среда, 7 января 2026 г.

Асоси ҳуввияти миллӣ чист?

Аз ин пеш навишта будам ки ҳуввияти миллии тоҷикон аз кадом бахшҳо иборатанд ва он аносири зиёд дорад. 

Аммо пешрафти миллат ба он вобаста аст ки мо кадом унсурро дар авлавият қарор додаем.

Дин, дониши фалсафӣ ,таърих ё забону адабиёту фарҳанг?

То замони шӯравӣ ҳуввияти миллӣ динмеҳвар ва адабиётмеҳвар буд. Бузургтарин алломаҳои дин ва аҳли тасаввуф форсизабон ва эронитабор буданд. Имом Абӯҳанифа, Имом Мотурудӣ, Имом Муҳаммад Бухорӣ, аз асосгузорони тариқат дар Варорӯд Абӯ Юсуф Ҳамадонӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абдухолиқ Ғиждувонӣ, Хоҷа Аҳрор, Махдуми Аъзами Даҳбедӣ ва дигарон.

Аз адибони адабиёти ҳазорсолаи форсӣ низ шахсиятҳои ҷаҳонии зиёд дорем.Шоҳнома, Гулистони Саъдӣ, девони Ҳофиз,  Маснавии маънавии Мавлоно, ашъори Бедил, Абӯмуслимнома, Ҳазору як шаб ва ғайраҳо.

Дар замони шӯравӣ ҳуввияти миллӣ аз хату забон сар карда зарари ҷиддӣ дид. 

Аммо бо ҷасорату мардонагӣ ва фидокории устод Айнӣ ҳуввияти нави миллии тоҷикон адабиётмеҳвар шуд.Албатта саҳми Лоҳутӣ, Улуғзода, Турсунзода ва дигар бузургони адабиёти тоҷик низ ҳаст.

Бо нашри асарҳои таърихӣ, алалхусус Тоҷикони Ғафуров, эҳёи Шашмақом ҳуввияти миллии тоҷикон шакли комилтар пайдо кард ва дар он таърих ба мақоми аввал баромад.

Шеъри иҷтимоии насли нави шоирони маъруфи нимаи дуюми асри бист дар худшиносии миллӣ нақши бузург гузоштааст.

Аммо баъди пош хӯрдани Иттифоқи шӯравӣ дар ҳуввияти миллии тоҷикон мо вазъи дигарро мушоҳида мекунем.

Гарчанде китобҳои Шоҳнома ва Тоҷикон ба ҳама дастрасу нависандагони Тоҷикистон аз панҷсад нафар зиёданд, дар амал китобхонӣ нест.

Мардуми тоҷик куллан ба дин рӯй овардааст. Ҳуввияти миллӣ динмеҳвар шудааст.

Адабиёти тасаввуфӣ аз ҷумла осори Мавлоно ва дигар бузургони адабиёти гузашта мафкураи диниро тақвияти зиёд доданд.

Оё ин ҳолат ба пешрафти миллат мусоидат мекунад? Суоли рӯз ин аст.

То вақте ки мо ҳуввияти миллӣро донишмеҳвар накунем, пешрафти фикрии мардуми тоҷик рух нахоҳад дод.

Барои донишмеҳвар кардани ҳуввияти миллӣ элитаи Тоҷикистон бояд барномаи пухтаи илмӣ дошта бошад.

Алъон ба ҳама равшан аст ки дар азхудкунии ҳуши маснуӣ хеле оқиб мондаем. Ин ба ҳама соҳаҳои ҳаёт таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Комментариев нет: