воскресенье, 15 мая 2011 г.

АДАБИЁТИ МИТРОИИ ТОҶИК: ҚИССАИ БИБИ СЕШАНБЕ. БИБӢ МУШКИЛКУШОД.

ҚИССАИ БИБИ СЕШАНБЕ


БИСМИЛЛОҲИР РАҲМОНИР РАҲИМ

Алҳамдуллилоҳи рабилъоламин, вал-оқибату лилмуттақин вассалому ъало расулиҳи Муҳаммадив ва олиҳи ва асҳобиҳи ачмаъин. Аммо баъд ровиёни ахбор ва ноқилони осор инчунин ривоят мекунанд, ки касе ки дунёталаб ва фарзандталаб ва охиратталаб бошад ва ҳар ҳоҷат, ки дошта бошад раво гардад. Аммо ҳазрати Бибисешанбе холаи ҳазрати Баҳоваддин мебошанд. Ҳар кас дар ҳаққи эшон ош карда эҳсон намояд, ҳар ҳоҷат ва муҳим дошта бошад, талаб кунад раво гардад ва бешакку гумон ба мақсад расонад, иншоаллоҳу таъоло. Тариқааш ин тавр аст, ки агар шахси роҳрав бошад, аз ҳафт хона орд талаб кунад, агар оҷиз бошад, дар чаҳор гӯшаи хона чаҳор коса орд гузорад ва аз онҳо гирифта дар дег андозад ва ӯмоҷ ва ҳафт дона чаппотӣ, як комоч карда ба кампирон ва ятимдухтарон диҳад, валекин ба мардон надиҳад. Ва дар маҷлис қиссаи ҳазрати Бибисешанберо ёдоварй кунанд. Аммо хушку холӣ нашаванд, ки хушку холӣ мемонанд. Ва боз ҳар кӣ ошро ба ихлоси дуруст ва бо эътиқоди рост муҳайё сохта назру ниёзи қиссаро диҳад, ба ҳаммаи муродаш мерасад, иншоаллоҳу таъоло.



Ҳазрати Бибисешанбе гуфта, ки ба муродаш нарасонам, зомин ҳастам. Қиссаи эшон ин тавр аст:
Касеро, ки ихлос бошад яқин,
Шавад момо сешанбе ба ӯ зомин.

ҲИКОЯТ:

Чунин ривоят кунанд, ки дар замонҳои гузашта духтаре буд, ки дар иқлими ҳусн ягонаи даврон ва дар боби ҳаё мастураи замон буд. Валекин падару модари духтар мурда буданд. У дар дасти модари ӯгай монда буд. Модари ӯгай ӯро азоби бисёр медод. Ҳар рӯз хамон модари ӯгай ба ин ятимдухтар як миқдор пахта ва як гове, ки дошт медоду мегуфт, ки:
- Эй ҷавонмарги пастҳиммат ва бемурдори ятимча, бирав ин пахтаро аз пунба ҷудо карда ва говро хуб нигоҳубин кун!

Ва ӯро саҳро равон мекард. Духтараки бечора пахтаро тамом карда наметавонист. Вақте ки ба хона меомад модари ӯгай он бечораро азобу укубати бисёр медод, ало ҳозал қиёс. Чанд гоҳе ба ин тариқ рӯз мегузаронид. Аммо рӯзе аз рӯзҳо гову пахтаро гирифта ба саҳро баромад ба ногоҳ гов гурехта ба горе даромад. Духтар ҳам аз қафояш дохили гор шуд ва дид, ки зане нишастааст, ки аз нури рӯяш олам мусаффо ва аз таҷаллии ботинаш дунё муҷалло. Машғули тоат буд. Духтар салом дод, бибй алек гирифта ӯро бисёр навозиш ва ҳурмат карду аз аҳволаш пурсон шуд. Духтар маъюсона ҷавоб дод ва аҳволи модари ӯгайро ҳикоят карда аз ранҷу азоби худ шикоят намуд. Бибй ба ҳоли духтар раҳм намуда, гуфт:
- Эй фарзанди ҷон, аз ин пас ҳар рӯз ба назди ман биё ман дар ҳақиқат дуо хоҳам кард, пахтаро ба гов хӯрону аз қафояш кашида гир.

Духтар бисёр хушҳол шуд, ҳар рӯз ба назди бибӣ омада дуо мегирифт. Пахтаро ба гов хӯронида аз қафояш риштаи тайёрро гирифта ба модараш меовард. Модараш дар ин кор ҳайрон мешуд, вале охир говро бикушт. Духтар аз ин кор ҳайрону гамгин шуда гирён ба назди4 ¬бибй рафта, гуфт:
- Эй бибии меҳрубон, модари ӯгай говро кушт, агар намекушт ба баҳонаи гов ҳар рӯз омада ҷамоли муборакатонро медидам, акнун чи илоҷ кунам, ки модари ӯгай намемонад?

Зор-зор гирён буд. Бибй ӯро тасалло дода, гуфт: Эй ҷигарбанди ман, бисёр гиря накарда устухонҳои говро ҷамъ карда ба хок гур кун.

Духтар ба хона омада гуфтаҳои бибиро баҷо овард. Алқисса рӯзе акобири шаҳр тӯи калон карда ҳамаи халқи шаҳрро аз хурду бузург ва зану мард ва писару духтарро даъват кард ва ҳамаи халқи шаҳр ба хонаи акобир ҷамъ омаданд. Модари ӯгай низ духтари худашро ҳамроҳ гирифта, духтари ӯгаяшро дар хона гузошта, гӯшашро кашида, як мушт ба рӯяш зада як галбер ҷуворӣ ва як галбер арзанро ҳамроҳ карда, гуфт:
- Эй касофат, то омадани мо ин арзанро аз ҷуворй ҷудо карда мон!

Ва боз ду се дашном дода ҳамроҳи духтараш баромада рафт. Вале духтари бечора арзанро аз ҷуворй ҷудо карда натавониста гиря мекард ва гамгин менишаст. Дар он ҳол мурги мокиён ба амри худованд ба назди духтар омада арзанро аз ҷуворй ҷудо карда монд. Духтар аз ин кор хурсанд шуда вақтро ғанимат дониста, дар ҳол ба хизмати бибй равон шуд. Бибй аз ӯ пурсид, ки:
- Эй духтар, чй гунаӣ?

Духтар гирён шуда, гуфт:
- Устухонҳои говро ҷамъ намуда гӯронидам, вале имрӯз акобири шаҳр тӯй барпо кардааст ҳамаи аҳли шаҳр ба тӯй рафтаанд. Модари ўгай ба пешам як галбер ҷуворй ва як галбери дигар арзанро омехта "то омадани ман инҳоро аз ҳам чудо карда мон" — гуфта рафт. Вале мурги мокён инҳоро аз ҳам ҷудо карда дод. Модари ўгай бо духтараш дар тӯянд. Ман вақтро ганимат дониста ба зиёрати шумо омадам.

Пас бибй гуфт:
- Ғамгин машав, агар орзуи тӯй дорй ту ҳам бирав.

Ва аз биҳишт як даста ҳулла ма-а ҳурон гирифта духтарро зиннат дода ба тӯй равона сохт. Алқисса ба акобир хабар расид, ки "духтари шоҳ меояд" ва акобир ба пешвози духтар баромад ва 6а тўй таклиф намуда, аз таомҳои рангоранг меҳмондорй намуд. Духтар модари ӯгаяшро дар пойгоҳ нишаста дид, вале ӯ духтарро нашинохт. Духтар таомҳои пасхӯрдаи худро ба модари ӯгай фиристод ва тӯйро тамошо карда, баргашта ба назди бибй омада либосҳоро дода, ба хона баргашт ва аз дарди ятимй ин газалро мехонд.

ҒАЗАЛ

Аё эй холиқи якто, ба ҳоли ман
тараҳҳум кун,
Дар ин саҳро манам гирён, ба ҳоли ман
тараҳҳум кун,
Ба меҳру шафқати афзун ба ҳоли ман
тараҳҳум кун,
Ба сӯзи ҳаҷр бигзоштй ту бо рӯи
сияҳ манро,
Аё шоҳо, ба ту нолам, ки бахтамро
кушоиш деҳ.
Ки афтодам ба ин саҳро чй бошад
охири корам?
Худое, ҳурмати курсй, ба ҳоли ман
тараҳҳум кун,

Ва гирён менишаст, ки ба ногоҳ марги модараш ба ёдаш омада ин шеърро хонд:

Рафики беназире доштам он
меҳрубонамро,
Ҷудо кардй аз ӯ ҷону дили моро
адо кардй.
Намуда синачокам ханҷари доги
ятимам.
Ба ин шева маро аз ҳамнишини худ
чудо кардй.
Ба ман дар ин ҷаҳони бевафо, ё раб,
зи тақдирам,
Ятимиро насибу хору зору бенаво
кардй.
Ба парридан қанотам не, ба рафтан
ҳеҷ ҷоям не,
Ки ҷуз ту нест гамхорам дилу ҷонам
адо кардй.
Ҳамемирам, худовандо, ба сад хори
сабурй деҳ,
Гадои дар ба дар доим ба гирдоби
бало кардй,

Ашкро аз чашмонаш ҷорй карда ин байтҳоро хонд байт:

Худое, ҳурмати зотат ба ҳоли ман
намо раҳме.
Агар пурсй зи ҳоли ман дили
садпорае дорам,
Аз ҳамдами ноқобилам, ё раб, басе
афгора ман.
Дар ҷӯш омад ҳасратам, ё раб,
куҷо дигар равам?
Сар бар дарат бинҳодаам ҳастам
гариб бечора ман.

Пас чунон дар гиря шуд, ки ашки чашмаш монанди дарёи Уммон ҷорӣ мегашт. Он рӯз то намози хуфтан пайваста дар гиря буд ва намози хуфтанро хонда боз таҳорат карда, ду ракъат намози нафл хонда дар ҳаққи ҳазрати бибй бахшид. Дар ин ҳангом духтари бечораро модараш ба ёдаш омад ва ин газалро месароид, газал:

Ҳоле басе дорам забун модар ба
ҳолам кун мадад,
Ҳам хору зор афтодаам модар
ба ҳолам кун мадад.
Ҳаргиз набинад ҳеҷ кас
ҷабру ҷафое ҳамчу ман,
Рӯзу шабон чашме пуроб
гирён мабодо ҳамчу ман.
Ҳаргиз гарибу ҳам ятим
монад касе бар ҳоли ман,
Омад ба ман ин сон алам
модар ба ҳолам кун мадад.
Ман боз агар бинам рухат
ҷонро ҳамекардам нисор,
Мегуфтамат дарду алам мешуд,
агар моро насиб.
Бода гардид наштари гам
ё бибй бинмо мадад,
Мисли куш парвоз мекардам
ҳамеша ҳар тараф.
Ҳасрато, хам гашту
бишкастанд қанотам ногаҳон,
Кош мебуд модари мушфиқ
маро дар ин ҷаҳон.

Ва дар гиря буд, ки модари ӯгаяш пасхӯрдаи таомҳоро бардошта чун аждаҳои бадхашм қаҳру газабаш дар ҷӯш аз дар даромада омад ва таомҳоро ба духтар дода, гуфт:
- Гир, инҳоро бихӯр, агар нахӯрй заҳра хӯр!

Ва боз бисёр озору кулфат дод. Аммо ҳангоми аз туй омадан духтар як кафши зарринро аз пояш афтонида буд. Он кафшро шахсе ёфта ба акобир бурда дод. Акобир кашфро дида бағоят беқарор шуд ва аҳли шаҳрро ҷамъ карду гуфт:
- Ин кафш дар пои кадом зане, ки дарояд ӯро ба никоҳи худ дарорам.

Тамоми шаҳрро ҷустуҷӯ карданд ва дар пои касе нашуд, на аз пиру ҷавону на аз зану духтар. Алқисса чунон хабар ёфтанд, ки дар фалон ҷой як ятимдухтар ҳаст ва зуд ба ӯ кас фиристоданд. Модари ӯгай барои духтари ятим хостгор омаданашро пай бурда ӯро дар танӯр пинҳон карда монд ва худро чун духтар нишон дод, вале кафш ба пояш нашуд. Духтарашро овард бар пои ӯ ҳам нашуд. Алқисса мурги мокиён бетоқат шуда овоз дода бо минқораш ба танӯр ишора кард. Одамони акобир ҳайрон шуда рафта танӯрро кушода диданд, ки як духтари парирӯе нишастааст. Алқисса кафш ба пои он духтар лоиқ омад. Онҳо хушвақт шуда ба акобир хабар доданд. Акобир аз ин хабар бисёр хурсанд гардида ҳадяи бисёр бахшида чил шабонарӯз тӯю тамошо дода ҳамон духтарро ба ақди никоҳи худ даровард. Бибй сешанбе пештар ба духтар васият карда буд, ки вақте ки ин ҳама меҳнату машаққатҳои ту ба давлату иззат мубаддал шавад, ту мабодо магрур гашта моро аз ёдат фаромӯш накунй. Ва агар маро дидан хоҳй дар ҳаққи ман обу ош карда бо ятимону бевазанон хӯрда дуо кун ва дар он маҷлис қиссаи маро баён намо. Ҳар касе, ки бо эътиқод хӯрад ва бо ихлос нӯшад, агар ба муродаш нарасонам ман зомин бошам. Ва ҳар касе, ки хушку холӣ шунавад хушку холй мемонад. Алқисса як рӯз насиҳатҳои бибй ба ёди духтар омад ва дар ҳақки ӯ обу ош карда дасти ҳимматро кушода миёнро маҳкам баста, аммо илоҷи аз ҳафт хона орд талаб карданро наёфта, дар чаҳор гӯшаи хонаи худ чаҳор табақ ордро гузошта аз ҳар кадомаш кадре орд гирифта кӯмоч ва оши ӯмоч карда менишаст, Ба ногоҳ акобир аз дар даромад ва гуфт:
- Эй зан, ин чй кор аст, ки ту мекунй? Ҳанӯз одати камбагалй аз ту нарафтааст? Дар ҳаққи ман ҳақорат мекунй? Ва ҳол он, ки мо беги шаҳр ҳастем, чаро давлати маро таҳқир карда исто дай?

Ва ошро резонида аз дар баромада рафт. Акобир дар ҷое харбуза ва ҳандалак кошта буд. Дар ин вақт аспашро савор шуда ба сӯи саҳро ҷониби киштзор рафта чанд дона ҳандалак канда гирифта, ба аспаш савор шуда ба тарафи шаҳр равон шуд. Аммо дар он вақт се писари подшоҳи шаҳр аз хона баромада барнагашта буданд ва одамони подшоҳ се рӯз инҷониб онҳоро мекофтанд. Дар шаҳр ба шаҳру саҳро ба саҳро ва дашт ба дашту кӯча ба кӯча ва маҳалла ба маҳалла дар ҷустуҷӯи онҳо буданд. Ногоҳ халқи шаҳр диданд, ки аз хӯрҷини акобир хун резон омада истодааст. Одамон дарҳол акобирро талаб карда хӯрҷинашро кушода диданд,*ки ҳамон сарҳои шоҳзодагон ба хун олуда гашта ва гесӯвони онҳо дар гарданашон печида буд. Одамони шоҳ дарҳол дастҳои акобирро дар пушт махкам баста дар кӯчаҳо гардонида ӯро суханони носазо мегуфтанд ва шарманда мекарданд. Пас акобирро хостанд, ки ба дор кашанд. Акобир аз ҷаллодҳо илтимос намуд, ки "ҷавоб диҳед ба хонаам рафта оям" чун акобир бисёр илтимос кард, ниҳоят ҷаллодҳо ӯро рухсат доданд. Чун акобир ба хонааш омад дид, ки духтари бечора гиря карда нишастааст. Акобир ҳарчанд аз ҳолу аҳволаш пурсид, аммо духтар ба сӯи акобир нигоҳ накард ва ӯ ин байтро хонд:

Назар бинмо ба суй ман заъифа,
Худо созад туро чаннат вазифа,
Бирехтам оши ту рафтам ба саҳро,
Азоби ҳақ маро шуд ошкоро.
Гирифтам ҳандалакҳоро, ки орам,
Ба ногоҳ золимон гаштанд дучорам.
Ки аз ту бӯи хун меояд, эй мард,
Кй хӯрҷини туро пурхун чунин кард.
Сари се шоҳзода чун бидиданд,
Ба чӯбу санг маро овора карданд.
Маро аз баҳри қатл бар шахр бурданд,
Валекин андаке рухсат бидоданд.
Маро огаҳ намо аз кардаи хеш,
Аз он чй мекунй, ё кардаи пеш.
Хатое рафта, гар узре бигӯям,
Агар ёбам наҷот тӯйҳо намоям.
Занам даҳ гӯсфандро он замон cap.
Ба роҳи ҳақ фишонам симу ҳам зар.
Акобир он замон гардида пурхун,
Зи чашмаш ашк меборид чу Ҷайҳун.

Ва дар пеши духтар зор-зор чун абри навбаҳор мегирист. Раҳми духтар омад. сарашро бардошта нишаст ва кайфияти ҳоли худро як ба як баён кард:

Ту ошам рехтй гаштй гирифтор,
Худо раҳме кунад бар ту ситамгор.
Вузӯи тоза созу хон ҳар дам,
Муроди худ бихоҳ бо чашми пурнам.
Агар зорӣ кунй дастҳо барорем,
Муродат аз худой хеш хоҳем.
Ба вақти хондани ин қисса ҳар гоҳ,
Суханҳои дигар ҳаргиз мадеҳ роҳ.
Наёрй шак ба мо, ки мо бибием,
Яқин холаи Баҳоваддин валием.
Агар раҳ гум кунӣ роҳат намоем,
Раҳо аз ҷумла офотат намоем.
Касе бошад, агар фарзанд талабгор,
Ва ё бахти накӯ, ё моли бисёр.
Агар ҳар одами бемор бошад,
Гирифтори бало бисёр бошад.
Агар фарзанд шавад, лекин наистад,
Аз ин гусса бувад ҳолаш, агар бад.
Барои халқи мо як ош созад,
Ятиму бекасонро шод созад.
Расад бар мақсади худ иншоаллоҳ,
Бигӯям охираш алҳамдулиллоҳ.
Ятимон хоки роҳанд, эй бародар,
Ҳаққи эшон дуо гӯед баробар.
Ятимӣ рӯзи сахт аст, гӯш медор,
Ятимонро накӯ дору маёзор.

Алқисса дар ҳаққи бибиҳо назру ниёз дода боз ба сӯи ҷаллодҳо рафт. Ва дид, ки халоиқ ҳама "башорат"¬гӯён ба тарафи ӯ меоянд. Акобир ин ҳолро дида бениҳоят хурсанд шуд, шоҳзодагон омаданд. Ва хӯрҷинро кушода диданд, ки хамон се дона ҳандалак истодааст ва аз ин кор ҳама дар ҳайрат монданд. Як ихлосашон ҳазор ихлос шуд. Нарзу ниёзи фаровон дода, ба мақсад расиданд. Ва ҳар киро мушкиле ё ҳар ҳоҷате, ки бошад ба ҳазрати бибй аз сидки дил илтиҷо намояд нарзу ниёз куна#* ҳоҷаташро барорад албатта. Дар ин дунё мурод ёбад ва дар охират бо иззату ҳурмат бошад, валлоҳу аъламу биссавоб.

РУБОӢ

Эй он, ки ба мулки хеш поянда туй,
Дар зулмати шаб субҳ намоянда туй.
Дарҳои умед бар рухам баста шудаст,
Бикшой, худое, ки кушоянда туй.

БИБИ МУШКИЛКУШОД

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим.

Дар ҳар ният, ки кардаст холис бикун, худое,
Ин хонадони эшон маъмур кун, худое,
Аз ранҷҳо танашро озод кун, худое,
Рӯи гули чу моҳаш пурнур кун, худое,
Ин хатми бибиёнро мақбул кун, худое.

Имрӯз хуш ганимат ин сӯҳбати бибиён,
Покиза дор, ё раб, ин иззати бибиён,
Дарҳои файз бикшо, ё раб ба рӯи эшон,
Аз рӯи лутф созй як марҳамат ба эшон,
Ин хатми бибиёнро мақбул кун, худое,

Имрӯз мебиёянд арвоҳи поки пирон,
Ҳам толиби дуъоянд ҳар кас, ки хонад қуръон,
Шояд кунад мададҳо бар аҳду байти эшон,
Ҳар кас, ки карда ихлос ёбад 6а рӯҳи эшон,
Ин хатми бибиёнро мақбул кун, худоё.

Ё раб, бидеҳ ту фарзанд аз лутф баҳравар кун,
Ҳам умри Нӯҳ бахшо ҳам шоҳи пурсамар кун,
Аз илми қол, ё раб аз фазл баҳравар кун,
Андар миёни халқон аълою мӯътабар кун,
Ин хатми бибиёнро мақбул кун, худоё.

Доред хуш ғанимат даврони зиндагиро,
Иззат тамом доред меҳмони зиндагиро,
Бо дасти худ диҳандаш эҳсони зиндагиро,
Айшу тараб бубинем айёми зиндагиро,
Ин хатми бибиёнро мақбул кун, худоё.

Ё раб, либоси тақво он дам, ки дар бараш кун,
Е раб, каромате кун фарзанд дар бараш кун,
Тоҷи муроди давлат бар пою бар сараш кун,
Нури Муҳаммадиро бар моҳи анвараш кун,
Ин хатми бибиёнро мақбул кун, худоё.

Ё раб, ба ҳаққи номат ин ҷумла осиёнро,
Бо суй худ бигардон маҷмӯьи мӯъминонро,
Фардо кунй насиб бас ҷаннат чу умматонро,
Равшан кун аз ҷамолат чашмони аъмиёнро,
Ин хатми бибиёнро мақбул кун, худоё.

Ҳар хизмате, ки дорй дар хатми бибиён кун,
Ҳосил кунун ту, ё раб, мақсуди мӯъминон кун,
Бо ёди ҳақ таъоло ту нолаву фигон кун,
Ё раб, нигоҳдорӣ аз офатат амон кун,
Ин хатми бибиёнро макбул кун, худоё.

Пирон мадад бисозед дар ҳаққи ин муноҷот,
Бар дил савоб ёбед чун банда карда озод,
Аз хуни дил бигуфтам дар ҳаққи ин муноҷот,
Созй мурод ҳосил ё раб барор ҳоҷот,
Ин хатми бибиёнро макбул кун, худоё.

Ҳар кас, ки карда хизмат осон мурод ёбад,
Эй мӯъминон, ба умед дасти дуо бароред,
Аз нори пуршарораш шояд наҷот ёбед,
Ҳамроҳи ҳуру гилмон дар ҷаннаташ дароед,
Ин хатми бибиёнро макбул кун, худоё.

МУНОҶОТ

Кавкаби иқболи май масъуд гардон, эй худо,
Охири кори маро беҳбуд гардон, эй худо,
Ин гуноҳони маро нобуд гардон, эй худо,
Қалби ман аз баҳри раҳмат пур гардон, эй худо,
Рӯҳи поки бибиён хущнуд гардон, эй худо.

Ҳар касе ихлос бо эшон кунад ёбад мадад,
Ҳар касе з-эшон мадад ҷӯяд кунад ӯро мадад,
Ман ба умеди мадад ҷустам аз эшонон мадад,
Е илоҳӣ, тавба кардам ҳам аз эшонон мадад,
Рӯҳи поки бибиён хушнуд гардон, эй худо.

Е илоҳй, ман ба лутфи ту намоям эътимод,
Холй аз даргоҳи ту н-ояд касе созад умед,
Истиъонат ман зи рӯҳи бибиён дорам умед,
Пас карам фармову худ моро магардон ноумед,
Рӯҳи поки бибиён хушнуд гардон, эй худо.

Қодиро, парвардигоро, подшоҳо, кирдигор,
Ҳоҷати мову ҳама ин аҳли Маҷлисро барор,
Ту назар бар кардаам карда макун дохил ба нор
Аз карам моро расон бо ҷаннати дорулқарор,
Рӯҳи поки бибиён хушнуд гардон, эй худо.

Фотиҳа кардам ба рӯҳи бибиҳо гардон қабул,
Муддаъову матлабамро лутф созу кун вусул,
Гаштаам аз карда исёну гуноҳам ман малул,
Е илоҳй, магфират кун ҳурмати рӯҳи расул,
Рӯҳи поки бибиён хушнуд гардон, эй худо.

Мо гунаҳкорему исён доимо дилхоҳи мост,
Роҳ гум кардему шайтон дар камини роҳи мост
Раҳмататро дар назар дорем такягоҳи мост,
Бок набвад чун ҳабиби ту шафоъатхоҳи мост,
Рӯҳи поки бибиён хушнуд гардон, эй худо.

Е илохй, кун карам бар ҳоли зори ман нигар,
Ғайри умеди карам набвад маро фикри дигар,
Чун ба умеди карам ояд гадое пеши дар,
Пешаи аҳли карам набвад варо рондан зи дар,
Рӯҳи поки бибиён хушнуд гардон, эй худо.

Е илоҳӣ, ин ҷамоъатро, ки ҳаст аз нав мудом,
Раҳматат умеду лутфат муддаъо дар субҳу шом
Як назар кун то кунанд эшон ба хушвақтӣ хиром
Ҷаннататро кун насибу нор бар эшон ҳаром,
Рӯҳи поки бибиён хушнуд гардон, эй худо.

МУНОҶОТ

Ба ҳаққи оби чашми бекаророн,
Ба ҳаққи ин дили умедворон,
Ба ҳаққи завқу шавқи порсоён,
Ба ҳаққи лукмаи парҳезгорон.
Ба ҳаққи гӯшагирони илоҳӣ,
Ба ҳаққи дидаи шабзиндадорон.
Ба ҳаққи орифони хоксорон,
Ба ҳаққи ошиқони дилфигорон.
Ба ҳаққи обрӯи он Муҳаммад,
Ба ҳаққи гесӯвони мушксорон.
Ба ҳаққи моҳиёни зинда дар об,
Ба ҳаққи қудсиёни тоҷдорон.
Ба ҳаққи қатьи даҳ ёри биҳиштй,
Ба ҳаққи чумлаи он шаҳриёрон.
Ба ҳаққи ҷонварони дашту саҳро,
Ба ҳаққи оҳувони кӯҳсорон.
Ба ҳаққи ранги зарди ин ятимон,
Ба ҳаққи оҳи сарди ин фақирон.
Илоҳй, аз карам раҳме ба мо кун,
Агарчанде гунаҳ дорем ҳазорон.
Илоҳй, бо ту дорам ин муноҷот,
Ки ҳоҷоти ҳама ҷумла баророн.
Илоҳӣ, соз Шаҳдиро каромат,
Даруни дил бирезон файзи борон.

Кирдигоро, ба ҳаққи нури набй,
Ба ҷамоли Муҳаммади арабӣ.
Ба намозу ниёзи лайлу наҳор,
Ба дуруди саҳобагони кибор.
Ба муноҷотиёни арши маҷид,
Ба лаби ташнаи Ҳусайни шаҳид.
Илоҳи, ба эъзози номи Расул,
Ту созй дуои гари бон қабул.

Аҳадо, самоъулмуноҷотӣ,
Самадо, кофиюл муҳиммотӣ.
Ҳеҷ пӯшида аз ту пинҳон нест,
Олимус-сирру вал хафиётӣ.
Ҳар дуое, ки мекунад, банда,
Истаҷиб, ё муҷибуддаъвотӣ.

МУНОҶОТ

Ерони меҳрубонон гӯед илоҳӣ омин,
Ҳам пиру ҳам ҷавонон гӯед илоҳӣ омин.
Дар ҳаққи дардмандон, дар ҳаққи мустаҳиқон,
Дар ҳаққи порсоён гӯед илоҳй омин.
Дар ҳаққи ин ятимон, дар ҳаққи ин асирон,
Дар ҳаққи нотавонон гӯед илоҳй омин.
Дар ҳаққи навҷавонон гуфронае чу дар бар,
Дар ҳаққи нозанинон гӯед илоҳй омин.
Дар ҳаққи пок пирон гӯед илоҳӣ омин,
Дар ҳаққи шермандон гӯед илоҳӣ омин.
Дар ҳаққи ин муноҷот, ё раб, барор ҳоҷот,
Ҷумла расанд ба мақсад гӯед илоҳӣ омин.
Дар ҳаққи ин шаҳидон, дар ҳаққи ин гарибон,
Дар ҳаққи шабнишинон гӯед илоҳӣ омин.

Илоҳй, ту он кун, ки поёни кор,
Ту хушнуд бошию мо растагор.

Е Расулуллоҳ басе дармондаам,
Ё Расулуллоҳ басе бетоқатам,
Орзу дорам ҷамолат, ё Расул,
Кай расад бинам ҷамолат соатам,
Мағфиратро дар дилам анбоз кун,
То ҷило ёбад аз инҳо тоатам.

Эй худо, дармондагонро даст гир,
Дастгирӣ аз ту дорад ин факир,
Дастгирӣ карда аз ҳайбат раҳон,
Ҳайбате деҳ аз камону захми тир

Тири ишқатро ба дил дорам мудом,
Асли дилҳоро расонӣ аз давом.
Ҷоҳилон оянд ба сӯҳбатҳои ишқ,
Мӯҳр андозӣ даҳонашро тамом.

Эй шеъри худо амири Ҳайдар фатҳӣ,
Эй қалъакушои дари Хайбар фатҳӣ,
Дарҳои умёд бар рухам баста шуда,
Эй соҳиби Зулфиқору Қанбар фатҳӣ.

Эй бор худой аршу курсӣ,
Шаш чиз ба мо ато фиристӣ,
Илму амалу фарохдастӣ
Имону амону тандурустӣ

Ё раб, ту каримӣ ҷумларо раҳмат кун,
Қаҳре, ки кунӣ ба кофиру муртад кун,
Ин ҷумла, ки ҳозиранд аз пиру ҷавон,
Аз раҳмати худ, ки бар ҳама раҳмат кун.

Бе илму амал биҳишти ризвон маталаб,
Бе рӯзаю бе намоз имон маталаб.
Хоҳӣ, ки пули Сирот осон гузарӣ,
Озори дили ҳеҷ мусулмон маталаб.

МУНОҶОТ

Толиби дидори худ кун, масту ҳайрон омадам,
Аз барои ҳоҷатам маҷнуну нолон омадам,
Дардмандам, эй табиб, ман сӯи дармон омадам,
Ҳоҷатамро кун раво гуфта ба пирон омадам,
Ҳалқа аз дастам намонда зору гирён омадам,
Мушкилам кай ҳал шавад мушкилкушоён омадам
Салли ало суннатим ҳар ким айтса умматим,
Икки олам ҳурматим ло илоҳа иллаллоҳу
Муҳаммадур расулуллоҳ.
Хоки пои пири ман дар оби чашмам тар шавад,
Ҳурмати пирам худо бар дарди ман марҳам шавад,
Ҳар касе ин ҷо биёяд шоду ҳам хуррам шавад,
Дар раҳи пирам фидо сад бор ин ҷонам шавад,
Ҳалқа аз дастам намонда зору гирён омадам,
Мушкилам кай ҳал шавад мушкилкушоён омадам.
Салли ало суннатим ҳар ким айтса умматим,
Икки олам ҳурматим ло илоҳа иллаллоҳу
Муҳаммадур расулуллоҳ.
Дар ба дар гаштам ману корам кушоишам шумо,
Омадам бар остон баҳри ғамам ёр шумо,
Дар миёни ин рақиб афтодаам ҳолам табоҳ,
Дар ҳамин ҷо омадам пирам шаванд пушту паноҳ,
Ҳалқа аз дастам намонда зору гирён омадам,
Мушкилам кай ҳал шавад мушкилкушоён омадам.
Салли ало суннатим ҳар ким айтса умматим,
Икки олам ҳурматим ло иллоҳа иллаллоҳу
Муҳаммадур расулуллоҳ.
Ҳар нафас бар остонат ҳаст умеди фақир,
Хоҷа Ӯбон лутф созу шав ба моён дастгир,
Марҳамат кун хонақоҳи худ ба шоҳу ҳам вазир,
Ҳар, ки толиб, дардмандаст дар ҳамонҷо дастгир.
Ҳалқа аз дастам намонда зору гирён омадам,
Мушкилам кай ҳал шавад мушкилкушоён омадам.
Салли ало суннатим ҳар ким айтса умматим,
Икки олам ҳурматим ло илоҳа иллаллоҳу
Муҳаммадур расулуллоҳ.
Хории айём охир тухми иззат мешавад,
Тоати холис кунй нахли муҳаббат мешавад,
Гиряи шому саҳар асбоби роҳат мешавад,
Сайиди кавнайн бо ту ҳам шафоъат мешавад,
Ҳалка аз дастам намонда зору гирён омадам,
Мушкилам кай ҳал шавад мушкилкушоён омадам.
Салли ало суннатим ҳар ким айтса умматим,
Икки олам ҳурматим ло илоҳа иллаллоҳу
Муҳаммадур расулуллоҳ.
Илм дорам бе амал ман нестам як баҳравар,
3-он сабаб ҳаргиз намебахшад ниҳоли ман самар,
Чораи корам надорам ҳаст аҳволам батар,
Раҳм кун бар сӯи ман кун аз тараҳҳум як назар,
Ҳалқа аз дастам намонда зору гирён омадам,
Мушкилам кай ҳал шавад мушкилкушоён омадам.
Салли ало суннатим ҳар ким айтса умматим,
Икки олам ҳурматим ло илоҳа иллаллоҳу
Муҳаммадур расулуллоҳ
Ман муридам гуфта омад чашми худ дар чашми кас
Аз қиёмат вай натарсад вай муриди булҳавас,
Дар танаш заррин бипушад, вай ки бошад гуфта пас
Ҳар қадар гарқи гунаҳ бошад худат фарёд рас,
Ҳалқа аз дастам намонда зору гирён омадам,
Мушкилам кай ҳал шавад мушкилкушоён омадам.
Ҳар кӣ гоиб дошта бошад ғоибаш дорӣ амон,
Гар багурбат дошта бошад шодмон кун чумларо,
Ҳар касе бар даргаҳат рӯй оварад холӣ намон,
Ҳоҷати ӯро раво кун шодмон кун ҷумларо.
Ҳар касе бошад ба зиндон, ё бувад дар бандагӣ,
Деҳ халосӣ аз ғаму зиндон раҳо кун ҷумларо.
Ҳар мусофир, ки бошад зуд расон бар манзилаш,
Кун ҳидоят ба раҳи некӯ, худоё, ҷумларо.
Ҳар касе ин хатми ман хонад дуо гирад ба ман.
Ҳам дуо кун дар ҳаққи ман ҳам дуо кун ҷумларо.
Шоири бечораро аз даргаҳат хушкгӯ макун,
Сӯи ҷаннат бар, илоҳӣ ҳам ҳамин хонандаро.
Ҳам дуои ҳар касеро кардаам мақсуд кун,
Ҳам иҷобат кун ба котиб дар қатор ин ҷумларо.

Султон дилам бегам кунӣ.
Султон дилам хуррам кунӣ,
Султон барори кори ман,
Султон кушоӣ кори ман.

Астағфируллоҳ, астагфируллоҳ, астагфируллоҳ.

Е холиқи халқ, раҳнамое бифрист,
Е розиқи ризқ раҳкушое бифрист,
Кори мани бечора гиреҳ дар гиреҳ аст,
Раҳме бикуну гиреҳкушое бифрист.

Субҳоналлоҳ 6а ҳар дамам ёр туӣ,
Субҳоналлоҳ кушоиши кор туӣ
Субҳоналлоҳ ба иззати кунфаякун,
Субҳоналлоҳ муроди ман ҳосил кун.

Баҳри ато Муҳаммад,
ҳоҷатраво Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад, сайидино Муҳаммад,
салавот бар Муҳаммад.
Нури худо Муҳаммад, шамсуззуҳо Муҳаммад,
бадруддаҷо Муҳаммад.
Салли ало Муҳаммад,
салавот бар Муҳаммад.

Ҳамаро барад ба ҷаннат ло иллоҳа илаллоҳу Муҳаммадур расулуллоҳ.

Эй он, ки давои дардмандон донӣ,
Рози дили зори мустамандон донӣ.
Ҳоли дили хешро чӣ гӯям бо ту,
Ногуфта ту худ ҳазор чандон донӣ.

Эй он, ки ту ҳоли дили нолон донӣ,
Аҳволи дили шикастаболон донӣ,
Гар хонамат аз синаи сӯзон шунавӣ,
В-ар дам назанам забони лолон донӣ.

Е раб, дари халқ такягоҳам накунӣ,
Мӯҳтоҷи гадову подшоҳам накунӣ,
Мӯи сияҳам сафед кардӣ ба карам,
Бо мӯи сафед рӯсиёҳам накунӣ.

Муноҷот ба даргоҳи Қозиюлҳоҷот

Худовандо, ба ҳаққи ҷуду фазлат,
Ба ҳакқи қудрату изҳори адлат,
Ба ҳаққи нуру анвори сифотат.
Ба ҳаққи қудрату асрори покат.
Ба ҳақки қудратат бар чархи афлок,
Ба ҳаққи санъатат дар пардаи хок.
Ба ҳаққи Одаму нуру ҷамолаш,
Ба ҳаққи Шису асрори камолаш,
Ба ҳаққи Нӯҳу Иброҳиму Исҳоқ,
Ба ҳаққи Юсуфу Яъқуби муштоқ.
Ба ҳаққи Юнусу Довуду Ҷирҷис,
Ба ҳаққи Солеҳу Яҳёву Идрис.
Ба ҳаққи Юшаъу Ауту Сулаймон,
Ба ҳаққи Исию Мӯсии Имрон,
Ба ҳаққи садру бадри ҳар ду олам,
Ки ӯ буд сарвари авлоди одам.
Ба ҳаққи хилвати хоси Муҳаммад,
Ба сидқу сафват ихлоси Муҳаммад..
Ба ҳилму илми он чор ёри сарвар,
Абӯбакру Умар, Усмону Ҳайдар.
Ба ҳаққи аҳлу байту ҷумла асҳоб,
Ба ҳаққи он шаҳидон дида пуроб.
Ба ҳаққи раҳбар Иброҳими Адҳам,
Ба ҳаққи Боязид он сирри маҳрам.
Ба ҳаққи Шиблию Мансури ҳаллоҷ,
Ба ҳаққи Бӯсаъид он сирри мӯҳтоҷ
Ба ҳаққи шайх Абдуллоҳи сарбоз,
Ба ҳаққи шайх Абӯисҳоқи дамсоз.
Ба ҳаққи гашта асрори ниҳонӣ,
Ба ҳаққи ҷурмҳои ногаҳонӣ.
Ба ҳаққи рӯзу шаб бедордорон,
Ба ҳаққи гиряи парҳезгорон.
Ба ҳаққи қадди чун сарви ҷавонон,
Ба пушти чун камони нотавонон.
Ба ҳаққи наварӯсон дар кафанҳо,
Ба ҳаққи моҳрӯён дар лаҳадҳо,
Ба ҳаққи гаштагони рун бар хок,
Ба мазлумону муштоқони ғамнок,
Ба ҳаққи содиқони роҳдида,
Дар ин водй ба сарманзил расида.
Ба ҳаққи оби чашми пургуноҳон,
Ба ҳаққи оҳи сарди узрхоҳон.
Ба ҳаққи мондагон аз корвонҳо,
Ба дур афтодагон аз хонумонҳо.
Ба ҳаққи гунаи зарди ятимон,
Ба ҳаққи ҷони пурдарди асирон.
Ба ҳаққи оҳи пирон дар саҳарҳо,
Ба ҳаққи иззату инъоми аллоҳ.
Ба ҳаққи оҳи сарди нотавонон,
Ки гӯяд cap ба cap ҳоли ҷавонон.
Ба фарёди мани бечорае рас,
Туй фарёдрас фарёди ман рас.
Надорам тоқати ин баҳри хунхор,
Аз ин гирдоби ғамхорам бурун ор.
Ба номат хатм кардам ин муноҷот,
Ки медонам туй козии ҳоҷот.

Дар наъти пайғамбар алайҳиссалом

Шамсулҳудо Муҳаммад,
Бадруддаҷо Муҳаммад,
Нурулҳудо Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Ганҷи сахо Муҳаммад,
Кони ҳаё Муҳаммад,
Ганҷи вафо Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Хатми русул Муҳаммад,
Ҳоди субул Муҳаммад,
Мурсал 6а кулл Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Ҳам мустафо Муҳаммад,
Ҳам мучтабо Муҳаммад,
Ҳам муқтадо Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Баҳри ато Муҳаммад,
Мушкилкушо Муҳаммад,
Ҳочатраво Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Тоҳо лақаб Муҳаммад,
Олинасаб Муҳаммад,
Фахри араб Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Шоҳи ҳарам Муҳаммад,
Баҳри карам Муҳаммад,
Каҳфул умам Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Нури худо Муҳаммад,
Шамсуддаҷо Муҳаммад,
Аълал ало Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Ҳам ашфаъу Муҳаммад,
Ҳам акраму Муҳаммад,
Ҳам ашраф аст Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Шоҳи русул Муҳаммад,
Мӯътии кулл Муҳаммад,
Шамъи субул Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Ҷонони мо Муҳаммад,
Дармони мо Муҳаммад,
Райҳони мо Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Суфӣ ҳасаб Муҳаммад,
Софӣ насаб Муҳаммад,
Фахри араб Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Тӯтибаён Муҳаммад,
Гавҳарфишон Муҳаммад,
Ошӯби ҷон Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Мисбоҳи дин Муҳаммад,
Шамъи яқин Муҳаммад,
Дурри самин Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Меҳри салаф Муҳаммад,
Моҳи халаф Муҳаммад,
Бурҷи шараф Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Ҷони ҷаҳон Муҳаммад,
Рӯҳи равон Муҳаммад,
Тоҷи сарон Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Ҳоҷатраво Муҳаммад,
Мушкилкушо Муҳаммад,
Ҳодии мо Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Вологуҳар Муҳаммад,
Некӯсияр Муҳаммад,
Хайрулбашар Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Абри карам Муҳаммад,
Баҳри умам Муҳаммад,
Ганҷи ҳакам Муҳаммад.
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Гулзори дин Муҳаммад,
Ғамхори дин Муҳаммад,
Сардори дин Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Бӯстони мо Муҳаммад,
Райҳони мо Муҳаммад,
Ризвони мо Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Садрул-варо Муҳаммад,
Баҳри ато Муҳаммад,
Зулматрабо Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Гӯёи ҳақ Муҳаммад,
Шунавои ҳақ Муҳаммад,
Шайдои ҳақ Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Ҳарфи вафо Муҳаммад,
Нури сафо Муҳаммад,
Шарҳи зиё Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Нахли араб Муҳаммад,
Ширин рутаб Муҳаммад,
Некӯ лақаб Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Рашки чаман Муҳаммад,
Кокулшикан Муҳаммад,
Симинзақан Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Наҷми фалак Муҳаммад,
Боли малак Муҳаммад,
Кони намак Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Ганҷи адаб Муҳаммад,
Нақди тараб Муҳаммад,
Маҷнуни раб Муҳаммад,
Салли ало Муҳаммад,
Салавот бар Муҳаммад.

Таматтул китоб биъавни маликил ваҳҳоб.

ҚИССАИ БИБИ СЕШАНБЕ

Таҳияи Иброҳими Наққош ва Зебуннисои Фирӯзшоҳдухт
Мусаҳҳеҳ А. Зокиров.

Ба матбаа 23.12,2000 супурда шуд. Чопаш 12.01.2001 ба имзо расид. Андозаи қоғаз 84x60/16 Ҷузъи шартию ҳисобӣ 1,7. Супориши № 68. Теъдод 1000 нусха. Нархаш озод.

Матбааи «НОШ ИР, шаҳри Хуҷанд

1 комментарий:

Анонимный комментирует...

Ташшакури зиед, барои чойгир кардани чунин як ганчи бебахо дар сахифахои интернет. Худо баракат ва саломати тияд ба ононе, ки ин китобро навистанд, чоп карданд ва ба ононе, ки дар сахифахои интернет ин китобро ба хамагон дастрас карданд.