанд.

Агар мо дар доираи акидахои исломи махдуд шавем, дур не хеле зуд Точикистонро ба Афгонистони дуюм табдил медихем. Он гох душманони миллатамон аз чор тараф гуруххои ифротиро маблаггузори кардан мегиранд, то ки харгиз аз ин вартаи марговар берун омада натавонем.