среда, 7 января 2026 г.

ЧАРО ДАР ТОҶИКИСТОН ЖУРНАЛИСТОНИ СОҲАВӢ НЕСТАНД?

ҲАЙРАТАМ САДЧАНДОН АФЗУД, ВАҚТЕ ФАҲМИДАМ, КИ ФАКУЛТАИ ЖУРНАЛИСТИКАИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ЖУРНАЛИСТОНИ СОҲАВӢ ТАЙЁР НАМЕКАРДААСТ.

ДАР Узбекистон Донишгоҳи давлатии журналистка ҳаст ва 18 хели журналисти соҳавиро тайёр мекунад. 

Дар замони шӯравӣ расонаҳои хабарӣ шӯъбаҳои тарғибот, маориф, тандурустӣ, саноат, хоҷагии қишлоқ, маданият, адабиёт,спорт доштанд вале ягон журналисти ин соҳаҳоро амиқ омӯхта набуд.

Дар он вақт ки иқтисоддон Ҷовиди Муқим ба журналистика омад, шод шудем ки як нафар журналисти соҳавӣ пайдо шуд.

То вақте ки журналистони соҳавӣ нестанд, ҳар як вазорат барои худ як сухангӯй баргузида ҳама чораро мебинад ки ягон проблемааш ба мардум ошкор нашавад.

Дар ин вазъ дар ягон соҳа пешравие нахоҳад шуд.

Дар ёд дорам ки собиқ декани факултаи журналистикаи донишгохи Тоҷикистон Пайванди Гулмуродзода дар орзуи ба роҳ мондани таълиму тарбияи журналистони соҳавӣ буд.Аммо баъди вафоти бармаҳали ӯ ин нақша, ки ба манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон аст, иҷро нашуда монд.

Ин чӣ ҳолатест, ки дар ҳама кишварҳо журналистони соҳавӣ бошанду дар Тоҷикистон не? 

Инкор намекунам дар байни журналистони Тоҷикистон ҳастанд касоне ки ягон соҳаро хуб омӯхтаанд. Аммо онҳо ангуштшуморанд.Ба қавле бо ду се журналисти боистеъдод проблема ҳал намешавад.

Барои он ки як журналисти соҳавӣ дар боби экология пайдо шавад, панҷ соли дароз бояд ин соҳаро омӯзад.

Дар ҷаҳони имрӯза ҷанги ахборӣ авҷ дорад. Чӣ хеле ки дар ҷанги тан ба тан дониш ва тайёрии махсус гирифта пирӯз мешавад, дар соҳаи журналистика низ ҳамин тавр аст. Танҳо бо журналистони соҳавӣ Тоҷикистон метавонад ба фишори ҷанги информатсионӣ тоб орад.

Яъне тайёр кардани журналистони соҳавӣ аз муҳимтарин вазифаи давлатист.

Комментариев нет: