Бе амри он султони бахт,
Барге наафтад аз дарахт.
Фикри омиёна аст, гӯё ҳама рӯйдод бо хости худо ва амри ӯ
иҷро мешавад. Ҳол он ки тибқи улуми динӣ худо ба бандагон ҷузъи ихтиёр додааст
ва корҳои савобу гуноҳи онон ба амри худо вобаста нест.
Ҳар чизе ки дар вайронаҳо дидӣ, дар ободиҳо нагӯй.
Замоне дар радиои Тоҷикистон кор мекардам ва маро ба
Институти такмили ихтисоси соҳа, ки дар Маскав буд, ба таҳсил фиристоданд.
Таҷрибаомӯзӣ дар Радиои Умумииттифоқ буд ва камина фаҳмидам,
ки ҳаҷми кори коргарони он нисбат ба муҳаррирони радиоҳои республикаҳои дигар
даҳ маротиба камтар, аммо моҳонаашон сад фоиз зиёдтар аст будааст. Дар
Ленинград ҳам ҳамин тавр. Азбаски дар замони шӯравӣ оиди адолати иҷтимоӣ,
бародарию баробари бисёр ҳарф мезаданд ба ман алам мекард ва боре дар як
летучка оиди ин беадолатӣ сухан кардам. Баъди маҷлис муовини раиси кумитаи
радио ва телевизион роҳбари радио Мерган Султонов маро боздошт ва гуфт: - Ҳар
чизе ки дар вайронаҳо дидӣ, дар ободиҳо магӯй.
Чаро мумкин набудааст?
Дасту дили мардум аз кор хунук мешавад.
Аз усто Амриддин шунидам, ки ин мақол дар байни устоҳои
Самарқанд машҳур будааст, яъне агар усто дар хонаи ягон кас кор кунад, оиди он
хонавода дар ягон ҷой набояд сухан гӯянд.