среда, 7 января 2026 г.

ХУРӮСАМРО КУШТАМ...

Хурӯсамро куштам

Бемаҳал бонг барзад

Тоҷи сурх дар сар дошт 

К-аз шукӯҳаш ифтихор дар синаам ҷӯш мезад.

Хурӯсам сурх буд,

Ки ин ҷо кулангӣ гӯянд 

Мурғи ҷангӣ гӯянд 

На хурӯс, балки уқоби сарбаланде буд 

Бехабар аз баландиҳо

Ва озодии мурғони ҳаво.

Побанди замин буд 

Поруро тит мекард,

То биёбад кирмеро

Ва зиёфат бидиҳад дар ҳарамаш чун подшоҳ.

Сад афсӯс 

Хабар аз омадани субҳ медод,

Сар шудани рӯзи нав

Сафҳаи тоза, ки зиндагӣ бар мо бахшад.

Ҷойи ӯ як мокиёнест

Тақлид мекунад 

Аммо он садои бетакрор дигар нест 

Садо аз мағзи ҷигар нест.

Гӯиё дар беша дигар шер нест 

Тӯдае ҳасту лидер нест.

Комментариев нет: