Меъморӣ ин хушранг ба хушранг бошад,
Оҳанг дар санг бошад
Ва хушоҳанг бошад.
Зебоӣ бо қолаб дар ҷанг бошад
Яъне фарҳанг бошад.
Дар пешинаи он Тахти Ҷамшед бошад
Айвони Мадоин, ва шаҳри Сипоҳон бошад
Ва ё Шеру Хуршед аз Регистон бошад.
Манора не, сарви Гулистон бошад
Пайванди замин ба осмон бошад
Дар ҳар сутуну дар нақши ниёгон бошад
Аз ҳар муқарнасе ситораборон бошад
Кошин зи Кошон бошад
Меъёр инсон бошад.
Ва дар ҳар гунбази он шукӯҳи осмон бошад
Ошён ба париён бошад.
Комментариев нет:
Отправить комментарий