воскресенье, 13 декабря 2009 г.

«Як қалам рўшноӣ»

Нашриёти «Муҳаррир»-и Тошканд дафтари нави шеърҳои бонуи хушбаёни самарқандӣ Дилшоди Фарҳодзодро бо ин ном ба табъ расонид. Оиди шеърҳои ў ҳоло чизе намегўям, чун ашъори ў тавассути блоги Меҳроин дастраси ҳар як интернетхон аст. Аз ин маҷмўа сарсуханеро манзуратон мекунам, ки ба қалами камина тааллуқ дошта барои хонандаи Ўзбекистон навишта шудааст.

ШОИР АНДАР СИНАИ МИЛЛАТ ЧУ ДИЛ

Бо пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ Ўзбекистон ва Тоҷикистон барин ҷумҳуриҳо соҳибистиқлол гардиданд, ки худ як хушбахтии бузурге буд. Шодем, ки дар ин даврони хушбахтии бузург зиндагӣ мекунем. Баробари пош хўрдани ҳукумати шўравӣ идеалҳои он низ ба партов рафтанд. Мо ба ҷомеаи тамоман дигар ва ба ҳар ҳол прогматикӣ рў ниҳодем. Дар чунин ҷомеа инсонҳо аксар барои сарватҳои маънавӣ не, балки барои сарватҳои моддӣ мекўшанд. Як сабаби асосии дар кишварҳои капиталистӣ камфурўш будани китоби шеър ҳамин аст, ки бо вуҷуди кўшишҳои зиёд онон натавонистаанд ин камбудиро барҳам зананд.

Аммо дар Ўзбекистону Тоҷикистон баръакси ин ҳолро мушоҳида мекунем. Яъне шеърнависӣ бо прагматӣ шудани ҷомеа кам намешавад. Эҳтимол сабаби ин вазъи нишотовар қудрати азими анъанаи назмсолорӣ дар адабиёти ин ҷумҳуриҳо будагист, ки дар саргаҳи он нобиғаҳое чун одамушшуаро Рўдакӣ ва султони ғазал Навоӣ дар мақоми ҷовидонӣ истодаанд. Ба ин сабаб хоки Самарқанд ҳанўз ҳам бўи қадами ин нобиғаҳои назмро дорад, ҳанўз ҳам тухми гулҳои дар гулистони адаб коридаи онон гум нашудаанду ҳар баҳор сабзида, бо рангу накҳати тоза димоғамонро болида месозанд.

Шоира Дилшоди Фарҳодзод яке аз боғбонҳои ҷавонест, ки дар ин гулистон порае аз гулзори назми худро барпо кардааст ва он қадар гулҳои гуногуни хушрангу хушбўй сабзонидааст, ки ҳар як соҳибзавқ беихтиёр офарин хоҳад гуфт.

Дар халқ мегўянд, ки «пашша зиёд шавад, сол вазнин меояд, агар ору зиёд шавад, сол ба хушӣ хоҳад гузашт». Ман мегўям, ки агар дар ҷомеа шоир зиёд шавад, ҳанўз умед ҳаст, ки инсоф, инсондўстӣ, самимият тантана хоҳад кард. Бино бар ин аҳли фаҳмро бо тавлиди боз як шоири худшиносу дилогоҳ ва ватандўст табрик мегўем.

Имрўз шоир китобашро бо маблағи гароне аз ҳисоби худ чоп мекунад. Агар навиштани шеър ҷоннисорӣ бошад, ин тарафаш боз як қаҳрамонист. Ва ин ҷоннисориву қаҳрамонӣ ба Дилшод низ муборак бод!

Рисолати шоирӣ ба навъе рисолати пайғамбарист. Дар замоне, ки ҳама чиз ба пул хариду фурўш мешавад, шоир чизҳои меофарад, ки онро бо ягон миқдор зару зевар харидан наметавон. Хонандаи закӣ аз маҷмўаи мазкур хеле аз ин арзишҳои бебаҳоро пайдо хоҳад кард.

Инак, хонандаи азиз, дар дасти шумо китобест иборат аз варақҳои китоби дили шоир, ганҷи бебаҳои ў, ки барои шумо ирсол мекунад. Бикўшед, ки ҳарфҳои бемонанди ўро бифаҳмед. «Як қалам рўшноӣ»-и ў ба роҳи дилатон рўшаноӣ физояд!

Комментариев нет: