понедельник, 30 августа 2010 г.

Мо бояд дигар шавем!

Оре, оре бояд дигар шавем. Тамоми олам дар ҷараёни дигаршавию навпардозӣ қарор дорад.

Аз ин ҷараён берун мондан, пойбанди ақидаҳои хурофотию мистикӣ будан, ҳамон ақидаҳое, ки бо дониши муосир дар тазод аст, миллатро ба завол хоҳад расонд. Аз ин пеш дар мақолае навишта будам, ки тоҷикон баробари кишоварзии анъанавӣ кишоварзии ғайрианъанавиро низ бояд ривоҷ диҳанд.

Мо рельефи ҷумҳуриро бояд самаранок истифода барем. Масалан бояд фикр кунем, ки кўҳ ба ғайри он чизе ки дорад боз чиҳоро дода метавонад.

Оё дар ғорҳои кўҳӣ замбўруғҳое, ки дар бозори ҷаҳонӣ деликатес маҳсуб мешаванд парвариш мекунем? Чаро теъдоди чунин ғорҳоро зиёд накунем?

Ё масалан чаро дар мағзи кўҳ меҳмонхонае насозем, ки ба сурати ғор бошад ва ҳазорон туристони хориҷӣ орзуи истиқомат дар ин меҳмонхона кунанд. Ва таоми ресторани ин меҳмонхона-ғор аз занбўруғҳои дар ғор парвариш карда бошад.

Иқлими гарм дар ҷазираи Кеши Эрон мардумро маҷбур кардааст, ки ҳатто як шаҳраки зеризаминӣ бисозанд. Чаро аз ин таҷрибаи таърихӣ дар сохтмони меҳмонхонаву бозорҳо истифода набарем?

Олмониҳо ҳама бўстонсаройҳои беруншаҳрии худро дар зери замин месозанд.

Мо магар нисбат ба Олмон замини корами бештар дорем, ки дар рўи замин месозем. Ба фикри баъзе донгишмандон агар Шамс якуним фоизи сад гармии худро зиёд кунад, дар хонаҳои рўи заминӣ зистан имконнопазир мешавад. Гармии Офтоб сол ба сол рў ба афзоиш аст. Аз ҷиҳати дигар гарм кардани хонаҳо дар фасли сармо дар шароити кунуни норасоии маводи сўхт мушкилоти бештаре пеш хоҳад овард, ки дар ин боб хонаҳои зеризаминӣ афзалияти зиёде хоҳад дошт.

Дар боби бештар истифода бурдани кишоварзии суннатӣ низ бояд андешид.

Чанд сол пеш журналистони ўзбеки Самарқанд масъалаи эҳёи иди Сайри харбуза ва анъанаи харбузапарвариро ба миён гузоштанд. Ҳукумат Иди Харбузаро барқарор карда барои густариши полези харбуза қарори махсус кабул намуд. Дар натиҷа навъҳои бостонии харбузаҳои хушбўю ширин дар бозор зиёд шуданд.

Масалан бўрикаллаи таҳҷоӣ дар 70 рўз мепазад ва аз хар гектар аз 260 то 360 сентнер хосил медиҳад.

Яъне дар мавриди даҳ сент будани як кило харбуза ва ба ҳисоби миёна 300 сентнер шудани ҳосил 30 ҳазор доллар аз ҳар як гектар ба даст хоҳад омад.
Дар замонҳое, ки лаблабуи қанд машҳур набуд, мардуми мо шакару наботро аз чунин меваҳо месохтанд. Ба ин сабаб дар сурати фурўхта натавонистани меваҳои тар коркарди саноатии он даромади зиёдтаре хоҳад дод.

Харбузаро дар шакли хушк низ барои зимистон нигоҳ медоранд. Ба ғайри ин навъҳои зимистонии харбуза нархи гаронтаре дошта нисбат ба бўрикаллаи маҳаллӣ даромади бештаре медиҳад.

Мо бояд дигар шавем.

Барои дигар шудан яъне пеш рафтан бояд, ки муносибатамонро ба муҳити атроф дигар кунем каме дигархелтар биандешем.

вторник, 3 августа 2010 г.

Нависандаи фантаст Адаш Истад: «Инсон озодипараст аст»

Ўктам Иброҳим муаллифи китобҳои «Дар маҳтобшаб», «Шоми Регистон», «Ба дунё як бор меоянд», «Разм бо марг», «Ғазаби Немезида», «Ёде аз бузургон», «Марсияи тирамоҳ», «Падида ё фармоише аз кайҳон» аст.

Ўктам Иброҳим узви Иттиҳоди рўзноманигорони Ўзбекистон, узви Иттиҳоди адибони Тоҷикистон аст.

Алҳол Ўктам Иброҳим ходими Донишгоҳи озоди Тоҷикистон (шаҳри Панҷакент) ва ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ховар» аст, ки дар Ўзбекистон нашрияи ғайриҳукуматии тоҷикист. Ўктам то соли 1990 дар нашрияҳои гуногуни Тоҷикистон кор кардааст. Алҳол дар Самарқанд зиндагӣ мекунад. Ў худро дар наср аз шогирдони Ф.Муҳаммадиев меҳисобад.

Дируз нашрияи «Иршод»-и Панҷакент маҷмўаи мақолаҳои ўро таҳти унвони «Дидор ва видоъ» ба таб расонид. Ҳоло як мавод аз ин китоб манзури шумо мегардад.
НАВИСАНДАИ ФАНТАСТ АДАШ ИСТАД: «ИНСОН ОЗОДИПАРАСТ АСТ»

Мусоҳибаи хабарнигори мо Ўктам Иброҳим бо адиби машҳури фантазиянавис, муаллифи китобҳои «Суруди офтоб», «Замир», «Дарахти пахтачормағз», «Баъди ҳазор сол», «Парвози меъмор», «Ҳикояҳо аз рўзгори Борбад» ва ғайра дар арафаи ҷашни истиқлоли мамлакат ороста шуд.


Бошгашти мо ба асолату сарчашмаи фарҳанги миллӣ чист? Оё дар замоне, ки мафкураи коммунистӣ ҳукрон буд, нависанда истиқлоли эҷодӣ дошт? Истиқлоли миллӣ барои эҷодкорон чӣ дод?

Ин ва дигар масъалаҳое, ки дар эҷодиёти адибони навҷў ва соҳибистиқлол чун Адаш Истад тадқиқи бадеӣ дарёфтаанд, нуқли сўҳбати мо буд.

- Шумо қабл аз ҳама чун адиби мумтози фантазиянавис машҳур мебошед. Ҳеҷ як адиб дар заминаи холӣ пайдо намешавад. Ҳар яке аз мо чун як фарди эҷодкор ва ҳам чун инсон мўҳраи силсилае ҳастем. Бигўед, ки дар адабиёти гузаштаи тоҷик анъанаҳои фантазиянависӣ буданд?

- Дар осори классикии мо ҷузъиёти фантазиянависӣ аз ҷумла дар «Шоҳнома» ҳаст. Масалан, дар китфи Заҳҳок рўидани ду мор, ки мағзи сари ду ҷавонро мехўранд. Ҷанги Рустам бо деви сафед аз чунин ҷузъиёт аст.

Албатта ин фантастикаи илмӣ не, балки асотирӣ аст.

Дар афсонаҳои халқ дар бораи аспи чўбин, гилеми паррон, осиёи тиллорезак, ё дар бораи оинаи ҷаҳоннамои Ҷамшед дар «Шоҳнома», дар ривоятҳои зиёди динӣ, аз ҷумла «Қисасаланбиё», дар «Ҳазору як шаб», дар насри омиёна, аз қабили «Самаки айёр», «Ҳотами Той» ва ғайра воқеаҳо, ҳодисаҳои фантастикӣ ҳастанд.

Дар адабиёти пас аз инқилобӣ ҳам асарҳое буданд, ки дар онҳо воқеаҳо, ҳодисаҳои фантастикӣ тасвир ёфтаанд. Масалан, «Қиёмат»-и Абдурауф Фитрат ба фантастикаи асотирӣ тааллуқманд аст.

- Дар аксарияти маврид адибони фантазиянавис пешгўиҳои илмӣ, фарзияҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ҳам доранду бани башарро аз фарҷоми ногувори гоҳо фоҷиавии иқдомҳои сабукфикронаи онҳо огоҳ ҳам месозанд…

- Фантазиянависӣ ин одамонро ба ягон масъала огоҳӣ додан нест. Ин вазифаро олимон ва онҳое, ки фарзияҳои илмӣ менависанд, ба хуби анҷом медиҳанд.

Фантазиянависӣ офаридани модели ҷамъиятест, ки дар кадом ҳолат – 2х2=4 намешавад.

Фантастикаи бадеӣ ҳамчун қисми муҳими адабиёт асосан вазифаи адабиро иҷро мекунад ва замони гузашта ё ояндаро ба воситаи образҳои бадеӣ тасвир менамояд.

- Дар ҳикояҳои беҳтарини Шумо, ки дар Самарқанд эҷод кардед, аз ҷумла «Санги сарнавишт», «Пир дар осмон», «Даҳшатқул» ва ғайра оҳангҳои тасаввуф эҳсос мешаванд.

- Мо дар замони шўравӣ танҳо бо фантастикаи илмӣ сару кор доштем. Албатта, баъзе асарҳои фантастикие, ки дар онҳо бўе аз идеализм роҳ ёфта буд, дучор мешуданд. Аммо гоҳ-гоҳ ва аҳёнан.

Дар мамлакатҳои Ғарб бошад, шохаи дигари фантастика бо иштироки персонажҳо аз қабили арвоҳ, ҷин, фаришта, шайтон ва амсоли ин дар ривоҷ буд. Агар фантастикаи илмиро дар ин мамолик саенсфикшен гўянд, ин қабили фантастикаи илмиро фантезӣ меноманд.

Истифода шудани ин қабил персонажҳо дар асари ин ё он адиб ҳоло далели он нест, ки ў ба ин гуна воқеаҳо бовар дорад, зеро мақсади нависанда аз офаридани ин ё он модел ифода кардан ғояи худ ба воситаи воқеоти мушаххас ва образҳои бадеист.

Дар ҳикояи «Даҳшатқул» хонанда шоҳиди он мегардад, ки хўсаи беҷон аз аслиҳаи оташфишон тир меандозад. Нависанда ин ҳодисаро бо мақсади пуртаъсиртар ифода кардани ғояи асар тасвир кардааст.

Дар ҳикояи «Пир дар осмон» нависанда нишон додан хостааст, ки кадом ҳолат сабабгори он шудааст, ки дар назари дарвешон пир дар осмон парвоз кунад.

Дар ҳикояи «Санги сарнавишт» бошад, муборизаи азалии инсон барои ҳалли сарнавишти худ тасвир меёбад. Нависанда таъкид кардааст, ки ҳатто дар ҳамон ҳолате, ки дар пеши инсон масъалаи интихоби 40-50 сола зиндагии фармонбардорона ё як рўзи истиқлоли умр меистад, инсонҳое пайдо мешаванд, ки як рўзи истиқлолро афзалтар мешуморанд. Якчанд хел маънидодшавии асар гувоҳи он аст, ки тири адиб ба нишон расидааст, зеро асари ҳақиқии адабиёт пурғунҷоиш мешавад.

Аз он ки дар «Пир дар осмон» пири тасаввуф тасвир ёфтааст, он ҳоло ҳикояи тасаввуфӣ шуда наметавонад.

Тасаввуф барои пирони тариқат як роҳи ба олами ғайб воситае пайдо кардан буд. Бинобар ин, онҳо илмҳои ҳолуқолро меомўхтанд ва бо онҳо чуноне, ки адабиёти саргузаштҳои онҳоро инъикоскунанда гувоҳӣ медиҳад, бо онҳо ҳолатҳои фантастикӣ бисёр рух медод.

Кўшиши нависанда ҳам барои он аст, ки на танҳо рангу бўи асар, балки тору пуди он ҳам миллӣ бошад. Азбаски нависандагони аз ин пеш эҷодкарда аз инъикоси чунин воқеот бо сабабҳои маълуми идеологӣ канорагирӣ мекарданд, имрўз вақту соати истифода бурдан аз ин мероси фарҳангии хеле пурсарвати мо фаро расидааст.

- Магар дигаргуниҳое, ки дар эҷодиёти Шумо ба назар мерасанд, ба фурўпошии шўравӣ ва истиқлоли миллиро соҳиб гардидани мамлакати мо вобаста нест?

- Албатта, дар замони шўравӣ, коммунистӣ бисёр масъалаҳоеро, ки имрўз менависем, гуфта наметавонистем. Ҳол он ки фантастика нисбат ба дигар жанрҳо як озодии номаҳдудро соҳиб буд. Агар мепурсиданд, ки чаро чунин навиштӣ, мегуфтӣ, ки ин ҳаёт дар фалон сайёра аст. Масалан, дар замоне ки дар бораи монокултураи пахта ва оқибатҳои метавон гуфт фоҷиавии он ҳарфе гуфтан мумкин набуд, ҳикояи «Пахтачормағз», «Дарси гиперфазо»-и банда дар ҳамин мавзўъ иншо шуда, ҳамин масъалаи дардомезро инъикос карда буданд.

Замони истиқлол барои ба вуҷуд омадани адабиёти ҳақиқӣ шароит фароҳам меоварад. Имрўз барои инъикоси мавзўъҳои гуногун монеае нест.

- Шумо борҳо дар бораи бозгашти мо ба сарчашмаи фарҳанг, асолатамон суханрониҳо доштаеду навиштаед. Инҳоро Шумо чӣ тавр маънидод мекунед ва роҳҳои онҳо кадомҳоянд?

- Сарчашмаҳои фарҳангии мо аз куҷо об мегиранд, маълум аст. Ин фарҳангро аз рўи экскурси таърих ба якчанд қисмат тақсим кардан мумкин. Қисмати аввал – фарҳанги тозардуштӣ иборат аст аз ривоятҳо ва дигар унсурҳои эҷодиёти шифоҳии халқ, тасаввуроти тоисломии халқ дар бораи олами атроф.

Қисмати дуввум. Ин масъала дар тадқиқотҳои илмии этнографҳои Олмон пас аз экспедитсияҳо ба баландкўҳҳои Бадахшон, Афғонистон (Кофиристон мегўянд) инъикос ёфтааст.

Қисмати дуввуми фарҳангии мо иборат аст аз маданияти зардуштии тоисломӣ. Китобҳое, ки ин маданиятро инъикос кардаанд, аз қабили «Шоҳнома» ба ҳама маълум аст.

Давраи сеюм – маданияти исломист, ки он бисёр нобиғаҳоро ба вуҷуд овард. Ҳоло дар тафаккури мардуми мо маданияти исломӣ ҷои бештареро ишғол кардааст. Нависандаи миллӣ аз ин мафкура берун эҷод карда наметавонад. Дар замони шўравӣ ҳамаи мо атеист будем. Агар дар дастгоҳҳои идеологӣ ба мисли рўзнома, радио, телевизион кор мекардед, ба тақозои вазифа ва кор супоришҳои атеистонаро низ менавиштем, аммо он маънӣ надорад, ки мо маданияти исломиро инкор кунем. Зеро қабатҳои бисёр пурсарвати ин маданият аз назари мо пинҳон буд. Масалан дар гузашта мо имкон надоштем, ки бо матни «Қуръон» ба забони худ шинос шавем ё ин ки тафсири «Қуръон»-ро мутолиа намоем. Ин китобҳо аз китобхона танҳо ба олимоне, ки дар мавзўи дин тадқиқот мебурданд, дода мешуд.

Бинобар ин имрўз ба «Қуръон», тафсири он, Ҳадис, «Қисасуланбиё» ва асарҳои дигари муқаддас ҳамчун мероси фарҳангии миллӣ муносибат мекунем.

Бозгашт ба асолати худ маънои зоҳиду рўҳонӣ шуданро надорад, балки маънии нисбати фарҳанги ниёгон бо эҳтиром муносибат намуда, дар асоси илми муосир онро ба манфиати халқ пурсамар истифода бурданро дорад.

Рўзномаи «Самарқанд», 9 сентябри соли 1995.