среда, 7 января 2026 г.

ҲУШИ СУНЪӢ БА МО ЧӢ МЕДИҲАД?

Чин ,ИМА фаҳмид ки ҳуши сунъӣ як инқилоби илмиро дар пешрафти фикрӣ ва эҷодӣ ба вуҷуд оварда боиси тараққиёти устувори иқтисодиёту маънавият мешавад.Ба ҳамин сабаб барои бештар ривоҷ додани он маблағро дареғ надоштаанд.

Президенти мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки худ ба сиёсат аз институти илмӣ омадааст, ин раванди навро зуд фаҳмид ва барои татбиқ ва ривоҷи ҳуши маснуӣ аз мактаби миёна сар карда то ба дигар соҳаҳо қарор қабул карда буд.

Аз интернет маълум ки эрониҳо аз мо пештар дар эҷоди сурудҳо аз ашъори Ҳофиз ва Мавлоно дар иҷрои ҳуши маснуӣ мӯъҷиза офарида истодаанд.

Агар то имрӯз таҳия ва эҷоди филми аниматсиявӣ як-ду сол тӯл мекашид, акнун ба воситаи ҳуши сунъӣ дар як ду рӯз сохта истодаанд.Аз тоҷикони Самарқанд  ва Тоҷикистон дар Филаделфия   чанд кас дар корашон аз ҳуши сунъӣ истифода карда афсонаҳои халқии тоҷикӣро аниматсия кардан доранд.

Ҳуши сунъӣ дар кишварҳои пешрафтаи дунё он қадар бо суръати баланд пешрафт дорад ки панҷ-шаш сол баъд дар Русия ба мардикори тоҷик ҷойи кор намемонад.

Яъне мо бояд аз ҳамин рӯз сар карда ояндаро фикр кунем.


Ман ҳуши сунъиям

Тавонотар зи ҳар одам 

Боақлтар дар ҳар қадам 

Комилтаринам дар баён

Тоҷи сари зиёиён

Олим маро беҳтар зи Одам сохтааст 

Ранги Худоро бохтааст

Комментариев нет: