пятница, 19 ноября 2021 г.

Оё баҳисобгирӣ силоҳи шайтонист?

 Дар Луғати русӣ-тоҷикӣ (Москва, с. 1985) инро ба русӣ статистика гуфтаанд. Маънои статистика беҳаракатист, яъне ҳолати фалаҷ. Ин маъно дар таркиби статистика низ боқи монда ба фалаҷи фикрии ҷомеа сабабгори асоси будааст. Оморро болшевикҳо дар тарғиботи худ ба дурӯғ он қадар олуданд, ки баъди сӣ соли истиқлол ҷумҳуриҳои пасашӯравӣ наметавонанд тоза кунанд. Масалан бигирем, чаро баъзе таърихшиносони Ӯзбекистон ҳатто дар китобҳои дарсӣ аз мавҷудияти халқи тоҷик дар ин сарзамин сухан кардан намехоҳанд? Зеро онҳо низ ба як винтики мошини дурӯғ табдил ёфтаанд.

 

То соли 1917 ба ғайри қаламрави Бухоро ин марз тобеи Россияи подшоҳӣ буд. Дар ин марз то ин сана се бор барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шуда, натиҷаҳои он нашр шудаанд, аз ҷониби донишмандони рус дар корҳои илмӣ истифода гардидаанд. Яке аз чунин олимон И.И.Зарубин соли 1920 дар Ленинград китоберо бо унвони Население Самаркандской области нашр кардааст. Дар маълумоти саршумории соли 1916 миқдори тоҷикон дар шаҳри Самарқанд 59 ҳазору 901 кас, ӯзбекҳо 819 кас. Яҳудиҳои таҳҷоӣ яъне тоҷикзабон 11 ҳазору 578 кас. Форсҳо (он вақт шиаҳои форсизабонро чунин меномиданд) 515 нафар, афғонҳо 186 кас, эрониҳо (ки аксар туркизабонанд) 5 ҳазору 807 нафар, русҳо 13,5 ҳазор кас.

 

Баъд ин донишманд навиштааст, ки дар маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолии замони шӯравӣ дурӯғнависӣ он қадар аз ҳад гузашт, ки рӯирост миқдори тоҷикони Самарқандро панҷ ҳазор маротиба кам карда нашр намудаанд.

 

Магар дар статистика имрӯз дурӯғнависӣ барҳам хӯрдааст?

 

Бигирем, соҳаи статистикаи бемории диабети қандро. Барои табобату пешгирии он давлат аз рӯи маълумоти оморӣ маблағ ҷудо мекунад. Миқдори беморон даҳ фоизи аҳолӣ, аммо донишмандон мегӯянд, ки кариб чил фоизи одамон дучори ин беморӣ ба духтур муроҷиат накардаанд ва агар ташхисис дурустро роҳандозӣ кунад, 50 фоиз аст!

 

Дурӯғнависӣ оқибат сохти шӯравиро дучори ҳалокат кард!

 

Акнун як латифа:

Худо ба биҳишт даромада мебинад, ки шайтон дар сояи дарахте хуррок кашида хобидааст.

- Ҳой шайтони лаъин! Магар ман туро ба замин бадарға накарда будам?- мегӯяд Худо.

- Он ҷо он қадар дурӯғнависӣ авҷ гирифт, ки ба будани ман ҳоҷат намонд,- гуфтааст шайтон.

 



среда, 17 ноября 2021 г.

Кӯчонидани хонаи Айнӣ қонуншиканист!

 Оё дар Тоҷикистон қонуни ҳифзи мероси миллӣ ҳаст?

 

Ҳавлӣ-музуйи С.Айнӣ дар Душанбе дар рӯйхати ёдгориҳои меъморӣ буд ё не?

 

Одатан дар девори чунин ёдгориҳо ба лавҳаи мармарӣ менависанд: “Ин бино ёдгории меъморӣ буда аз ҷониби давлат муҳофизат мешавад”. Дар замони шӯравӣ ҳамин тавр буд, агар дар Тоҷикистон қонуни дигаре эҷод накарда бошанд, пас ҳамон қонун амал мекунад ва қонунҳои байнанхалқӣ оид ба мероси фарҳангӣ.

 

Музейи Айнӣ моли Академия, Иттифоқи нависандаҳо ё шаҳрдорӣ буда наметавонад ва инҳо ҳақ надоранд тақдири онро ҳал кунанд, чун ин музей моли тамоми халқ аст ва онро қонун муҳофизат мекунад, агар воқеан Тоҷикистон давлати қонунасос бошад, на феодалӣ!

 

Президенти Ӯзбекистон И.Каримов дар атрофи ёдгориҳои Самарқанд иморатҳои бузурги баҳашамати замони шӯравиро ва чанд корхонаи азимро вайрон кунонд. Инҳо садҳо миллиард доллар арзиш доштанд! Ана муносибати хуб ба таърих бояд чунин бошад!

 

Инро бинед, ки дар паҳлӯи музейи душанбегии устод Айнӣ иморати бисёркабата аз шишаву бетон қад афрохтааст ва касе эътироз накардааст.

 

воскресенье, 14 ноября 2021 г.

Плани музейи ояндаи Айнӣ дар Душанбе

 Пешниҳод ба Президенти Тоҷикистон, пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

 

Музейи ояндаи Айнӣ дар ҷои ҳозирааш бо ҳифзи ҳавлии устод бояд чунин бошад!

 

1.       Пештоқи мадрасаи Кӯколдош, ки устод Айни таҳсили илми карда буд. Аз дарвозаи боҳашамати пештоқаш баланди он зиёраткунанда вориди комплекс мешавад. Дар ҳамин иморати мадрасамонанд, кормандони илмӣ, ходимон, роҳбарият, техникҳо, васоити таъмини барқу гармдиҳӣ, об ва ғайра ҷой мегиранд. Ягар як бахши Институти забону адабиёт ҷой гирад, боз беҳтар  аст.

2.       Ҳавлии устод дар зодгоҳашон дар Бухоро. (Бо мактаби кӯҳнае, ки дар он хондаанд)

3.       Зиндони амирӣ баъди ҷазои 75 чӯб ва бемористони Когон.

4.       Ҳавлии самарқандии Айнӣ, таъсиси мактабҳои нав, нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд бо роҳбарии Айнӣ.

5.       Ҳавлии душанбегии Айнӣ ва интихобшавиаш ба мансаби президенти А.И. Тоҷикистон.

6.       Толори асарҳои чопшудаи Айнӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он. Баҳои адибону олимони бузурги ҷаҳон ба мақоми Айнӣ.

7.       Толори намоиши осори синамои устод, филмҳо дар бораи ӯ, ва навори спектаклҳои аз рӯи асарҳои ба саҳна гузошта шуда.

8.       Осори шогирдону пайравони устод Айнӣ, фарзандону пайвандони устод Айнӣ.

9.       Саҳми устод Айнӣ дар насру адабиётшиносии Ӯзбекистон

10.   Толори осор ва симои Айнӣ дар санъати тасвирӣ.

11.   Бӯстонсаройи самарқандии устод Айнӣ бо дарахту току гулҳои садбарги қадима, ки дӯсташ медоштанд. Ин чо бояд чойхонае бошад, ки зоирон нишаста дам гиранд ва аз таомҳои писандидаи устод Айнӣ бичашанд, мавригии Бухороро, шашмақоми Ҳоҷӣ Абдуллазизро истимоъ кунанд.

 

 Устод Айнӣ чи осору чи зиндагиашон уқёнуси бузургест. Камина наметавонам ин ҷо ҳама мероси ӯро ишорае карда бошам. Аз адибон, наберагони устод, адабиётшиносон хоҳишмандам, ки чизеро фурӯгузор карда бошам, илова кунанд.