Бисту панҷ сол шаҳрванди нокуҷо будам
По дар замин не дар ҳаво будам
Аммо дар наво будам
Дар радио будам
Ҳаққулсадо будам
Суханам аз озодӣ буд
Аз ободӣ буд
Гарчи дар ин ватан ман беватан будам
Дар ин зебочаман ман бе чаман будам
Нарафтаам ба роҳи ҳаҷ
Нарӯфтаам роҳи каҷ.
Нонам нимта буд
Аммо ҳалол буд
Шиори доимӣ "Ҳаҷ гоҳ нанол" буд
Пули сироти зиндагӣ ба мисли қил буд
Ранги давоти ман аз хуни дил буд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий