воскресенье, 25 мая 2008 г.

Рўҳи Айнӣ зад

Тоҷвар дар блоги Андеша навишта буд, ки як нависандаи тоҷик оиди Рўдакӣ сухани таҳқиромезе гуфта буд, сипас худ иқрор шудааст, ки баъди чунин рафтори ношоям рўҳи Рўдакӣ ўро задааст.

Ман як шахси дигареро мешинохтам, ки алайҳи устод Айнӣ суханҳо гуфт ва ба ҳоли баде афтод. Пеш аз ин воқеа ин одамро ба ман сардабири рўзномаи тоҷикии Самарқанд шинос карда буд ва фармуд, ки дар борааш мақолае нависам ба муносибати ҷашнаш буд ё муносибати дигар.

Ман, ки собиқаи рўзноманигории тўлонӣ дораму талхиву ширинии чунин корҳоро чашидаам, яъне қисме аз одамони ман дар бораи онҳо мақолаҳои ситоишӣ навиштаам дертар ба чунин таъриф ноарзанда буданашон маълум гардидааст, зуд ба баҳонаҷўӣ сар кардам, ки вақт надорам ва ғайра.

Азбаски дар Тоҷикистон кам не чоряк аср меҳнат кардаам, ҳатто ҳар як хасаш унсури ба дилам бисёр наздик гардидааст, сардабири муғамбир аз ин истифода карданӣ шуда гуфт: Ин кас бисёр солҳо дар Тоҷикистон дар курсиҳои баланд кор кардаанд. Азбаски чунин мансабдорро солҳои кору иқомат дар ш. Душанбе боре ҳам надида будам, таваҷўҳам афзуд ва ноилоҷ розӣ шудам, ки ба тарҷумаи ҳолаш шинос шаваму чанд саҳифаро «сиёҳ» кунам. Маълум гардид, ки дарҳақиқат рафиқ Холиев (ўро бо тағйири номи аслӣ шартан ҳамин тавр номидам) чанд сол дар яке аз шўъбаҳои Кумитаи марказии ҳизби комунисти Тоҷикистон дар вазифаи баланд кор карда будааст. Сипас ба хотири хидматаш дар Тоҷикистон дуним саҳифача оиди ў мақолае навиштам.

Аммо ин Холиев баъди баргашт ба Самарқанд тамоман одами дигар шуда будааст, ки ман бехабар будаам. Ў аз тоифаи бўқаламунҳое будааст, ки зуд аз рангу оҳанги пешинаи худ даст кашида ба шароити нав худро мутобиқ мекунанд.

Ў акнун дар ҳар маҷлису маърака хеста зидди беадолатиҳои роҳбарони коммунист ҳарф мезад ва ҳеҷ ба хотир овардан намехост, ки худаш яке аз онҳо буд. Ўро мўйсафеди нуронӣ, собиқадори меҳнат гуфта бо эҳтиром ба бисёр маъракаҳою маҷлисҳои ҳукумати шаҳр даъват мекарданд. Ин солҳое буд, ки нисфи хонаҳои ҳавли-музейи устод Айнӣ дар Самарқанд бар асари боронҳои зиёд фурў рафт. Он солҳои авали истиқлол буд, ҷумҳурии Ўзбекистон мисли дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя вазъи нохуби иқтисодиро аз сар мегузаронд ва табиист, ки ҳукумати шаҳр се-чор сол паи ҳам кўшиш кунад ҳам, барои тармиму эҳёи хонаҳои вайроншудаи устод Айнӣ маблағ пайдо карда наметавонист. Дар ин солҳо ман ва аз рўшанфикрон профессор Абдусалом Саидҷонов дар матбуот мақолаҳо навишта аҳамияти бузурги ҳавли-музейи устод Айниро таъкид мекардем.

Дар як маҷлис ҳокими шаҳр мегўяд, ки ин Адаш Истаду Абдусалом Саидҷонов ба ҷонам расонданд, наход барои тармими ду-се хонаи устод Айнӣ маблағ ёфта натавонем?

Аммо рафиқ Холиев аз ҷой хеста мегўяд, ки ҳавли-музейи Айниро баракс ҳамвор карда ба ҷояш гул коридан даркор, Айнӣ коммунист буд, ҳама асарҳояш суп-сурх коммунистианд. Дар он маҷлис ягон адабиётдон набудааст, ки идеологӣ не, балки аҳамияти умумиинсонӣ доштани асарҳои устод Айниро исбот кунад. Он солҳо муҷассамаҳо ва номҳои роҳбарони коммунистро аз кўчаву майдонҳо мегирифтанд.

Ҳамин тавр баъди ин гап боз як ё ду сол тармиму таъмири ҳавли-музейи устод Айнӣ ба оқиб партофта шуд, то вақте ки ман бо Саидҷонов бо нашри мақолаҳоямон боз ҳокимро маҷбур кардем, ки сари ин масъала бозгардад.

Ҳокими шаҳр яке аз корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ нерўмандро масъули тармими осорхонаи Айнӣ таъин намуд ва ин маъсала ҳал гардид.

Аммо сиҳатии Холиев баъди ин воқеа рў ба таназзул ниҳод. Ин марди сергўшти қадпаст акнун базўр роҳ мегашт. Чашмонаш хира гардида одамро намешинохтанд. Чанд бор дар кўча рў ба рў омадем, маро нашинохт. Пойҳояшро қариб, ки аз замин набардошта хеле суст роҳ мерафт. Ман бошам дигар ба ў ҳатто салом намедодам. Ба ў ҳамкоронаш лақаби «танк»-ро дода будаанд. Айнан ба чунин механизм монанд шуда буд, танҳо танки вайрони сустҳаракат.

Чанде пеш рўзномаи вилоятиро кушода дар бахши таъзияномаҳо сурати ўро дидам. Дар некролог дар кадом вазифаҳои ҳизбӣ дар Тоҷикистон кор карданашро қайд накардаанд. Гўё ки дар Тоҷикистон боре ҳам набуд ва коре ҳам ба сомон нарасонд. Чун соя бисёр солҳо дар курсии мансаб нишаст, сояи одам буду одам набуд.

Мегўянд, ки баъди зидди устод Айнӣ сухан карданаш ҳар шаб хоб медидааст, ки аз назди ҳайкали Айнӣ мегузарад. Ва ҳайкали сангӣ зинда шуда поин меояду як лагад ба қафои ў мезанад. Чӣ азобест, ки хоби ҳар шаб такрор мегардад. Ва бо арақи сард бедор мешавад. Баъди Айниро носазо гуфтанаш ягон мўйсафед дар ягон чойхона ўро ба сўҳбат даъват намекард. Агар худаш ба назди онҳо биёяд, арвоҳзада омада истодааст гўён як-як хеста пароканда мешуданд.

понедельник, 19 мая 2008 г.

Тоҷик чарб намехўрад

Шайхурраис Сино ба мо васият кардааст, ки чарб нахўрем. Равғани растаниро истеъмол кунем. Ҳини сафарам ба Эрон дидам, ки дар ягон ошхонаи шаҳру деҳ аз равғани чарб истифода намешавад. Ҳатто аз равғани дунбаи гўсфанд нишоне нест. Яъне мардуми Эрон васияти Синоро риоя мекунанд, ягон кас чарб намехўрад. Таомҳои чарбии самбўса, тушбера, манту дар ошхонаҳои ин кишвар тамоман нест.

Мо – тоҷикон ҳатто ба оши палав равғани дунбаи гўсфанд ё иликро истифода мебарем, ки хилофи фармудаи Синост.

Тибби муосир исбот кардааст, ки таоми чарбӣ сабабгори танг шудани рагҳои хун аст ва бемориҳои гуногунро ба вуҷуд меораду умрро кўтоҳ мекунад.

Дар филми бисёрқисмаи телевизионие, ки оиди зиндагии Сино коргардони эронӣ гирифтааст, лаҳзае ҳаст ва дар он Сино ба қассоб хўрдани чарбро манъ мекунад. Қассоб ба ин фармудаи Сино риоя намекунад ва мемурад.

Вақте ки ман дар шаҳрҳои тоҷикнишин самбўсахонаву мантухонаҳои зиёдеро мебинам, аз худ суол мекунам: Оё мо ҳам тоҷикем? Оё мо ҳам ҳаммиллати Синоем?

Бо як суруд метавон ҷаҳонро гирифт

Ҷашни яке аз оҳангсозони машҳур буд. Он дар толори яке аз театрҳои Самарқанд мегузашт. Соҳибҷашн дар саҳна нишаста буд. Толор аз мухлисони мусиқии миллӣ пур буд. Ба ин ҷашн намояндоҳо аз Тошканд ва баъзе вилоятҳо низ омада буданд. Раиси иттифоқи композиторони ҷумҳурӣ ҳам ҳузур дошт ва як қатор пеш аз ман бо дигар оҳангсозони номи менишастам.

Сурудҳои зиёде аз забони беҳтарин овозхонҳо садо дод. Тахминан 20-30 суруд шунидам ва хеле хаста шудам. Сурудҳо ҳама оҳанги хубу марғуб доштанд, унвону савияи овозхонҳо низ баланд буд. Аммо ба назарам дар ҳамаи ин сурудҳо чизе намерасид. Дар охир навбати табрик ва сурудхонӣ ба Ҳунарпешаи машҳури Ўзбекистону Тоҷикистон Мардони Мавлон расид. Мардон дар даст танҳо бо як тор баромад, навозандаҳо набуданд. Ў соҳибҷашнро ба забони ўзбекӣ бо ду-се калима кўтоҳак табрик кард. Сипас бо оҳанги тори худ «Дар биёбон най навохтам хирмани гул даргирифт»-ро сароид. Чунон зебо ва пуртаъсир сароид, ки ҳама ба ваҷд омада хеле кафкўбӣ карданд. Ман тамоми сурудҳои пеш аз ин гўшкардаамро фаромўш кардам. Ин суруд на танҳо ин фазо гўё тамоми ҷаҳонро тасхир карда буд. Зеро ки Мардон авҷи онро ба қиёмаш расонида тавонист ва бо ҳамин вусъат, нерў ва бузургии мусиқии тоҷикиро исбот кард. Акнун фаҳмидам, ки чаро сурудхонии пеш аз ў хаста кардааст. Сарояндаҳо авҷро нагирифтаанд, барои гирифтани авҷ истеъдоди худодод ва маҳорати баланди касбӣ лозим аст.

Аз шогирдони Ҷўрабек Муродов Ҳасани Нуруллои Самарқандӣ танҳо дар ҳамон маъракаҳо, ки агар як суруд хондан насибаш мегардад, авҷро мегирад. Ў нағз медонад, ки авҷ чист. Баъди авҷ суруди дигар хонда авҷи пасттар гирифтан кори шоиста нест.

Зиёфати ин ҷашн дар яке аз ресторанҳои машҳури Самарқанд баъди ин ҷамъомади расми баргузор шуд. Вале кайфи аз ин суруди Мародон бардоштаам он қадар зўр буд, ки тарсидам, агар ба зиёфат равам, боз 10-15 суруди беавҷро мешунаваму ин кайфи бузурги худро аз даст медиҳам.

Пас аз чанд вақт инро ба як фарҳангие нақл кардам. Ў гуфт: – Ба зиёфати ҷашнӣ мерафтед, хуб буд. Зеро дар он ҷо Ҳасан ҳамагӣ якто суруд хонд ва чунон авҷро ба қиём расонид, ки ҳама худро дар фалаки ҳафтум ҳис карданд.

Баъзан шашмақомхонии баъзеҳоро дида гуфтанам меояд: то кай бе гўшт оши палав мепазед?

суббота, 10 мая 2008 г.

Ёде аз Бурҳон Ғанӣ

Блоги Андеша ҷашни адиби ҳаҷвнигор шодравон Бурҳон Ғаниро хотиррасон намуда кори савобе кард. Камина чанд вақт бо ў ҳамкор будам. Ин он рўзҳое буд, ки Бурҳон Ғанӣ аз кор дар Афғонистон бозгашта омад ва ба сабаби банд шудани ҷои кори доимиаш дар маҷаллаи «Хорпуштак» ба мо – муҳаррирони Мудирияти радиои Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Дар ин ҷо адибон Маъруф Бобоҷон, Додоҷон Раҷабӣ ва камина кор мекардем. Бо омадани Бурҳон Ғанӣ сафи адибон дар ин шўъбаи асосии назорату таҳрир бияфзуд ва аз ин ҳол пеш аз ҳама раиси кумитаи давлатии радои ва телевизион шоир Аминҷон Шукўҳӣ хурсанд буд. Мудири мудирият журналисти бомаҳорат Шафқат Саид буд, ки асарҳои баъзе адибонро аз ҷиҳати забон таҳрир карда медод ва ба онҳо ҳақи устодӣ дошт.

Баъди он ки Аминҷон Шукўҳӣ мудириятро аз ҳисоби боз як нафар адиб нерўманд намуд, дари хонаи мудириятро боз намуда гуфт: Акнун ман метавонам ҳар шаб ором хоб кунам. Дигар ягон кас насфи шаб телефон карда намегўяд: Боз аз радио як сухани хато садо дод.

Бурҳон Ғанӣ ҳис мекард, ки дар ин ҷо одами муваққатист. Мо ҳам инро пай мебурдем. Аммо кори худро ба хубӣ анҷом медод. Дер наистод, аммо ҳар рўзе, ки бо ў гузаштааст, пур аз ханда буд. Ман бори аввал ҳаҷвнигореро дидам, ки бо ҳама тору пудаш ҳаҷвнигор аст. Зеро ваҷоҳаташ аз ҳаҷвнигориаш дарак медод. Вақте ки ягон ҳодисаи ҳаҷвиро нақл мекард, ҳам рўву чашму абрувонаш, ҳам овозу мимикаву дастҷунбониаш тарҳи мазҳакавӣ мегирифт. Агар имрўз зинда мебуд ва имкони аз телевизион нақл кардани ҳаҷвиҳояшро медошт, бешак маҳбубтарин устоди бузурги ҳаҷв мегардид.

Он вақтҳо устоди бисёр насрнависони тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев аз бемории қалб азият мекашиданд ва табибон кори ҷисмониро ба эшон манъ карда буданд.

Устод Фазлиддин рўзе ман ва Бурҳонро даъват карда гуфтанд, ки як раиси колхоз аз фермаи колхоз барои боғашон як мошин пору фиристодааст, ба кашондани он ёри кунем. Аз шоогирдони устод танҳо ману Бурҳон Ғанӣ даъват шуда будем, пору тару вазнин буд ва бо занбар аз сари роҳ то поёни боғ бардошта мебурдем. Азбаски Бурҳон устоди ҳаҷв буду ҳар лаҳза маро механдонд, ман пай набурдам, ки чи хел вақт зуд гузашт ва як мошин поруи тару вазнин ва бадбўйро ба пешгоҳи боғ бе хасташавӣ кашондем. Ин ҷо фаҳмидам, ки Бурҳон дар донишкадаи тиббии Афғонистон ба сифати тарҷумони профессорони рус кор кардааст. Ў аз рўзгори тарҷумониаш ин воқеаро нақл карда буд:

«Профессори рус дар матни маърўзааш ба ҷое расид, ки сухан аз олоти мардӣ мерафт. Маро мебоист онро ба тоҷикӣ барои донишҷўён тарҷума кунам. Ман, чуноне ки халқи тоҷик мегўяд, ин калимаро тарҷума кардам.

Дар дарсхона садои хандаи донишҷўён баланд шуд. Як донишҷўйи афғон гуфт: Тарҷумон-соҳиб, шумо ин узвро ба арабӣ бигўед, баъд илмӣ хоҳад шуд.

Бурҳон Ғанӣ бадоҳатан ҷавоб медиҳад: Магар бобоҳои шумоён то омадани арабҳо ин узвро надоштанд?»

Ин ҷо Бурҳон Ғанӣ ин ҳарфҳоро боз ба шеваи халқӣ гуфт ва ману устод Фазлиддин хеле аз таҳти дил хандидем.

Ҳамин тавр порукашонӣ дар боғи ин устоди бузурги насри тоҷик дар ёди камина ҳамчун як рўзи офтобии пурханда боқӣ монд.

Бешак истеъдоди худододдошта ҳамин хел эҷодкорро гўянд.

четверг, 8 мая 2008 г.

Ба Тоҷвар ва дигар блогнависону блогхонҳо

Сабаби таваққуфи камина он аст, ки он чи дар 15 соли охир дар Самарқанд дар матбуоти расмии Ўзбекистон чоп карда будам, ба блоги «Герби шердор» гузошта шуд. Дар байн баъзе мақолаҳои луқмамонанде пешниҳод гардид, ки ба ҳаёти Тоҷикистон тааллуқ дошт. Дар моҳи апрел ман шуморо бо шеъргунаҳои таҷрибавӣ ва ҳикояву афсонаҳои дар 15 соли охир дар Самарқанд навистаам шинос кардам, ки ба сабаби иқтисодӣ ба чопи ин маҷмўаҳо дар шакли китоб имкон надорам. Баъзе ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва ё саҳначаву намоишномаҳое, ки дар Самарқанд навиштааму чоп шудаанд ва саҳнаи театрро дидаанд, ба блог нагузоштам, ба он ақида, ки блог ба асарҳои калонҳаҷм мувофиқ ва ҷои чопи осори дромӣ нест. Ин заҳмати эҷодии 15-солаи камина воқеанигории бадеи нест, аксари ҳикояҳо барои хонандагони закӣ ва мутафаккир навишта шудаанд. Акнун мебояд, ки сабр кунам, то ки хонандаҳо онҳоро ҳазм кунанд.

Вале аз ҳоло пайдост, ки блогхонҳо ба чунин асарҳо ё таваҷҷўҳе надоранд ё ба хондани осори нависандагони воқеагаро одат кардаанд ва салиқаи адабиётфаҳмӣ хеле поин рафтааст. Ин нукта низ рўшан аст, ки теъдоди блогхонҳо каманд ва расонаҳои гурўҳии тоҷикӣ онҳоро ба мисли телевизиони бахши форси «Содои Амрико» хулоса намекунанд.

Аммо як ҳафтаномаи нави миллии тоҷикӣ, ки дар Душанбе бо номи «Озодагон» чоп мешавад, мақолаҳои русии каминаро ба тоҷикӣ тарҷума карда баъзе луқмаҳоро айнан аз «Герби шердор» гирифта чоп мекардааст. Ин кори бисёр савобест, ки мушкили ба интернет дастнадоштагонро осон мекунад.

Қаламро аз даст нагузоштаам. Лев Толстой мемураду ҳама гумон мекунанд, ки тамом шуд. Аммо дақиқае нагузашта дасти росташ ба нишони он ки гўё қалам дорад ба ҳаракат медарояд ва рўи синаи нависанда чанд муддат ҳаракати навиштан мекунад.

Нависандаҳо аз ҳамин тоифаанд. Мурдаашон низ менависад. Мо, ки зиндаем…