суббота, 29 января 2022 г.

Kakhramon Burkhon

Гарчи хоҳам боз бошад сад Адаш
,Эй худоё ,солҳо истад Адаш.
Дар самарқандаш чу ӯ бедор аст,
Дар фазои тира парчамдор аст.
Чашми бедори Самарқанд аст ӯ,
Номусу ори Самарқанд аст ӯ.
Дар ҷасорат Айнии ҳолост вай,
Гар самарқандист ӯ, бо мост вай.
Бар самарқандаш,ки фарзанд аст ӯ,
Архивируси Самарқанд аст ӯ.
Бо Адаш ин шаҳр соҳибдор аст,
Бо ҳама яктоияш бисёр аст.
Бошад ӯ фарде зи соҳиборҳо,
Воқиф аз армонҳо,оморҳо.
Воқиф аз Чӯпонатою ҳам Сиёб,
Аз ,қаросӯ, ,отачӯпон, ӯ қимоб.
Дар шуҷоат ҳамчу шери ,Шердор,
Аз Адаш Истад моро ифтихор.

вторник, 25 января 2022 г.

АДАШ ИСТАД, МУҲАММАДРАҲИМ САЙДАР. РАСМУЛХАТИ БОБОӢ - НУРИ БАСАРИ МОӢ!

 Аз пушти по задани расмулхати классикии тоҷик (1929) расо шаст сол гузашт. Соли 1929 ба хати лотинӣ гузаштем ва соли 1940 дар асоси хати кириллӣ алифбои ҳозираи точикӣ тартиб дода шуд. Аз қабул охрин расмулхат 49 сол гузашт. Хати кириллӣ дар тамоми риштаҳои зиндагии мо мавкеъ пайдо кард ва дар ҳаёти мо имрӯз нақши хоное дорад. Лек саволе дар ҳар маҳфилу маърака пайваста такрор мешавад: чаро расмулхате, ки ҳазору сад сол ниёгони мо ба он менавиштанд, табдил дода шуд? Ин савол ҳавоист ё аз ниёзи маънавии мардум бар меояд? Агар ҳавоӣ мебуд, чунин идома намеёфт. Пас ниёзи маънавӣ будааст. Зеро халқе, ки бо беху бунаш дар шахру деҳот ба мактаб ва китоб бо ин хат пайванд буд, ба қавле як пагоҳӣ бедор шуда, аз тиреза ба кӯча назар афкaнду дид, ки шиори пештоқи мактабаш бо хати дигар аст. Вале наёрист бипурсад, ки ин табдилот барои чӣ ва ба хотири чӣ буд. Акнун рӯшан аст, ки табдили расмулхат дар замоне воқеъ шуд, ки дар мамлакат сиёсати зӯроварӣ ва нописандона чорнаъл асп меронд, "... кариб тамоми зиёиёни тоҷик, ки солҳои 20-30 - юм ба дигар шудани алифбои тоҷикӣ мухолифат доштанд.... "миллатчиёни буржуазӣ" дониста мешуданд". ( Р. Масов, Ш. Султонов. "Омӯзгор", 12. 09.89). Бинобар ин касе барои дифои маданияти бостонӣ, арзишу қиммати он ҳарф зада натавонист. Ба ғайри рӯзноманигор Санҷари тақдираш номаълум (« Роҳбари дониш», N 11-12 1928). Ҳар чӣ аз замони кӯҳна буд, бегона эълон шуд, таълимоти ленинии дар дохили ҳар гуна маданият вуҷуд доштани ду маданиятро нодида гирифтанд. Бар зидди расмулхати классикӣ, вазни арӯз ва бисёр арзишҳои дигари маънавӣ ҷанги ғоявӣ эълон шуд. Дар натиҷа фарҳангу адабиёти тоҷик аввал аз сурат ва баъд аз сирати зотии худ ҷудо гашт.

« ... Бо қарори шахсии Сталин ҳуруфоти халқхои Осиёи Миёна ду маротиба иваз карда шуд: аз арабӣ ба лотинӣ, сипас ба кириллӣ. Ин табдилот наметавонист боиси талафоти муайян нашавад» ( М. Всеволодова, «Правда», 06.03.89). Дигар шудани хат як навъ ноогоҳӣ аз маданияти бостонии хеш - манкуртизми тоҷикиро ба вуҷуд овард. Варта миёни фарҳанги гузашта ва имрўза сол аз сол фарохтару жарфтар мешавад. Акнун ҷавонони тоҷик матнҳои классикиро бо душворӣ мефаҳманд. Донистан ва шинохтани назми классикӣ кори онҳое шудааст, ки факултетҳои филологиро хатм кардаанд. Яъне ҳамон гуна, ки як нафар франсавӣ ё ҳоландӣ аз тариқи омўзиш дар адабиёти мо тахассус пайдо мекунад. Ва он хориҷиён аз мо — соҳибони ин забон дар ҳар маврид фасеҳтар андешаронӣ мекунанд. Ин амри ногувор насиби мо ва молдавиҳо, ки аслан румининажоданд, гардида буд. Рафиқони молдавӣ бо мардонагӣ ва шуҷоате, ки бозсозӣ ба онҳо бахшид, муваффақ гаштанд, дастгоҳи бюрократии ҷумҳурии худро ба эътирофи ягонагии забони руминӣ - молдавӣ ва бозгаштан ба расмулхати бобоӣ водоранд.
Иддае ҳанӯз пофишорӣ доранд, ки алифбои тоинқилобии мо моли арабҳост ва арабҳо сарзамини моро истило карда, хати худро ҷабран ба гардани мо бор карданд. Вале биёед ба таърихи башарият рў биорем.
Магар тамоми халқҳои олам танҳо ба танҳо хат эҷод кардаанд? Не. Тамоми хатҳое, ки имрӯз дар олам дар сари кор ҳастанд, ду - се реша доранд . "Аксарияти алифбоҳои ҳозираи ҳарфӣ ва ҳиҷоӣ аз алифбои финикӣ ба воситаи оромӣ (чор шохаи асосии хатҳои шарқӣ, ки ба чор навъи таълимоти динӣ: яҳудӣ, дини палмирӣ, масеҳии шарқӣ, эронӣ-маздаясн— зардуштӣ ва арабӣ-ислом ниҳоят зич пайвастанд) ва юнонӣ (алифбои лотинӣ, гурҷӣ , арманӣ , славянӣ-кириллӣ) пайдо шудаанд». (ЭСТ, ҷ . саҳ. 122-125).
Хуллас ҳеч як халқи мутамаддин имрӯз даъво карда наметавонад, ки соҳиби мутлақи фалон хату алифбост. Лекин ҳар як халқ ёдгориҳои илмию адабии ниёгонашро, ки бо ин ё он хат иншо шудааст, бояд пуштибонӣ ва дифоъ кунад. Фарҳанги зиёда аз ҳазорсолаи форсӣ моро ҳуқуқ медиҳад, ки худро соҳиби хати форсӣ эълон кунем ва барои бозгаштан ба он талош биварзем. Баъди 1400 сол бо он аъроби бодиягард ҷанг эълон кардани мо суд надорад. Ин даъвои муддаиёна ба қаҳри кӯдаке мемонад, ки бо ҳамбози худ соз намегирад, ба иллати он ки замоне бобои он сари бобои инро кафонда буд. Он чӣ аз фарҳангу ҳунар ва адаб ниёгони мо то вуруди ислом офариданд, араб сӯхту бурду хӯрд. Вале бобоёни мо дар асрҳои пасин бо хати арабиасос тамаддуни гаронбаҳое иншо карданд, сарфу наҳви арабро ба низом оварданд. Ва мо ин бор бо дасти худ онро ба кӯи гумномӣ ҳавола кардем. Ба иллати ҳамин сиёсатбозиҳо дарҳои фарҳанги бостонӣ ба рӯи мардуми мо баста шуд. Зумрае на танҳо алайҳи хат, балки бар зидди ҳамагуна осори гузашта ҷанг эълон карданд. Имрӣз илоҷи ягона он аст, ки дар баробари ҳуруфи кириллӣ боз як хати дигар — алфбои ниёгонро дар сари кор дошта бошем. Зарурати ин тақозоро беҳтар аст аз қавли донишманди ин соҳа Эҳсон Табарӣ ёдрас кунем, то сухани моро ба ғараз нагиранд. «Мо дар ин ҷо бо диалектикаи шаклу мазмун сару кор дорем. ( Ин мақоларо Эҳсон Табарӣ замоне иншо кардааст, ки як мушт навпардзон ақида доштанд, алифобои арабиро дар Эрон ба алифбои лотинӣ бадал кунанд). Ин ду маъқула низ амрест мусаллам ва дар ҳар мавриди мушаххас ин пайванд дорои вижагиҳост.
Хати кунунии форсӣ муқтабас (иқтибос шуда ) аз хати арабӣ аст, вале эрониён онро ба завқи эстетикии худ созгор сохтаанд ва онро басту такомул бахшидаанд. Хати кунунии мо аз насх ва настаълиқе, ки имрӯза назди мо мутадовил (маъмул) аст, мусаллам хате аст, ки дар канори як силсила маъоиби (камбудии) муҳим, дорои мазоёе (бартарӣ) низ ҳаст. Хазор сол аст, ки фарҳанги мактубии мо бо ин хат ногошта мешавад ва тайи ин муддат ончунон пайванди самимӣ байни вожаҳо ва шакли хаттии онхо падид шуда, ки гӯи онҳоро аз ҳам наметавон гусаст, Хати кунунии мо аз ҷиҳати тунднависӣ ва тундхонӣ бар хати лотин, ки мудаъии ҷонишини он аст, тарҷеҳ (афзалият) дорад. Дар сурати тағйири хат мо дучори мушкилоти бузурге аз ҷиҳати ҳифзи идомакорӣ дар фарҳанг хоҳем шуд. Тардиде нест, ки хати лотинӣ батадриҷ дар бунёди луғавӣ аз сарфу наҳви забони мо таъсире хоҳад кард ва забони моро аз ҳиссаи суннатии он беш аз пеш ва бо суръати фузунтар хориҷ хоҳад сохт. Яъне, бар кӯҳнагии забони адабии классикии мо беш аз пеш хоҳад афзуд. Вақте, масалан, садае аз тағйири хат бигзарад, наслҳои оянда дигар матнҳои адабии классикии форсиро бо заҳмати ба маротиб беш аз кунун хоҳанд фахмид. Чунонки, мо акнун забонҳои эронии пеш аз исломро ҷуз аз роҳи омўзиши махсуси он забонҳо наметавонем дарк кунем. Ин гусасти фарҳангӣ худ айби бузургест» .
Эҳсон Табарӣ анҷоми ин харобкориро аз оғоз мушоҳида карда «айб» унвон додааст. Вале мо онро озмудаем ва чун мардони озмуда мегӯем, ки «гусасти фарҳангӣ» аз «айб» болотар чизи дигаре ҳам будааст; ҳануз «садае аз тағйири хат» нагузашта, мо гусасти пайванди дирӯз ва имрӯзро баръало мебинем.
Ҳар кӣ мушоҳида карда бошад, хуб воқиф аст, ки тарзи тафаккур, захираи луғавӣ, сатҳи забондонӣ ва каломи онҳое, ки бо ин хат бевосита сарукор доранд (аз муллоҳои худомўз кашида то шуарову уламо) нисбат ба онҳое, ки аз ғизои маънавӣ бебаҳраанд, ба маротиб баланд аст. Воқеан, шеъри классикии моро танҳо ҳамон кас бехато қироат карда метавонад , ки бо ҳуруфи арабӣ ошноӣ дошта аз нозукиҳои он бо хабар бошад, алифбои ниёгон ба риояи савтиёту хушоҳангӣ, дарозу кӯтоҳии садонокҳо, вақти хондани шеъри арӯзии тоҷикӣ, мусоидат мекард. Иллати ноогоҳӣ ва ноошноӣ аст, ки имрӯз дар сартосари Тоҷикистон (ғайри ду - се нафар шоирон) касе нест, шеъри классикиро ба шунаванда бехато расонда тавонад. Зеро чунон ки маълум аст, забони дарӣ бо ҳамин хат ба сари минбар баромад, бо ҳамин хат ташаккул ёфт, шаклу мазмун чунон ба ҳам омехт, ки аз ҳам ҷудо кардани онҳо монанди бо анбӯр нохуни солимро ҷабран аз гӯшт канда гирифтан буд. Кори носавобе вокеъ шуд. Мебоист он ҷароҳат дармон медид, вале нашуд. Забони тоҷикиро аз минбарҳо, аз идораҳо берун андохтанд - болои сӯхта намаки суда пошиданд. Ин дард ба тадриҷ кӯҳнатар гашт. Тарзи тафаккури тоҷикӣ ва такаллуми тоҷикӣ тадриҷаи ҷои худро ба забонҳое холӣ кард, ки имтиёзи бештаре доштанд.
Ин масъала танҳо бо мушкилаи назму наср ва тафаккуру такаллум хатм намешавад. Паҳлӯҳои дигаре низ дорад. Тамоми адабиёти илмӣ, бадеӣ ва дафтардории тоҷик то қабули алифбои лотинӣ бо ин хат инкишоф ёфта буд. Нақши амиқи ин хат дар санъати тасвирӣ ва ҳам меъморӣ бузург аст. Хушнависӣ ҳунари шоиста дониста мешуд. Бо хат тоҷикон дар арафаи инқилоб матбуоту мактабҳои усули ҷадида доштанд, ки алалхусус дар замони советӣ (то соли 1920) ривоҷи бемисл пайдо кард.
Тайи ҳазор сол забони тоҷикӣ натанҳо забони назму наср, балки забони илм ҳам буд. Ниёгони мо дар тамоми риштаҳои илм асарҳои баландпоя эҷод кардаанд. Вале он ҳама аз назари хосу ом дур аст. Дуруст аст, ки барои ба ҳуруфи имрӯза баргардондани он осор кўшиш ба харҷ медиҳанд, вале тайи 70 сол олимони мо ҳанӯз фурсат наёфтаанд, ки осори илмиву адабии ягон адибу олимро (ба истиснои ҳазор мисраи Рўдакӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) пурра ва бехато баргардонанд. Балки тайи садсолаҳои дигар ҳам наметавонанд ин корро сомон бидиҳанд. Як қисми зубдаи олимони мо, ки бояд ба таҳқиқи дигар соҳаҳои забону адабиёт машғул бошанд, ҳамвора дар паи аз як хат ба хати дигар нақл кардани он осоранд. Бо вуҷуди ин оё мо гуфта метавонем, ки фаразан дар ним асри дигар 10 ҷилди «Фарҳанги Амид» ва кариб 20 ҷилд «Фарҳанги Деҳхудо» ба хати имрӯза баргардонда мешавад?
Ҳоло ҳам хонаводаи тоҷике нест, ки дар он китобҳои ба истилоҳ «кӯҳна» набошад. Ба ҳар ханае, ки хоҳед, дили соҳибхонаро ёбед, ҳатман ба шумо девони Ҳофиз ё «Куллиёт» -и Белил, ё «Маснавӣ» ва ё ақаллаиюн саҳфае бо ҳуруфи кӯҳна нишон медиҳад. Агар дар китобхонаи Фирдавсӣ як нусха «Маснавӣ» Ҷалолиддини Балхӣ бошад, ки ба дасти кас намерасад, дар дасти даҳҳо тоҷикон ҳанӯз онро дучор омадан мумкин аст. Ҳарчанд бештари онхо аз мутолаи он китобҳо бебаҳраанд. Бо вуҷуди ҷазоҳои мудҳиши солҳои сӣ дар хонаҳои хоксоронаи тоҷикон, ҳанӯз ганҷи пурасрор ҳамоно китобҳои кӯҳнаанд. Зимнан, як сабаби дилсардии мардуми мо аз китобу қалам ҳамон таҳқиру озорест, ки ба сабаби доштани китоб диданд. Бештари онҳое, ки солҳои таъқиботи сталинӣ ба коми аҷал рафтанд, китобдор буданд. Он қадар китоб дар пеши чашми мардум сӯхту нобуд шуд, ки онҳо аз оламу одам дилмонда шуданд. Ва агар алифбои ниёгон баробари забони тоҷикӣ соҳиби ҳаққу ҳуқуқи собиқа нагардад, шояд он дарҳо боз солҳои зиёд ва ё абадӣ баста мемонанд. Зеро, бо вуҷуди таъқибу озор ҳанӯз дар баъзе шаҳру деҳот мактабҳои хуфия фаъолият дошт ва мардум ба қадри ҳол он хатро меомӯхт. Ҳарчанд гоҳе ба даст меафтоданд, таҳқиру озор медиданд. Ҳатто мусодироти китобҳои кӯҳна то рӯзҳои наздик идома дошт. (нигаред «Коммунист Таджикистана» , 26. 02.1989). Мо дар даст санадҳои дигар низ дорем. Дар чанд мактаби Тоҷикистон ҳуруфи ниёгон дарс дода мешуд, вале ин ҳама кифоят набуд ва аз тарафи дигар дар ҳар гуна вазъи номусоид метавонист фаъолияти онҳо қатъ гардад, ин ришта ҳам аз ҷониби давлат пуштибонӣ мехост, ба зиндагӣ ҳуқуқи юридикӣ тақозо дошт. Тақозои ҳамин зарурат ва ниёзи маънавии мардуми тоҷик буд, ки дар Қонуни забони РСС Тоҷикистон моддаи махсус доир ба омўзиши расмулхати классикӣ ворид гашт забон номи худро як андоза ёфт, дар моддаи 2-юми Қарори Совети Вазирон, зикр гардид, ки «Ба мақсади таълими забону адабиёти тоҷик, аз нигоии амалию назариявӣ хушсифат ёд гирифтани забон Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон вазифадор карда шавад...
е) Масъалаи омӯхтани хати арабиасоси тоҷикро баррасӣ намуда, аз соли 1991 омӯхтани ин курс дар синфҳои 5-9 - и мактабҳои маълумоти умумӣ, хамчунин дар донишгоҳҳое, ки аз рӯи соҳаашон донистани ин алифбо салоҳ аст, ҷорӣ карда шавад. Аз рӯи масъалаҳое, ки онҳоро бояд ҳукумат ҳал намояд ба Совети Вазирони РСС Тоҷикистон тавсияҳои дахлдор дода шавад».
Ин хама хуб аст. Муташаккир бояд буд, ки ба чунин рӯзе расидем. Вале дар ин ҷо хама чиз нисбӣ, аз нисф камтар аст. Муаллифони даҳҳо мактубҳо аз комиссия дархост доштанд, ки масъалаи номи забон ҳал карда шавад, яъне номи пештараи он «форсӣ» эҳё гардад ё ақаллан «форсии тоҷикӣ» номида шавад. Чунонки форсии кобулӣ ё теҳронӣ мегӯянд ва дар гузашта форсии мовароуннаҳрӣ мегуфтанд. Яъне истилоҳ ҳанӯз комил нест. Талаби дигар ин буд, ки барои баргаштан ба хати бобоӣ моддаи махсус ҷудо карда, соли бозгаштан низ нишон дода шавад, вале комиссияи Қонуни забон танҳо омӯзиши алифборо дар синфҳои 5-9 ва баъзе факултетҳои мактабҳои олӣ салоҳ донист. Аз ҷониби мо пешниҳод шуда буд, ки барои мошинкаҳо бо алифбои форсӣ дар қарори Совети Вазирон супориш зикр гардад. Вале ин ҳам нашуд.
Шояд вазъият ҳаминро тақозо мекард. Вале оянда, замон талабҳои тозатар пеш мегузорад. Масъалаи пурра ба хати форсӣ гузаштан бояд муҳокима шавад. Агар наслҳои то замони мо аз чунин иқдоме барҳазар буданд, акнун мо наметавонем хомӯш бошем. Насли оянда бошад дар ин пайкор сахттар пофишорӣ хоҳад кард. Барои талошҳои ояндаи онҳо мо бояд замина гузорем. Баргаштан ба хати форсӣ (ба ҷои расмулхати бобоӣ, ниёгон, классикӣ, ҳуруфоти тоҷикии арабиасос ин истилоҳ беҳтар бояд бошад) ногузир аст ва бояд он мусбат ҳал шавад. Танҳо дар ҳамин сурат, забони форсии тоҷикӣ рушд мекунад, рисолати суннатии хешро ба ҷо меорад.
Ин амри хайр ба кори эҷодии олимони тамоми ришатаҳои илм дар Тоҷикистон судманд хоҳад омад. Хоса ин замон, ки забони тоҷикӣ (форсӣ) дар Тоҷикистон забони давлатӣ эълон шудааст. Акнун олимони соҳаҳои тиб, зироат, ҳуқуқ , техникӣ ва ғайраро лозим меояд, ки асарҳои худро ба забони тоҷикӣ тарҷума кунанд. Ин кор бе дастур ва бе омодагӣ мушкилиҳои зиёд пеш меорад. Дар ин маврид танҳо ҳамон кас бурд мекунад, ки бо алифбои ниёгон ошно бошад ва аз осори классикиву асарҳои ҳамзабонони хориҷӣ истилоҳ, таркиб ва қолабҳои дурусти грамматикиро пайдо кар да, ба кор барад.
Ҳамзамон имкон дорад, ки иқтидори шуъбаи экспортии нашриёти «Ирфон» нусъат ёфта, тамоми осори классикӣ дар шакли асл чоп карда шавад. Аз амалияи хатгардони осори классикӣ даст кашидан салоҳ аст. Ин амр аз чанд чиҳат судманд хоҳад буд. Суду зиёни ин корро бояд иқтисоддонҳо ва таҳиягарони осори классикӣ барои мо рӯшан созанд. Аз назари мо чунин тарзи кор беҳтар аз хатгардону побанд кардани олимони соҳаи шарқшиносӣ хоҳад буд. Мо бовар дорем, ки агар масъалаи гузаштани номи ниёгон ба миён биёяд, боз ҳам мухолифон масъалаи молиявиро пеш мегузоранд ва маънавиётро аз ёд мебароранд. Нуқтаи назари мо ин аст, ки маблағеро, ки дар Хазинаи забони тоҷикӣ (форсӣ) гирд омадаасту меояд, маҳз барои гузоштани замина барои баргаштан ба хати форсӣ ба кор бурдан дуруст аст.
Забони тоҷикӣ ба иллати табдили хат вазифаи байналмилалиеро, ки мебоист дар Шарқ мебозид, аз даст дод. Тоҷикистон барои Шарқи форсизабон ба ҳукми дарвозаи баста монд. Дар давоми даҳ сада чун обу ҳаво бо ҳам буданд ва тору пуди забон аз як нах бофта шуд. Вале ба иллати сиёсатбозиҳои мардумфиребона дар солҳои 30 ин фарҳанги ягонаро бе чиз шинохтаанд. Воқеан, таърих кам ёд дорад, ки як қисми халқ бо як хат, қисми дигараш бо дигар хат эҷод кунад.
Дар баробари мактабҳои миёна дар ҳамаи мактабҳои оливу ҳунаристонҳои ҷумҳурӣ ба омӯзиши алифбои форсӣ сар карда, барои тадриҷан ба хати пешин гузаштан замина фароҳам оварда шавад.
Таълими забону адабиёти тоҷикро чӣ дар мактаб ва чӣ дар факултетҳои филологӣ ба алифбои форсӣ гузаронида, ба таълифи бетаъхири китобҳои дарсӣ супориш дода шавад.
Бинобар он ки осори таърихии тоинқилобии тоҷик ба ҳама дастрас нест, таърихномаҳо бо алифбои форсӣ дар шакли маҷмӯаи китобҳо чоп гардад, ки хонандагон тавонанд, таърихи халқи худро аз матни асл дур нашуда, омӯзанд. Рӯзномаву маҷаллаҳо ба баровардани замимаҳо шурўъ кунанд. Ба ин ҳама гумон наравад, ки мо ба алифбои кириллӣ хусумат дорем. Хохишмандем, ин пешниҳоди моро хамчун душманӣ нисбати алифбои русӣ маънидод накунанд. Зеро мо тоҷикон бе ин ҳам хату алифбои русиро дар дарсҳои забон ва адабиёти рус, дар мактабҳо пурра меомӯзем, амалан кўшиш дорем, ки забони русӣ боз ҳам васеътар омӯхта шавад. Аз тарафи дигар суоле дорем. Оё рафиқи рус мехоҳад, осори Пушкинро бо хати форсӣ бо забони модариаш бихонад? Бародарони мо гурҷиҳо, арманиҳо, эстониҳо, латишҳо , литвониҳо расмулхати худро доранд ва ҳуруфи кириллиро баробар бо ҳуруфи худ меомӯзанд. Ба фикри мо, аз ин амр онҳо бурд кардаанду бохт не.
Ғарази мо танҳо дифои фарҳанги ниёгон аз нобудӣ аст. Ба ҳеч халқу қавм ва сохти сиёсӣ хусумату кина надорем. Қарзи инсонӣ ва шарафи одамист, ки ҳар як фард барои пояндагии фарҳанги халқи худ ва бузургдошти маданияти халқҳои дигар саҳм бигирад.

«Адабиёт ва санъат»,
2 ноябри соли 1989.
(Матни ин мақола аз тарафи Ҷамшед Орифиён аз рӯи нусхаи тасвирии мақола аз ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" дар сафҳаи Искандари Раҳмон омодаи нашр гардид)



четверг, 20 января 2022 г.

БА УСТОДИ АРҶМАНД


Адаш Истад – абармарди Самарқанд,
Адиб, олим, ҷаҳонгарди хирадманд.
Ҷаҳони илму ирфон дар бари ӯст,
Хаёли дарду дармон дар сари ӯст.
Аламбардори худогоҳи миллат,
Табобатхоҳи доғу реши зиллат.
Ниҳодаш чашмаи пурҷӯши фарҳанг,
Шавад бо як нигоҳаш нарм дилсанг.
Дароям як нафас бар файзбоғаш1,
Дилам гум мезанад андар суроғаш.
Зи дидораш яқин дилшод гардам,
Зи гуфтораш зи ғам озод гардам.
Адаш Истад – фурӯғи худшиносист,
Паёми муддаои баркамолист.
Зи мағзи ҷон ба мардум ҳарф гӯяд,
Гуҳар аз қаъри баҳри жарф ҷӯяд.
Надорад тоқати помоли оин,
Гузорад арҷ бар чашми ҷаҳонбин.
Ба ҷон мепарварад расми ниёгон,
Ки меёбам зи осораш фаровон.
Ба ӯ аз номи миллат сад тасанно,
Зиҳӣ, эй марди покандеши дунё!
Туро аз таҳти дил мо дӯст дорем,
Ба номат шеъру достон месароем.
Адаш Истад – бародарҷони дилҷӯ,
Аҷоиб сӯҳбаторо, фарди хушгӯ.
Китобҳои хубаш ганҷи маонист,
Хитобҳояш ниёзи зиндагонист.
Ки ҳар сатраш музайян бо муроде,
Варақҳояш пур аз арзеву доде.
Намехоҳад, ки мо бошем ғофил,
Намемонад, ки монем гӯлу ҷоҳил.
Дилам сӯзад ба ҳоли синабирён,
Ба шӯр ояд зи вазъи дидагирён.
Ба корафтода доим раҳнамоест,
Ба нафъи рушди миллат ҷонфидоест!

1 Ишора ба фейсбук.
11 январи соли 2022

 Нормурод КАРИМЗОДА
----
Сипоси фаровон ба шоири ширинсухан Нормурод Каримзода, ки муаллифи чандин маҷмӯъаҳои шеърианд ва ҳамзамон сардабири рӯзномаи ноҳияи Самарқанд ҳастанд, ки як саҳифааш тоҷикӣ аст.

суббота, 8 января 2022 г.

Муште ба даҳони нотавонбинҳо

Сипоси беадад ба шоир Азиз Сангин, ки аксар вақт ба мақолаҳои интернетии камина аз Копенгаген комментарияҳо менависанду дастгирӣ мекунанд. Як шеъри ба камина бахшидаашонро алъон нашр мекунам, ба он хотир, ки муштест дандоншикан ба даҳони нотавонбинон ва душманони камина ҳам дар Тоҷикистону ҳам дар Ӯзбекистон.

----

 МАДРАСА

(Барои устод Адаш Истад)

 

Аз ҷумла мадориси Самарқанди куҳан

Як мадраса мерос расид бар туву ман.

Истад Адаш асту мактабу осораш,

Кам нест зи Шердору Тиллокораш...

Дар мадрасаи Адаш ба оташ бирасӣ,

Афрӯхта гардӣ, бипазонӣ, бипазӣ!

Шогирдии ин мадраса беҳ аз шоҳӣ,

Дарсаш ҳама озодагию огоҳӣ!

З-ин мадраса мерасад маро файзи сухан,

В-он ҳарчи, ки рафта бо Самарқанди куҳан...

 

Азиз Сангин