суббота, 19 апреля 2014 г.

Сайри гули сурх



Аз рузномаи «Овози Самарқанд» 10-уми апрели соли 2014, №15.

Халқи мо аз қадим маросимҳои хубе дошт, ки мутаассифона баъзеи онҳо аз байн рафтаанд. Яке аз онҳо Иди гули сурх буд, ки мардум онро бесаброна интизор мешуд.

Сайри «Гули сурх» чӣ гуна ид аст? Он кай ва дар куҷо гузаронида мешавад?

Барои ба ин саволҳо ҷавоб  ёфтан мо бо кӯҳансолони деҳаи Оқсой, ки дар ин гуна сайрҳои халқӣ иштирок кардаанд, ҳамсӯҳат шудем.

Пиримбобо Бобоеви 86-сола:
– Иди «Гули сурх»-ро мардум баъди иди Наврӯз дар фасли  баҳори нозанин - дар доманакӯҳҳои хушобу ҳаво ҷашн мегирифтанд. Он дар давоми як ҳафта гузаронида мешуд. Дар ин рӯзҳо хурду калон либосҳои зебову тоза ба бар карда, ба сайру тамошои табиат мебаромаданд. Шоирон дар васфи гулу баҳор шеърҳо менавиштанд, ҳофизон сурудҳо мехонданд ва гулдухтаракон рақсу бозӣ мекарданд. Ин идро мо дар доманакӯҳи Ҳазрати Довуд хушу хурсандона пешвоз мегирифтем ва ба ин сайр аз ҳамсоядеҳаҳо низ мардуми зиёде ҷамъ меомаданд. Дар он бозиҳои аспдавонӣ, ҷанги бедона, кабк, хурӯс, қӯчқорҳо ва сагҳо баргузор мегардид, ки шавқи мардумро дучанд мегардонд…

Асрорбобо Аҳмадови 84-сола:
– Сайри «Гули сурх» иди дӯстдоштаи мо буд. Дар он аз деҳаҳои дурдасти ноҳияҳо паҳлавонҳо ҷамъ омада, байни худ мусобиқаҳои гӯштингирӣ мегузарониданд. Идро муйсафедони деҳа сардорӣ мекарданд. Байни марду занҳо мусобиқаҳои гуногуни шавқовар баргузор мегардид. Сад афсӯс, ки чунин иди халқӣ аз байн рафта набераю абераҳоямон аз ин бебаҳра монданд.

Туманбиби Эловаи 85-сола:
– «Гули сурх» аз он идҳое буд, ки махсусан, мо зану духтарон, интизор мешудем. Дар он ҳар кас аз рӯи будаш либоси нав мепӯшид. Мардум ҳама ёру дӯстони худро бо ид табрик мегуфт. Занҳо дар оғуши табиати зебо сӯҳбатҳои ширин ва сурудхониву рақс мекарданд. Баъди пешин занҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда, ба хонаи наварӯсон мерафтанд ва бо рақсу сурудхонӣ вориди ҳавлии онҳо мешуданд, ҷиҳозу бисоти арӯсро тамошо мекарданд. Наварӯсон ба ин ид тайёрии махсус медиданд ва суруди зеринро замзама мекарданд:
Арӯси нав, Наврӯз шуд,
Иди «Гули сурх» шуд.
Доира ҷӯри дутор шавад,
Рақсу суруд қатор шавад.

Аз нақлҳои пиронсолон аён мешавад, ки «Гули сурх» яке аз идҳое мебошад, ки мардумро ба покизагӣ, некдилӣ, бародарӣ ва меҳру садоқат ҳидоят мекунад. Мо бошем аз ин сайри халқӣ бебаҳра мондем.

Умедворем, ки иди «Гули сурх» дар оянда боз барқарор мешавад.

Аллаёр Худоёрзода,
ноҳияи Нуробод,
вилояти Самарқанд.

Комментариев нет: