среда, 7 января 2026 г.

 Рӯзи вафоти хоҳарам 

Осмон сафед буд,

Замин сафед буд 

Ба ранги қасри сафеди хоҳарам.

Дунё сафед буд 

Ба мисли дили сафеди хоҳарам.

Тобут зи чӯби бед буд,

Беди сафед буд 

Ба рӯи дасти шогирдони мактабаш

Мисли қуи сафед буд.

Ба хоби абадӣ рафт дар мазори Қадим

Шафати токзори қадим.

Дар зери барф токзор ва гӯристон якест,

Токҳои ҳавлиашро дӯст медошт хоҳарам.

Ба мисли модарам .

Ба решаи токҳо ҳамоғӯш шуд хоҳарам.

Комментариев нет: