четверг, 17 декабря 2009 г.

Аҳамияти актуалии ислоҳоти мактаб

Мақолаи ҳаштум

Баъди хондани мақолаҳои камина оиди зарурати ислоҳоти маориф баъзе даҳондаридаҳою забондарозҳои камандеш эҳтимол бигўянд: Дар вақти кризиси ҷаҳонӣ мо ба дарбеҳи иқтисодиёт машғул шавем ё ислоҳоти маориф? Магар ба ҳар ду маблағ метавон ёфт?

Ба чунин каммағзон гуфтан лозим, ки агар ашёи хому корхонаву таҷҳизоту неруи барқ бошаду коргару муҳандиси баландихтисос набошад, магар метавон барои ҷаҳони имрўза маҳсулоти ба рақобат тобовар баровард?

Чанде пеш дар як рўзнома хотираҳои як разведкачии русро хонда будам. Ў навишта буд, ки дар Ҷопон бисёр сол кор карда барои пешрафти техникаву иқтисодиёти ватанаш – Русия ҳуҷҷатҳои техникии корхонаҳои беҳтарини Ҷопонро дуздида додааст. Баъд шунидааст, ки чунин корхонаҳои беҳтаринро дар Русия аз рўи ҳуҷҷатҳои фиристодаи ў сохтаанд, аммо дастгоҳҳои он корхонаҳо он қадар донишу маҳорати баландро талаб мекардаанд, ки коргарони рус маҳсулот бароварда натавонистаанд.

Инқирози иқтисодии Тоҷикистон танҳо бо таъсири кризиси ҷаҳонӣ ба вуҷуд наомадааст, он таърихи тўлонитаре дорад, яъне доимо вуҷуд доштааст.

Дар Тоҷикистон барои пешрафт ҳама чиз ба ғайри дастгоҳҳои хуби замонавию кадрҳои хуб ҳастанд. Дастгоҳҳои замонавиро бо пул зуд метавон харид, аммо барои тайёр кардани кадрҳои хуб солҳо лозиманд. Ба ин сабаб ислоҳоти маорифро «имрўз имкони молиявӣ камтар аст» гўён ба фардо вогузоштан кори оқилона нест.

Ман дар мақолаҳо оиди ислоҳоти маориф оиди зарурати ислоҳот дар кўдакистонҳо ва аспирантураю докторантура чизе нагуфтам.

Дар ин зинаҳо низ аз рўи меъёрҳои амрикоиву аврупоӣ ислоҳот гузаронидан лозим, чун онҳо низ бозмондаҳои низоми кўҳнаанд. Дигар кардани барномаи таълим низ аз муаммоҳои рўз аст.

Чанд сол пеш вақте ки барномаҳои таълимро дар рўзномаҳо чоп карда буданд, дидем, ки онҳо аз барномаҳои замони шўравӣ фарқияте надоранд.

Яъне ҳанўз ҳам дар чорчўбаи талабҳои идеологияи шўравӣ фикр карда ба омўзиши масалан «Шоҳнома» на аз рўи аҳамияти бузургу ҳаҷми ин шоҳасар, балки аз рўи кадом дастуре соатҳои нокифоя муқаррар кардан давом дорад.

Дар як чунин барнома дида будам, ки ба омўзиши ҳаёту эҷодиёти Фирдавсӣ даҳ соати дарсӣ (ҳар соати дарсӣ 45 дақиқа аст), барои омўзиши зиндагинома ва осори Ҷомӣ сездаҳ соат ҷудо кардаанд. Ҳеҷ имкон надорад, ки ҳар як ҷилди «Шоҳнома»-и нўҳҷилдаро дар 30-40 дақика хонда аз бар кард!

Ҳар як инқирози иқтисодии ҷаҳонӣ бо корбурди навтарин кашфиётҳои илмиву техники барҳам хўрдааст. Инқирози амрикоии депрессия дар асоси кашфиётҳои илми саноати беҳтарини автомобилсозиро ба вуҷуд оварда буд. Коршиносон пешгўи мекунанд, ки инқирози ҳозира низ авҷи нави тадбиқи илму фановариро дар истеҳсолот оғоз хоҳад бахшид. Яъне дар ҳама ҳолат коргару муҳандиси бо донишҳои замонави мусаллаҳ мақоми ҳалкунанда хоҳанд дошт.

среда, 16 декабря 2009 г.

«Муҳити адабии Самарқанд дар оинаи таърих»

Нашриёти «Фан»-и Ўзбекистон рисолаи илмии доктори улуми филологӣ профессори Донишгоҳи Самарқанд Садри Саъдиев «Муҳити адабии Самарқанд дар оинаи таърих»-ро чоп кард.

Профессор Садри Саъдиев ва донишманд Т.Зеҳнӣ ба муносибати 2500-солагии Самарқанд соли 1965 тазкираеро таҳти унвони «Суханварони Сайқали рўи замин» чоп карда буданд.

Китоби нав аз он тазкира бо он фарқ мекунад, ки доираи васеътари адибони дар Самарқанд пас аз Рўдакӣ то авали асри бист зиндагӣ ва эҷод карда муаррифӣ ва мавриди тадқиқ қарор гирифтааст.

Хонанда аз ин китоб бо бисёр симоҳои то ҳанўз номаълуми адабиёти тоҷик шинос мешавад, ки дур аз дарбор эҷод карда аз паи касби худ рўз мегузарониданд ва адабиёти шаҳрии мустақил аз дарборро ба вуҷуд оварда буданд.

Яъне ҷараёни демократӣ шудани адабиёти мумтози тоҷикро дар мисоли муҳити адабии Самарқанд бо мисолҳои равшан тасвир намудааст. Китоби мазкур ба забони ўзбекӣ буда муаллиф нусхаи тоҷикии онро низ таълиф кардааст, аммо ба сабаби нарасидани маблағ ҳанўз ба чоп насупоридааст.

воскресенье, 13 декабря 2009 г.

«Як қалам рўшноӣ»

Нашриёти «Муҳаррир»-и Тошканд дафтари нави шеърҳои бонуи хушбаёни самарқандӣ Дилшоди Фарҳодзодро бо ин ном ба табъ расонид. Оиди шеърҳои ў ҳоло чизе намегўям, чун ашъори ў тавассути блоги Меҳроин дастраси ҳар як интернетхон аст. Аз ин маҷмўа сарсуханеро манзуратон мекунам, ки ба қалами камина тааллуқ дошта барои хонандаи Ўзбекистон навишта шудааст.

ШОИР АНДАР СИНАИ МИЛЛАТ ЧУ ДИЛ

Бо пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ Ўзбекистон ва Тоҷикистон барин ҷумҳуриҳо соҳибистиқлол гардиданд, ки худ як хушбахтии бузурге буд. Шодем, ки дар ин даврони хушбахтии бузург зиндагӣ мекунем. Баробари пош хўрдани ҳукумати шўравӣ идеалҳои он низ ба партов рафтанд. Мо ба ҷомеаи тамоман дигар ва ба ҳар ҳол прогматикӣ рў ниҳодем. Дар чунин ҷомеа инсонҳо аксар барои сарватҳои маънавӣ не, балки барои сарватҳои моддӣ мекўшанд. Як сабаби асосии дар кишварҳои капиталистӣ камфурўш будани китоби шеър ҳамин аст, ки бо вуҷуди кўшишҳои зиёд онон натавонистаанд ин камбудиро барҳам зананд.

Аммо дар Ўзбекистону Тоҷикистон баръакси ин ҳолро мушоҳида мекунем. Яъне шеърнависӣ бо прагматӣ шудани ҷомеа кам намешавад. Эҳтимол сабаби ин вазъи нишотовар қудрати азими анъанаи назмсолорӣ дар адабиёти ин ҷумҳуриҳо будагист, ки дар саргаҳи он нобиғаҳое чун одамушшуаро Рўдакӣ ва султони ғазал Навоӣ дар мақоми ҷовидонӣ истодаанд. Ба ин сабаб хоки Самарқанд ҳанўз ҳам бўи қадами ин нобиғаҳои назмро дорад, ҳанўз ҳам тухми гулҳои дар гулистони адаб коридаи онон гум нашудаанду ҳар баҳор сабзида, бо рангу накҳати тоза димоғамонро болида месозанд.

Шоира Дилшоди Фарҳодзод яке аз боғбонҳои ҷавонест, ки дар ин гулистон порае аз гулзори назми худро барпо кардааст ва он қадар гулҳои гуногуни хушрангу хушбўй сабзонидааст, ки ҳар як соҳибзавқ беихтиёр офарин хоҳад гуфт.

Дар халқ мегўянд, ки «пашша зиёд шавад, сол вазнин меояд, агар ору зиёд шавад, сол ба хушӣ хоҳад гузашт». Ман мегўям, ки агар дар ҷомеа шоир зиёд шавад, ҳанўз умед ҳаст, ки инсоф, инсондўстӣ, самимият тантана хоҳад кард. Бино бар ин аҳли фаҳмро бо тавлиди боз як шоири худшиносу дилогоҳ ва ватандўст табрик мегўем.

Имрўз шоир китобашро бо маблағи гароне аз ҳисоби худ чоп мекунад. Агар навиштани шеър ҷоннисорӣ бошад, ин тарафаш боз як қаҳрамонист. Ва ин ҷоннисориву қаҳрамонӣ ба Дилшод низ муборак бод!

Рисолати шоирӣ ба навъе рисолати пайғамбарист. Дар замоне, ки ҳама чиз ба пул хариду фурўш мешавад, шоир чизҳои меофарад, ки онро бо ягон миқдор зару зевар харидан наметавон. Хонандаи закӣ аз маҷмўаи мазкур хеле аз ин арзишҳои бебаҳоро пайдо хоҳад кард.

Инак, хонандаи азиз, дар дасти шумо китобест иборат аз варақҳои китоби дили шоир, ганҷи бебаҳои ў, ки барои шумо ирсол мекунад. Бикўшед, ки ҳарфҳои бемонанди ўро бифаҳмед. «Як қалам рўшноӣ»-и ў ба роҳи дилатон рўшаноӣ физояд!

пятница, 11 декабря 2009 г.

Мактаби репетитории ҷопонӣ

Мақолаи ҳафтум

Ислоҳоти мактаб маблағи зиёде талаб мекунад, - гуфт як шиносам, - Магар беҳтар нест, ки ба ҷои он мактаби репетиторӣ кушоянд?

Ҳама хуб медонанд, ки мактаби миёна барои ба донишгоҳ дохил шудан дониши кофӣ намедиҳад ва бисёр касон барои фарзандонашон як-ду сол пеш аз хатми мактаб барои ҳар як фане, ки аз он имтиҳони қабул ҳаст, репетитор мегиранд.

Ман ҳам як фарзандамро ба репетиторҳо хононда будам. Репетиторӣ дар кишвари мо ғайрирасмист.

Бо репетиторӣ муаллим баъди машғулиятҳои худ дар мактаб, баъди ба хонаи худ омадан машғул мешавад. Ў бар ивази маблағе, албатта на кам мекўшад нуқсонҳои мактаби расмиро барҳам диҳад, дониши (дар мактаб гирифта натавонистаи) талабаро пурра кунад.

Талаба аз назди як репетитор баромада ба назди репетитори дигар метозад, ки он метавонад дар канори дигари шаҳр бошад. Репетитор чӣ хел меомўзонад, ба виҷдони худаш вобаста аст. Онро касе контрол карда наметавонад. Ба ғайри ин чунин репетиторҳо ба тарбияи маънавию ахлоқиву фарҳангӣ масъул нестанд.

Мактаби репетитории расмии ҷопонӣ ҳамин камбудиҳоро барҳам додааст. Яъне барои таҳсили иловагӣ шароити хуб муҳайё кардааст.

Дар мактаби репетитории ҷопонӣ, ки дзюко ном дорад, шогирдони мактаб баъди хотимаи дарсҳои мактаби миёна ва дар хонаи худ таом хўрдан мераванд.

Дар ҳар синфи репетитории дзюко на беш аз панҷ талаба таълим мегиранд. Таълим дар чунин мактабҳо пулакист ва барои ҳар талаба моҳе 20 ҳазор йен бояд дод. Дар се мактаби дзюкои Токио 200 ҳазор нафар мехонанд.

Фарқ байни репетитории ғайрирасмӣ ва дзюко он аст, ки дар охирӣ назорати расмӣ ба сифати кори муаллимон ҳаст ва ба тарбияи маънавию ахлоқӣ расман масъуланд.

