Дар Бухоро ҷӯйи оби зулоли форсӣ мехушкад
Чун ҷӯйи Мӯлиён
Сад сол пеш Қӯқон буд пур аз форсигӯйон
Болшевик кард қатли ом
Ва форсӣ шуд тамом
Сад сол пеш аз Кремл дод заданд:
-Форсӣ дигар нест! Гӯед тоҷикӣ!
Ва гап тамом.
Ҳар кас қабул накард
Парронданд аз даҳон
Анҷоми асри бист
Кишвар озод шуд
Аз ҷабри болшевик
Аммо тоҷик буд дар фикр болшевик
Суханвароне чанд
Бо сад азоб
Дар Қонуни забон
Номи аслии забон "форсӣ" навиштанд
Аммо баъди фурсате чанд
Боз як мағал хест
Дар порлумон
Боз ҳам форсиро
Карданд бехонумон
Дар ин дайри куҳан
Дар куҷо диаед?
Халқе таърихаш куҳан
Бо ҳазорсола таърихи сухан
Бар забони модарии худ
Бошад Аҳриман?
Пас рост гӯедаш
Дар кишвари шумо
Кист соҳиби ватан?
Комментариев нет:
Отправить комментарий