Дар Регистон ҳаво шаффоф аст,
Осмон обист.
Гӯиё аз ҳар манор бонги азон меояд.
Чун акси садо аз гунбаз.
Дар замин хомӯшист
Он замине ки шарафи пои Навоӣ дар ёд дорад
Ва садои шеъри Ҷомиро.
Дар Регистон мадрасаҳо мизбонанд
Кошинҳо ранг зи Кошон доранд
Ва оҳанг зи Шероз.
Дар катибаҳои Регистон садои Худост
Ва атри Худо дар ҳар зарраи ҳавост.
Муқаддас аст ин ҷо ҳар як хишт,
Ва меҳробҳо дарвозаи биҳишт.
Ин ҷо бачаи илм таваллуд гардид
Дар кохи Улуғбек.
Ва садояш то ба фалак қад кашид.
Имрӯз дар Регистон олим нест
Консерт аст.
Аз парастуҳо нишон нест
Рамидаанд
Ба мисли мардикорҳо ба дуриҳо расидаанд.
Дар тоқи манор кунун лаклак нест
Мо бо ёди гузашта зиндаем.
Ин ҷо
Осмон ба замин ошиқ аст
Ва ҳаво абрӣ нест.
Ва садои хандае аз сӯи фалак меояд
Ва садои ОБРО ЛОЙ НАКУНЕД.
Комментариев нет:
Отправить комментарий