Набудани ҳамкорӣ байни мактабу репетитор нуқсони бузурги ҳама гуна намудҳои репетиторӣ аст. Дар ин бобат мактаби финӣ бо афзалияти зиёде фарқ мекунад. Дар мактаби финӣ муаллимони машғулиятҳои баъди нисфирўзӣ ҳар рўз мунтазам муаммоҳои дар азхуд кардани дарсҳо ба вуҷуд омадаро зина ба зина ҳал карда пеш мераванд, ки дигар ба репетиторӣ ҳоҷат нест.

Дар мактаби репетиторӣ бошад, ҳама нуқсонҳои дар 11-12 сол ҷамъшударо дар як-ду сол бартараф карданӣ мешаванд, ки муаллими репетитор нобиға бошад ҳам на ҳамаи онҳоро метавонад ислоҳ кунад.

четверг, 10 декабря 2009 г.

Кембриҷ ва Оксфорди тоҷикон

Мақолаи шашум

Дар Аврупо Оксфорд ва Кембриҷ беҳтарин ва машҳуртарин донишгоҳҳоянд. Донишгоҳи Оксфорди Англия дар оғози асри XII таъсис ёфтааст ва аввалин университети ин кишвар аст. Он нахуст барои афзоиши дониши рўҳониён таъсис шуда буд, аммо бо кўшиши шоҳони маърифатпарвар ба донишгоҳи асосии дунявии мардуми олирутба гардид. Дар муддати сад соли аввал он қадар ривоҷ ёфт, ки ақидаҳои пешқадами профессору донишҷиёни он ба мардуми омии шаҳри Оксфорд нафорид ва байни аҳолии шаҳру университет зиддияти шадид ба вуҷуд омад. Баъди як задухўрд профессору донишҷиёни Оксфорд ба Кембриҷ гурехта дар он ҷо донишгоҳи нави аристократиро таъсис доданд.

Оё барои тоҷикон чунин донишгоҳҳои олимақом лозиманд?

Лозиманд. Барои он лозиманд, ки давлат тавонад дар мактаби миёна бо баҳои аъло таҳсил кардаро рағбатнок созад, муносибатро байни муассисаҳои таълим ва ҷомеа ба дараҷаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ба роҳ монад.

Дар Оксфорду Кембриҷи тоҷикӣ таҳсили пулаки набояд бошад. Профессорҳо аз донишмандони машҳур бояд интихоб шаванд.

Дар кишвар се хели мактабҳои олӣ – мартабааш олӣ (оксфордӣ), мартабааш миёна ва мартабааш саввум бояд амал кунанд.

Имтиҳони давлатӣ барои ҳама мактабҳои олӣ дар ҳама шаҳрҳо бояд баробар гирифта шаванд. Чуноне ки дар Эрон ҳаст: ҳеҷ як абитуриент пешаки намедонад, ки дар кадом шаҳр ва дар кадом донишгоҳ таҳсил хоҳад кард. Агар чунин низом ҷорӣ шавад, компютер аз рўи баҳоҳои дар мактаби миёна ва дар имтиҳони умумии давлатӣ гирифта ҷои таҳсили студентро муайян мекунад. Онҳое, ки барои донишгоҳи навъи оксфордӣ балашон намерасад, ба донишгоҳҳои нимапулакии мақоми миёна хоҳанд дохил шуд. Онҳое, ки ба ин донишгоҳҳо низ балашон нарасад, ба донишгоҳҳои хусусии пулакӣ хоҳанд даромад.

Чунин амал барои дар ҷомеа устувор намудани шоистасолорӣ зарур аст.

Шогирдони мактаби миёна ҳамон вақт ба омўзиши фанҳо кўшиш хоҳанд намуд, ки ҳосили кўшишҳои пешинаи худро дар вақти имтиҳони қабул ба мактабҳои олӣ равшан ҳис кунанд.

Муаммое, ки барои ҷорӣ кардани ин низом пеш меояд, ришвахории омўзгорони мактаби олист.

Агар дар мактаби олии навъи оксфордӣ муаллимон вақти имтиҳонҳо ришвахори карда ба донишҷўёни камсавод баҳоҳои баланд гузоштанро давом диҳанд, мақсад амали нахоҳад шуд.

Баъд қоидаву қонунҳоеро бояд қабул кард, ки тибқи онҳо дар вазифаҳои баланд чӣ давлативу чӣ ҷамъиятӣ дар вақти интихоби кадрҳо ба воситаи озмун танҳо хатмкардаҳои мактаби олии мартабаи олӣ (яъне оксфордӣ) имтиёз хоҳанд дошт.

Он гоҳ ба маҳалгароӣ, хешутаборпарастӣ барин падидаҳои протексионистӣ заминае нахоҳад монд.

Хатмкардагони мактабҳои олии Тоҷикистон бо дипломҳои худ ҳуқуқи комили дар кишварҳои Ғарб кор карданро бояд дошта бошанд. Як тоҷикистони, ки маълумоти олӣ дораду дар Русия кор мекунад, гуфт, ки дипломҳои донишгоҳҳои Тоҷикистонро Русия эътироф намекунад. Ба ин сабаб ҳазорон тоҷикони маълумоти олидор маҷбуранд, ки ба корҳои каммузд даст бизананд. Ё бекор нишинанд. Ба мисли ман, - илова кард ў.

19 июни соли 1999 давлатиҳои Аврупо дар шаҳри Болоня эъломияи «Минтақаи маълумоти олии аврупоӣ»-ро қабул карданд. То ҳол ба ин эъломия 46 давлат шомил гардидаанд. Эъломияи Болоняро Русия, Украина ва Қазоқистон низ имзо кардаанд.

Ҳукумати Тоҷикистонро мебояд, ки аз чунин ҷараёнҳои байналхалқӣ бехабар намонад ва ба онҳо ҳамроҳ шуда мактабҳои олии худро ба меъёрҳои аврупоӣ мувофиқ гардонад.

понедельник, 7 декабря 2009 г.

Оиди як ишораи Э.Раҳмон

Дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ, ки аввали моҳи декабр баргузор шуду телевизион намоиш дод, Ҷаноби Олӣ дар омади гап ба мақоми маориф дар Ҷопон ишорае карданд. Аъзои ин Шўро, азбаски мавзўъи ҷамъомад дигар буд, оиди ин ишораи эшон чизе нагуфтанд.

Ва дар суханрониҳои баъдӣ дар матбуот низ чизе гуфта нашуд. Ҳол он ки ин мавзўъ низ барои Тоҷикистон хеле пураҳамият ва сарнавиштсоз аст.

Азбаски оиди низоми маорифи Ҷопон маводе дар даст доштам, барои хонандагони блог чанд сатре навистам.

Аз ҷиҳати теъдоди маълумоти олидорон Ҷопон дар байни кишварҳои ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад. Чилу ду фоизи ҷопонҳо маълумоти олӣ доранд.

Ҷопон шашсад университет дорад. Олмон, ки аз кишварҳои пешрафтатарин ва серодам аст соҳиби 383 мактаби олӣ мебошад. Бубинед фарқ аз куҷо то куҷост!

Теъдоди донишҷўёни мактаби олии Ҷопон зиёда аз 3 миллион нафар аст!

Дар Ҷопон на танҳо ҳама мактабҳои олӣ пулакианд, балки барои имтиҳони қабул низ бояд маблағ пардохт.

Тибқи маълумоти омории соли 2005 ба ҳар даҳ ҳазор одам дар Русия 495, дар ИМА 445, дар Олмон 240, дар Британияи Кабир 227 студенти мактаби олӣ рост меояд.

Дар ин ҷода низ Ҷопон дар мақими аввал аст.

Ҷопонҳо маорифро соҳаи муҳими ҳаётӣ меҳисобанд. Як мисоли оддӣ ба тасдиқи ин фикр:

Соли 1993 Вазорати маориф барои корҳои илмию тадқиқотӣ дар 5 сол аз Вазорати молияи Ҷопон 600 миллион доллар пурсидааст.

Вазорати молия бошад, 800 миллион доллар ҷудо карда талаб мекунад, ки барои корҳои тадқиқотӣ дар донишгоҳҳо грантҳо дар асоси озмун дода шавад. Илова ба грантҳое, ки корхонаҳо барои тадқиқотҳои махсус ҷудо мекунанд.

Ин маблағ илова ба маблағест, ки давлати Ҷопон аз буҷа барои Вазорати маориф ҷудо кардааст ва он низ 800 миллион доллар аст.

Бо вуҷуди ин мутахассисони ҷопон чунин меҳисобанд, ки ҳукумати Ҷопон агар маблағигузориро ба соҳаи маориф боз сад фоиз зиёд кунад, баъд дар ин бобат ба кишварҳои пешрафта баробар хоҳад шуд. Бисёрии ҷопонҳо маълумоти олиро дар кишвари худ не, балки дар Аврупо ва Амрико мегиранд. Аз ҳар чор нафар олиму муҳандиси Ҷопон се нафарааш маълумоти олиро дар Аврупо ва Амрико гирифтааст.

Вазорати маорифи Ҷопон барои донишмандони худ дар боби гирифтани грантҳо барои корҳои илмию тадқиқотӣ он қадар қоидаҳои бюрократӣ эҷод кардааст, ки на ҳар донишманди боистеъдод ба ин кор руҷўъ мекунад. Ба ин сабаб фирмаву ширкатҳои сершумоли ҷопонӣ дар аксар маврид барои корҳои тадқиқотӣ ба донишгоҳҳои хориҷӣ грант медиҳанд.

Ба фикри муҳаққиқони соҳа системаи мактаби олии Ҷопон аз талаботи замони муосир оқиб монда истодааст, гарчанде ҷопониҳо дар донишгоҳ аз субҳ то соати ёздаҳи шаб машғулият доранд.

Вазорати маорифи Ҷопон бошад барои модернизацияи университетҳо шароит фароҳам оварда истодааст. Яъне ба донишгоҳҳо иҷозат додааст, ки программаи таълимро бо солоҳдиди худ бисозанд.

Ин имкон дод, ки донишгоҳҳо ба ҳамдигар монанд набошанд, тибқи талаботи замони муосир барномаи таълимро тағйир диҳанд, ба таълими фанҳое бештар соат ҷудо кунанд, ки дар ҳаёт лозиманд. Студентҳо низ дар пурсишҳои социологӣ ибрози ақида кардаанд, ки аз омўхтани фанҳое, ки дар кор лозим намешаванд, даст кашидан зарур аст. Ин ҷо бамаврид аст, кайд кунам, ки дар баъзе донишгоҳҳои мо низ курсҳои омўзиши фанҳои ғайрикасбӣ он қадар зиёд шудаанд, ки соатҳои омўзиши фани касби асосиро то панҷоҳ дар сад ва аз он ҳам зиёдтар буридаанд.

Оиди афзалиятҳо ва нуқсонҳои маорифи Ҷопон соатҳо метавон ҳарф зад.

Дар Ҷопон маҳалгароӣ, хешутаборпарастӣ, ҷўрабозӣ яъне протексионизм нест. Яъне хатмкардаи мактаби олии камэътибор наметавонад ба воситаи тағо ё амак дар фирмаи баэътибор соҳиби ҷои кор гардад.

Мактабҳои олии боэътибор чанд донишгоҳи давлатии ангуштшуморанд.

Донишгоҳҳои камэътибор бошанд, хусусианд ва барои ба онҳо дохил шудан дар имтиҳонҳои қабул дониши баланд талаб намекунанд.

Яъне обрўю эътибори ҷопон ба он сахт вобастааст, ки ба дипломи кадом донишгоҳ соҳиб шудааст.

Ба ин сабаб ў аз кўдакӣ тамоми неруи худро барои бештар гирифтани дониш сарф мекунад. Барои ў дар азхудкунии дарс оқиб мондан даҳшат аст.

Аммо ҳоло мақсади камина ибрози чанд ҳарфе танҳо оиди як ишораи Э.Раҳмон буд. Ишораи бамаврид буд, ки рўшанфикрони тоҷикро ба фикр кардан водор намуда ҷасорат мебахшад, ки дар вохўриҳои оянда оиди ислоҳоти мактаб ҷасурона суханронӣ кунанд.

Дар мақолаи аз ин пеш навиштаам таъкид бар он буд, ки барои мо мактаби финландӣ (омўзиш – тамоми рўз, яъне рўзи пурраи таҳсил) бо педагогикаи Монтессори ё Френе мувофиқтар аст. Мегўянд, ки баъди шунидани ин пешниҳод ларза дар андоми баъзе мутасаддиёни маориф афтодааст. Оё рост бошад?