пятница, 19 ноября 2021 г.

Оё баҳисобгирӣ силоҳи шайтонист?

 Дар Луғати русӣ-тоҷикӣ (Москва, с. 1985) инро ба русӣ статистика гуфтаанд. Маънои статистика беҳаракатист, яъне ҳолати фалаҷ. Ин маъно дар таркиби статистика низ боқи монда ба фалаҷи фикрии ҷомеа сабабгори асоси будааст. Оморро болшевикҳо дар тарғиботи худ ба дурӯғ он қадар олуданд, ки баъди сӣ соли истиқлол ҷумҳуриҳои пасашӯравӣ наметавонанд тоза кунанд. Масалан бигирем, чаро баъзе таърихшиносони Ӯзбекистон ҳатто дар китобҳои дарсӣ аз мавҷудияти халқи тоҷик дар ин сарзамин сухан кардан намехоҳанд? Зеро онҳо низ ба як винтики мошини дурӯғ табдил ёфтаанд.

 

То соли 1917 ба ғайри қаламрави Бухоро ин марз тобеи Россияи подшоҳӣ буд. Дар ин марз то ин сана се бор барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шуда, натиҷаҳои он нашр шудаанд, аз ҷониби донишмандони рус дар корҳои илмӣ истифода гардидаанд. Яке аз чунин олимон И.И.Зарубин соли 1920 дар Ленинград китоберо бо унвони Население Самаркандской области нашр кардааст. Дар маълумоти саршумории соли 1916 миқдори тоҷикон дар шаҳри Самарқанд 59 ҳазору 901 кас, ӯзбекҳо 819 кас. Яҳудиҳои таҳҷоӣ яъне тоҷикзабон 11 ҳазору 578 кас. Форсҳо (он вақт шиаҳои форсизабонро чунин меномиданд) 515 нафар, афғонҳо 186 кас, эрониҳо (ки аксар туркизабонанд) 5 ҳазору 807 нафар, русҳо 13,5 ҳазор кас.

 

Баъд ин донишманд навиштааст, ки дар маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолии замони шӯравӣ дурӯғнависӣ он қадар аз ҳад гузашт, ки рӯирост миқдори тоҷикони Самарқандро панҷ ҳазор маротиба кам карда нашр намудаанд.

 

Магар дар статистика имрӯз дурӯғнависӣ барҳам хӯрдааст?

 

Бигирем, соҳаи статистикаи бемории диабети қандро. Барои табобату пешгирии он давлат аз рӯи маълумоти оморӣ маблағ ҷудо мекунад. Миқдори беморон даҳ фоизи аҳолӣ, аммо донишмандон мегӯянд, ки кариб чил фоизи одамон дучори ин беморӣ ба духтур муроҷиат накардаанд ва агар ташхисис дурустро роҳандозӣ кунад, 50 фоиз аст!

 

Дурӯғнависӣ оқибат сохти шӯравиро дучори ҳалокат кард!

 

Акнун як латифа:

Худо ба биҳишт даромада мебинад, ки шайтон дар сояи дарахте хуррок кашида хобидааст.

- Ҳой шайтони лаъин! Магар ман туро ба замин бадарға накарда будам?- мегӯяд Худо.

- Он ҷо он қадар дурӯғнависӣ авҷ гирифт, ки ба будани ман ҳоҷат намонд,- гуфтааст шайтон.

 



Комментариев нет: