Баъди ду ҳафтаи марги фоҷиавии Қобилҷон мақолаҳои публисистӣ ва таҳлилиро дар интернет хонда ба чунин хулоса омадаам:
Ман намефаҳмам ки тоҷик дар оянда чӣ бояд кунад. Масъалаи бекориро бо кадом роҳ бояд ҳал кунад?
Маълум шудан дорад ки минбаъд кор дар Русия ва дигар кишварҳо барои тоҷикон дарди сар хоҳад шуд. Ба сабабҳои гуногун. Масалан ба Русия сарозер шудани муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Африқо ва ҷануби Осиё, Афғонистон, Покистон ва ғайра.
Тибқи пешгӯии илмӣ дар охири сол истеҳсоли роботҳои ҳуши маснуӣ оммавӣ хоҳад шуд ва онҳо бозори меҳнатро ба мардикорони хориҷӣ хеле танг мекунанд.
Равшан ва Ҷумшудҳо дигар нолозим мешаванд.Баъзеҳо фикр мекунанд ки нархи робот гарон аст ва на ҳар корхонае онро мехарад. Нархи чунин робот ҳамон вақт арзон мешавад ки теъдоди истеҳсоли он ба миллион нафар расад. Ин дар як сол имкон доштааст.
Дар ин бора имрӯз ба як хулоса наоем, фардо вақте мардикорони ба хориҷ рафта оммавӣ ба ватан бармегарданд , мехоҳанд ё не вазъи инфиҷорӣ ба вуҷуд меояд.
Донишмандони сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ дар ин бобат чӣ фикр доранд?
Комментариев нет:
Отправить комментарий