среда, 7 января 2026 г.

ОИД БА МАЪНОИ ПОРСӢ ВА ҶОИ ПАЙДОИШИ ОН

Дар замони Рӯдакӣ ва пеш аз он ҳам байни забони шифоҳии мардум ва забони адабиёт, ки имрӯз китобӣ низ мегӯянд, шикофе набуд. Чӣ хеле талаффуз мекарданд, ҳамон тавр менавиштанд.

Фарқ дертар эҳтимол дорад баъди сад сол ба вуҷуд омадааст.

Ва дар гуфтор бухороӣ бухорӣ аст ва порсоӣ порсӣ. Касе мехоҳад маънои онро бифаҳмад,ба фарҳанг муроҷиат кунад.Дар Бухоро ба навзодон Порсо ном додан як ҳодисаи оддӣ аст. Ба маънои мусулмони покиза. Яъне порсӣ ба маънои забони мусалмони покиза аст.Дар забони мо он вақт ҳарфи ф набуд, он аз арабӣ омад. Ба ҳамин сабаб порсӣ навиштаанд.

Ба он далел мегӯям ки аввалин шоирони маъруфи ин забон дар вилояти Форси Эрон баъди панҷсад соли пайдо ва густариши ин забон дар Хуросон арзи ҳастӣ кардаанд.

Ва дар замони Ҳофизи Шерозӣ, ки Шероз аз шаҳрҳои бузурги Форс буд, ҳанӯз забони паҳлавӣ ҷои худро ба порсӣ надода будааст.Вагарна Ҳофиз "Булбул ба шохи сарв ба оҳанги паҳлавӣ" наменавишт.

Душманони забони форсӣ кам нестанд. Ҳатто дар байни торихнависони тоҷикситез.Онҳо даъво доранд ки гӯё забони форсӣ ба Осиёи Марказӣ аз минтақаи Форси Эрон оварда шудааст. Ба воситаи арабҳо ки ҳамроҳи худ асиронро аз Форс оварда бошанд. Ин гуна даъвоҳо сафсата ҳастанд. Дар ин бобат ягон факти торихӣ нест.Баракс торих гувоҳ аст ки то Қуръонро ба форсӣ тарҷума накардаанд, мардуми Бухоро ва  атрофи он дини исломро қабул накардаанд. Ва боз халифаҳо маҷбур шудаанд иҷозати хондани дуоро ба форсӣ диҳанд.Ва ин ҳодиса панҷсад сол пеш аз таваллуди аввалин шоирони маъруфи форсӣ дар минтақаи Форси Эрон аст.

 Азбаски мардуми форсизабони Бухоро пеш аз туркҳо дини аъроб яъне тозиёнро қабул карданд, тозик ном гирифтанд. Аввалин бор ин калима дар шакли тозик дар асари Байҳақӣ Торихи Бухоро омадааст. яБо мурури замон з-и тозик ба ҷ табдил меёбад.Дар торихи забонҳо ин ҳодиса маъмулист.Чунонки Гургон Ҷурҷон шуд.

Забонҳо чанд ном дошта метавонанд. Мо олмонӣ ва немисӣ мегӯем, худи онҳо дейч. Бо забони форсӣ низ ҳамин рух додааст.Азбаски забони ягон қавми эронӣ набуд ва ҳамчун забони байниқавмии суғдиён, хоразмиҳо, бохтариён пайдо шудааст ва нахуст дар дарбор арзи ҳастӣ намудааст, дарӣ низ гуфтаанд.Вожаи дарбор аз ҳамин дар пайдо шудааст.

Дар замони шӯравӣ ба забони форсии Осиёи Марказӣ бо сиёсати ҷудоиандозии болшевикӣ номи тоҷикӣ дода шуд.

Устод Айнӣ ва дигар бузургони миллат маҷбур буданд қабул кунанд вагарна болшевик ба таъсиси ҷумхурие бо номи Тоҷикистон розӣ намешуд.

Дигар ин ки дар акси ҳол ҷонашон дар хатар буд.

Бо вуҷуди ин устод Айнӣ ба хати лотинӣ ва сирилик чизе нанавиштаанд. Ҳама дастхатҳои асарҳояшон ба форсӣ аст.

Устод Айнӣ гӯё бо ин ба мо ояндагон фаҳмонидаанд ки асл ҳамин аст ва бояд ба асли худ баргашт.

Комментариев нет: