среда, 7 января 2026 г.

ЧАППАГӮЙӢ

Одамаки ганда бош,

Ҷандапӯшу ҷанда бош.

Диктотурро сано гӯй,

"Демукросӣ-фано" гӯй.

Ғам нахӯр, ханда бош,

Суст мисли панда бош.

Ишқ наварз, кунда бош,

Роботи оянда бош.

Ном барор Чилдурӯғ,

Мир мабош, банда бош.

Бад магӯй бадро,  

Дад магӯй дадро.

Дар мошини дурӯғсоз, 

Унсури бофанда бош.

Дар қафаси тарғибот,

Тӯтӣ-сароянда бош.

Чоплусиро пеша кун, 

Халқнависанда не,

Ҳалқнависанда бош.

Комментариев нет: