пятница, 20 июля 2012 г.

Филми Сафар Ҳақдодов ва митроизм


Филми Сафар Ҳақдодов «Носири Хусрав ва …»-ро 19 июл бахши форсии Би-Би-Си намоиш дод. Ин филми мустанад оид ба маросимҳои мардуми Бадахшон нақл мекунад. Филм соли 2005 ба навор гирифта шудааст, аммо акнун онро аз телевизион  дидам.

Оид ба маросимҳои мардумии помириён мо аҳли фарҳанг хеле кам огоҳӣ дорем. Ин филм эҳтироми моро нисбати мардуми Бадахшон зиёд мекунад.

Вақти дар Душанбе зистанам аз дўстони бадахшониям оиди урфу одати помириён баъзе чизҳои ҷолибро шунида будам. Абаски бо чашми худ надидаам доимо аз зикри онҳо худдорӣ кардаам. Ба назари камина одатҳои урфии помириён аз он чӣ ки гуфтаанду мегўянд пурарзиштаранд.

воскресенье, 15 июля 2012 г.

Бозмондаҳои нуҷумпарастии оини митроӣ


Пажуҳишгарони торихи оини митроӣ нуҷумпарастиро хоси митроизм медонанд.

Ин тавр ки бошад, аз рўи ин ақида ба этнографияи мардуми тоҷик бояд эътибор дод. Дар ин масъала этнографияи таърихӣ маводи зарурӣ фароҳам карда метавонад. Зеро бисёр расму одоти мардумӣ бо мурури солҳо аз байн рафтаанд.

понедельник, 2 июля 2012 г.

Аз мост, ки бар мост ё худ чор санади чоп нашуда оид ба муаммоҳои миллат



Бо  инҳо ҳарчӣ кардан мумкин…
(Аз мукотибаи Мушфиқӣ ва Осмонӣ)

Рафиқи мўҳтарам Осмон Осмонович Осмонӣ!

Мактубатон ба каминаи камтарин вақт расид, ки аз тариқи радио сарояндае «Осмон ҷонам, Осмон!»-ро мехонд ва ман мутмаин будам, ки ин суруд дар ҳаққи танҳо шумо гуфта шудааст, зеро тақсир, дар ин замону дар ин макон танҳо  шумо Осмон ном доред. Дар ин замону дар ин макон қасидае ба ину он бахшидан ҳанўз расми бад нест ва мисли шоирони дарборӣ метавон обрўю эътибор ёфт…