среда, 7 января 2026 г.

Шеър -як рукни асосии ҳуввияти миллӣ

Бикуш он замонаро

Ки мекушад таронаро 

Даруни чашм мекушад 

Нигоҳи шоиронаро.

Устод Лоиқ бе сабаб чунин нагуфтааст.

Зеро аз замони падари шеъри форсӣ Рӯдакӣ сар карда то имрӯз назм дар фарҳанги миллӣ авлавият дорад.

Аз эҷодиёти даҳонии мардуми тоҷик мисоли зиёд ба тақвияти ин фикр метавон овард.Ҳатто дар насри бадеӣ мо насри мусаҷҷаъ  дорем.Масалан дар адабиёти бадеӣи халқҳои дигар чунин падидаро ман дучор нашудаам.

Халқи тоҷик табиатан шоир аст гуфтани Турсунзода бе асос нест.

Дар фолклори тоҷикон зарбулмасал,мақол, чистон, байт, дубайтӣ барин жанрҳо  густариши фарогир доштаанд.

Афсонаҳои халқии тоҷикӣ бо насри мусаҷҷаъ сар мешаванд.Шоҳнома барин эпос дар ягон адабиёти дигар миллатҳо нест. Хамсанависӣ низ як далели қотеъ маҳсуб мешавад.

Ба ғайр аз жанрҳои гуногуни фолклорӣ дар забони шифоҳӣ ибораҳои шоирона зиёданд.

Камина чунин ибораҳои шоиронаи гуфтории мардуми форсизабони Самарқандро чанд сол дар блоги Герби шердор чоп карда будам бо унвони Ибораҳои обдори самарқандиён.

Рӯзномаи Овози Самарқанд на ҳамаи онҳоро чоп кардааст. Аммо нақшаи дар шакли китоб чоп кардан доштанд, эҳтимол масъалаҳои молӣ ҳастанд.

Чунин корро бояд дар Бухоро ва дигар мавзеъҳои тоҷикнишин анҷом дод. Аслан ин бояд кори донишмандони фолклоршинос бошад.Вагарна забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон дучор ба инқироз аст, ва дурдонаҳои онро гирдоварӣ ва ҳифз кардан аз вазоифи муҳими фарҳангиён мебошад.

Комментариев нет: