среда, 7 января 2026 г.

АЗ ДАФТАРЧАИ ХОМКОРӢ

Эй раҳбари бедодӣ

Маҳдудгари озодӣ 

Ту кай хабар дорӣ

Аз кайфияти эҷодӣ

Илҳоми Худододӣ?


Эй ҳуввиятбохтагон 

Андешасӯхтагон

Хатношинохтагон!

Хат ин иморат аст 

Иморати забон.

Алиф сутуни он.

Порсӣ порсоӣ дон!

Шакли зебоӣ дон

Ганҷи дилосоӣ дон.


Бигӯй Ватан, Ватан, Ватан 

Лофи ватанпарастӣ зан

Аз рӯи инсоф гӯй ба ман 

Куҷо бисохтӣ як чаман?

Ягон дарахт шинондаӣ? 

Ягон хона сохтаӣ?

Ягон дона хиштчае

ба қасри миллат мондаӣ?

Ба гӯши як сағирае

Ҳарфи ҳақиқат хондаӣ?


Ман пеш рафтаам

Ба ояндаи шариф 

Ту дар гузашта мондаӣ

Мунаққиди заиф.

Гузаштапарварӣ, 

Ин кори ман нест.

Ояндаоварӣ

Дарди давомист.

Сабкам чунин буда

Доим навоварӣ.

На кӯҳнапарварӣ

Аккосмусавварӣ.

Зотам Сомонӣ аст

Фикрам осмонӣ аст

Чун ҳудҳуди Худо

Паёмрасонӣ аст.

Аз ман дар хотират

Доштӣ  фикре аҷаб 

Ки сохтаам ҷаҳон 

Дар он тарафи шаб.

Ростию растиям

Озодӣ ҳастиям

Дартоз равонаам

Бо ҳақпарастиям.

Комментариев нет: