Эй боғбони бебасар,
Эй соҳиби арраву табар
В-аз илми фалсафа бехабар!
Лидерро набур!
Агарчи он гул намекунад
Мева намедиҳад.
Ва сараш болотар аз ҳама шохҳои дигар.
Лидер пурғурур
Ба сӯи фалак сар баланд кашад
Ва ибрат аст ба дигарон
Ки аз баландии шумо дигар баландӣ ҳаст
Ва аз Самарқанди шумо беҳтар Самарқанде ҳаст.
Эй боғбони арра ба даст,
Ба лидерҳо нарас
Он нест хору хас.
Аз дигарон як сару гардан болост
Наздиктари Худост.
Ӯст пештар бохабар аз нури саҳар,
Ӯст бештар ба дигарон мавриди назар.
Агар лидер нест,
Гӯё ки байни ҷонварон як наррашер нест.
Агар рӯзе дарахт хушк шавад,
Зеру забун шавад,
Боз ин лидери ҳамтана шаҳсутун шавад.
Комментариев нет:
Отправить комментарий