Аллома Абдуллоҳи Раҳнамо дар бораи давлатмеҳварӣ ақидаи хоси худро доранд.
Оре давлат як воситаи ваҳдати миллӣ аст ва мардумони ҳавзаи форсизабон аз замонҳои қадим низоми давлатдории пешрафтаи дунёро ихтиро карда буданд. Ин низоми давлатдорӣ манофеи ҳамаи халқу қавмҳои қаламрави давлатиро дар назар дошт.
Ин низоми давлатдорӣ дар замони Ҳахоманишиҳо ба авҷи аъло расидааст. Яъне ба забони имрӯзаи мо императорӣ буд. Императорро шоҳаншоҳ мегуфтанд.Яъне шоҳи шоҳон. Давлатдории тоҷикон дар ҳама давру замон шоҳаншоҳӣ буд.Дар замони ҳукмронии сулолаҳои туркӣ низ ин намуди давлат буд, онро хонигарӣ меномиданд ё дигар ин ҳамон давлатдории иборат аз вазоратхонаҳои гуногуни Сомониён буд.
Оинномаи давлати шоҳаншоҳӣ дар замони ҳукмронии Куруши Кабир шакл гирифт ки мо онро бо номи Маншури Куруш мешиносем.
Яъне дар тӯли чандин ҳазор сол ягон бор аҷдоди мардуми тоҷик дар давлати якқавма зиндагӣ накардааст.
Дар замони шӯравӣ болшевикҳо бисёр кӯшиш карданд ки республикаҳои якқавма созанд. Ба ғайр аз Арманистон алъон мо мисоли дигари ҷумҳурии якқавмаро намебинем.
Болшевикҳо диданд ки дар ҳар республикаи шӯравӣ халқҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, ибораи миллати давлатсозро бофтанд.
Яъне дар республикаҳои шӯравӣ кадом халқ сершумор бошад, онро миллатсоз номиданд.Ва дар мансабҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ асосан ба намояндагони миллатҳои давлатсоз имтиёз ишғоли мансабҳои баланд дода шуд.
Ин ба ғояи баробарию бародарии коммунистӣ зид буд. Лекин болшевик дар сухан тарафдори баробарӣ бошад ҳам дар амал дигар буд.
Ин мероси ногувор ба республикаҳои пасошӯравӣ интиқол ёфт.
Ва онон худ императорони таърихии худро намунаи ибрат қарор дода ба онҳо ҳайкалҳо гузошта идеализатсия карданд.
Халқи тоҷик дар байни чанд давлат пора-пора шуд.
Акнун тоҷик танҳо дар Тоҷикистон давлат дорад. Дар Афғонистон давлатдориро қавми паштунҳо кайҳо аз дасти тоҷик кашида гирифтааст.
Комментариев нет:
Отправить комментарий