среда, 30 марта 2011 г.

Чашмаҳои муқаддаси митроӣ

Аз бозе, ки ғусли тамъид ва оиди намудҳои таҳорати митроиён камтарак тасаввуроте ҳосил намудам, доимо фикр мекардам, ки агар чунин чашмаҳо дар замони бостон дар кишвари мо вуҷуд дошта бошанд, то ба имрўз омада расидаанд, чун чашмаҳо аксар абадианд ва ҳеҷ гоҳ хушк намешаванд, агар барф ҳасту борон ҳаст.

Аллома Берунӣ оид ба идҳои яке аз мазҳабҳои митроӣ, ки худро дар замони халифаҳои аббосӣ «собӣ» ном гузоштаанд, сухан ронда дар мавриди иди вобаста ба об чунин навистааст:

Ҳилоли об – рўзи сеюми иди Дайлафатон, санами Зўҳра аст ва гоҳе рўзи ҳафтум ҳамин идро мегиранд. Ва дар бисту чорум дар чашмаи оби гарми Саруҷ ба эътисолу шустушўй мепардозанд. Ва дар рўзи бисту шашум низ ид аст. Ва дар рўзи бисту ҳаштум иди Кифармисоаст. Ва дар рўзи сиюм аз охирин шустушўй дар чашмаи оби гарми Саруҷ фориғ мешаванд.

Дар шаҳри Самарқанд яке аз чашмаҳои қадимӣ ҳаст, ки то ҳол оби он қулфкушои мушкилиҳо ба ҳисоб меравад ва он дар мазори Хоҷа Рўшноӣ аст. Мақоли тоҷикии «об - рўшноӣ» ба тахмини камина аз он ҷо тавлид шудааст. Ҳар ҳафта дар рўзи чоршанбе мардуме, ки мушкилоте дорад оби ин чашмаро бо зарфе бо худ мебарад.

Аммо дар Бухоро ду чашмаро метавон ба давраҳои митроӣ ихтисос дод. Ҳар ду имрўз Чашмаи Аюб ном доранд, яке дар шаҳри Бухорост ва дигаре дар ноҳияи Вобканди Бухоро. Свастикаҳои пештоқи чашма таъкидест бо он замонҳои қадим.

четверг, 24 марта 2011 г.

Абўрайҳони Берунӣ оид ба митроизм

Аз ин пеш бо истинод ба пажуҳишгари Мавзолейи Сомониён М.Булатов навишта будам, ки дар замоне, ки Абўрайҳони Берунӣ зистааст, яъне дар асри ёздаҳи мелодӣ дар Самарқанд собиён, яъне офтобпарастон ҷамъияти худро доштанд.

Берунӣ низ дар «Осор-ул-боқия» офтобпарастон яъне митроиёнро собиён мегўяд. Ба қавли пажуҳишгари Мавзолейи Сомониён М.Булатов донишманди таърих А.М.Беленицкий оид ба нуҷумпарастӣ ва таъсири он ба шаклгирии афкори мардуми Осиёи Миёна мушоҳидаҳои зиёде доштааст.

Берунӣ дар фасли «Таърихҳои касоне, ки пайғамбариро ба худ бастанд ва умматҳое, ки фиреби эшонро хўрдаанд» оид ба пайдоиши оини митроӣ ба тариқе хома меронад, ки аз ровиёни гуногун шунидааст ва пайравони меҳрпарастиро «собиин» ва ё «собиён» ном мебарад:

Миёни анбиё ва мулук ҷамоате аз мутанабиин зоҳир шуданд, ки китоб аз шумориши онон қосир аст. Баъзе аз эшон ҳалок шуданд, бидуни он ки касе бар ў пайравӣ кунад ва ҷуз номе дар сафҳаи рўзгор нагузоштааст. Баъзе дигарро уммате мутобиат карданд ва эшон дар назди ин уммат боқӣ ва поянда монд. Ва ин умматҳо таърихи эшонро зикр мекунанд. Пас, мо бояд, ки таворихи машҳуртарини эшонро зикр кунем.
Нахустин шахсе, ки аз ин даста зикр мешавад Бузосаф аст, ки чун як сол аз подшоҳии Таҳмурас гузашт, дар Ҳинд зоҳир шуд. Ва китобе ба порсӣ биёвард ва ба миллати Собиин даъват кард ва халқе зиёд ўро пайравӣ карданд.
Подшоҳони Пешдодӣ ва баъзе аз Каён, ки Балхро ҷойгоҳи худ қарор дода буданд, Офтобу Моҳ ва кавокибу куллиёти аносирро то замони пайдоиши Зардушт, дар соли сеюм, аз салтанати Гуштопс, мепарастиданд.

Сипас маълумоте овардааст, ки ба он бовар кардан душвор аст. Чун руҳониёни динҳои нав барои гардондани ихлоси мардуми хеш аз динҳои собиқ ҳар кори қабеҳро ба пайравони динҳои пешин нисбат медоданд. Ин ҷо Берунӣ ба пайравони мазҳаби «Ҳаррония», ки гўё ба сабаби ситорапарастиашон ба шумор собиёнанд, ба ситораи Муштарӣ одам қурбон карданро мансуб медонад ва таъкид меварзад, ки Иброҳим дар аввал пайрави ин оин буд ва писарашро барои Муштарӣ қурбон кардан хост, аммо Муштарӣ дар лаҳзаи охир писари ўро бо қўчқор, яъне гўсфади нар иваз мекунад.

Воқеан ҳам баъзе қабилаҳои Арабистон то ислом барои худои борон дар хушксолӣ одамро қурбон мекарданд, аммо ба одамқурбонкунии митроиён ягон далели боварибахш нест, одамхудо Митро бошад дар ҳама муҷассамаву тасвирҳо таврест, ки гўсоларо қурбон мекунад.

Ба ин сабаб ба навиштаҳои Берунӣ бояд бо назари танқидӣ нигарист ва дар ин маврид шолӣ бо курмаки зиёд омехтааст, ки ҳақиқатро ҷудо кардан корест на чандон осон. Акнун ба ин сатрҳо диққат кунед:

Ва мо аз эшон беш аз ин намедонем, ки мардуме ҳастанд, ки худовандро ягона медонанд ва аз қабоҳат худро тоза нигоҳ медоранд. Ва ўро ба салбӣ васф мекунанд ва ба эҷоб, мисли он ки мегўянд: «Маҳдуд намешаваду дида намегардад ва ситам намекунаду ҷавр наменамояд ва ҳақтаолоро ба номҳои зебо мехонанд», вале ба тариқи маҷоз, зеро дар назди онҳо сифате ҳақиқатан вуҷуд надорад ва тадбири оламро ба фалаку ҷирмҳои он нисбат медиҳанд. Ва ба ҳаёту нутқу самъу басари афлок қоиланд ва нурҳоро таъзим менамоянд. Ва аз осори эшон қуббаест, ки дар болои меҳроб дар ҷомеи Димишқ аст, ки дар аёме, ки юнониён ва Рум бар дини онҳо буданд, намозхонаи эшон буд, баъд ба дасти яҳудиён афтод ва аз барои худ каниса гардониданд. Сипас насоро бар онҳо ғалаба ёфтанд ва аз барои хеш ибодатхона гардониданд, то он ки замони ислом шуд ва мусулмонон он маконро масҷид карданд. (Ин ҷо бо вожаи қубба гунбади ибодатхонаи митроиёнро дар назар дорад, ки Офтоб хар соате дар яке аз равзанаҳои зери гунбад чеҳраи худро намоён мекард барои мардуми дохили маъбад – А.И.)
Ва аз барои ин тоифа се намоз воҷиб аст: Нахуст дар назди тулўи Шамс ҳашт ракъат, дуюм қабл аз заволи Шамс аз васатуссамо панҷ ракъат, сеюм ҳангоми ғуруби Офтоб панҷ ракъат. Ва дар ҳар ракъат аз намозашон се саҷда аст. Ва дар соати дуюми рўз як намози нофила мехонанд ва яке дигареро дар соати нўҳ аз рўз ва сеюмеро дар соати сеюм аз шаб. Ва аз барои намоз таҳорат ва вузўъ ба ҷо меоваранд. Ва аз ҷанобат ҳам ғусл мекунанд. Ва хатна наменамоянд. Чун чунин гумон кардаанд, ки бад-ин амр маъмур нашудаанд ва аксари ҳукмҳои эшон дар никоҳ кардан, ҷазо додан мисли ҳукмҳои мусулмонон аст. Ва дар шустану пок кардани ҷасади мурда ва амсоли ин амр шабеҳ ба «Таврот» аст. Ва аз барои ин қавм қурбониҳоест, ки ба кавокибу санамҳою ҳайкалҳои онҳо мутааллиқ аст. Ва қурбониҳое ҳам доранд, ки коҳинони эшон ва онҳо, ки фиребашон додаанд, мутавалии он ҳастанд. Ва баъзе аз ин ҷамоат Бузосафро Ҳирмиз медонанд. Ва гуфта шуд, ки собиини ҳақиқӣ онҳое ҳастанд, ки дар Бобул аз ҷумлаи қабилаҳое, ки Куруш (Сирус) ва Арташхобс ба Байтулмуқаддас ҳаракат доданд, ихтилоф карданд. Ва аксарашон дар Воситу саводи Ироқ, дар ноҳияи Ҷаъфару Ҷомида в аду наҳри Сила сокинанд ва худро ба Анўш бинни Шис нисбат медиҳанд ва бо Ҳаррония мухолифанд ва мазоҳиби эшонро айб мекунанд.

Дар фасли «Дар бораи иду ҷашнҳое, ки дар моҳи порсиён аст» Берунӣ равшан таъкид кардааст, ки Наврўз эҷоди собиён яъне митроиён аст:

Баъзе уламои Эрон мегўянд: «Сабаби ин ки ин рўзро Наврўз мономанд, ин аст ки да айёми Таҳмурас, собиа ошкор шудаанд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рўзро, ки рўзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврўз бузургу муаззам буд.»
Ман қотеъона намегўям, ки ин ҳама бояд ба китобҳои таърих дарояд. Аммо то ба ҳанўз ҳайронам, чаро торихнависон ба осори нобиғае чун Берунӣ эътиборе надодаанд? Ман танҳо баъзе бобҳои як осори Беруниро дидам.

четверг, 17 марта 2011 г.

Наврўз ҷашни митроист!

Замони шўравӣ ба гўшамон сафсатаи зиёде рехтанд, ки гўё Наврўз ба дин алоқае надорад.

Ягон иди бостоние нест, ки ба дин алоқаманд набошад.

Камина аз ин пеш навишта будам, ки рақами 12 ба тақвим чӣ замоне ба сабаби муайян кардани мақоми офтоб дар соатҳои рўз аз ҷониби митроиён ба тақвим ворид гардид.

Ниёгони мардуми мо замоне, ки меҳпараст буданд, ба ҳама идҳое, ки вобастаи худои онон – Офтоб буд, ширкат меварзиданд. Баъди ҷашни Шаби Ялдо, агар аз рўи матниқ фикр кунем, ки чӣ ҷашне буд, ҳатман бо Наврўз рў ба рў хоҳем шуд.

Ривоятҳое, ки Ҷамшедро поягузори Наврўз меҳисобанд, асло дуруст буда наметавонанд. Ба он сабаб, ки Ҷамшед поягузори оини нав набуд ва ҷашнҳои бостонӣ ҳама динӣ буданд.

Хуб медонем, ки ҳафт сайёра, ҳафт рўзи мавсум ба сайёраҳои замони митроӣ ва ҳафтшини наврўзӣ як решаи динӣ доранд.

Хусусан ба митроӣ будани ҳафтшин кофист, ки аз он шаробро берун бигирему ба муддаиёни зардуштидўст бигўем: Шароб аз муқаддсоти оини митроӣ буд, ки шумо агар Наврўзро зодаи замони оини зардуштӣ меҳисобед, чаро ба ҷои шароб ба ҳафтшин нўшокии мастиовари он хаома ворид нагардид?

Дигар ин ки митроиён аз илми ситорашиносӣ хусусан аз дохилшавиии Офтоб дар давоми сол ба дувоздаҳ бурҷ огоҳӣ надошта наметавонистанд, чун дини онон нуҷумпарастӣ буд. Ва идҳояшон низ вобастаи он буд, ки Офтоб дар кадом замон масалан чунин пирўзии комили баҳориро бар зимистон таъмин мекунад.

воскресенье, 6 марта 2011 г.

Рақами 12-ро ба тақвим митроиён даровардаанд.

Парастишгоҳҳои митроӣ агар дар асрҳои авали пайдоиши ин дини ниёгони мо дар ғорҳо арзи ҳастӣ намуда бошанд, бо кўчидани мардум ба саҳроҳо ё паҳн шудани ин оин байни сакоиву массагетҳо дар шакли хаймаҳо яъне бо гунбаз сохта мешаванд. Дар замони сохтани ин маъбадҳои нахустин пеши меъморони офтобпарасти митроӣ чунин вазифа гузошта шудааст, ки барои аҳли ибодати дохили масҷид Хуршеди оламтоб бояд доимо намоён бошад. Вагарна дар ибодат халал ворид хоҳад шуд. Эҳтимол меравад, ки чунин талаб дар замони авали пайдоиши ин дин пеш омад, чун митроиён намози панҷвақтаро доштаанд, чун рақами панҷ низ назди онон қудсӣ будааст.

Вобаста ба фаслҳои сол муддати ҳаракати Офтоб дар рўи Замин гуногун аст.

Меъморони митроӣ аз байни 6 то 18 соати гардиши рўизаминии Шамс рақами миёна – 12-ро интихоб кардаанд ва дар маъбадҳояшон зери гунбад 12 равзана сохтаанд.

Намедонам, ки соату дақиқаҳоро чӣ тавр ҳисоб мекарданд, аммо баробарии рўзу шаб ба ин рақам вобастааст – 12-соати рўз ва 12-соати шаб.

Дар ин давра Офтоб рўзона баъди ҳар соат ба яке аз равзанаҳои гунбази дувоздаҳравзанаи ибодатхона рост меомад. Тахмин баъд аз ин рўзро ба дувоздаҳ соат тақсим кардаанд. Чизе ки нагўед, ин бозёфти бузурги ниёгони мо буд.

Ман ба навиштаҳои торихнигорон оиди тасаллути комили дини зардуштӣ дар байни ниёгони мо бовар надорам. Зардуштиён мурдаҳои худро гўр намекарданд, баъди ба лошахўрон тоза кунондани ҷисми майит устухонҳоро дар мавзеи махсус дар устухондонҳо нигоҳ медоштанд. Агар ин ҳолат умуми мебуд ва тамоми мардумро фаро мегирифт, мо имрўз аз ин искелетҳо садҳо миллион адад пайдо мекардем, чун даруни устухондон устухон намепусад.

Ин баҳсро канор мегузорам, чун аз мавзўъ дур хоҳам шуд.

Аҷиб он аст, ки ҳар як пажўҳишгари осори меъморӣ, чун нишонае аз меъмории митроӣ дар ин сарзамин пайдо кардааст, барғалат мансуб ба оини зардуштӣ намудааст.

Ба рўҳониёни зардуштӣ чӣ зарурат дошт, ки равзанаҳои офтобпарастиро ҳифз кунанд?

Бо вуҷуди он ки Мақбараи Сомониён дар ҳар чор тараф даҳтои ҳамагӣ чил равзана дорад, муаллифи рисолаи «Мавзолейи Сомониён – дурдонаи меъмории Осиёи Миёна» (Тошканд, 1978) М.Булатов чунин мешуморад, ки сохти ибодатхонаҳои офтобпарастиро дар худ нуҳуфтааст. Ў низ аз оини митроӣ хабар надорад ва такя ба гуфтаҳои Берунӣ кардааст. Берунӣ бошад, маъбади асри ёздаҳи митроии Самарқандро мутааллиқ ба мазҳаби собиён медонист, ки ба ғайри офтоб сайёраҳоро низ мепарастиданд. Агар ба назар гирем, ки теъдоди сайёраҳо дар он замон аз ҳафт зиёд набуд ва дар оини митроӣ ҳафт сайёра ҷузъи муҳими ин оин аст, фаҳмост, ки собиён ҳамон митроиёнанд ва ё мазҳабе бо тафовутҳои хос аз ин оин. Ба навиштаи Димишқӣ маъбади собиён дар девори зери гунбад 48 равзана доштааст, ки рост шудани офтобро барои ибодат дар ҳар чоряки соат таъмин мекардааст. Аз он ки теъдоди чунин равзанаҳо дар ибодатхонаҳои офтобпарастӣ гуногунанд, наметавон онҳоро ғайрпимитроӣ номид.

М.Булатов бо такя ба навиштаҳои А.М.Беленицкий гуфтааст, ки суғдиён номҳои рўзҳои ҳафтаро аз ҳафт сайёра гирифтаанд ва ба он Моҳу Хуршедро ворид кардаанд.

Митроиён ба ибодатгоҳҳои дастисохти худ аз маъбадҳои ғорӣ сталактитҳои (яъне мукарнасҳои) дар нўгашон нақши ситорадорро овардаанд. Мо онҳоро имрўз низ дар шифти гунбазҳои ёдгориҳои таърихӣ мебинем. Ва дар меҳмонхонаву масҷидҳои нави миллӣ низ.

Усто Амриддини самарқандӣ гуфт, ки чунин як гунбазро барои меҳмонхонаи «Ориён-стар»-и Самарқанд ва як масҷиди Хуҷанд сохтааст ва дар шаҳрҳои дигар низ.

Дар аксҳо аввал ёдгории меъмории дар Афросиёби Самарқанд сад сол пеш кашфшударо мебинед, ки ба асри нўҳ, яъне ба замони сомониён тааллуқ дорад. Аксҳои баъдӣ чанд намунаи гунбазҳои митроиянд дар иморатҳои таърихӣ ва нав.