вторник, 11 июня 2024 г.

Сардори давлат зӯр ё сардори театр?

 Зиндагӣ театр аст ба масал. Мушкил аст, ки театр бо як-ду спектакл зиндагиро сад дар сад ифода карда тавонад. Аммо зиндагӣ театрро дар чанд намуд сохта метавонад. Театр (ҳукумат) иборат аст аз коргардон, актёрҳо ва декораторҳо. Коргардони доно ҳам бо композитор, ҳам бо рассоми либосу декоратсия, ҳам бо актёрҳо якҷоя модели зиндагиро месозад. Ин модел чӣ қадар ба ҳаёт монанд мешавад, ба қобилияту маҳорату истеъдоди коргардон вобаста аст.

 

Агар коргардон ба маҳалгароӣ ё хешутаборпарастӣ роҳ дода ба ролҳо ба ҷои актёрҳои боистеъдоду актёрҳои миёнаҳолро интихоб кунад, спектаклаш умри дароз намебинад. Дар ин масал сардори давлат коргардон аст. Коргардони театр диктатор набошад, спектакли хуб эҷод намешавад. Коргардон тамоми нерӯи актёронро ба консепсияи асосӣ равона мекунад. Актёрон гурусна ё сер дар зиндагӣ чӣ муаммо доранд, парвое надорад. Барои ӯ актёр мавод аст, ба монанди хишт дар дасти устои иморатсозӣ.

 

Чӣ хеле ки сарвари давлат ба баъзе шахсони боистеъдод мансабҳои баланд дода обрӯи онҳоро ба дараҷаи обрӯи худ баланд мебардорад ва онҳо худро нотакрор меҳисобанд, дар театр низ ба ин монанд воқеа рух медиҳад. Вақте ки Ефим Исаевич Мителман ба театри ба номи Лоҳутӣ саркоргардон таин шуд, дар ин театр ягон нафар актёри касбии дипломдор набуд. Мителман бо методи Станиславский тарбия карда онҳоро ба дараҷаи актёрони касбӣ расонид.

 

Яке аз онҳо Н. роли Ленинро бозида ба унвони Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди шӯравӣ соҳиб шуд ва хеле димоғаш баланд гардид.

 

Мителман барои ин актёр дублёр тайёр кард. Ӯ ин корро пинҳонӣ аз ин актёри машҳур анҷом медод. Барои роли Ленин боз як актёри нохонда Маҳкам Ҳоҷикуловро интихоб карда шабҳо вақте ки дар театр касе набуд, роли Ленинро машқ мекард. Дар машқи охирин нисфи шаб дар толор ногоҳ ҳамон актёри унвондор пайдо шуда ба сари Мителман дод зад: - Ҳӯ ҷуҳуд! Ленинро масхара мекунӣ?

 

Рӯзи дигар ба Сека рафта мегӯяд, ки Мителман ба роли Ленин як актёри ролҳои ҳаҷвиро интихоб кардааст, то ки мардуми тамошобин аз болои доҳии пролетариат ханданд.

 

Мителманро ба Сека даъват карда сахт гӯшмол медиҳанд ва ба даъвоҳои ӯ, ки ягон рол бе дублёр буда наметавонад қатъиян мегӯянд: - Ҳаминро нағз бидон, ки Ленин якто буд ва доим якто мемонад!

 

Дар давлатдорӣ сардори давлат чунин мансабдори аз худрафтаро аз мансаб дур карда метавонад, аммо дар замони режими коммунистӣ нобиғае чун Мителман ноилоҷ буд.

 

Дар зиндагӣ низ гарчанде театр каймоқи ҳаётро ба бинандааш пешниҳод мекунад, театр хеле камодам мешавад, вақте ки режими давлатдорӣ ҳар рӯз ба мардуми кишвар бо амали худ аз мазҳака, дром ва фоҷиа беҳтар саҳнаҳоро пешниҳод менамояд. Мардум талаботи хешро бо ҳамин қонеъ карда, ба театр намераванд.

 

Адолат устувору кишвар ором бошад, театрҳо аз тамошобин пур мешаванд.

 

Комментариев нет: